(дар заминаи сафари Бадахшон)

 

Чанд маълумот

 Ишкошим аз ҷиҳати дурии роҳ аз маркази вилоят дар ҷои дуюм қарор дорад. Он аз маркази вилоят дар масофаи 105 километр воқеъ гардидааст. Ишкошим ноҳияи баландкӯҳ аст ва дар рӯ ба рӯйи Афғонистон қарор дорад. Бо сабаби дар баландӣ воқеъ гардиданаш кӯҳҳо фарсах ба фарсах камҳашамат мешаванд ва талу теппаҳо бештар мегарданд. Масоҳати ин ноҳия 3656 километри квадратӣ мебошад. Аз шимол бо ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, аз Шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва аз ҷануб бо давлати Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати асосии ноҳияро қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Аз яке аз маъноҳое, ки аз калимаи Ишкошим бармеояд, ин ватани сакоиҳо будани онро ишора мекунад. Дар асрҳои 6-7 то милод Сакошим маркази қавмҳои ориётабори тоифаҳои Ҳинду Эрон будааст. Шоҳроҳи Абрешим аз ҳамон давра аз водии Вахони ноҳия Ишкошим мегузашт. Мавқеи мусоиди ҷойгиршавии табии ин ноҳия бозгӯи он аст, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим заминаи рафту омади одамон тавассути он вуҷуд доштааст.

Ишкошим асрори аҷиби дигар дорад, ки он асрори роҳ аст. Роҳ шумора ба баландӣ мебарад, аммо шумо мисли ағбаҳои Анзобу Шаҳристон бо душворӣ ба боло намебароед, балки муназзаму ноайён лаб-лаби дарё бехабар гуё ҳамвориҳоро паси сар менамоед. Баъди соатҳо эҳсос мекунед, ки  воқеан дар баландиҳо қарор доред. Яъне ин роҳҳо худ сайёҳатанду ҳеҷ гоҳ дилбазан нестанд ва аснои сафар таассуроту бардошт аз ҳар як манзара шуморо ҳамроҳ мебошад. 

Ронандаи маҳаллӣ ба мо қуллаҳои кӯҳро нишон медиҳад, ки сафеду пурбарфанд. Онҳо пиряхҳоянд, ки бештаринашон дар ҳудуди Афғонистон қарор гирифтанд. Пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистонро шояд аз ҷониби Афғонистон озодона дидан мумкин бошад. Ронанда ҷо-ҷо қисматҳои роҳро ба мо нишон медиҳад, ки бо иллати боришоти зиёд зери об мемонанд. Ба таҳлука ҳам омадан мумкин аст. Савол пайдо мешавад, ки дар ин сурат чи гуна равуои одамон таъмин карда мешавад. Аммо ба қавли ронанда ин ҳодиса доимӣ набуда, зуд сатҳи об паст мешавад. Дарёи Панҷ тезҷараён аст, дар баъзе ҷойҳо ҳатто мавҷи он  ба роҳ мерасад. Роҳи Ишкошим аз ҳар ронанда маҳорату бодиққат буданро талаб мекунад.

  Ноҳия ҳафт ҷамоат ва 48 деҳа деҳа дорад, ки дар он зиёда 16 ҳазор аҳолӣ сукунат мекунанд. Даромади асосии аҳолӣ деҳқониву чорводорӣ аст. Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия ҳунармандону косибон, дуредгару сангтарошон, ресандагону дӯзандагон анъанаҳои ҳунармандиро эҳё намуда, идома медиҳанд. Дар ин ноҳия муҳракашиву ҷӯроббофӣ ҳунари нисбатан инкишофёфта маҳсуб меёбад. Овозаи маҳсули дастони ин ҳунармандон то ба хориҷи кишвар рафта, ки аксари сайёҳони ба ин ноҳия омада табақу ҷӯробҳои Ишкошимро ҷӯё мешаванд.

Ганҷҳои Ишкошим

Ишкошим мавзеи муҳими сайёҳӣ мебошад. Ин ноҳия ҷойҳои дидании зиёде дорад. 103 ёдгории  таърихии ноҳия сарвати маънавии он мебошад. Мавзеъҳои таърихии Қалъаи абрешим, Маъбади Будо, Умбуқ, Тақвими сангӣ, Қалъаи Ямчун, Қалъаи Қаҳқаҳа, Кофирқалъа диққати ҳар бинандаро ҷалб карда метавонад. Баъд аз оне ки Қалъаи Қаҳқаҳа ба феҳристи Ёдгориҳои ЮНЕСКО ворди гардид, таваҷҷӯҳи шумораи зиёди сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба он зиёд гардид. Маконҳои муқаддас чун Мазори Шоҳқамбари Офтоб, Мазори Шоҳимардон, Мазори Гесӯи Балогардон, Мазори чилтан, Занҷири Каъба, Мазори Шоҳмубораки марди Валӣ, Мазори чилмурид ва Мазори Шоҳ Абдуллоҳи Ансорӣ дар ҳудуди ин ноҳия ҷойгиранд. Дар бораи ин ҷойҳо  ривояту қиссаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки муҷиби устувории эътиқоду арзишҳои фарҳангии мардум мебошад. Қуллаҳои Маяковский, Карл Маркс, Сомонӣ, Сафархоҷа ва Носири Хусрав сайёҳону кӯҳнавардонро даҳсолаҳо боз мутаваҷҷеҳ намудааст. Кӯли Кофар, Кӯли Аспо, Кӯли Полполосин, Кӯли бетаг, Кӯли Дирҷ, Кӯли Ҳефз, Кӯли Лаълбегим, Кӯли Заркӯл ва ғайра на танҳо мавзеи тамошобоб, балки асрорангезанд.

Нозукии дигар он аст, ки шумо дар як рӯзу ду рӯз ин ҳама мӯъҷизаву боигариҳои ноҳияро дида наметавонед. Бо чанд нафаре ҳамсӯҳбат гаштем, ки аз Ишкошим ҷониби Душанбе меомаданд. Онҳо мегуфтанд, ки мо 15 рӯз боз дар инҷо қарор дорем.  Тасавур кунед, ки аз Душанбе то Хоруғ 16 соат роҳ аст ва аз Хоруғ то маркази Ишкошим чор соати дигар роҳ меравед. Ин роҳ бошад ҳанӯз ҳам давомдор аст. Масалан  мувофиқи нақлу маълумотҳое, ки бароямон пайдо гардид, дар Ишкошим деҳае ҳаст, ки Ширгин ном дошта, дар водии Вахон ҷойгир шудааст. Аз қадимтарин деҳаҳои ноҳия ба шумор рафта, аз маркази ноҳия Ишкошим дар масофаи 102 километр дур, дар баландии 2830 метр аз сатҳи баҳр  воқеъ гардидааст. Ёдгориҳои таърихияш ба монанди «Акси санги давраи ҷамоати ибтидоӣ», «Санги аждаҳор», мазорҳои Хоҷақамбар, Шоҳбурҳон ва дигар қалъаҳои қадимӣ ба шумор мераванд. Танҳо дар ин деҳа даҳҳо оби минералии сард ва се оби минералии гарм вуҷуд дорад. Дар деҳа боғе ҳаст, ки онро Шоҳбоғ мегӯянд. Барои он боғи шоҳӣ номида мешавад, ки дар он шумораи зиёди ниҳолҳои мевадиҳанда ҳастанд, ки бештар дар ҷануби кишвар мерӯянд. Дар чунин иқлими сард камол ёфтану нашъунамои онҳо аҷибу ҳайратангез мебошад. Дар гирду атрофи ин деҳа 25 мазор ҷойгир будааст, ки ҳар кадом аз замону давраҳои гуногун ҳикоят мекунанд. Анъанаву расму русуми хоси ин деҳа аз дигар минтақаҳои вилояи фарқи куллӣ дорад. Чун як деҳа бо худ ин қадар диданиҳо дошта бошад, пас фақат як рӯзи шумо дар тамошои он камӣ мекунад. 

Марзи ҳамсоя

Як хусусияти ҷуғорофии ноҳия боз дар он аст, ки он дар муқоиса бо дигар ноҳияҳои вилоят бо Афғонистон ҳамсарҳадии тӯлонӣ ва наздик дорад. Ҳамсарҳадии ин ноҳия нисбат ба ноҳияҳои дигари вилоят фарқ мекунад. Дар он тарафи соҳил садои тиру тӯп аз баъзе бархӯрдҳои мусаллаҳона ба гӯш мерасад. Шукр, ки он муноқишаҳо ба ҳудуди мо дахл надоранд, аммо сарҳадро бояд назора кард. Қад-қади роҳи соҳили дарё сарҳадбонони тоҷикро мебинед, ки хидмати ватанро ба ҷо меоваранд. 

Гоҳо бо замзамаву гоҳо бо ғуриши дарёи Панҷ кас куфти роҳро фаромӯш мекунад. Аз ҷониби Афғонистон низ дар роҳи мошингарди сангӣ аҳён-аҳён мошинҳо равуо доранд. Гоҳ-гоҳе мошинҳои кӯҳгарди англисӣ ба чашм намоён мешаванд, ки ба иҷрои корҳои хоҷагиву ниёзи мардум овора мебошанд. Дар бозори муштарак тоҷирони афғону тоҷик ҳар рӯзи шанбе ба фуруши молу коло машғул мешаванд. Алҳол бинобар андаке ноором гаштани вазъ бозор муваққатан баста шудааст. 

  Обу ҳавои ноҳияи Ишкошим мусафову беғубор аст. Болои пиряхҳои Афғонистону Тоҷикистонро ин шабу рӯз танҳо абрҳои парокандае пӯшонидаанд. Ин гувоҳи қуллаҳои баланди куҳҳои Ишкошим мебошад. Баландтарин қуллаҳои ин ноҳия Қуллаи Карл Маркс бо баландии 6726 ва  Қуллаи Маяковский бо баландии 6096 метр ба ҳисоб мераванд. Қуллаҳои яхпушидаву сафедро дида, боваратон намеояд, ки дар чилаи гарми тобистони кишвар шумо дар як минтақаи аз зимистон нишондошта қарор гирифтаед.

Биё ба Ишкошим

Ҷолибтарин ҷузъиёти хотирмон барои шумо ин фарҳангу маданияти мардуми ин ноҳия мебошад. Махсусан забони гуфтугӯии мардум шуморо мутаваҷҷеҳ менамояд. Мо ҳеҷ гоҳ муқобили забону шеваю лаҳҷаҳо нестем ва он низ боигарии маънавии миллат мебошад. Манзур аз андешаи боло шеваҳову лаҳҷаҳои шуғниву рушониву ишкошимӣ мебошад. Дар баъзе ноҳияву минтақаҳои Бадахшон шумор фаҳманд ҳам, аммо шумо забони онҳоро намефаҳмед, ё бо мушкилӣ мефаҳмед. Аммо Ишкошим он гӯшаи диёри Бдахшон аст, ки онҷо забони тозаву фаҳмотари тоҷикӣ бештар ҷилва дорад. Назар ба қавли баъзе сокинони ин ноҳия ин таъсири забони форсии Афғонистони ба онҳо наздик мебошад.  

Хуллас, Ишкошим мулкест дар фарози қуллаҳо ва бо зебоиҳои саршораш ҳар нафареро мафтун мекунаду ба сӯи худ мехонад. Ин ноҳия мавзеи муҳими сайёҳи барои имрӯзу оянда мебошад. Барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ нахуст шароиту имконоти зиёди табиӣ вуҷуд дорад. Сайёҳӣ имрӯзу оянда яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳияву вилоят ба ҳисоб меравад. Ширкатҳои сайёҳии ҶДММ «Помир-Вахон сайёҳат» ва «Вахон -тур» имрӯзҳо дар хизмати сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор доранд. Минтақаҳои моҳигирии Зоркӯл ва Ишматкӯл ба таври ҳамеша дӯстдорони худро доранд. Барои дӯстдорони шикор бошад, ҶДММ «Ёқути Даршай» фаъол мебошад. Танҳо шумору номгӯи боигариҳои Ишкошим даҳҳо саҳифаро пур месозанд. Шунидан кай бувад монанди дидан ва шукр, ки мо то андозае баъзе чизҳоро дидем. Гӯё он ҳама зебоиҳои дилфиреб мегӯянд: Биё, ба Ишкошим!

Мурод Муродӣ,

Бахтиёри Қутбиддин,

устодони факултети журналистикаи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь