Дар асоси иттилои расмӣ, то моҳи октябр ба ҳисоби миёна, тӯли ҳар моҳ андак бештар аз 351-нафарӣ сокинони вилояти Хатлон мавриди ҳамлаи сагҳои дайду қарор гирифтаанд. Ҳатто як ҳодисаи фавт ба қайд гирифта шудааст. Биноан, соҳибназарон вазъро нигаронкунанда арзёбӣ карда, ислоҳи сареъи онро маслиҳат медиҳанд.

Муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Икром Барфаков мегӯяд, дар 10 моҳи соли равон 3 ҳазору 512 сокини вилояти Хатлон аз ҳайвонҳо осеб дидаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат бештар аст. “Осебдидагон бештар аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ховалинг мебошанд”,- афзуд ӯ.

Ба гунаи мисол, рӯзи 31-уми октябри соли ҷорӣ Маҳмадҷон Мирзоев, сокини 49-солаи ноҳияи Вахш, бар асари газидани саги гирифтори бемории ҳорӣ (девонагӣ дар ҳайвон) ба ҳалокат расид. Тиловат, хоҳари шодравон, зимни як тамоси телефонӣ гуфт, ки Маҳмадҷонро як саги дайду моҳи июл дар манзили истиқоматиаш осеб расонида буд. “Он саг аввал ба гӯсола ҳуҷум кард. Бародарам хост, ки ӯро раҳо кунад. Аммо саг ба вай дарафтода, дасташро ҷароҳатдор кард”,- илова кард Тиловат.

Зулфия, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар гуфт, ки соли гузашта як фарзандашро саг газид ва имсол фарзанди дигарашро. “Дар шаҳр сагҳои дайду зиёданд. Бояд масъулон барои аз онҳо эмин нигоҳ доштани сокинон тадбир андешанд”,- гуфт ӯ.

Марзия, сокини дигар низ изҳори ташвиш карда, чунин гуфт: “Бинобар зиёд будани сагҳои дайду, метарсем кӯдаконро ба берун барорем”.

Беш аз даҳ ҳамсуҳбати дигарамон ҳам аз афзоиш ёфтани сагҳои дайду дар хиёбонҳои шаҳри Бохтар шикоят карданд.

Аз зиёд шудани сагҳои бесоҳиб дар ноҳияи Дӯстӣ низ мардум изҳори ташвиш мекунанд. Зимни як сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ дар саҳни беморхонаи марказии ноҳия саги бисёр ба чашм расид. Як сокини ноҳия, ки ба аёдати кадом шахси наздикаш омада буд, гуфт, ки аз ворид шудан ба беморхона метарсад. «Хуб мешуд, агар масъулон сагҳоро аз саҳни беморхона берун мекарданд, зеро ҳамарӯза беморону корафтодагон зиёд ба аёдати пайвандонашон меоянд»,- шикоят кард ӯ.

Майсара, ки ба аёдати беморе омада буд, изҳори нигаронӣ кард, ки шабона бо тарс вориди саҳни беморхона мешаванд. «Ин қадар саги дайду зиёд шудааст! Ҳайронам, ки оё масъулин инро намебинанд?!»,- шиква кард ӯ.

Хостем бо масъулони беморхона суҳбат кунем, вале, мутаассифона, онҳоро пайдо накардем.

Баҳром Розиқов, табиби Маркази саломатии шаҳри Бохтар афзуд, ки дар давоми даҳ моҳи соли 2019 ба ин марказ 240 нафари аз сагҳо осебдида муроҷиат кардаанд, ки аз ин 121 нафарашон аз шаҳри Бохтар мебошанд. Аз ин шумора 90 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Муовини директори Корхонаи коммуналии шаҳри Бохтар Алишер Тағоймуродов зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки сагҳоро ба маркази вилоят аз шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, А. Ҷомӣ оварда мепартоянд. Ва ин яке аз сабабҳои зиёд шудани сагҳо дар шаҳри Бохтар гардидааст. “То ин дам 560 саги дайду безарар гардонида шуд, аммо шумораи онҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон боз зиёд мешавад”,- илова кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сармуҳандиси корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Дӯстӣ Саломатшо Майфурӯшов низ сабаби зиёд будани сагҳои дайдуро дар маркази ноҳия аз деҳаҳои атрофи марказӣ оварда, сар додани онҳо гуфт. “Дар 9 моҳи соли равон дар ин беморхона 16 саги дайду безарар гардонида шудааст. Дар маҷмуъ, дар маркази ноҳия 112 саг безарар гардонида шудааст. Барои беморхонаро аз сагҳои дайду тоза кардан бояд роҳбарияти он ба мо расман муроҷиат кунад. Дар дигар маврид мо наметавонем дар ҳудуди беморхона ин корро анҷом бидиҳем»,- зикр кард ин шахси масъул.

– Дар даҳ моҳи соли равон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 467 ҳайвони дайду, ки бештари онҳоро сагҳо ташкил медиҳанд, безарар гардонида шуданд,- мегӯяд мутахассиси намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Рустам Гадоев.- Ҳарчанд мутасаддиёни корхонаҳои зертобеи мо дар шаҳру ноҳияҳо шумораи зиёди ҳайвонҳои дайдуро безарар мегардонанд, вале сокинони деҳот сагҳои худро оварда, дар марказҳо сар медиҳанд, ки ин боиси мушкили кори мо мегардад. Мушкили дигари корхонаҳои мо дар он аст, ки техникаҳои махсуси дастгир кардани ҳайвонҳои дайду ва ҷойҳои нигаҳдории онҳоро надорем.

Барои безарар гардонидани сагҳои дайду масъулони ниҳодҳое, ки баҳри анҷоми ин кор муаззаф шудаанд, бояд ҳаматарафа тадбир андешанд. Зеро ба гуфти табибон, ҳатто пас аз даҳ сол ҳам эҳтимоли гирифтори бемории ҳорӣ шудани инсони аз дандонҳои ҳайвони бемор ҷароҳатбардошта ҷой дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь