Вақте “оила” мегӯем, қабл аз ҳама пеши назар ячейкаи ҷамъияту давлатро мебинем. Ин аст, ки интихоби дурусту оқилона дар бунёди оила омили муҳимтарини мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат мебошад. Аз ин рӯ, пеш аз барпо намудани оила шаҳрвандон бояд паҳлуҳои гуногуни ҷабҳаи ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор дода, урфу одатҳои миллӣ, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, хислатҳои ҳамдигарро омӯхта, муносибати зану шавҳариро дар доираи қонунҳои навиштаю нонавишта омӯзанд ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонанд.
Зиндагӣ собит намудааст, ки ишқу муҳаббати ҷавонон масъалаи дигар асту масъалаи оила дигар. Зеро баъзан нозу инҷиқиҳои ошиқонаро оила намебардорад. Барои ҳамин дар замони кунунӣ бузургтарин бурд барои ҳарду ҷониб – ин сабру ислоҳи камбудиҳои мавҷуда аст. Эҳтиёткор будан дар тасмимгирӣ, муносибати ҳамқадами ҳаётро ҳамаҷониба омӯхтан барои онҳое, ки бори нахуст ба зиндагӣ қадам мегузоранд, талаботи аввалиндараҷа аст. Бунёди боэътимоди оиларо якдигарфаҳмӣ, муҳаббати байни зану шавҳар, самимият ва боварию эътимод ба якдигар ба вуҷуд меорад. Ва бегумон ин пойдевори устуворист барои побарҷо мондани оила ва бунёди як ҷомеаи солим. Вале, мутаассифона, дар аксар хонаводаҳо байни занону мардон муҳаббати самимӣ, якдигарфаҳмӣ, фазои тинҷу осоишта умуман вуҷуд надорад. Ин аст, ки солҳои охир бинобар сабабҳои гуногун бештар пароканда шудани оилаҳои ҷавон ба назар мерасад.
Дар ин бора Баҳринисо Алимова – корманди иҷтимоии бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон чунин мегӯяд: “Ман аз руйи лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” фаъолият карда истодаам. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария аз соли 2004 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва онро филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Мақсади умумии лоиҳа паст кардани сатҳи зӯроварӣ дар оила, поймолкунии рӯирости ҳуқуқи инсон ва инчунин баланд бардоштани савияи маълумотнокии мардум дар ҳолати зӯроварӣ дар оила мебошад.
– Вақте ки шаҳрвандон ба назди мо меоянд, пеш аз ҳама мо шикояти ҳамаи онҳоро бодиққат мешунавем. Нафароне ҳастанд, ки доду вой карда, даъво мекунанд, савол медиҳанд ва зудтар мехоҳанд ба саволҳои гузоштаи хеш посух гиранд. Вақте ки мушкилоти оилавӣ мавҷуд аст, мо зуд ҷавоб дода наметавонем. Дар аввал мо бо тарафҳо суҳбат карда, онҳоро ором месозем. Баъдан нақша мекашем, ки чӣ тавр амал намоем. Ҳаракат мекунем, ки зӯроварӣ дар оила пешгирӣ карда шавад. Чунин корбариҳо дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон сурат мегирад. То ин дам 25 вохӯриҳо гузаронида, бештар иттилоъ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” медиҳем. Дар ин фурсат мо бо 1159 нафар занон ва 455 нафар мардон дар ҷамоатҳои деҳоти Фахробод, С. Айнӣ, Ғаллаобод, Қизилқалъа, Ҳилолӣ ва ҷамоати шаҳраки Обикиик вохӯрӣ баргузор кардем. Албатта дар кор мушкилиҳое мешавад, ки ҳалли худро намеёбанд. Сабаби пош хӯрдани оилаҳои ҷавон – ин аз рӯйи таҷрибаи кории мо ва мушоҳидаи худи ман, пеш аз ҳама дахолати аъзои дигари оила мебошад. Бо дахолати аъзои оила гоҳо мешавад, ки як мушкилии ночизро дастак карда, ба мушкилии бузург оварда мерасонанд. Мо дар навбати худ конференсияи оилавиро ташкил мекунем. Дар он танҳо бо мудири бахши кор бо занон кор намебарем. Кормандони ҷамоат ва милитсия дар Шӯрои ҳамоҳангсоз аъзо мебошанд. Аз аввали соли ҷорӣ то инҷониб шумораи муроҷиаткунандагон 197 нафарро ташкил медиҳанд. 86 маротиба кӯшиш кардем, ҳатто суҳбатҳои инфиродӣ ҳам гузаронидем, ки ин оилаҳои ҷавон ба муросо биёянд. Мутаассифона, дар ин оилаҳои ҷавон бисёртар занон хоҳиши зиндагӣ карданро надоранд. Вақте сабабҳояшро муайян мекунем, дахолати аъзои калонсоли оила бо гузоштани шарт дар интихоби зан ё модар, доштани оилаи дигар ба пошхӯрии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Оилаҳои ҷавон пеш аз хонадоршавӣ ба ҳукумат ва дигар мақомот муроҷиат намекунанд. Баъд аз дучор гаштан бо мушкилӣ мо баъдан аз мушкилии чунин оилаҳои ҷавон бохабар мешавем. Мо якҷоя бо мудири бахши кор бо занон шӯро мегузаронем ва пеш аз ҳама дар масъалаи “Пешгирии зӯроварӣ” дар оила суҳбат мегузаронем, ҳуқуқҳои занонро фаҳмонида медиҳем. Дар инҷо уламои дин ва кормандони ақди никоҳ ҳам ҳастанд, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Асосан кори мо машварат додан аст. Лекин мо кӯшиш мекунем, ки бо ҳар як шаҳрванд вохӯриҳо гузаронем, то мушкилиҳои хонаводагӣ ба як мушкили калон нарасад. Ба монанди даст задан ба худкушӣ, худсӯзӣ. Бинобар ҳамин, оид ба ин масъалаҳо ман якҷоя бо мудири кор бо занон тасмим гирифтем, ки як семинар бо оилаҳои ҷавон гузаронем, ки дар онҷо натанҳо занон ва ҷавонписарони навхонадор, балки онҳое, ки синну солашон аз 18 боло аст, иштирок хоҳанд кард. Сабаби асосии даст задани занон ба худкушӣ – ин пеш аз ҳама беаҳамиятию бепарвоии атрофиён аст. Вақте ки руҳияи зан хаста аст, ғамгин асту бо ягон нафар суҳбат карда наметавонад, ягон нафар аз ҳоли ӯ хабардор намешавад, зан худро танҳо ҳис мекунад. Ва ягона роҳи халосиро аз ин ҳолат дар даст задан ба худкушӣ мебинад. Афсӯс, ки чунин ҳолатҳо рух медиҳанд. Ман мехоҳам, ки ҳамаи занон пеш аз ҳама худро дӯст доранд. Дар вақти сар задани мушкили оилавӣ даст ба худкушӣ назананд. Худкушӣ кардани занон ба нафароне, ки нисбати ин занон зулм мекунанд, қувват мебахшад. Хушбахтона, теъдоди пошхӯрии оилаҳои ҷавон нисбат ба солҳои гузашта хеле кам ба назар мерасад, ҳарчанд ҳанӯз ҳам чун доғ дар ҷомеа мондааст,- афзуд ӯ.
Сабаби бекоршавии никоҳро бештари мардуми мо дар паст будани сатҳи дониши тарафҳо, ҳурмат накардани волидайни шавҳар, имкониятҳои васеъ надоштан барои таъмини оила, асосан камбизоатӣ, ҷои кори хуб надоштану муҳоҷиратро ихтиёр кардани ҷавонон ба хориҷи кишвар мебинанд. Аксари ҳалномаҳои судӣ гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд. Аммо бекоршавии ақди никоҳ тамоюлҳои мухталифи зиндагиро дар бар мегирад. Чунончи, паст будани маданияти ҳукуқию ахлоқӣ, сабукфикрӣ, ба дунёи мадҳушӣ рӯй овардани ҷавонон ва даҳҳо сабабҳои дигар.
Назарова Қумрӣ – омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таълимии миёнаи умумии №12-и ноҳияи Хуросон тӯли 27 сол мешавад, ки ба таълиму тарбия машғул мебошад. Ӯ оид ба масъалаи пошхӯрии оилаҳои ҷавон мегӯяд: “Ман пошхӯрии оилаҳои ҷавонро дар якчан омил мебинам. Дахолати хушдоманҳо ба келинҳо барои молу амвол. Таънаҳои гуногуне мисли “модарат ба ту ягон чиз ҳадя накард”. Бо ин гӯиё келинро забонкӯтоҳ мекунанд. Дар натиҷа келини хона баромада меравад. Волидайн бе розигии фарзандонашон онҳоро хонадор мекунанд. Сабаби дардноки дигар никоҳи хешутаборӣ мебошад. Ба ҳаёти мустақилона тайёр набудани ҷавонон, ба зиндагии ҷавонон мудохила кардани хешу таборони домоду арӯс ҳам метавонад боиси пошхӯрии оилаҳои бо ҳазорон умед ташкилёфта гардад. Аз рӯйи мушоҳидаи худи ман, барои пешгирӣ намудани пошхӯрии оилаҳои ҷавон пеш аз ҳама онҳоро ба ҳаёти мустақилона тайёр карда, баъдан оиладор кардан лозим аст. Никоҳи хешутаборӣ бояд пурра решакан шавад. Ҳар як мушкили ночизро баҳона карда, хешу таборон набояд ба ҳаёти ҷавонон дахолат кунанд. Дар баробари фаъолияти омӯзгориам, ман худ боз шоира мебошам. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се маҷмӯаи китоби ман аз чоп баромад. Ман миннатдориамро ба раисҷумҳури кишварамон мерасонам. Инчунин бо дастгирии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон як маҷмӯаи дигари ман бо номи “Бӯйи канори модарам” аз чоп баромада, пешкаши хонандагон гардид. Хурсандии ман ҳадду канор надорад, аз раиси муҳтарам хеле миннатдор мебошам”.
Ҳалимаи Тағойназир – мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон зикр намуд, ки имрӯзҳо дар масъалаи баробарҳуқуқии мардону занони ноҳияи Хуросон ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудаанд ва занону духтарон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баробари мардон фаъолият намуда истодаанд. Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дигар барномаҳои соҳавӣ қайд гардид, ки татбиқи онҳо боиси беҳтар шудани мақоми зан дар ҷомеа гардидааст.
Мақсади асосии Барномаи пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолгардонии кӯшишҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини сиёсати самараноки гендерӣ дар ноҳия, роҳ надодан ба зӯроварӣ дар муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа маҳсуб меёбад.
Ба маркази машваратӣ-иттилоотии ноҳия 59 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 43 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. 25 нафар бо масъалаи хушунат дар оила муроҷиат кардаанд. Дар мақомоти роҳбарикунанда 192 нафар, мақомоти ииҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 4 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 4 нафар, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 5 нафар, дар соҳаи маориф 805 нафар, дар соҳаи тандурустӣ 610 нафар, ҷамъан дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия бештар аз 1705 нафар занон кору фаъолият доранд ва дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 186 нафар занон роҳбарӣ мекунанд.
Инчунин, аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 14 нафар вакил аз ҳисоби занон ва 53 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Аз ҷумла 1 нафар котиб ва 4 нафар муовинони раисони ҷамоатҳои деҳот фаъолият доранд.
Дар бораи Барномаи давлатии Стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои назаррас роҳандозӣ гардида, аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда шуда истодаааст. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри баланд бардоштани мавқеи занон дар ноҳия, устувории фаъолияти онҳо корҳои амалӣ бурда, дар ин самт мунтазам бо ҷавондухтарону занони хонашини ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 69 маротиба вохӯрию суҳбатҳо доир намудаанд. Бахшида ба “Рӯзи Модар” бо иштироки занони фаъол, собиқадорон ва занону бонувони ташкилоту муассисаҳо иборат аз 500 нафар сараввал ҷаласа ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардидааст. Бояд қайд кард, ки ба аёдати занони собиқадори ҷангу меҳнат, маъюбон, модарони танҳо рафта, 3 нафар занони аз 100-сола боло бо туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия қадрдонӣ шудаанд ва аз тарафи ҲХДТ дар ноҳия маводи хӯрока ба ҳар якеи онҳо тақдим карда шудааст.
Рӯзҳои 14 ва 16-уми май дар натиҷаи боридани боронҳои сахт ва омадани сел ба баъзе минтақаҳои ноҳия зарари калони моддию иқтисодӣ расида, офати табиӣ дар деҳаҳои Хуросон ба номи Неъматулло Асадуллова 18-ум анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба 36 манзили истиқоматии шаҳрвандон пурра ва ба 52 манзили дигар қисман зарар расонида, ба 184 манзил обу лой даромад. Бо ҷалби қувва ба мақсади иҷрои корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ занони фаъоли ноҳия ҳиссаи худро гузошта, 380 нафар занон сафарбар карда шуда, 186 хона пурра ва 3220 метр роҳи байни кӯчаҳо аз лою селоба тоза карда шуд.
Бояд қайд намоем, ки гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сардории сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно дар якҷоягӣ бо мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия ба ҳар як оилаи аз офати табиӣ зарардида усули хона ба хона ташкил ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, барои руҳиябардорӣ, оид ба талафотҳои ба сари онҳо омада ҳамшарикии худро баён намуда, инчунин оид ба пешгирии пандемияи коронавирус маълумотҳо расонида шуданд.
Дар ин давра бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз рӯи усули “Хона ба хона”дар байни зиёда аз 712 хоҷагӣ ва 3918 оила ҷиҳати ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, пешгирии никоҳи бармаҳал, пешгирӣ ва коҳиш додани худкушӣ ва худсӯзии занону духтарон, ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила бемории “КОВИД-19”, инчунин рӯзи 30-юми июни соли ҷорӣ аз рӯйи усули хона ба хона бо аъзои гуруҳи корӣ дар маҳаллаи М. Қодирови ҷамоати деҳоти Қизилқалъа бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, аз тарафи ташкилоти ГОПА баҳогузорӣ карда шуда, дар шабакаҳои вилояти Хатлон ба навор гирифта шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2020 дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ҳамагӣ 537 нафар шаҳрвандони бекор ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 247 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Барои бо ҷои кор таъмин намудани 445 нафар шаҳрвандони бекор мусоидат карда шудааст, ки аз онҳо 100 нафарашон занон мебошанд, 9 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 127 нафар шахсони бекор бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда шудаанд, ки 52 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018, №1140 “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” рӯзи 17-уми октябри соли 2019 дар майдони назди Театри ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва рӯзи 18-уми октябри соли ҷорӣ дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе иди “Меҳргон”, фестивали таомҳои миллӣ ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, дар он таомҳои гуногуни миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинии мазкур кӯдакони боғчаи рақами 2 бо либосҳои шакли мевагӣ ва бо хондани шеър дар васфи меваҳо диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуданд. Инчунин, гуруҳи очаҷонакон бо навохтани доира табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дар доираи чорабинии мазкур озмунҳои ”Шоликори беҳтарин”, “Навъи беҳтарини биринҷ”, “Сабзирезакунӣ”, “Ошхӯри беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” баргузор гардида, ғолибони озмунҳои “Шоликори беҳтарин” ва “Ошхӯри беҳтарин” бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бо иштироки бонувони ноҳия захира барои зимистон, банкамаҳкамкунӣ аз маҳсулоти тару тоза барои омода намудани консерваву афшураҳо ташкил карда шуд.
Давраи вилоятии Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони“Фурӯғи субҳи доноӣ” рӯзҳои 24-27-уми ноябри соли 2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардида, ғолибони ноҳиявӣ иштирок намуда, Бобоева Сочигул ва Каримова Раҷабгул соҳиби нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Алиева Ҳайдарқул, Малоҳати Фирдавс ва Бобоева Маҳина соҳиби “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, аз тарафи раиси ноҳияи Хуросон ҳар кадоме бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар ноҳияи Хуросон 116539 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 58617 нафарашон занон мебошанд.
Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ