Роҳҳо дар зиндагии инсон муҳим буда, барои пешбурди он нақши асосӣ доранд. Роҳҳо ҳастанд, ки мо ба воситаи онҳо зиндагии худро рангину зебо мегардонем. Роҳҳо гуногун мешаванд. Роҳи оҳан, роҳи автомобилгард ва роҳҳои ҳавоӣ. Муддати 30 сол бештар аст Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба мардуми минтақа ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хизмат карда омада истодааст. Ба воситаи он онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ФР рафта, барои аҳли оилаи худ маблағ мефиристанд, то ки зиндагии онҳоро беҳтар гардонанд. Ин макон дар давраҳои вазнинтарин ба мардуми минтақаи Кӯлоб ва ҳатто вилоят ва ҷумҳурӣ хизмати худро расондааст. Бахусус дар давраи ҷанги бародаркӯш, ки минтақаи Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва ҳама роҳҳо ба ҷуз роҳи ҳавоӣ баста буданд. Масалан, аз ҷумҳурии Ӯзбекистон он замон тариқи ҳавопаймо ба мардуми собиқ вилояти Кӯлоб чанд карат орд ҳамчун кӯмак оварда шуда буд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсия ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ба роҳ монд.
Натиҷаҳои иҷрошавии барномаи истеҳсолӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар давраи ҳисоботӣ бо нишондиҳандаҳои зерин ифода меёбанд:
Аз рақамҳои боло маълум мешавад, ки даромаднокии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 11 163 898 – сомонӣ зиёд ва хароҷот бошад ба маблағи 6 644 301 – сомонӣ зиёд шудааст. Сабаби зиёдшавии даромад ва хароҷот зиёд шудани теъдоди хатсайрҳо мебошад.
ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 31 111 738 сомонӣ фоида ба даст овардааст.
Маблағи ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар нимсолаи аввали соли 2022 маблағи 10 150 856 сомонӣ (дар нимсолаи аввал соли 2021 маблағи 5 392 130 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 4 758 726 сомонӣ ё 188,3 % зиёд мебошад.
Музди меҳнати миёнаи кормандони ҷамъият дар ин давра 2 368 сомониро ташкил дод. Шумораи кормандон дар ин давра 249 нафар кормандро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 36 – нафарашонро занон ташкил мекунанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 75- нафар кормандони фурудгоҳ ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд. Кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» барои иҷрои корҳои истеҳсоли 30- маротиба ба сафари хизматӣ баромаданд. Дар шаш моҳи соли 2022, 16- нафар кормандон варақаи корношоям гирифтанд.
Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2022 ба 149 322 нафар мусофир (дар нимсолаи аввали соли 2021, 56 812 нафар) хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262,8% ё 92 510 нафар мусофир зиёд мебошад, аз он ҷумла:
– Ба 86 992 нафар мусофири рафта (дар нимсолаи аввали соли 2021, 56 528 нафар), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2021, 30 464 нафар мусофир зиёд;
– Ба 62 330 нафар мусофири омада (дар нимсолаи аввали соли 2021, 284 мусофир), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2021, 62 046 нафар мусофир зиёд.
Ширкати ҳавопаймоии Уралские авиалинии, Шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2022 – 145318 (нафар), Шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2021 – 46281 (нафар) Ширкати ҳавопаймоии Сибир; шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2022 – 592(нафар) шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2021 – 10531 (нафар), ҶДММ “Сомон Эйр” шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2022 – 3412 (нафар) шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2021 – 0 (нафар), Ҷамъ: шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2022 – 149322 (нафар) шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2021 – 56812 (нафар), шумораи мусофирон нисбати соли гузашта 92510 нафар зиёд, ба ҳисоби фоиз бошад 262,8 фоизро ташкил мекунад.
Дар ин давра ҳамаи мусофирон бо гувоҳномаи ташхиси бемории коронавирус ва назорати тиббӣ ба қайд гирифта шуданд.
Миқдори умумии бағоҷи аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб қабулгардида ва интиқолдодашуда дар шаш моҳи соли 2022, 2 197,1 тн.-ро ташкил дод (дар шаш моҳи соли 2021 – 722,3тн.), яъне назар ба ҳамин давраи соли 20201, 1 474,8 тн. зиёд мебошад.
Миқдори умумии «Бори 200» (маит)дар нимсолаи аввали соли 2022:
Равон карда шудааст – 1 нафар (дар нимсолаи аввали соли 2021, 0 нафар);
Омадааст – 26 нафар (дар нимсолаи аввали соли 2021 – 0 нафар).
Миқдори хатсайрҳои хизматрасонидашуда дар нимсолаи аввали соли 2022:
Дар нимсолаи аввали соли 2022, 466 хатсайр иҷро шуд (дар нимсолаи аввали соли 2021 – 310 адад), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2021- 150,3 % ё 156- хатсайр зиёд аст.
Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташудаи парвозҳо дар нимсолаи аввали соли 2022, 17 хатсайрро ташкил дод (дар нимсолаи аввали соли 2021 – 22 хатсайр).
Аз онҳо бинобар сабаби дер омадани ҳавопаймо 15-хатсайр ва қатъ кардани парвоз 2-хатсайр.
Дар асоси Фармоиши Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» таҳти №23/ф аз 21.02.2022 сол «Дар бораи тасдиқ кардани Нақшаи чорабиниҳои Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ва ҳайати ситоди ташкилу иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба кор дар давраи баҳору тобистони (ДБТ) соли 2022 ба имзо расида, корҳо тибқи он ба роҳ монда шуданд.
Мувофиқи нақшаҳои дохилии хадамоту шӯъбаҳои корхона дар давраи баҳору тобистони (ДБТ) соли 2022 корҳои зерин анҷом дода шуданд:
– гузаронидани машваратҳои дастурдиҳӣ – методӣ бо ҳайати шахсии хадамоту шӯъбаҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» оид ба тайёрӣ ба давраи баҳору тобистони (ДБТ) соли 2022.
– омодасозии ҳамаи воситаҳои нақлиёт ба кор дар давраи баҳору тобистон;
– тайёр кардани таҷҳизотҳо барои даравидани алафҳо дар ҳудуди фурудгоҳ.
– тайёр кардани воситаҳои муоина ва мушоҳидаи видеоӣ (рапискан, сканер, асбобҳои дастии металҷӯӣ, камераҳо ва ғайра).
– азназаргузарониҳои ғайринавбатии хатҳои барқи баландшиддат (ХБ), хатҳои кабелӣ (ХК);
– гузаронидани шанбегиҳо дар корхона;
– таъмин намудани иншоотҳо бо лавозимотҳои корӣ;
– омода намудани таҷҳизотҳои оташнишон, пурра намудани моеи кафккунанда;
– гузаронидани машғулияти назариявӣ оид ба корҳои ҷустуҷӯӣ, садамавӣ ва наҷотдиҳӣ;
– гузаронидани корҳои профилактикӣ дар хатти равшанидиҳии парвоз ва зеристгоҳҳои трансформаторӣ;
– гузаронидани ҳолати техникии хатти бархосту нишаст.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 аз ҷониби кормандони ХБА 101 нафар вайронкунандаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва реҷаи рухсатномавӣ дастгир карда, аз онҳо 21 нафарашонро ба шӯъбаи корҳои дохилии дар фурудгоҳ буда супорида, бо боқимондаҳои онҳо суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
Бюрои рухсатномадиҳии ХБА бошад дар ин мӯҳлат 184 рухсатномаҳо навишта ва иваз намуданд.
Гурӯҳи муоинаи ХБА бошад, ҳангоми гузаронидани муоинаи пешазпарвозии мусофирон ва назорати махсус 73- нафар мусофироне, ки мехостанд бо худ ашёҳо ва моддаҳое, ки бурдани он ба ҳавопаймо манъ аст, ошкор намуданд. Аз онҳо маводҳои тезу буранда 63-адад, 18-лт равған, моддаҳои заҳролудкунандаи (зидди ҳашарот) 700 гр, нӯшокиҳои спиртӣ 4,5 литр, 17-адад балончаҳои газӣ, 28-адад балончаҳои оташфурӯзак (зажигалка), 100 гр-сирко ошкор карда шуда баъзе аз онҳо мусодира ва баъзеашонро ба хешу таборҳои мусофирон баргардонида шудаанд.
Оиди тайёрӣ ба мавсими баҳору тобистони соли 2022 ҳамаи воситаҳо ва олотҳои техникии Хадамоти Бехатарии Авиатсиони (ХБА) аз муоинаи техникӣ гузаронида шуда, дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Иду ҷашнҳо дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» чунин корҳо ба анҷом расонида шуданд:
Бахшида ба рӯзи модарон, ба 37 нафар бонувони фурудгоҳ 500 сомонӣ, ҷамъ 18 500-сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
Бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз» дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» чунин корҳои хайру эҳсонкорӣ ба анҷом расонида шуд: Ба 246 нафар кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ, ҷамъ 123 000- сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд. Ба 11 собиқадори меҳнат, ба ҳар нафар 250 сомонӣ, ҷамъ 2 750- сомонӣ кӯмак карда шуд. Ба 8 нафар шахсони бесаробон 200 сомонӣ ҷамъ 1 600 сомонӣ ва ба 4-нафар беморони сил, ба ҳар кас 200-сомонӣ, ҷамъ 800 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд.
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” байни шӯъбаву хадамотҳо мусобиқаи футболи хурд баргузор карда шуд. Ғолибони ин мусобиқаро мукофотҳои пулӣ тақдим намуданд. Ба ишғолкунандагони ҷои аввал 5 000-сомонӣ, ба ҷои дуюм 4 000-сомонӣ, ба ҷои сеюм 3 000-сомонӣ ва ба доварони мусобиқа 2 000-сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Бахшида ба рӯзи Иди саиди фитр чунин корҳои хайру эҳсонкорӣ ба анҷом расонида шуд: Ба 246 нафар кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ба ҳар кадом ба маблағи 650 сомонӣ, ҷамъ 159 900- сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд. Ба 11 собиқадори меҳнат, ба ҳар нафар 250 сомонӣ, ҷамъ 2 750- сомонӣ кӯмак карда шуд. Ба 4-нафар беморони сил, ба ҳар кас 200-сомонӣ, ҷамъ 800 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд. Ба Маркази хизматрасонии иҷтимоии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба маблағи 3 000 сомонӣ гузаронида шуд.
Бахшида ба рӯзи иди Ваҳдати миллӣ чунин корҳои хайру эҳсонкорӣ ба анҷом расонида шуд: Ба 249 нафар кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ, ҷамъ 124 500- сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд. Ба 11 собиқадори меҳнат, ба ҳар нафар 250 сомонӣ, ҷамъ 2 750- сомонӣ кӯмак карда шуд. Ба 4-нафар беморони сил, ба ҳар кас 200-сомонӣ, ҷамъ 800 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд. Кӯмакпулиҳо: = 441 150- сомонӣ. Мукофотпулиҳо: = 14 000 сомонӣ. Ҳамагӣ: = 455 150 сомонӣ
– Мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар бораи ободонӣ ва кабудизоркунӣ) дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд: Дар нимсолаи аввали соли 2022 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» 8 000 дона гули лола, 800-адад гулҳои ҳархелаи мавсимӣ, 2 500-адад гули тадетс ва 5 000-адад қаламчаи садбарг шинонида шуд. Дар атрофи шӯъбаҳои фурудгоҳ 10-ниҳол сӯзанбарг, 169-ниҳол дарахти мевадиҳанда шинонида шуд.
Ҳама ҷуйборҳои фурудгоҳ тоза карда шуданд. Гулҳои шинонида, дарахтон, майсазорҳо зери нигоҳубин қарор доранд.
Роҳбарияти фурудгоҳ пайваста кӯшиш мекунад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ дар муассисаи авиатсионӣ беҳтар гардида, ҷамъият дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок намояд.
Бо дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар қабулгоҳи Президенти ҶТ дар ш. Кӯлоб 60-садяк қитъаи замин барои нигоҳубин ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҷудо карда шудааст. Дар ин давра дар байни қаторҳои дарахтони олу картошка шинонида шуда, аз он 1200 кг картошка ҳосил ҷамъовари намуда, ба ҳар як корманди фурудгоҳ 5 кг картошка тақсим карда шуд.
Вазъи кунунии фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», чун корхонаи мустақил, нишон медиҳад, ки: Фурудгоҳ дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд. Сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ беҳтар гардидааст. – мегӯяд, Ҳамидзода Н.Р, Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»
Корҳои ба анҷом расонидаи фурудгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2022:
– Сохтмони девори атрофи фурудгоҳ пурра ба анҷом расонида шуд;
– 1-адад автомашинаи Тойота Ленд Крузер дастрас карда шуд;
– 2-адад нақлиёти Трап ва 1-адад нақлиёти махсуси АПА харидорӣ карда шуда, ба истифода дода шуд.
– Корҳои сохтмонӣ дар бинои идоракуни равшаннамоии хатти бархосту нишаст идома дода шуданд;
– Корҳои сохтмонии шипангҳо барои нигоҳдории нақлиётҳои махсус дар Хадамоти нақлиёти махсус идома дода шуданд;
– 1-адад ҳуҷра-вагони ёрирасон барои посбонони фурудгоҳ дастрас карда шуд;
– Ба миқдори 2040 тн. битуми тамғаи БНД 60/90 барои асфалтпӯш кардани хатти бархосту нишасти фурудгоҳ дастрас карда шуд.
– Барои истифода дар сохтмони хатти бархосту нишасти фурудгоҳ дар ҳаҷми 138 000 м2 симмилбаст (георешётка) харидорӣ карда шуд.
– Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар иншооти хатти бархосту нишаст барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур омода карда шуданд.
– Таҷҳизоти радиоминои «AРM-150» дастрас карда шуда, барои истифодабарӣ насб карда шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳамаи маблағҳои сарфшуда баҳри бартараф намудани камбудиҳо танҳо аз даромадҳои ба дастовардаи худи фурудгоҳ ба анҷом расонида шуданд.
Нақшаи дар пеш гузоштаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» барои соли 2022:
Дастрас намудани таҷҳизоти радиотехникии фурудоварии тайёраҳо, навъи «НОРМАРК». Дастрас намудани 1-адад ядакмошини тайёраҳо. Оғоз намудани таъмири капиталии хатти бархосту нишаст. Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо. Беҳтар кардани низоми амният ва татбиқи тадбирҳои зиддитеррористӣ.
Билоли Шамс, МТЖТ