Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун маркази бонуфузи илму маърифат ҷиҳати расидан ба дастовард ва муваффақиятҳои нодир аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 82 кафедра (аз ҷумла, 6 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз ин шумора аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.
Айни замон дар донишгоҳ 876 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла, 54 доктори илм, профессор, номзади илм, дотсент, 208 сармуаллим, 212 муаллим фаъолият мебаранд, ки 52,1% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.
Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ беш аз 20 000 нафарро дарбар мегирад. Тибқи квотаи Президентӣ 802 нафар, аз онҳо 484 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 14 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.
ДАСТОВАРД
Донишгоҳ барои ноил гардидан ба дастовардҳои арзанда аз тамоми имконият истифода бурда истодааст.
Феълан дар донишгоҳ шаш лоиҳаи буҷавӣ мавриди таҳқиқ қарор дошта, дар соли 2021 5 лоиҳаи нав ба фаъолият оғоз кард. Ҳамчунин, дар асоси озмуни ҷумҳуриявии лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқи бунёдӣ, ки аз ҷониби рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст, 2 лоиҳаи илмӣ дар озмун ғолиб дониста шуда, барои иҷро дастгирӣ ёфтанд.
Тибқи нақшаи осори нашршавандаи устодон ва кормандони донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2021 62 номгӯи асарҳо аз чоп баромаданд. Аз ҷумла, китоби дарсӣ 12, дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ 21, монография 14, маҷмӯаи мақолаҳо 15 ададро ташкил медиҳанд. Миқдори мақолаҳои илмии устодони донишгоҳ ба 1560 адад расидааст, ки аз ин миқдор 260 номгӯ мақолаҳо танҳо дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии атеттатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба қайд гирифташуда ба нашр расидаанд. Айни ҳол дар донишгоҳ 6 маҷаллаи илмӣ ба нашр мерасад.
Дар донишгоҳ 540 нафар магистрант аз рӯи 23 ихтисос таҳсил намуда, онҳо ба 46 кафедраи тахассусии донишгоҳ вобаста карда шудаанд. Дар соли ҷорӣ аз рӯйи низоми магистрӣ 2 ихтисоси нав таъсис ёфта, аз рӯйи ин ихтисосҳо довталабон қабул карда шудаанд.
Дар шуъбаи докторантураи донишгоҳ айни ҳол 2 нафар докторанти низоми анъанавӣ, 2 нафар аспирант, 112 нафар докторант (РhD) ва 125 нафар унвонҷӯ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф бо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд.
Дар донишгоҳ 6 Шӯрои диссертатсионӣ, аз ин 2 Шӯрои муштараки диссертатсионӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (филологӣ ва педагогӣ) ва 4 Шӯрои диссертатсионӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (PHD – педагогика, филологияи тоҷик, санъати тасвирӣ ва технология ва иқтисодиёт) фаъолият мекунанд.
Дар ин Шӯроҳои донишгоҳӣ аз моҳи январ то ба имрӯз 9 нафар унвонҷӯён, докторантону омӯзгорон рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.
Дар пешравии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нақши китобхонаи илмии донишгоҳ низ назаррас аст. Дар давраи ҳисоботӣ ба китобхона 304 номгӯ китоб ворид гардид, ки 2313 ададро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2021 – 2022 магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар 12 озмуну олимпиадаи сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ дар самти илм ва инноватсия фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” 17 нафар донишҷӯён иштирок намуда, 1 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 7 нафар сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд.
Ба ин минвол, Нуров Басирҷон – донишҷӯи соли сеюми факултети геоэкология ва туризм дар озмуни мазкур маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ба номбурда ҷиҳати ғолибият 25 000 сомонӣ ва ба донишҷӯ Фахриёр Хӯҷамбердиев 3 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. 10 нафар аз иштирокчиёни дигари донишгоҳ бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нишони илм ва инноватсия сарфароз гардиданд.
Донишҷӯёни донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ҷойи намоён, дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 ҷойи намоён, дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” 2 ҷойи намоёнро ба даст оварданд.
Инчунин, Шоҳҷоизаи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рӯйи номинаи сарояндагии анъанавӣ насиби донишҷӯи курси 4-уми факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Гулноза Ғаффорӣ гардид.
Ба Гулноза Ғаффорӣ, донишҷӯи донишгоҳ ҷиҳати сазовор шудан ба Шоҳҷоиза ба маблағи 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.
Сафи дорандагони унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ ба ҳолати семоҳаи аввали соли таҳсили 2021 – 2022 – 19 нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар ин давра ба ду нафар омӯзгорони донишгоҳ -сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика Ишонова Сабрина дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа ва ба сармуаллимаи кафедраи кори бонкии факултети иқтисодӣ Қурбонова Фирӯза дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас гардидааст, супорида шуд.
Шоистаи таъкид аст, ки Қурбонова Фирӯза дар миқёси вилоят аввалин номзади илм – зан аз рӯйи ихтисоси молия, гардиши пул ва қарз мебошад, ки ин барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ боиси ифтихор аст.
НАВГОНӢ
Бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ва заҳмату меҳнати устодон дар равандҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ пайваста навгониҳои муҳиму судманд рӯйи кор меоянд, ки натиҷаҳои наҷиб доранд.
Аз ҷумла, дар раванди таълим як қатор навгониҳои самаранок ба роҳ монда шуданд, ки аз ҷумлаи он таъсиси 10 ихтисоси нав дар донишгоҳ унвон мешавад.
Таҳияи стандартҳои давлатии таълимӣ ва қариб 2000 барномаи таълимӣ, ба навор гирифтани беш аз 100 машғулияти таълимӣ, таҳияи Консепсияи рушди сифати таҳсилот барои солҳои 2021-2025, Роҳнамо оид ба тартиби санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониш, масъулият ва салоҳияти донишҷӯ” аз тадбирҳои тозаи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Низомнома оид ба ташкили раванди таҳсилоти фосилавӣ дар фазои электронии “on-line”, гузаштан аз аттестатсияи Дастгоҳи иҷроия, Вазорати маориф ва илм, аттестатсияи давлатии Агентии назорат дар соҳаи маориф, гузаштани 168 нафар омӯзгор аз такмили ихтисос, ҳамкорӣ бо 104 корхона барои таҷрибаомӯзии омӯзгорон дастовардҳои навину дигари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аст.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 дар донишгоҳ “Соли рушди таҳсилоти фосилавӣ” эълон гардида буд, ки натиҷаҳои нек ба бор овард. Феълан аз ин иқдом натиҷагирӣ ҷараён дошта, дар доираи ин ташаббус ҷиҳати таъмини пешрафти таҳсилоти фосилавӣ силсилаи иқдоми наҷиб роҳандозӣ шуданд.
Инчунин, таҳияи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои солҳои 2021-2025, 6 лоиҳаи нави буҷавӣ, ғолибияти донишгоҳ дар лоиҳаҳои Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ дар мавзуъҳои “Проблемаҳои инноватсионии гидрологии идоракунии оби обтақсимкунакҳои сойҳои хурди Ҷанубии қаторкӯҳи Курама” ва “Ба даст овардан ва таҳқиқи хокаи кремии поликристалии дубора гудохташудаи андозааш то 1 микрон”, нашри 62 номгӯи асар, 1560 мақолаи илмии устодон, баргузории 264 конфронс ва семинару маҳфилҳои илмӣ, харидории 304 номгӯ, ки 2313 адад китобро ташкил медиҳад, муваффақияти назарраси аҳли донишгоҳ ба шумор меравад.
СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар донишгоҳ силсилаи ташаббусҳои судманд ба роҳ монда шуда, тадбирҳои самарабахш роҳандозӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом Шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯи 6D010700 – Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ва 6D090000 – Таълими касбӣ таъсис ёфт.
Ба воситаи Шӯрои мазкур дар байни солҳои 2019-2021 6 нафар унвонҷӯён рисолаҳои худро бо муваффақият ба дифоъ расонида, соҳиби дараҷаи унвони илмӣ гардиданд. Ҳамчунин, ба воситаи Шӯроҳои дигари амалкунандаи қаламрави ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои мухталифи соҳаи сайёҳӣ ва санъати тасвириву технология вагеоэкология 6 унвонҷӯи дигар низ ба гирифтани дараҷаи унвони илмӣ соҳиб гардиданд.
Айни ҳол аз рӯи ихтисосҳои докторантура (PhD) – ихтисосҳои 6D010700 Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ва 6D091100 Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат амал мекунад, ки маҷмӯан 10 нафар докторант ва 14 нафар унвонҷӯ тадқиқот бурда истодаанд.
Дар сесолаи охир 2 ихтисоси нав – эҷодиёти халқӣ ва санъати мусиқӣ дар зинаи магистратура таъсис дода шуда, дар соли таҳсили 2020-2021 13 нафар магистрантон аз рӯи ихтисоси санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология донишгоҳро хатм карданд ва рисолаҳои магистрии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Феълан дар зинаи магистратураи донишгоҳ 25 нафар муҳассилин аз рӯи ихтисосҳои санъати тасвирӣ ва санъати мусиқӣ таҳсил карда истодаанд ва барои таъсиси ихтисосҳои нав вобаста ба ин самт дар факултети санъати тасвирӣ ва технология корҳои мушаххас ба роҳ монда шудаанд.
Ҷиҳати нашри китобу рисолаҳо ва дастурҳои таълимӣ бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чораҳои муфид амалӣ шуданд. Давоми соҳои 2019-2021 дар донишгоҳ аз ҷониби устодону олимон дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 42 китобу рисолаҳои илмӣ, дастурҳои таълиму китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ба нашр расиданд.
Дар донишгоҳ аз рӯи 4 лоиҳаи илмӣ тадқиқоти илмӣ сурат гирифта истодааст.
Ташкили экспедитсияҳо ҷиҳати ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ унвон мешавад.
Дар доираи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гуруҳ донишҷӯёни ихтисосҳои экология ва агроэкология бо хатсайри Хуҷанд-Шаҳристон-Душанбе-Данғара-Даштиҷум ба таҷрибаомӯзии таълимӣ-сайёҳӣ фиристонида шуданд.
Ҳамчунин, гуруҳи дигари донишҷӯён аз факултети таърих ва ҳуқуқ барои шиносоӣ ба мавзеи таърихии шаҳри Саразм ва рушди сайёҳӣ сафарбар шуданд.
Давоми нимсолаи аввали соли 2021 устодони факултети геоэкология баҳри таҳқиқи табиати нотакрори Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвонот, захираҳои табиии кишвар тавассути экспедитсияҳои саҳроӣ, таҳқиқотҳои омӯзиши озмоишгоҳӣ, таҳлили маълумотҳои гирдомада ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ, рекултиватсияи заминҳои таназзулёфта, барқарорнамоии нишондодҳои ҳосилхезии хок, татбиқи технологияҳои сарватсарфакунанда, танзими таркиби сохтории агроэкосистемаҳо, таъсири омилҳои демографӣ ба муҳити табиӣ ва ғайра таҳқиқотҳои зарурӣ гузарониданд. Аз ҷумла, донишҷӯёни ин факултет ба мавзеъҳои Помири Ғарбӣ бо хатсайри Хуҷанд –Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Хуҷанд экспедитсияи илмӣ гузарониданд.
Дар натиҷаи таҳқиқотҳо 11 номгӯи мақолаҳои илмӣ омода ва барои нашр ба маҷаллаҳои илмӣ пешниҳод карда шудаанд.
Дар маҷмуъ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста талош дорад, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини рушди соҳаи маориф ва илм саҳми муассир гузошта, баҳри тайёр намудани кадрҳои лаёқатманди ҷавобгӯ ба талаботи муосир тамоми нерӯи худро истифода дорад.
МТЖТ