Ҳадафи Роҳбари давлат баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Самтҳои фаъолият

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми январи соли 2021 баён намудаанд, амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030». Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», Солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ” дар соҳаи илму маориф, баҳри баланд бардоштани сифати дониши хонандагон, назорати доимии раванди таҳсилот дар ҳамаи муассисаҳои таълимиро вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Нишондиҳандаҳои оморӣ

Зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Муҳаммадиева Фирӯза Абдулвоҳидовна перомуни самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумат дар бораи маориф изҳори назар намуда, ҳамзамон афзуд, ки:

– Тайи семоҳаи аввали соли 2021 дар Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон 14 масъалаи вобаста ба раванди таълиму тарбия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамчунин, дар ин давра дар муассисаҳои таълимии шаҳр як қатор чорабиниҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, аз қабили семинарҳои доимоамалкунандаи фанҳои таълимӣ, семинарҳои машваратӣ-омӯзишӣ барои таблиғгарони ИМД-2021, даври шаҳрии озмунҳои “Дастархонороӣ” ва “Чакомаи гесу”, олимпиадаи байналхалқии «Imac» аз фанни математика, даври шаҳрии озмуни вилоятии «Хорсароён» дар мавзӯи «Суруди «Дунёи миллат»-ро меомӯзем», чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар», озмуни шаҳрии «Шеърхони беҳтарин» байни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо бахшида ба 115-солагии шоира Агния Лвовна Барто, озмуни «Мураббии сол», иштирок дар озмуни фосилавии вилоятии мақолаи беҳтарин доир ба мавзӯи “Сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ”, иштирок дар озмуни фосилавии вилоятии “Видеоролики беҳтарин” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагон, даври шаҳрии олимпиадаи HIPPO аз фанни забони англисӣ, даври шаҳрии озмуни вилоятии «Коррупсия-падидаи номатлуби ҷаҳони муосир» байни хонандагони синфҳои 9-11, озмуни шаҳрии иншои беҳтарин дар мавзӯи «Модар бақои ҳаёт аст» бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, озмуни «Зан-роҳбари беҳтарин» байни роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, озмуни иншои беҳтарин «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», озмуни “Бозиҳои миллӣ”, даври шаҳрии  озмунҳои «Маликаи Наврӯзӣ» ва «Ҳафт син ва ҳафт шин», даври шаҳрии олимпиадаи вилоятӣ аз забони англисӣ “Spellinq Bee”, даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-11, даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола», баргузории олимпиада байни хонандагони синфҳои 4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни математика бахшида ба Солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ғайра гузаронида шудаанд.

Дастовардҳои назаррас

Тавре мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Фирӯза Абдулвоҳидовна мегӯяд: ”Зикри ин нукта муҳим аст, ки дар оғози соли равон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ барои солҳои 2018-2022» 20 адад компютер барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ харидорӣ гардид. Ҷиҳати устувор гардонидани пояҳои моддию техникӣ дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иловатан 15 адад компютер харидорӣ шуда, шумораи умумии компютерҳо ба 493 адад баробар гашт. Инчунин, бо харидани 2 тахтаи электронӣ шумораи умумии ин таҷҳизоти техникӣ ба 27 адад расид. Бояд тазаккур дод, ки чанде қабл 8 нафар хонанда дар олимпиадаи байналмилалии Olympia аз рӯи 5 самт – фанҳои дақиқ, иқтисодиёт, тиҷорат, расм ва санъат ба тариқи фосилавӣ (онлайн) бо забони англисӣ ширкат варзида, 6 ҷойи намоён – ду медали нуқра, чор адад медали биринҷӣ ва ду адад сертификатро соҳиб гаштанд”.

Чуноне дар идома мавсуф афзуд: “Боиси фараҳмандии маорифчиёни ш. Бӯстон аст, ки дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон, ки дар мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Б. Ғафуров гузаронида шуд, 13 нафар хонандаи мо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст оварданд. Ҳамчунин, дар даври якуми олимпиадаи байналмилалии “IMEC- online” аз фанни математика, ки санаи 14.02.2021 баргузор гардид, аз 95 нафар иштирокчӣ, 45 нафар хонандагон ба даври дуюм роҳхат ба даст оварданд.

Дар ин росто, дар озмуни вилоятии “Сайри гули лола” дастаи шаҳри Бӯстон  ба 4 ҷойи ифтихорӣ ва “Сипоснома”-и Раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ шуд. Инчунин, ду нафар хонанда аз Гимназияи №2 – Ҳасанова Маҳҷабин ва аз Мактаби Президентӣ – Каримова Дилдора соҳиби идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар маҷмуъ 24 нафар хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр соҳиби идрорпулии Раиси шаҳри Бӯстон мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки санаи 16 марти соли ҷорӣ дастаи шаҳри Бӯстон дар даври вилоятии озмунҳои «Маликаи Наврӯзӣ» ва «Ҳафт син ва ҳафт шин» иштирок намуда,  хонандаи синфи 10-и Гимназияи №2 Латипова Малика дар озмуни «Маликаи Наврӯзӣ» дар вилоят ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Дар баробари ин, роҳбари Созмони хонандагони МТМУ №10 Шодмонова Зебо дар озмуни фосилавии вилоятии “Видеоролики беҳтарин” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагон сазовори ҷойи якум ва хонандаи синфи 10 – и Литсейи №1 Иноятзода Фотима дар озмуни фосилавии вилоятии мақолаи беҳтарин доир ба мавзӯи “Сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ” низ сазовори ҷойи аввал гардиданд”.

Қобили қайд аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки бо забони гузаронида мешаванд, бомуваффақият ширкат варзида истодаанд. 13-уми феврали соли 2021 7 нафар хонандаи Гимназияи №2 ва 1 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар олимпиадаи байналмилалии Olympia бо забони англисӣ аз рӯи 5 самт – фанҳои дақиқ, иқтисодиёт, тиҷорат, расм ва санъат ба тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуданд. Натиҷаҳои ин олимпиада муайян намуданд, ки Акрамов Муҳаммадазиз – хонандаи синфи 9 ”г”, медали нуқра ва роҳхат ба даври дигар (ҷойи баргузорӣ Британияи Кабир), Қамбарова Аниса – хонандаи синфи 11 “б”, медали нуқра, Сатторова Мадина – хонандаи синфи 8 “а”, медали биринҷӣ, Рустамов Ҷаҳонбек – хонандаи синфи 7 “а”, медали биринҷӣ, Шодиев Рамиз – хонандаи синфи 11 “а”, медали биринҷӣ, Каримов Салмон – хонандаи синфи 7 “а”-и МТМУ №10, медали биринҷӣ, Сайфиддинова Аниса – хонандаи синфи 8 “б”-и гимназияи №2, сертификат ва Мухсинова Парвина – хонандаи синфи 11 “а” бо сертификат сарфароз гардиданд.

Идомаи бунёдкориҳо

Айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Бустон аз ҷониби ҶДММ “Ворисони илм” бинои сеошёна бо 18 адад синфхона барои 220 ҷойи нишаст барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта шуда истодааст. Маблағи лоиҳавии сохтмон зиёда аз 10 миллион сомонӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки айни замон ҶДММ “Ворисони илм” бо ҷалби 36 нафар кӯдак фаъолияти муассисаи таҳсилоти ибтидоии хусусӣ ва бо ҷалби 99 нафар кӯдак фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабити хусусиро ба роҳ мондааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр муассисаҳои таълимии садамавӣ мавҷуд намебошанд.

Фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ

Дар шаҳри Бӯстон 11 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият мебарад, ки аз он 2 адад тобеи корхонаи воҳидии давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” мебошад: муассисаҳои томактабии №1 ва №5; 5 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ: “Ояндаи дурахшон”, “Гули наврӯзӣ”, «Чашмача», “Ворисони илм”, “Ахтари тобон”; 4 адад муассисаҳои таълимӣ томактабии назди шуъбаи маориф фаъолият мебаранд: №4, №13, №15 ва №16. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ мондани “Маркази инкишофи кӯдак” барои кӯдакони синни томактабӣ дар доираи лоиҳаи «Инкишофи кӯдаки синни барвақтӣ» коркард шуда, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2009, №18/7 якқатор корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст.

Дар Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бояд чунин муҳити таълимӣ ташкил карда шавад, ки ба кӯдакон барои иштирок ба фаъолиятҳои гуногун шароитҳои мувофиқ пешниҳод карда тавонад. Бинобар ин, дар марказ гӯшаҳои таълимӣ мувофиқи барнома, гӯшаҳо бо тамоми маводҳои зарурӣ, ки барои амалӣ кардани мазмуни барномаи тарбиявӣ-таълимии “Маркази инкишофи кӯдак” дар ҳадафҳои он муайян гардидаанд, ҷиҳозонида шудааст. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр  “Марказҳои инкишофи кӯдак” таъсис дода шуда, ҳамагӣ дар 10 гуруҳ дар умум 190 нафар тарбиятгирандагон фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Бӯстон ҳамагӣ 1519/683 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳри Бустон бунёди муассисаҳои томактабӣ ба нақша гирифта нашудааст. Дар шаҳраки Палоси шаҳри Бустон 1 адад муассисаи таҳсилоти томактабии №16 бо фарогирии 82 нафар кӯдакон, аз ҷумла, 38 нафар духтар, фаъолият дорад.

Дасти сахо

Мусаллам аст, ки дар давоми таҳсил бо ҳамаи 32 нафар ятимони кул (17 нафар аз мактаб-парваришгоҳ, 11 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, 4 нафар аз мактаби президентӣ) бобати интихоби касби оянда ба таври доимӣ машварату суҳбатҳо гузаронида мешавад. Алалхусус, ба 5 нафар ятими кул, аз ҷумла се нафар духтар аз мактаб-парваришгоҳ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 синфи 11-ро хатм намуда истодаанд, аз ҷониби маъмурияти ҳам мактаб-парваришгоҳ ва ҳам муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 диққати ҷиддӣ зоҳир намуда мешавад. Ин 5 нафар хонандагон ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супоридаанд.

Ҳавасмандсозии  ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2021, №АП-43 бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофӣ қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ лоиҳаи қарори Раиси шаҳри Бӯстон омода карда шуда аст. Тибқи он моҳи май дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳраки Палос даври якум ва моҳи июл дар сатҳи шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда мешавад. Бо қарори Раиси шаҳр ҳайати комиссияҳои ташкилӣ иборат аз 11 нафар, аппелятсионӣ иборат аз 7 нафар, ҳакамон иборат аз 9 нафар ва харҷномаи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тасдиқ карда мешавад.

Дар ҳолати ба даст овардани ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм -фурӯғи маърифат” хонандагон барои бидуни имтиҳонҳо қабул шудан ба мактабҳои олӣ дастгирӣ карда шуда, омӯзгорон ва падару модарони онҳо барои ҳавасмандкунӣ пешниҳод карда мешаванд.

Сатҳу сифати таълим

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тибқи нақшаи кабинети методии шуъбаи маориф фаъолияти семинарҳои доимоамалкунандаи ҳармоҳаи омӯзгорони фанҳои таълимӣ, ҳафта ва моҳонаҳои фаннӣ ба роҳ монда шуда, мониторинги сатҳу сифати дониши хонандагон ҳар моҳ гузаронида мешавад. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани дарсҳо, бо баробари ба анҷом расидани амалишавии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2018-2020», дар соли 2021 низ ба ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ диқкат дода мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ норасогии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр дида намешавад. Баҳри ҳавасмандгардонидани омӯзгорони ҷавон ба касби омӯзгорӣ ва дастгирии молиявии онҳо ду нафар мутахассиси ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок ба маблағи 6000 сомонӣ ва як нафар барои гирифтани қитъаи замин пешниҳод гардидаанд.

Бо мақсади бартараф намудани эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ, ки асосан дар муассисаҳои таълимашон бо забони русӣ ҷой дорад, санаи 17 майи соли 2021 масъули шуъбаи маориф оид ба кадр тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят дар тақсимоти мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров иштирок менамояд.

Рушди истеъдодҳо

Бо мақсади ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ моҳи март байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр даври шаҳрии озмуни вилоятии “Техникони наврас” аз рӯи 9 номинатсия гузаронида шуда, 13 нафар ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат ба даст оварданд.

Дар назди шуъбаи маориф маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия фаъолият мебаранд. Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 31.12.2014, №517 дар назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо ду воҳиди корӣ амал намуда истодааст. Дар Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳр моҳи феврал натиҷаи ҷамъбасти Олимпиадаии вилоятии хонандагон аз фанҳои таълимӣ ва моҳи марти рафти фаъолияти худи марказ баррасӣ карда шуд. Санаи 1 феврал семинари дастурдиҳӣ бо директорони  муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи “Тарзи дурусти баргузории даврҳои олимпиадаи Spelling Вее”” байни хонандагони синфҳои 5-7-и муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуд. Моҳи январи соли ҳисоботӣ бо муовинони директор оид ба корҳои таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинари дастурдиҳӣ бо оид бо баргузории даври вилоятии олимпиадаҳо гузаронида шуда, онҳо вазифадор карда шуданд, ки таъмини саривақтии хонандагонро дар ин чорабинӣ дуруст ба роҳ монанд.

Моҳи март бо аъзоёни маҳфилҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр озмунии шаҳрии  иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар бақои ҳаёт аст” ташкил ва баргузор карда шуд, дар он 31 нафар маҳфилчиён иштирок намуданд. Аз тарафи комиссияи тафтишотӣ 5 нафар иншои беҳтарин муқаррар карда шуда, бо сипосномаи мудири шуъбаи маориф сарфароз гардид. Бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатштносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ аз фанни математика дар байни хонандагони синфҳои 4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он аз ҳар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 4 нафари хонадагон иштирок намуданд ва 12 нафар хонандагони беҳтарин ба маҳфили назди МДРИ ҷалб карда шуданд.

Аз ҷониби кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маорифи ш. Бӯстон барои дар амал татбиқ намудани Қонун ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон нақша- чорабиниҳо барои соли 2021 тартиб дода шуд.

Рӯ ба фардо

Дар фароварди суҳбат Фирӯза Муҳаммадиева иброз намуд, ки: “Албатта, дар баробари муваффақият ва пешравиҳо дар назди Шуъбаи маориф муаммоҳо ё худ мушкилоте низ мавҷуданд, ки ҳалли саривақтии хешро тақозо менамоянд. Аз ҷумла, айни ҳол Маркази таҳсилоти иловагии назди Шуъбаи маориф ба бинои иловагӣ ниёз дорад. Инчунин, дар садади он ҳастем, ки иҷроиши сифатнокии барномаҳои давлатиро идома диҳем.

Дар умум, Шуъбаи маориф дар оянда низ баҳри амалӣ гардонидани нақшаю барномаҳои нави таълим, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилоят чораҳои мушаххас меандешад”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь