Дар Тоҷикистон навъҳои бозор гуногунандбозори мошин, бозори маҳсулоти хӯрокворӣ, бозори чорво, бозори масолеҳи сохтмонӣ ва даҳҳои дигар, ки ҳар шахс метавонад ба макони зарурияш сар занад. Дар баробари ин, имрӯз бозбозори замин” пайдо шудааст, ки харидорони замин ба зудӣҳуқуқи истифодаи замин“-ро расман пайдо мекунанд.

Баҳсҳо  бораи фурӯши замин дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон дар ҳоли авҷ аст. Дар ин баробар, раисони ноҳия ё  шаҳр худро бетараф ва ё нодида мегиранд. Чӣ хеле ки маъмул аст, барои ҳуқуқи истифодаи заминро гирифтан, санад ё сертификат тартиб дода мешавад, ки он аз дасти раиси ноҳия ё шаҳр мегузарад. Дар он ҳолат шахс ҳуқуқи истифодаи заминро пайдо мекунад, ки имзои раиси ноҳия, шаҳр ва роҳбари Кумитаи идораи замин гузошта шуда бошад.

Ба ин ҳама нигоҳ накарда, замини мошинсароҳо (гараж), “автобаза”, “селхозтехника” ва ғайраро бар ивази пул мефурӯшанд. Ин расм аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич низ ба “мӯд” даромадааст.

Тибқи малумоти дастрасшуда аз КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”- и Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич аз соли 2015 то 01.01.2021 заминҳо барои бунёди марказҳои хизматрасонӣ,  корхонаву  завод, фабрикаву майдончаҳои варзишӣ 77 адад дар ҷамоати деҳоти Далёни Болои н. Деваштич ҷудо шудааст, ки  танхо 7 – тои он сохта шуда, фаъолият мекунанд. Тамом!

Аммо сокинон оморро аз ин зиёд мешуморанд. Чи гунае ки як манбаъ ба шарти бо сабабҳои маълум ифшо нашудани номаш аз Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич гуфт: “дар деҳаи Далёни Поёни н. Деваштич зиёда аз 100 корхонаву завод ҳаст. Лек дар бисёре аз онҳо хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд”.

Дар  деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич, ки аҳолиаш 10 ҳазору 50 нафар аст, ба гуфти манбаъ, 59 қитъа замин барои бунёди  корхона, завод, фабрика майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ ҷудо шудааст, ки имрӯз танҳо 3 – тои он фаъолият мекунад. Вале муаммобарангез аст, ки чаро баъзеашон хонаи истиқоматианд? Оё ба онҳо замин барои хонаи истиқоматӣ ҷудо шудааст?

Замин моликияти истисноии давлат эълон шудааст ва барои хариду фурӯши ғайриқонунии он шахсро аз озодӣ маҳрум мекунанд. Мардуми ноҳияи Деваштич барои фурӯши замин нигаронанд ва бисёре аз сокинони деҳаи Далёни Поён мегӯянд, заминҳои корами онҳоро гирифтаанду ба дигар шахсон санад (сертификат) карда  додаанд. Аммо то ин дам ҳеҷ кас ба доди онҳо нарасидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз суханрониҳояш масъалаи сарфакорона истифода бурдани заминро таъкид менамояд, лек онҳо ба чашми роҳбари давлат хок мепошанду заминҳоеро, ки барои бунёди корхона, маркази хизматрасонӣ, маркази тиҷоратӣ, кошонаи ҳусн, анбор, меҳмонхона ва монанди инҳо ҷудо шудааст, чун замини наздиҳавлигӣ истифода мебаранд. Сокинон мехоҳанд, ин масъала аз тарафи шахсони дахлдор чораҷӯӣ карда шавад ва пеши роҳи ин қонунвайронкуниро гиранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вақтҳои охир шикоятҳо нисбати масъулин зиёд буда, чанд нафар аз мансабдорони баландпоя низ ба қаллобии замин гунаҳкор дониста шуда, бархе муҷозот шуданд. Аммо маълум мешавад, ки ҳоло ҳам чашми онҳое, ки аз об хушк мебароянд, “натарсидааст”.

Хуб мешуд, агар ҳар як қитъа замине, ки ба умеди бунёди корхона, завод, маркази хизматрасонӣ, маркази тиҷоратӣ, кошонаи ҳусн, дӯзандагӣ, сартарошхона, меҳмонхона, анбор, мошинсарой ва ғайра ҷудо шудааст, мақсаднок бунёд гардад. Дар ин ҳол, ҳам ба буҷаи ҷумҳурӣ ва ҳам ба соҳибкор манфиат мерасад. Барои мардум низ ҷойи кор пайдо мегардад ва саҳми худро мегузоранд…

Хусрави МУРОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь