Дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёди зиёда аз 7 ҳазору 760 иншоти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то охири моҳи июни соли ҷорӣ 7 ҳазору 261 адади он сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ин ҳисоб 9 ҳазору 378 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матуботӣ гуфт, ки нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилоят 95 дарсад таъмин гардидааст.

– Ҳоло дар 460 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, то ҷашни Истиқлолият онҳо пурра мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд,- илова кард ӯ ва афзуд, ки дар доираи ин санаи таърихӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 266 корхонаю коргоҳ бунёд карда шудааст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2021-ум 48 адад корхона ва коргоҳи навтаъсиси соҳаи саноат бо 422 ҷойи кории нав таъсиси ёфта, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 36 корхона ва коргоҳҳо бо назардошти 1680 ҷойи нави корӣ идома дорад.

Саломзода Сиҷовуддин – раиси шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба ин санаи таърихӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дошта, аз 307 адад бинову иншооти ба нақша гирифташуда 286 адади он бо таъсиси 1051 ҷойи нави корӣ бунёд ёфтааст, ки 93,2 фоизи нақшаро ташкил дода, дар иншооти боқимонда корҳо рафта истодаанд.

– Ҳамчунин, дар доираи ин ҷашн дар шаҳр 18 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд хоҳад шуд, ки то имрӯз 8 адади онҳо сохта шуда, дар дигар корхонаҳо сохтмон идома дорад,- илова кард Саломзода Сиҷовуддин.

Дар шаҳри Левакант бошад, ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёду азнавсозии 96 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи онҳо 61,8 миллион сомониро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Левакант Зарина Давлатзода, аз ҷамъи умумии иншооти ба нақша гирифташуда 47 адад бо арзиши 46 миллион сомонӣ дар маркази шаҳр, 28 иншоот ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистон ва 21 иншооти дигар бо арзиши 10,9 миллион сомонӣ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат бунёд хоҳанд шуд.

Аллакай 80 иншоот дар шаҳр бо харҷи 29,8 миллион сомонӣ, 8 иншоот ба соҳаи маориф, 4 адад ба соҳаи тандурустӣ, 6 адад ба соҳаи варзиш, 5 иншооти истеҳсолӣ, 7 иншоот ба роҳҳои автомобилгард, 5 иншоот барои таъминоти об ва 45 адади дигар ба соҳаҳои иҷтимоию маишӣ бо таъсиси 369 ҷойи нави кор ба истифода дода шудаанд, ки 80 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Вализода Икромиддин – раиси ноҳияи Кӯшониён зикр кард, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бунёди 337 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 314 адади онҳо сохта ба истифода дода шудааст, ки ин 93,2 дарсади нақшаро дар бар мегирад.

Тавре иттилоъ дода шуд, азимтарин иншооте, ки дар доираи 30-солагӣ дар ҳудуди ноҳия бунёд шудаанд ё шуда истодаанд, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, бинои 7-ошёна, ду бинои 5-ошнёна, мактаб барои 620 хонанда, муассисаи томактабӣ барои 160 кӯдак, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои замонавии хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, меҳмонхона, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ, чароғонкунии маркази ноҳия то деҳот, таъмири роҳу пиёдароҳаҳо, пулҳои мошингузар, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошанд.

Ноҳияи Вахши вилояти Хатлон давоми чанд соли охир симои худро ба куллӣ дигар кард. Зеро дар ноҳия аз соли 2018 то шаш моҳи соли ҷорӣ 284 адад бинову иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шудааст.

Қурбон Юсупов – раиси ноҳия қайд кард, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони 342 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 83 дарсади онҳо сохта ба истофада дода шуда, дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бомаром пеш рафта истодааст.

Раис афзуд, ки баъди ба истифода додани иншооти ҷашнӣ 550 ҷойи нави корӣ ва маоши хуб барои сокинон муҳайё карда шуд ва ҳоло дар иншооти дигр корҳо рафта истодаанд.

Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхуҷа Шоҳин гуфт, ки корҳои созандагӣ дар ноҳия вусъати тоза касб намуда, дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 210 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 200 адади он бо харҷи 71,6 миллион сомонӣ сохта шудаанд. Дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

– То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бунёду азнавсозии 200 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 173 адади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд,- гуфт раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода ва илова намуд, ки соли 2018-ум 30 иншоот, соли 2019-ум 47, соли сипаригардида 60 ва дар шаш моҳи соли равон 36 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шудаанд. Боз дар даҳҳо иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Иншооти бунёдгардида аз қабили бинои маъмурии деҳоти “Носири Хусрав” ва “Заркамар”, 11 бунгоҳи тиббӣ, чор толор ва майдончаҳои варзишӣ, мактаб-парваришгоҳ, бинои шуъбаи маориф ва беморхона буда, баъди баистифодадиҳӣ дар онҳо сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд.

Дар баробари бунёди иншоот инчунин дар ноҳия 7,5 километр роҳ таъмири асосӣ, 91 километр таъмири ҷорӣ карда шуда, ҳамзамон дар канори роҳҳо шаш ҳазор фурӯзонакҳо насб карда шудаанд.

– Маблағи умумии корҳои иҷрошуда зиёда аз 19 миллион сомониро дар бар гирифта, дар ин кор саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас мебошад,-гуфт Б. Садриддинзода.

Раҳимзода Сафар – раиси ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ қайд кард, ки бахшида ба ҷашни умумимилии 30-солагии Истиқлолият дар ҳудуди ноҳия сохтмони 195 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 185 адади он сохта шуда, дар дигар иншоот кор рафта истодааст.

Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Носири Хусрав, Хуросон, Ёвон ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудааст.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии калонтарин вилояти кишвар – Хатлон таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гарида истодаанд. Зеро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ин вилоят имрӯз корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, масъулони МИҲД-и вилоят, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь