Аз муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба гуфти масъулони Раёсати тандурстии вилоят бештар аз 80 нафар табибону ҳамшираҳои шафқат тарки касб кардаву ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Дар асл шояд ин омор зиёд бошад, аммо масъулони ин Раёсат аз додани маълумоти бештар худдорӣ карданд.
Қубодиён: 40 корманди соҳа ба муҳоҷират рафтааст.
Чунин як мушкили доғ имрӯз дар ноҳияи Қубодиёни вилоятии Хатлон ба чашм мерасад, ки ҳам аз Беморхонаи марказӣ ва ҳам аз Шабакаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 40 нафар кормандони соҳаи тиб тарки касб кардаву ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Танҳо аз Шабакаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Қубодиён давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 23 табиб ва ҳамшираи шафқат тарки пеша кардаву ба хориҷ аз кишвар коркобӣ рафтаанд, ки ин вазъият масъулонро нигарон кардааст.
Роҳбари ниҳоди мазкур Файзуллозода Каримҷон гуфт, ки аз Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Қубодиён 51 нафар корманд дар ин давра корро бо сабабҳои гуногун тарк кардаанд, ки 23 нафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва аз онҳо 17 нафарашон ҳамшираи шафқат буда, 5 нафари дигар духтур мебошанд.
Ин шахси масъул бо нигаронӣ гуфт, ки баъди корро тарк кардани онҳо ин марказ ба 8 пизишк ниёз дорад.
Холмурод Ойматов – сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён бо тасдиқи гуфтаҳои роҳбари КАТС, ҳамзамон илова кард, ки дар ин давра аз Беморхонаи марказии ноҳия низ 5 табиб ва 12 ҳамшираи шафқат тарки пеша кардаву барои кор ба Федератсияи Русия рафтаанд.
70 дарсади ҳамшираҳо ба хотири фарзанддор шудан ба муҳоҷират мераванд
-Яке аз омилҳои тарки касб кардани табибон ин маоши паст аст, – гуфт Х. Ойматов ва илова кард, ки дар Русия маоши кормандони тиб баланд аст. “70 фоизи сабаби тарки кор кардани ҳамшираҳои шафқат ин аст, ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷират мебошанду наметавонанд корро партофта биёянд. Аз ин ҳисоб ба хотири фарзанддор шудан занҳояшон корро бас кардаву ба Русия назди шавҳарҳояшон мераванд ва мо наметавонем садди роҳи онҳо бишавем, -илова намуд номбурда.
Ин шахси мсъул гуфт, мо дар ҷаласаи назди раиси ноҳия пешниҳод кардем, ки ҳамшираҳоеро, ки шароити зиндагиашон каме душвор аст, дар рӯйхати камбизоатон гиранд. Ҳамчунин, ҳамшираҳоеро, ки оиди пешгирии бемории сирояти коронавирус дар деҳотҷойҳо кор мекунанд, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ муваққатан бо замин таъмин созанд,-гуфт ӯ.
Қайд гардид, ки баъди рафтани табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба муҳоҷират ҳоло дар сохтори госпиталии ноҳия норасоии кадрӣ нест, аммо дар оянда ҳатманд дар деҳотҷойҳо таъсири худро мерасонад.
Зикр рафт, ки бояд ҳаматарафа табибони соҳибтахассус дасгирӣ ёбанд, то онҳо корро тарк карда, ба муҳоҷират нараванд, зеро барои омода сохтани як мутахассис камаш 5 – 6 сол лозим меояд.
Раёсати тандурустӣ: Дар ду сол 83 корманди тиб корро тарк кардаст
Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷӯрабой Саидов гуфт, ки давоми солҳои 2020-2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон дар умум 83 нафар табибон бо сабабҳои мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки соҳа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин омил масъулони соҳаи тандурустиро нигарон кардааст.
Қайд гардид, ки танҳо давоми 9 моҳи соли 2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 54 нафар табиб корро партофта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
-Дар соли 2020 бошад, ин теъдод хело кам буд, яъне соли пор ҳамагӣ 29 нафар табибон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, – илова кард ӯ ва афзуд, ки сабаби тарк кардани касби табибӣ ва ба муҳоҷират рафтани духтурон мушкилиҳои иқтисодӣ, камии музди меҳнат ва дигар омилҳо мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аксари табибоне, ки корро дар муасссиаҳои тандурустии вилоят партофтаанд, дар хориҷ аз кишвар касбашонро давом дода истодаанд.
Зикр карда шуд, ки танҳо дар соли 2020 – 2021 аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ -12 нафар, Ёвон – 12 нафар, Панҷ – 14 нафар, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 8 нафар табиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Манбаъ гуфт, бо рафтани табибон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти кадрӣ дар соҳаи тандурустии вилоят дида мешавад, зеро дар 9 моҳи соли ҷорӣ мо ба 1 ҳазору 44 нафар табибон эҳтиёҷ доштем. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ тавонистем, дар ин баробар беш аз 300 нафар мутахассисонро ба кор ҷалб кунем ва ба ин минвол норасоии кадрӣ дар 11 моҳа то 700 нафар кам карда шуд.
Сабаби тарки пеша кардани табибон чист?
Омилҳои тарки касб кардани кормандони соҳаи тиб ва ба муҳоҷират рӯ овардани онҳо, ба гуфти ҳамсуҳбатҳои мо, мушкилоти иқтисодӣ, камии музди меҳнат ва надоштани манзили зист мебошад.
Ҷӯрабой Саидов – муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон қайд кард, ки вобаста ба пешгирии аз кор рафтани кормандони соҳа Раёсати тандурустии вилоят пайваста корбарӣ карда истодааст. Раёсат унвонии раисони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати дастгирии таббибон мактуб ирсол карда, хоҳиш кард, ки барояшон замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуда, бо ҷои зист таъмин кунанд, то табибон бо дили гарм кори худро идома диҳанд.
– Ғайр аз ин, барои ҷалб намудани кадрҳои ҷавон ба соҳаи тандурустии вилоят бо Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара ҳамкорӣ карда истодаем. Умед дорем, дар солҳои наздик ин мушкил аз байн хоҳад рафт, -илова кард ӯ.
Масъулон бояд даст ба кор шаванд
Вазъи ногувори бамиёномада тақозо менамояд, ки бояд Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурстии вилоят, мақомотҳои маҳаллӣ ҳарчи зудтар пеши роҳи муҳоҷиршавии табибонро бигиранд. Зеро Ҳукумати кишвар соҳаи тандурустиро дар зинаи аввали сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст ва ҳамасола ҷиҳати рушди ин соҳа маблағҳои зиёд сарф кардаву барои дар шароити хуб ба табобат фаро гирифтани сокинони мамлакат садҳо иншооти соҳаи тандурстиро бунёд ва бо беҳтарин таҷҳиҳзоти муосир таъмин мекунад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
«Фараж»