Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар зарфи шаш моҳи сипаришудаи соли равон баргузор гашт.

Дар ҷаласаи корӣ муовини сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, муовини якум ва муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоату шаҳраку деҳот ва як қатор масъулони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқии шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.

Ҷаласаи кориро вобаста ба таҳлилу натиҷагирӣ аз соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят дар зарфи 6 моҳи сипаришудаи соли равон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшид. Нахуст марбут ба дастуру пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки замин, васеъ намудани майдони кишти зироатҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, андешаронӣ намуд.

Сипас муовини аввали раиси вилоят Салимзода Амонулло Файзулло оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар давраи ҳисоботӣ аз нигоҳи таҳлилӣ ҳисобот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи таҳлили нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ барои таъмини чор ҳадафи стратегии кишвар, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ, вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, афзоиши содироти молу маҳсулоти гуногун, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар нимсолаи аввали соли равон ба дастовардҳои мусбат ноил гаштаанд ва иҷрои нақшаву дурнамои тасдиқшударо таъмин кардаанд.

Ба иттилои Салимзода Амонулло дар 6 моҳи соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 12 миллиарду 801,3 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиши он 7,2%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти минтақавӣ ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ 39,7 %, саноат 17,1 %, сохтмон 8,3 %, савдои яклухт, чакана ва хизматрасонӣ 17,45 %, нақлиёт ва алоқа 6,5 % ва ба дигар соҳаҳо 11%рост омадааст, ки аз фаъолияти пурсамари соҳаҳо шаҳодат медиҳад.

Тибқи ҳисоботи муовини аввали раиси вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 39 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавриди амал қарор дошта, маблағҳои азхудшуда 654,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

Бонкҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 1327,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 121,1 миллион сомонӣ зиёд арзёбӣ гаштанд.

Зимни ҳисоботи Салимзода Амонулло Файзулло ҳамчунин зикр гардид, ки кишоварзони вилоят кору фаъолияташонро дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 24 уми феврал ва 18 уми июни соли равон дар машварати корӣ бо фаъолони вилоят баён доштанд, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишти саривақтии зироатҳо, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи зарурии хӯроки чорво, бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ ва тухмиҳои аълосифат,  истифодаи самараноки замини кишоварзони вилоят, диққати махсус равона карданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 7 миллиарду 753 миллиону 513,1 ҳазор сомонӣ расонида шуданд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 420,5 миллион сомонӣ ё ба андозаи 5,7%-ро ташкил медиҳад.

Зимни пешниҳоди ҳисобот ҳамчунин марбут ба дигар самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, захираи дусолаи хӯроки чорво, сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист, тақвият бахшидани фаъолияти муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, фаъолияти раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳо, рушди соҳибкорӣ, содироти молу маҳсулот, маблағгузории соҳаи сохтмон, фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва тадбирандешиҳо дар самти бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва тақвият бахшидани рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, аз нигоҳи таҳлилӣ изҳори назар карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои энергетика ва саноат аз нигоҳи таҳлилӣ суханронӣ намуда, қайд дошт, ки саноатчиёни вилоят, фаъолияти худро баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯриашон бо фаъолони вилояти Хатлон санаи 24 феврали соли равон, бахусус дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат равона намуда, ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххасеро амалӣ карда истодаанд.

Саноатчиёни вилоят дар тӯли 6 моҳи соли равон ба маблағи 4 миллиарду 316 миллиону 227,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 635 миллиону 236,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,5% таъмин намуданд.

Дар маҷмӯи маҳсулоти саноати саҳми саноат нисбат ба энергетика 16,5 % зиёд гардидааст.

Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта истихроҷи маҳсулоти филизӣ наздики 72%  ва ё ба маблағи 59,4 миллион сомонӣ, истихроҷи маъдани куҳӣ дар сатҳи 44,8 % ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳо дар сатҳи 16,2%  ва ё ба маблағи 83,6 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маснуоти чармӣ ва пойафзол дар сатҳи 55,8 % ба маблағи 270,3 миллион сомонӣ, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ ва ё дар сатҳи 10,2%, истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ ва таҷҳизоту мошинолот 13,4% ба маблағи 3,8 миллион сомонӣ, истеҳсоли мебел ва дигар таҷҳизотҳо 5,7 баробар ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ 24,7% ба маблағи 13 миллиону 924,5 ҳазор сомонӣ, маҳсулоти фармасевтӣ 8,3 маротиба ва ё ба маблағи 64 миллион сомонӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 4,4% ба маблағи 767,1 ҳазор сомонӣ, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ 7,9 % ва ё ба маблағи 132 миллиону 9,6 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфта, дар рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мусоидат кардаанд.

Бо таъсиси истеҳсолоти нав, ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа низ тамоюли афзоишӣ дошта, дар ин давра аз вилоят ба маблағи 101 миллиону 742,7 ҳазор доллар маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла 15,5 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 40,7 млн. доллар, 6,3 ҳазор тонна калобаи ришта ба маблағи 25,3 млн.доллар, 803,5 тонна матоъ ба маблағи 3,2 млн.доллар, 1275 тонна шираи камол ба маблағи 6,4 млн. доллар, 1160 тонна орд ба маблағи 496,6 ҳазор доллар, 205 ҳазору 498 тонна семент ба маблағи 6,7 млн.доллар, 370 тонна намаки ошӣ ба маблағи 5,1 ҳазор доллар, 884,8 тонна гачкартон ба маблағи 309,5 ҳаззор доллар ва 467,5 миллион кВт/соат неруи барқ ба маблағи 19,1 млн.доллар содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ ба маблағи 36,2 млн. доллар ва ё 55,3 фоиз зиёд мебошад.

Суръати маҳсулоти содиротӣ аз қабили нахи пахта (5957,5 тонна), матоъ (803,5 тонна), маҳсулоти дорувории аввалия (1229,4 тонна), намак (23 тонна), гаҷкартон (884,8 тонна) афзудааст. Содироти калобаи ришта агар маҷмуан коҳиш ёфта бошад, ҳам, аз руи нишондоди маблағ дар ҳаҷми 5 миллиону 434 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар давоми 6 моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ -7ададӣ, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 5 ададӣ,  Данғара, Панҷ – 4 ададӣ, Қубодиён, Бохтар, Муъминобод, Шаҳритус -3 ададӣ, Кӯлоб, Норак, Темурмалик, Дӯстӣ- 2 ададӣ, Ёвон, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Левакант, Фархор, Балҷувон, Кушониён- 1 ададӣ,  корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар ин замина 1050 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон, дар заминаи корхонаҳои мавҷудаи ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” ва “Элдорадо”-и шаҳри Кӯлоб (3 коргоҳ: сафолакбарорӣ, сангу шағал ва сангрезабарорӣ), ҶДММ “Амири Дил” (коргоҳи равғанбарорӣ ва собунбарорӣ), дар маҷмӯъ 9 коргоҳи иловагӣ бо дарназардошти 132 ҷойи корӣ бунёд шудаанд ва дар ин корхонаҳо 18,5 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Дар саноати нассоҷи ва дузандагӣ 202 корхона фаъолият намуда ба маблағи 754,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсолшуда нисбати соли гузашта 270,3 млн зииёд буда, 151,1 % нақшаро таъмин намудааст.

Дар давраи ҳисоботи дар вилоят 8937,6 тонна ресмони пахтагин истеҳсол шуд, ки 118,7 тн кам буда 98,7% нақша таъмин гардидааст. Коҳишёби аз ҳисоби “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил”-и 361 тонна ва 22,1 тонна аз ҳисоби “Рессандаи Қурғонтеппа” ба вуҷуд омадааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи корӣ вобаста ба коҳиш ёфтани соҳаи саноат дар шаҳру навоҳии вилоят, кам гаштани истеҳсоли тухм, ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашудани рушди соҳаҳои паррандапарварӣ мароқ зоҳир намуда, аз раисони шаҳру ноҳияҳо сабабҳои камфаъолиятии корхонаҳои саноатӣ-истеҳсолӣ ва як андоза коҳиш ёфтани истеҳсоли сементро пурсон шуданд.

Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, вобаста ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ андеша ба миён оварда, сабабу омилҳои фавти модару кӯдак дар вилоят, бунёду азнавсозии марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, изҳори нигаронӣ намуда, аз роҳбарияти соҳа оид ба масъалаи мазкур пурсон шуданд. Таъкид доштанд, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини шароити корӣ барои табибон, ҷалби мутахассисон ба кор, тадбирҳои заруриро рӯи кор оранд.

Муовини сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ пас аз шунидани ҳисоботи роҳбарону масъулон оид ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят дар зарфи моҳҳои сипаришудаи соли равон фикру ақидаҳои худро вобаста ба тақвият бахшидани рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят баён намуд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки бо назардошти вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим моро лозим меояд, ки аз қабл дида бештар баҳри тақвият бахшидани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт талош варзем. Дастуру супоришҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодабарии оқилонаи замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, иҷрои ҳатмии Барномаҳои давлатӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкориро дар амал татбиқ намуда, аз камбудиҳои мавҷуда хулосабарорӣ намоянд ва баҳри рушди минбаъдаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят аз тамоми имконияту шароити мавҷуда истифода баранд. Роҳбарону масъулонро муаззаф намуданд, ки дар ҳама самтҳо фаъолиятро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд ва ба ин васила дар баландпоягии сатҳи иқтисодӣ, ғанӣ гаштани буҷети маҳал, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ мусоидат намоянд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь