Дар маркази ноҳия ва дар деҳаи Мискинободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод теъдоди ошхонаҳо бомаром зиёд шуда истодаанд. Оё хизматрасонии ошхонаҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй ҳаст? Биёед беҳтараш ба далелҳо рӯй орем.

Ба бозори “Истиқлол”-и деҳаи Мискинобод рӯзҳои якшанбе аз гӯшаю канори кишвар соҳибкорону тоҷирон, харидорону корафтодагон меоянд. Онҳо аз ошхонаҳо хӯрок истеъмол мекунанд. Дар бозор ҳашт ошхона ҷойгир аст, ки аз онҳо ду ошхона – ошхонаҳои Искандар Собиров ва Манон Кабутов ба мардум хизмати хуб мерасонанд ва аз хизматрасонии онҳо одамон қаноатманданд. Ошхонаҳои номбурда аз ҳар ҷиҳат тозаю озода буда, дафтарчаи санитарӣ ва иҷозатнома доранд. Кормандони онҳо ҳангоми хизматрасонӣ ба мардум хилъати корӣ ба бар мекунанд. Вале, мутаассифона, хизматрасонии ошхонаҳои дигари бозор ба талабот ҷавобгӯй нест. Онҳо ба хотири ба даст даровардани пулҳои бедарди миён бе хилъати корӣ ва дафтарчаи санитарӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Аксари ин ошхонаҳо ба тозагию қоидаҳои санитарӣ риоя намекунанд. Дар ҳавои кушод ошпазҳову пирожкифурӯшон ба мардум хизмат мерасонанд, ки чангу хок болои таомҳои омоданамудаи онҳоро зер карда, дар натиҷа ба одамони солим беморӣ ворид мекунанд.

Ҳамчунин, берун аз бозор ду ошхона дар хизматрасонии мардум қарор доранд. Дар шафати беморхонаи нави сироятӣ ошхона, ҳаммом, сартарошхона ҷойгир аст. Бояд зикр намуд, ки гарчанде ошхона, ҳаммому сартарошхонаи инҷо каму беш ба қоидаҳои санитарӣ риоя кунанд ҳам, коргарону пешхизматҳо бе дафтарчаи санитарӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда кор мекунанд. Хизматрасонҳо бе ниқоб то бевақтии шаб кор мекунанд, ки метавонад сабаби паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардад. Дар ошхона 3 нафар духтарон дар хизматрасонии мардум қарор доранд ва мушоҳида накардам, ки онҳо бо хилъати корӣ хизмат расонанд.

Дар ошхонаҳои маркази ноҳия бошад, аксари коргарону пешхизматҳо бе хилъати корию дафтарчаи санитарӣ ва бе ниқоб ба мардум хизмат мерасонанд, ки ба мақсад мувофиқ нест.

Имрӯзҳо сар то сари ҷаҳонро бемории КОВИД-19 фаро гирифта, боиси фавти одамон гашта истодааст. Аз ин лиҳоз, бояд соҳибони ошхонаҳою чойхонаҳо бо ниқоби муҳофизатӣ, дафтарчаи санитарию ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба мардум хизмат расонанд. Аммо дар ошхонаҳои маркази ноҳия мушоҳида накардам, ки соҳибони ошхонаҳою чойхонаҳо бо ниқоби муҳофизатӣ ба мардум хизмат рсонанд. Пеш аз ворид шудан ба ошхонаҳою чойхонаҳо, меҳмонону истеъмолкунандагон низ бояд ҳатман ниқоби муҳофизатӣ дошта бошанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумро ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳои ҳассос ҳангоми сайругашт, ворид шудан ба ошхонаҳову чойхонаҳо, ҷойҳои дилхушӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизататӣ истифода баранд, аммо мардум ҳушдори вазоратро сарфи назар мекунанд. Чаро барои пешгирии бе ниқоб хизмат расонидани соҳибони ошхонаҳою чойхонаҳо духтурони санитарӣ-эпидемиологӣ назорат намебаранд!?

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь