Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ҳудуди 3 ҳазор оила ақди никоҳашонро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум наздики 800 ҳолат зиёд аст.
3 207 кӯдак аз тарбияи падар ё модари худ маҳрум монд
Аз Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки аз 2 ҳазору 950 оилаи ҷудошуда 2 ҳазору 360 ҳолати он бо қарори суд, 584 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд ва 6 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудаст.
-Баъди аз ҳам ҷудо шудани ин оилаҳо 3 ҳазору 207 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум монда, аз ин 3 ҳазору 83 нафар дар тарбияи модар ва 124 кӯдак дар тарбияи падар царор доранд, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.
Талоқ дар ин ноҳияҳо рӯ ба афзоиш дорад
Иттилоъ дода шуд, ки ҷудошавии оилаҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Фархор – 117 ҳолат, Ҷомӣ – 89 ҳолат, Панҷ – 72 ҳолат, Кӯшониён – 66 ҳолат, Балхӣ – 50 ҳолат, Қубодиён – 47 ҳолат, Кӯлоб – 42 ҳолат, Бохтар – 38 ҳолат, Хуросон-35 ҳолат, Дӯстӣ – 36 ҳолат, Ҷайҳун ва Носири Нусрав – 29 ҳолатӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Левакант – 27 ҳолатӣ, Муъминобод – 18 ҳолат, Ховалинг – 13 ҳолат, Ёвон – 12 ҳолат, Восеъ – 10 ҳолат, Темурмалик – 5 ҳолат, Шамсиддини Шоҳин ва Норак – 4 ҳолатӣ ва ноҳияи Балҷувон – 1 ҳолат нисбат ба порсола зиёд шудааст.
Дар ноҳияи Вахш ҷудошавии оилаҳо мутаносиб ба соли гузашта буда, танҳо дар ноҳияи Данғара 5 ҳолати сабти бекор кардани ақди никоҳ нисбат ба соли 2020 кам гардидаст, – гуфтанд аз Раёсати болозикр.
Омилҳои пошхӯрии оилаҳо чист?
Тавре Зиннатгул Сафарзода – сардори Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, омилҳои ҷудошавии оилаҳо бефарзандӣ, дахолати шахсони сеюму чорум, ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, қарор доштан дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, Давлатзода Гулрухсор – мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Панҷ низ гуфтаҳои роҳбарашонро тасдиқ намуда, илова кард, ки омилҳои дигари пош хӯрдани оилаҳо мувофиқ наомадани хислатҳо, беморӣ, дахолати волидон, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ мебошад.
Вале Баёнзода Нигина – мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархор бошад, иброз намуд, ки дар ноҳияи мазкур дар ин давра 204 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин нисбат ба 11 моҳи соли 2020-ум 117 ҳолат зиёд аст.
-Аз шумораи ҷудошавии оилаҳо 193 ҳолати ақди никоҳ бо қарори суд ва 11 ҳолати дигар бо розиигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, бекор карда шудаст,-афзуд ӯ.
Баёнзода Нигина низ омилҳои пошхӯрии оилаҳоро мисли ҳамкоронаш дар ҷанҷолҳои оилавӣ, дахолати волидайн, бефарзандӣ медонад.
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ омилҳои ҷудошавии оилаҳоро аз афзоиши аҳолӣ, интихоби нодурусти ҳамсар, ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудани ҷавонон, чизу чора, савияи пасти ҳуқуқии шаҳрвандон, надонистани маърифати оиладорӣ, гоҳе бемасъулиятии волидону мудохилаи онҳо, аз ҷумла хушдоманҳо, яъне барои наовардани лавозимоти рӯзгор боиси зиндагии орому осоиштаи худро аз даст додани ҷавонон мешавад. Ҳамчунин, ҷавонон низ дар ин маврид бегуноҳ нестанд, зеро ба зиндагии оилавӣ омода набудани онҳо, таҳаммулнопазирӣ ва риоя накардани фарҳанги ҳамзистӣ боиси бадбахтии худи онҳо мегардад. Рашки зиёди беасос низ дар байни зану шавҳар оқибати хуб надорад. Сабаби ҳамаи ин нозукиҳои зиндагиро надонистан аст, ки боиси дар як муддати кӯтоҳ аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо мешавад.
Суҳбату вохуриҳо зиёд, аммо натиҷа чи?
Мусоҳибони мо – Зиннатгул Сафарзода, Давлатзода Гулрухсор ва Баёнзода Нигина гуфтанд, ки баҳри пешгирии ҷудошавии оилаҳо ҳамеша миёни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо, семинару машварат гузаронида мешавад. Ҳамчунин, хона ба хона гашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем, ки ҷудошавии оилаҳо кам гардад.
Дар ҳоле, ки ин қадар корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ гузаронида мешавад, пас чаро сол то сол ҷудошавии оилаҳо дар вилоят ба ҷойи кам шудан афзоиш ёфта истодаст? Ин суолест, ки масъулон бояд посух ҷӯянду ба мо гӯянд.
Хулоса
Аламовару дарднок он аст, ки пас аз ҷудо шудани 2 ҳазору 950 оила дар вилояти Хатлон 3 ҳазору 207 нафар атфоли ноболиғ аз муҳаббати яке аз волидони худ маҳрум мондаанд. Яъне тақдири тифлоне, ки имрӯз бо кӯчактарин айбу иллат аз падар ё модар бо бекор кардани ақди никоҳи волидонашон зиндаятим мемонанд ва дар шебу фарози зиндагӣ сарсону саргардонанд, чӣ мешавад? Гуноҳи ин тифлони маъсум чист, ки бо хатои волидон ва атрофиёнашон аз ҳоло бори азобу уқубати рӯзгор ба дӯшашон меафтад?
Моро зарур аст, нисбати ин паҳлуи ҳаётан муҳим амиқтар андеша намоем. Фаромӯш набояд кард, ки вайроншавии як оила пайомади ногуворе барои тамоми ҷомеа метавонад дошта бошад. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки худро канор нагирифта, барои мустаҳкамию пойдории оилаҳо саҳмгузор бошад.