Хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро низ 30 сол мешавад, ки наздики 20 оила ғайриқонунӣ аз худ кардаанд. Масъулони литсей, мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳо наметавонанд онҳоро берун кунанд.
Шарафҷон Давлатов – мудири хоҷагии Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш қайд кард, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ, яъне 30 сол боз нафарони тасодуфӣ як бинои сеошёнаи хобгоҳи литсейро, ки барои хонандагон аст, худсарона аз худ кардаву ҳоло дар як шароити сангин зиндагӣ доранд. “Барои баргардонидани хобгоҳ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и ноҳия ва дигар сохторҳо чандин маротиба мактуб кардем, аммо ҳеҷ натиҷае надод”,-илова кард ӯ.
Ин шахси масъул афзуд, ки масъулони Вазорати меҳнат худашон аз ин вазъ огоҳанд, зеро онҳо омадаву бо мардуме, ки хобгоҳро гирифтаанд, суҳбат кардаанд. “Ҳамчунин, муовини собиқ раиси ноҳия Зоидова ва дигар масъулон соли 2017 низ омада диданд, аммо ягон натиҷа надод”,-зикр кард манбаъ.
Гуфта шуд, ки дар литсей ҳоло 351 хонанда ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 28 нафар омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва таълимӣ дарс мегӯянд.
Боиси таассуф аст, ки чанде аз хонандгони Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш худ иҷоранишин мебошанду масъулон наметавонанд сокинонро аз хобгоҳи онҳо берун намоянд. Дар хобгоҳе, ки ба як харобазор монанд аст, танҳо 5 нафар хонандаи литсей зиндагӣ карда истодаанду халос.
– Аз сабабе, ки хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар ва дигар ноҳияҳои атроф ба дарс меоянд, гоҳо онҳо аз дарсҳо қафо мемонанд. Сабаби асосии ин ҳолат набудани хобгоҳ ва надоштани шароити хуб дар он аст,- зикр кард Қурбон Шарипов – муовини директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш.
Бояд гуфт, ки солҳои тӯлонӣ бинои хобгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш вайрону валангор буда, атрофи он пур аз партову алафҳои бегона аст.
– Танҳо як қисмати бинои хобгоҳ ҳоло таъмир шудааст. Аммо аз ҳисоби набудани об дар ин бинои таъмиршуда, ҳоло хонандагон дар он зиндагӣ намекунанд. Ошёнаи якуми устохонаҳо пурра таъмир гардидаву ошёнаи дигар бояд аз таъмир бароварда шавад,- гуфт Собирҷон Ятимов – директори литсей зимни як суҳбати телефонӣ.
Масъулони литсейи мазкур, МИҲД-и ноҳияи Вахш, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчи зудтар ба ин масъла нуқта гузоранд, то хонандагони литсей бе мушкилӣ дар хобгоҳ ҷой гиранд.
Умед дорем, ки баъди силсиламақолаҳо аз вазъи хароби хобгоҳҳо ва худсарона гирифта шудани онҳо аз ҷониби сокинон, вайронии устохонаҳои омӯзишиву толорҳои варзишии литсейҳои касбии техникии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Вахши вилояти Хатлон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва худи масъулони литсейҳо аз пайи ислоҳи вазъ хоҳанд шуд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“ФАРАЖ”