ё чӣ гуна масъулону сокинон айбро ба гардани ҳамдигар мепартоянд
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар аз ҷониби сокинон партовгоҳҳои ғайрирасмӣ ташкил шудааст. Аммо мутаассифона, ягон ниҳод тоза кардани онҳоро ба уҳда намегирад. Масъулон сокинонро гунаҳгор намуда, тоза кардани онро ба гардани якдигар бор мекунанд.
Дар маҳалаи Кайҳоннавардон, назди бинои 78 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 шаҳри Бохтар сокинон дар як заминеро, ки атрофаш маҳкам карда шудааст, ба партовгоҳ табдил додаанд.
Аллакай партовҳои ин макон то ба роҳ баромадаанд ва аз ин роҳ ҳамарӯза садҳо нафар кӯдакон ба мактаб мераванд, аммо ниҳодҳое, ки ба партовкашонӣ машғул мебошанд, тоза кардани онро ба зимма нагирифанд.
Ин партовгоҳ аз мо нест
Носир Раҳимов – як масъули КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар гуфт, ки партовгоҳе, ки дар назди бинои Кайҳоннавардон 78 ташкил шудааст, ғайрирасмӣ мебошад.
– Ин макон солҳои пеш ҷойи партовпартоии сокинон буд ва дар он қуттиҳо гузошта шуда буданд. Аммо ин ҷойро даҳ сол пеш ба кадом соҳибкоре доданд ва нуқтаи партовгоҳи мо ба дигар ҷой кӯчонида шуд,-изҳор кард ӯ ва афзуд, ки ин партовҳоро сокинон ва дигар ашхос ғайрирасмӣ мепартоянд, инро бояд раисони маҳалаҳо, сокинон ва корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншоотҳои шаҳри Бохтар тоза кунанд.
Ба гуфти манбаъ, ба ҷуз ин, ғарами партовҳо боз дар онҷо як латок аст, ки дохили он низ пур аз партовҳо шудааст, масъулияти тоза кардани партовгоҳ ва латок ба зиммаи корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншоотҳои шаҳри Бохтар мебошад. Зеро гирду атрофи биноҳо ва партовҳое, ки сокинон дар назди онҳо партов мепартоянд, бояд ин ширкат кашонад.
Қайд гардид, ки сад метр дуртар аз ин партовгоҳи ғайрирасмӣ нуқтаи паспартови корхонаи мо мебошад ва дар он қуттиҳо гузошта шудаст, ки ҳамарӯза онҳо бурда мешаванд, аммо дар ташкил шудани чунин ғарами партовҳо худи сокинон гунаҳгоранд.
Мо атрофи 228 ишоотро тоза мекунему бас
Махфират Садирова – директори корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншоотҳои шаҳри Бохтар гуфтаҳои Носир Раҳимовро рад карда, афзуд, ки ҳама он паспартове, ки аз ҷониби аҳолӣ партофта мешавад, онро на мо, балки бояд КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр кашонад. “Аслан, кормандони мо он партовҳое, ки аз ҷониби сокинон дар саҳни биноҳо, яъне халтаи семичка ё шакалад ва баргҳое, ки аз дарахтон меафтанд ё партовҳое, ки дар дохили биноҳо сокинон мепартоянд, онҳоро гирифтан аст. Мо онҳоро ҳамарӯза ҷамъ карда, ба воситаи нақлиёти худ ба партовгоҳи шаҳри Левакант мебарем”, – илова кард М. Хидирова ва гуфт, мо тоза кардани 228 бинои баландошёнаро ба зимма дорем, агар партовҳои ҳамаи онҳоро ҷамъ кунем, 1 ё 2 мошин намешавнд.
Дар идома ӯ афзуд, ки ин макон воқеан ҳам солҳои пеш ҷойи партовпартоии сокинон буд ва аз соли 2014 онро ба кадом соҳибкоре доданд ва атрофашро маҳкам карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аслан бояд соҳибкоре, ки ин маконро гирифтааст, ба он таваҷҷуҳ кунад, то сокинон партовҳои худро напартоянд. Ва бояд сокинон низ дар тозагии шаҳр саҳми худро гузоранд. Ва ё бояд барои шуруъ шудани корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр чора биандешад. Зеро ин замин даҳ сол пеш ба кадом соҳибкоре дода шудааст ва дар он то ҳол ягон сохтмон бино нашудааст. Тибқи қонунҳои амалкунанди кишвар бояд дар замине, ки дар муҳлати се сол бе ягон сабаб сохтмон намешавад, қарораш бекор гардад.
Чаро масъулони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар ба ин кор таваҷҷуҳ намекунанд, ман инро намедонам, -илова кард Махфират Хидирова.
Тозагӣ – вазифаи ҳама
Аммо муовини раиси шаҳри Бохтар Муҳаммадҷонзода Дилшод, гуфтаҳои ҳардуи масъулонро рад карда, гуфт, бояд дар тоза кардани шаҳр ва кашонидани партов идораҳои вобаста ба тозагӣ ягон баҳона накунанд. Тозагии тамоми кӯчаҳову маҳаллаҳои шаҳр ба зиммаи ин ду ниҳод аст. Аслан дар тозагии шаҳр ҳама бояд ҳиссагузор бошанд.
Сармеъмор дар ҷойи кор нест
Талошҳои мо барои пайдо карадани Валиҷон Ятимозода – сармеъмори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар оид ба ин масъала бе натиҷа боқӣ монд. Мо даҳҳо мартиба ба идораи онҳо рафтем, аммо ӯро дар ҷойи кораш пайдо карда натавонистем. Шояд баъди нашри ин матлаб ӯ оид ба ин вазъ посух гӯяд?
Дигар масъулон чӣ чора диданд?
Халилзода Шамсиддин – сардори Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар гуфт, барои бартараф кардани ин партовгоҳ бо сокинони маҳаллаи болозикр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба раиси маҳалла ва сардори бино огоҳӣ додем.
Ҳамчунин ӯ илова кард, ки дар соли 2021, 57 нафарро барои дар ҷойҳои номувофиқ партофатни партов ва ифлос кардани шаҳр ба маблағи 4 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима кардему дар 8 ҳолат нисбати шаш нафар 830 сомонии дигар зарар муайян намудем.
Халилзода Шамсиддин афзуд, ки ин партовгоҳ ғайрирасмӣ мебошад. Барои ташкил шудани он ҷавобгари асоси раиси маҳалла ва домком мебошанд ва латоке, ки дар назди он асту пур аз партов мебошад, онро бояд корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншоотҳои шаҳри Бохтар тоза кунад.
Ҷарима кардем, аммо натиҷа нест
Азамат Саидов – мудири бахши беҳдошти коммуналии Маркази назорати давлатию санитарии эпидимиологии шаҳри Бохтар низ гуфт, ки соли гузашта барои саривақт накашонидани партовҳо мо се раиси маҳалларо ҷарима кардем, ҳамчунин кормандони коммуналӣ ва корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншоотҳоро низ ҷарима намудем. Мутаассифона, Азамат Саидов гуфт, мо аз партовгоҳи ғайрирасмие, ки дар маҳаллаи Кайҳоннавардон 78 мавҷуд мебошад, хабар надорему аз он дидан накардаем.
Вазъ назарногир аст, ё масъулон бепарвоянд?
Дар ҳоле ки ягон ниҳоди шаҳри Бохтар масъулияти тоза кардани ин партовгоҳи ғайрирасмиро, ки дохили он ҳатто сагҳои мурда низ бӯй гирифта хоб мебошанд, ба зимма намегираду гуноҳро ба гардани дигарҳо бор мекунанд, пас солимии сокинони ин маҳалла ва садҳо кӯдакеро, ки ҳамарӯза аз назди ғарами партовҳо гузашта, ба макатаби рақами 10 мераванд, кӣ бояд таъмин созад? Ин сулоест, ки масъулон бояд посух гӯянд?