Дирӯз дар даври навбатии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) соҳибони майдон варзишгарони дастаи “Исфара” бо ҳамсояшаҳри худ аз шаҳри Конибодом бо дастаи “Канд-ММФ” (мактаби махсуси футбол) қуввасанҷӣ карданд.

Воқеан ҳамеша агар ин ду дастаҳои ба ҳам ҳамсояву дӯсти дерин,  дар куҷову кадом варзишгоҳ набошад ба варзишгоҳ мухлисони зиёд ҷамъ меомаданд. Ҳатто, гурӯҳи зиёди мухлисон бо нақлиётҳои худ дигаре бо микроавтобусҳо омада дастаи дӯстдоштаашонро дастгирӣ мекарданд. Ана аҷоиб давраҳо буд… Вале ин дафъа ба яке аз варзишгоҳи калонтарину боҳашамати “Марказӣ”-и шаҳри Исфара, ки зиёда аз 20 ҳазор нафар ғунҷоиш дорад, ҳамагиву ҳамагӣ он рӯз 32 нафар ҳаводорони футбол ҷамъ омаданд, ки мо меҳмонон аз Конибодом аз ин манзараи бемухлисӣ ангушти ҳайрат газидем.

Акнун, чанд сухан аз лаҳзаҳои ҷолибу дидании худи бозӣ. Ғайричашмдошт дар дақиқаҳои 20-и қисми аввал меҳмонон ҳисобро кушоданд ва хело хуб ҳам бозӣ карданд. 0-1 муаллифаш Қобил Қосимзода гардид. Дар сонияҳои охири вақти иловагии бахши аввал ҳисоби бозӣ баробар шуд 1:1, Ҳабиб Қодиров  голро ба самар расонд.  Аз баски дар ҳайати дастаи “Канд ММФ” ягон нафар бозингарони эҳтиётӣ набуданд онҳо хаставу монда шуда дар бахши дуюм аз дарвозаи худ боз 3 тӯб сар доданд, ҳамоно Ҳабиб Қодиров ва Акмал Мирзоев боқӣ голҳоро моҳирона ба нишон расониданд. Ҳамин тавр, бо ҳисоби 4:1 дастаи “Исфара” сармурабияаш Осим Бобоев  ғалабаро ба даст оварда дар қатори пешсафон дар ҷадвал мустаҳкам ҷой гирифт.

Баръакс, “Канд ММФ” чун ҳамешагӣ дар қатори аутсайдерон (қафомондаҳо) дар ҷадвал инҳам мустаҳкам қарор гирифт. Дар воқеъ, футболбозони конибодомӣ бо микроавтобус ба Исфара аз ҳисоби худ сафарбар шуданд, ки ин бори аввал нест. Муносибат ба варзиши №1 – футбол дар Конибодом ба дастаи асосии шаҳр умуман ба футбол ана ҳамин тавр аст.

Яке аз сабабҳои бебарории худи ҳамин мавсим 10 нафар футболбозон дастаро тарк карда, ба муҳоҷироти меҳнатӣ рафтанд. Дигар сабаб ин зиёда аз 3 сол боз дар бахши ҷавонон ва варзиш набудани сармутахассиси варзиш мебошад. Замонҳои Шӯравӣ чунин шахси мутасаддиро раиси “Кумитаи физкулкултура ва спорт” мегуфтанд. Пас, агар чунин фигураи асосӣ дар бахши мазкур набошад, бобати рушди варзиш дар Конибодом ҳоҷати сухан нест. Вале аҷиб, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр (мутасаддиён З.Саидов ва Қ.Ҷӯраев) ба натиҷаҳои фараҳбахш ноил шуда хуб фаъолият мекунанд. Вале дастаи футболбозонро, калонсолону ҳам наврасонро дар Конибодом кӣ назорат мекунаду кӣ дасти мадад мерасонад?!

Алиҷон Маҳмудов,

Узви Асотсиатсияи шореҳони варзиши Тоҷикистон,

Аълочии матбуоти тоҷик

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь