Раисони панҷ шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Бохтар, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён ва Ёвон зимни нишастҳои матбуотӣ дар бораи дороиҳои худ ба намояндагони ВАО маълумот доданд. Қариб ҳамаи онҳо дар бораи як мошину як хона доштанашон гуфтанд ва таъкид карданд, ки дороӣ надоранд.

Мансабдорон вазифадоранд, ки дар бораи дороиҳои худ эъломия пешниҳод кунанд Тибқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Бар зидди коррупсия” аз соли 2003, ки онро Тоҷикистон низ дар соли 2008 эътироф кардааст, бояд кишварҳои узв дороиҳои шахсони мансабдорро ифшо кунанд. Аз ин хотир, мансабдорони тоҷик низ вазифадор шудаанд, ки то 1-уми апрели ҳар сол эъломия дар бораи дороиҳояшонро ба мақомоти андоз пешниҳод кунанд.

Оид ба дороиҳои худ чанде аз раисони вилояти Хатлон зимни нишастҳои хабарӣ ба намояндагони ВАО чунин маълумотҳоро пешниҳод карданд.

Раиси Бохтар: “Хонаи падар ба ман мерос мондааст”

Шаҳрдори нави маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло дар нишасти хабарии мақомот гуфт, дороиаш танҳо хонаи падараш, ки ба ӯ мерос мондааст ва як воситаи нақлиёти шахсӣ мебошад. “Дигар дороии зиёд надорам”, – илова кард раиси шаҳр.

Баротзода Файзулло то расидан ба мансаби раиси шаҳри Бохтар раисии ноҳияи Лахшро ба уҳда дошт. Ӯ дар ин мансаб Саломзода Сиҷоуддинро иваз кард.

Хонаи якошёна ва як мошин – сарвати раиси Вахш

 Дороии раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов мисли дигар раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар як хонаи якошёна дар ноҳияи Вахш ва як мошин будааст. Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ӯ ҳамагӣ як хонаи якошёнаю як мошин дорад: “Ман бештари даромади худамро барои ободии ноҳия масраф кардам. Яъне, таъмири роҳҳо, мактаб барои насли оянда сохтам, ба мардуми ятиму бепарастор кӯмак кардам ва ба ин монанд дигар иншоот сохта ба истифода додам, ки ин ҳама барои беҳбудии сокинони ноҳия аст», – гуфт раис.

Бояд гуфт, ки Қурбон Юсупов қабл аз раиси ноҳияи Вахш таъин шуданаш, ҳамчун соҳибкори муваффақ дар вилояти Хатлон шинохта мешуд.

Холмурод Раҳмон: “Бустонсаро надорам, аммо як хона дорам”

Ҳамчунин раиси тозатаъйини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон зимни нишасти хабариаш гуфт, ҳарчанд дар бисёр ҷойҳо чун раис ва роҳбар кор карда бошад ҳам, аммо дороиаш танҳо як хона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва як мошин асту халос. Ӯ қайд кард, ки дар вазифаҳои раиси ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Қумсангир, ҳозира Ҷайҳуни вилояти Хатлон кор кардааст ва ҳамчунин дар вилоят ба ҳайси муовини раиси вилоят фаъолият карда, даҳ соли дигар директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳоло раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст.

Намояндагони ВАО ба ӯ суол карданд, ки мисли дигар раисон хонаҳои баландошёна ва ё бӯстонсаро дорад, раис дар посух гуфт, “бӯстонсаро надорам ва ба гап ҷомаи ҳазл пӯшонида, гуфт, “умедвор аст, ки мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як бӯстонсаро месозанд”.

Раиси ноҳияи Қубодиён “Ман дороии зиёд дорам”

Сабурзода Мирзодавлат, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Қубодиён гуфт, ки дории аз ҳама муҳими ман фарзандонам мебошанд. “Чор фарзанде, ки ман дорам, ҳама дар вазифаҳои хуб ва соҳибкори муваффақанд ва барои ман ҳама шароитро муҳайё кардаанду сармояи хуб ҳам низ дорам”, – илова кард ӯ. “Бӯстонсаро надорам, аммо дар шаҳри Душанбе хона, яъне ҳавлии хуб дорам. Зеро 12 сол дар шаҳри Душанбе дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вакили Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси олӣ ва дигар мансабҳо фаъолият кардам ва ҳоло иҷрокунандаи раиси ноҳияи Қубодиён ҳастам”.

Сабурзода Мирзодавлат то расидан ба мақоми раиси ноҳияи Қубодиён дар Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард ва дар ин мансаб Бадриддин Садриддинзодаро иваз кард.

Раиси Ёвон: “Ман ҳатто тарзи дамгириро намедонам”

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Шарифӣ Бахтиёр дар нишасти матбуотиаш, ки рӯзи 16 феврали соли 2023 баргузор гашт гуфт “Ман ҳеҷ дороӣ надорам. Хона ва мошине, ки ҳаст, ҳама моли падарам мебошад”. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки аз соле, ки дар сохторҳои давлатӣ фаъолият мекунем, ҳеч чиз барои худам нахаридам: “Чизе, ки дорам ҳама моли падарам аст. Хонае, ки айни замон ман зиндаги мекунам, хонаи падарам, мошин мошини падарам мебошад. Ман бӯстонсаро надорам, ҳатто тарзи дамгириро намедонам, зеро дар тӯли солҳо ягон маротиба ба осоишгоҳҳо нарафтаам”,-илова кард иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр.

Бояд гуфт, ки моҳе пеш бо як фармони роҳбари давлат Шарифӣ Бахтиёр иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шуда ва дар ин мансаб Саидзода Ҷамшедро иваз кард. Шарифӣ Бахтиёр то таъин шуданаш ба мансаби раиси ноҳияи Ёвон, муовини вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон буд.

 Ба ин ҷавоби раисон оё Шумо бовар доред?

Дурустии иттилои манзурнамудаи раисонро имкони санҷидан нашуд, аммо корбарони шабакаҳои интернетӣ дар зери хабарҳои марбут ба ин мавзуъ нобоварӣ иброз карда, мегӯянд, ки “баъди ба мансаб расидани раисон, дороиҳои онҳо бамаротиб меафзояд”.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here