Дар доираи барномаи муаррифии муассисаҳои олии касбӣ дар ҳафтаномаи «Фараж» ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки дар тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд таърихи беш аз 40-сола дорад, ташриф овардем. Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин моро хуш пазируфта, бо рафти таълиму тарбия дар муассиса шинос намуданд. Мо бо синфхонаҳои васеъу барҳаво ва муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизот, лабараторияҳои муосири таълимӣ, ташхисгоҳҳо, толорҳои ҷаласавию варзишӣ, кабинетҳои фаннӣ, биноҳои хуштарҳу замонавӣ шинос шуда, маводи мазкурро омода намудем. Бояд гуфт, ки сифати таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии Бохтар хуб ба роҳ монда шуда, имрӯз ҳама имкониятҳо барои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ муҳайё аст.

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳҳои олии касбӣ дар маркази вилояти Хатлон буда, байни дигар донишгоҳҳои кишвар мақоми хосаро соҳиб аст. Имрӯз донишгоҳ дорои Иҷозатномаи фаъолият аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи АУ №0002466 аз 04.01.2018) мебошад.

Аҳли илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ сохтани рисолати бузурги касби омӯзгорӣ, роҳандозӣ намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа, рушди арзишҳои маънавию ахлоқии халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар алоқамандӣ бо арзишҳои умумибашарӣ саъю талоши зиёде ба кор мебаранд. Чунончи, пешрафт ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриамон, пеш аз ҳама, аз сатҳ ва дараҷаи пешрафти соҳаи маориф, илм ва таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар вобастагии ногусастанӣ дорад. Раванди ҷаҳонишавие, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайвастааст, тақозои онро дорад, ки аҳли илму маориф бояд нишондодҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созанд, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо бозори меҳнат густариш дода, сатҳи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондодҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонанд.

Фаъолияти беш аз 40-сола ва ҳадафҳои имрӯза

Фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар зарфи зиёда аз 40 соли мавҷудияташ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳамагон маълум аст. Донишгоҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаҳои дурнамои ҳукумативу Вазорати маориф ва илмро дар иртибот ба илму маориф дастурамали кори худ қарор дода, дар татбиқи амалии онҳо дар қатори дигар таълимгоҳҳои олии номдори кишвар ҳиссаи сазовори худро гузошта истодааст.

Айни замон ҳадафи асосии донишгоҳ чунин аст:

– Таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктор (PhD) ва доктори илм, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим.

Бо ин мақсад дар 12 факултети донишгоҳ аз рӯи 65 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Инчунин, ба сохтори донишгоҳ қисмҳои таркибии он – коллеҷи омӯзгорӣ ва литсей, Маркази таълимӣ-касбӣ дар ноҳияи Хуросон низ шомил аст, ки фаъолияти онҳо дар асоси қонунҳои роиҷ ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ, теъдоди умумии кошонаҳо 372 адад, аз ҷумла 179 адад синфхонаҳо, 41 адад кабинетҳои фаннӣ, 29 адад озмоишгоҳҳо, 2 толори варзишӣ, ҳамчунин 2 майдонча ва 1 майдони варзишӣ дар минтақаи Дӯстии халқҳо, ки масоҳати он 7200 метри мураббаъ бо  2000 ҷойи нишаст мебошад.

Теъдоди муҳассилини донишгоҳ ҳоло ба 19 ҳазор нафар мерасад, ки онҳо дар шакли рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона таҳсил мекунанд. Ҳамзамон дар донишгоҳ 45 нафар ятимони кулл, 37 нафар донишҷӯёни дорои имконияташон маҳдуд таҳсил менамоянд, ки мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доранд. Зиёда аз бист фоизи донишҷӯёнро духтарон ташкил менамоянд. Имсол 148 нафар донишҷӯён аз тариқи квотаи президентӣ шомили донишгоҳ шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо 96 нафар духтарон ва 52 нафар писарон мебошанд.

Солҳои охир бо кӯшиши садорати донишгоҳ, раёсати таҳсилот ва факултетҳою кафедраҳо иштироки донишҷӯён ба дарсҳо беҳтар гардида, то ба 98 фоиз расонида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати дарсҳо, зиёд намудани масъулияти дарсазхудкунии донишҷӯён дар ҳар нимсола як маротиба аттестатсия ва арзёбии сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён гузаронида мешавад.

Барои таҳкими заминаи моддиву техникӣ, фаъолияти таълимӣ ва тахассусии устодон, сатҳи дониши муҳассилин ва дигар соҳаҳои фаъолияти факултетҳои донишгоҳ, коллеҷ ва литсей ҳар сол аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ гузаронида мешавад, то ки фаъолияти муътадили донишгоҳ дар тӯли амали иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардад.

Раванди корҳои сохтмониро дар зербинои асосии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ҶДММ “Собир САМ” ба зимма дошта, айни замон корҳо дар зербинои он бомаром идома доранд. Барои бунёди иншооти мазкур беш аз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Донишгоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои компютеркунонӣ, такмили омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва татбиқи забони давлатӣ нақшаи мушаххас мураттаб сохта, барои иҷрои бомуваффақияти бандҳои он саъю талош меварзад. Яке аз чунин масъалаҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ба таври зарурӣ ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ ва махсусан забони давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад тамоми корҳои эҷодӣ, таълифоти илмию методии устодону шогирдон, машваратҳо, нишастҳо ва ғайраҳо танҳо бо забони давлатӣ амалӣ мешаванд. Ҳафтаномаи «Фурӯғ», маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ва сомонаи донишгоҳ – www.btsu.tj дар таҳкиму тарғиби забони давлатӣ саҳми босазое доранд.

Амалишавии Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» дар донишгоҳ имконият медиҳад, ки мавқеи он мустаҳкам гардад.

Хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертут”

Дар ин баробар, хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертут”-и шаҳри Левакант, ки ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тааллуқ дорад, дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.

Дар замини таҷрибавӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили картошкаву пиёз, бодирингу помидор, ҷуворимакка ва тарбузу харбуза кишт гашта, дар як қитъаи дигари замини хоҷагӣ парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимон ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки ҳайати устодону донишҷӯёни факултети химия ва биологияи донишгоҳ ин мавзеъро ҳамчун замини таҷрибавӣ барои амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ истифода мебаранд. Имсол дар заминҳои ин хоҷагӣ беш аз 450 дарахт, аз ҷумла 300 адад дарахтони мевадиҳанда ва беш аз 150 адад дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст.

Донишгоҳ ҳоло дорои маркази имтиҳонгирии тестӣ буда, тамоми санҷишу имтиҳонотро донишҷӯён ба воситаи компютер месупоранд. Маркази интернетӣ, китобхонаи электронӣ ба шогирдон имконият медиҳанд, ки дониши ҳаматарафа гиранд. Илова бар ин, ҳамаи шуъбаҳо, деканатҳо ва кафедраҳо бо компютерҳои ҳозиразамон ва принтерҳо таъмин мебошанд.

Ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои олии дохилӣ ва хориҷӣ

Донишгоҳ бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тобеи Вазорати маориф ва илм, пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Олимони пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва макотиби олии кишвар ба ҳайси роҳбарони илмии аспирантону муҳаққиқон ва корҳои илмӣ ҳамкорӣ менамоянд. Дар панҷ соли охир устодони донишгоҳ зиёда аз 100 адад китоби дарсию монография, 260 номгӯй дастуру воситаи таълимӣ, зиёда аз 1500 адад мақолаҳои илмӣ рӯйи нашр оварданд. Дар донишгоҳ ҳар сол беш аз 10 конференсияҳои илмии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, умумидонишгоҳӣ ва семинарҳою дигар нишастҳои илмӣ баргузор мегардад.

Робитаи донишгоҳ бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар ривоҷ ёфта истодааст. Алҳол донишгоҳ бо Донишгоҳи штати Монтанаи ИМА, бо донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмии Русия, Эрон, Ҳиндустон ва Белорус равобити илмӣ барқарор намудааст.

Фаъолияти илмӣ

Фаъолияти илмии устодони донишгоҳ имрӯзҳо боиси таваҷҷуҳ аст. Олимони донишгоҳ дар 40 самт аз рӯи 65 мавзуъ фаъолияти илмӣ бурда истодаанд. Алҳол дар донишгоҳ 22 нафар докторони илм, профессорон ва 134 нафар номзадҳои илму дотсентон ба сифати устодони доимӣ фаъолият менамоянд. Ҳайати мазкур дар 47 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғуланд. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ бо роҳҳои коромӯзӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, ходимони илмӣ, рухсатии эҷодӣ ва бакалаврияту магистратура зина ба зина роҳандозӣ шудааст. Дар панҷ соли охир аз ҳисоби устодони донишгоҳ 8 нафар рисолаҳои докторӣ ва 80 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд, ки аз ин миқдор 35 нафари номзадҳои илм занон мебошанд. Дар ин муддат 8 нафар устодони донишгоҳ ба унвони профессорӣ ва 17 нафар номзадҳои илм ба гирифтани унвони дотсентӣ шарафёб гардиданд.

Айни ҳол дар донишгоҳ ду нафар Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 7 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар барандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ду нафар барандаи ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ, 2 нафар барандаи ҷоизаи адабӣ ва илмии ба номи Ҷалолиддини Румӣ, 94 нафар барандаи ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав, 82 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, як нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кору фаъолият доранд. 24 нафар устодони донишгоҳ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Соли 2012 нахустин бор дар донишгоҳ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратура ифтитоҳ ёфт. Ин имкон дод, донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд, таҳсили худро дар ин зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ идома дода, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шаванд.

Соли 2015 нахустин бор дар донишгоҳ қабул тариқи доктор (Phd) оғоз ёфт, ки ҳоло 44 нафарро аз рӯйи 23 ихтисос фаро гирифтааст.

Шӯроҳои диссертатсионӣ

Дар донишгоҳ аз соли 2018 Шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои 6D KOA-35 (6D010900 – методикаи таълими математика, 6D011000 – методикаи таълими физика, 6D011100 – методикаи таълими информатика) амал мекунад. Дар Шӯрои мазкур аз соли таъсис 18 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд, 5 нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Шӯрои дуюми диссертатсионии донишгоҳ 6DKOA-046 – таърих (таърихи илм ва техника) мебошад. Дар Шӯрои мазкур як нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, 6 нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

Иштироки Пешвои миллат дар ифтитоҳи бинои таълимӣ

Соли гузашта Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар рейтинги байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ ҷойи 13-умро ишғол намуд. Боиси ифтихор аст, ки санаи 23-юми марти соли 2019 дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварданд. Дар доираи сафари корӣ Президенти мамлакат ба факултети сиёсат ва идораи давлатии донишгоҳ ва маҷмааи варзишии дорои тамоми шароити ҳозиразамон ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханронӣ намуданд. Пешвои миллатро профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ бо як тантанаи хеле бошукуҳу шаҳомат ва самимона истиқбол гирифтанд.

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯёну кормандон ва тамоми ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳар як фармону дастурамалҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Сифату самараи таълим ва назорати донишҳои замонавӣ

Донишгоҳ ҳамчун махзани илму маърифат ва фарҳангу маданият фаъолияти худро идома дода, соли 2019 ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва аспирантони донишгоҳ бо мақсади дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таълиму тарбиявӣ ва илмиву таҳқиқотӣ ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Раёсати донишгоҳ минбаъд низ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона менамояд, ки шароити кору истироҳат, таълиму тарбия дар донишгоҳ рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардад. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани маънавиёт ва маърифатнокии донишҷӯён корҳои тарбиявӣ бештар ва беҳтар ба роҳ монда шуда истодааст. Ширкати фаъолонаи донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштироки назарраси донишҷӯён дар баргузории ҷашну чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ гувоҳи гуфтаҳои болост.

Минбаъд низ масъалаи тарбияи завқи зебоипарастии донишҷӯён, тарзи либоспӯшӣ, муомилаву муносибати онҳо, махсусан тарбияи идеявӣ-сиёсӣ, ватандӯстӣ, ахлоқӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии донишҷӯён дар маркази диққати садорат ва деканатҳои факултетҳо қарор мегирад.

Бо вуҷуди дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз сатҳу сифати таълиму тарбия ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ин росто, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми декабри соли 2019) иброз доштанд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳу сифати таълим дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон дар ҳама зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шавад. Ҳамзамон, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, донишҷӯёну ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ диққати бештар диҳанд. Сарвари давлат бештар ба сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳ зоҳир карда, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замонро муҳим мешуморанд.

Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Дар робита ба ин, дар 4 факултети донишгоҳ гуруҳҳои таълимашон бо забони русӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, дар 3 ихтисоси илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ – факултети физика, математика – информатика, химия ва дар як гуруҳи равияи гуманитарӣ – факултети таърих гуруҳи таълимашон бо забони русӣ ба роҳ монда шуд.

Ба ҷойи охирсухан

Зимни боздид аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар суҳбат ба мо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин иброз доштанд, ки «ҳамаи ин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ моро водор месозад, то барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори ҷаҳонии меҳнат тамоми чораҳоро андешем. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамаи ин дастуру супоришҳоро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландпояи илмию омӯзгорӣ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт».

Холиқназар ҶУМЪАЕВ,

МТЖТ

Р.S. Мақолаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Наимзода Қудратулло, сармуҳаррири нашрияи донишгоҳии “Фурӯғ” ва Комрон Расулов, сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омода карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь