Мегӯянд, “СВЕТОФОР”-ҳо ё чароғакҳои роҳнамо ба хотири қоидаҳои муқарраршудаи роҳ ва  хараҷу мараҷ нашудани одамону нақлиёт ба ҳангоми убуру мурурашон аз роҳҳои серодаму сермошингузар гузошта мешаванд. Ин чиз асосан аз номашон ҳам маълум аст, аммо, чӣ мегӯед, ки на дар ҳама ҷо чунин будааст. Зеро дар баъзе ҷойҳо ин чароғакҳо ба ҷойи роҳнамоӣ карданашон баръакс мардуму ронандагони нақлиёттҳоро ба иштибоҳу чапғалат андохта, оқибат раҳгум мезанондаанд.

 Мепурсед, ки чӣ хел ин ҳолат рӯй дода метавонад? Хеле оддӣ. Масалан, тайи чанд рӯз аст, ки дар як чорроҳаи машҳури кӯчаи марказии  шаҳри Панҷакент бо номи “Дарвозаи Бухоро” “СВЕТОФОР”-ҳо, яъне, чароғакҳои раҳнамо на аз рӯйи барномаи кориашон, балки ба қавли мардум “ъало булоъ” кор кардаву на танҳо роҳгузарону ронандаҳоро ба роҳи чапғалат мебаранд, балки бо ин ҳолати худ барои пиёдагард, яъне (ҳазрати одам) ва мошинҳои аз ин сарак равуо дошта, ҳолатҳои хавфноки садамавию бархӯрди ду ҷонибро дар ҳоли андаке беэҳтиётӣ эҷод мекунанд.

Аммо сад афсус, ки муттасаддиёну масъулини ин роҳро назораткунанда то ҳол ин ҳолатро  намебинанд, ё шояд дида бошанд ҳам, худро нодида гирифта,  ба ҷойи ин камбудиро зуд рафъ кардан ба қавле “туро газад, маро чӣ ғам, “ё “туро занад…” гӯён оромакак нишастаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо ва ронандагону пиёдагардҳои мушоҳидакор  ҳолати қариб ҳамаи чароғакҳои дар роҳи марказӣ гузошташуда аксар вақт чунин будааст. Лекин аз чӣ бошад, ки масъулини соҳа ва ниҳодҳои марбута таъмир ва бартараф кардани ин ноқисиҳои чароғакҳои  роҳнаморо ё фаромӯш кардаанд, ё  ҳоло интизоранд, ки  (Худое нокарда) садама ё ягон фалокати дигари  мудҳиш рух диҳаду баъдан ин чароғакҳои замоне роҳнамову   ҳоло ҳолати “ГУМРОҲКУНАНДА”-доштаро таъмир кунанд?!

Ё мегӯям, шояд, баъди хондани ин сатрҳо масъулину дастандаркорони бевоситаи соҳа ба хулосае биёянду кори барномавии  ин чароғакҳоро мурраттабу ҷӯр кунанд? Шумо чӣ мегӯед?!

Рафту  ба ин гуфтаҳо бовар накардед, ба аксҳо нигаред, ки гувоҳи ин ҳарфҳову гуфтаҳоянд.

Шоҳин Облоқулов, Панҷакент, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here