Дар нишастҳои матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Носири Хусрав, Шазритус бештар масъалаҳои бунёди иншооти ҷашнӣ, корхоанҳои саноатӣ, қарзи барқ, ҷаримаи мансабдорон, бунёди инфрасохтор дар деҳаҳои навбунёд, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, босозии боғҳои фарҳангию фарғати ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Бунёди 500 корхона то соли 2026-ум
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кившар бунёди 500 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки баъди пурра ба истифода додани онҳо 13 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар соли 2022 бунёди 132 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд. “Аз ин теъдод дар давоми 6 моҳи соли равон 57 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 1050 ҷойи кор ба истифода дода шудааст”, – илова кард ӯ.
Ҳамчунин, раиси вилоят афзуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2022 тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят 6204 адад иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки нисбати нақшаи пешбинишудаи 6102, 101,8% – ро ташкил медиҳад. Қайд гардид, ки аз онҳо 317 ададаш сохта ба истифода дода шудаанд.
Қубодиён соҳиби боғ ва корхонаи семент мешавад
Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон масъулон ният доранд, ки як корхонаи азими сементбарори бисозанд ва боғи фарҳангию фароғатие, ки солҳо мардуми ин ноҳия интизораш буданд, бунёд кунанд.
Раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳия азимтарин корхонаи истеҳсоли семент бунёд карда мешавад.
– Ин корхонаи семент дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна сементи навъи М-400 ва 300 истеҳсол мекунад, – илова кард ӯ ва афзуд, ки баъди ба истифода додани корхона 2000 ҳазор ҷойи нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ муҳайё хоҳад шуд.
Раиси ноҳия дар идома қайд кард, ки беш аз 200 ҳазор аҳолии ноҳия солҳо боз аз надоштани боғи фарҳангию фароғатӣ танқисӣ мекашиданд, ки хушбахтона, орзуи деринтизори онҳо амалӣ гардид.
Раис илова кард, ки омили тӯл кашидани бунёди боғ ҳуҷатгузории он буд, ки алҳол ҳама ҷо ба ҷо шуда, дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон дар майдони 7 гектар замин, ки барои он ҷудо гардидаст, боғи замонавӣ барои истироҳату фароғати сокинон бунёд карда мешавад. Ҳоло корҳои лоиҳакашии бунёди боғ оғоз шудааст.
Мансабдоронро дар ноҳияи Носири Хусрав ҷарима карданд
Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон се шахси масъулро барои пешниҳоди омори бардурӯғ ҷарима карданд.
Раиси ноҳия Маҳмадаюб Шарифзода имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ се мансабдор – раиси як ҷамоат, корманди як ҷамоат ва роҳбари дастгоҳи ноҳияро ҷарима кардаанд. Аммо, ӯ аниқ нагуфт, ки ин мансабдорон барои пешниҳоди кадом омор ва ба чӣ қадар маблағ ҷарима шудаанд.
Бояд гуфт, ки давоми шаш моҳи соли 2022-ум 174 мансабдор ва дигар шахсони масъули ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро кормандони Раёсати шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар вилоят барои пешниҳод кардани омори бардурӯғ ҷарима карданд. Дар ин бора Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ дода буд.
Ӯ гуфт, ки шахсони масъул ва мансабдорони ташкилоту идораҳо, ки омори бардурӯғ пешниҳод кардаанд, ба маблағи 70 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Кӯшониён: Дар деҳаҳои навбунёд ҳама шароит муҳайё карда мешавад
Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аз соли 2010 то инҷониб даҳҳо деҳаи нав бунёд карда шудаанд, ки баъзе аз онҳо аз набудани мактаб, роҳ, об ва бунгоҳи тиббӣ танқисӣ мекашанд. Ҳукумати ноҳия ният дорад, марҳила ба марҳила ин мушкилҳоро бартараф кунад.
Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин иттилоъ дод, ки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини деҳаҳои нав бо инфрасохтори зарурӣ ҳама чораҳоро меандешад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар панҷ минтақаи ноҳия бо дастгирии ҳукумти кишвар, соҳибкорон ва мақомоти маҳал сохтмони 5 мактаби нав идома дорад.
– То ҳол дар деҳаҳои нав мушкили набудани мактаб, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, роҳ, об ва барқ мавҷуд мебошад, ки мо онҳоро марҳила ба марҳила бартараф хоҳем кард, – гуфт раиси ноҳия.
– Пеш аз таъмини аҳолӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ бояд ҳама шароит барои сокинон, яъне инфрасохтори зарурӣ, ба назар гирифта шавад, – афзуд Вализода Икромиддин.
Бунёди беш аз 200 иншоот дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар бунёди 203 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифита шуданд, ки аз он 13 ададаш сохта ба истифода дода шудаанд.
Раиси ноҳияи мазкур Раҳимзода Сафар иттилоъ дод, ки танҳо дар соли 2022 бунёди 17 иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки аз он 7 ададаш коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ҳастанд.
– Дар ин муддат дар ноҳия 5 коргоҳу корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи собунбарорӣ, равғанбарорӣ, пахтақабулкунӣ ва коғази ташноб сохта ба истифода дода шуд, – илвоа кард ӯ ва гуфт, ки ҳоло сохтмони сехи макаронбарорӣ дар ноҳия идома дорад, ки он то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад.
Раис афзуд, ки нақша доранд, дар ҷамоати деҳоти Якатути ноҳия як фабрикаи ресандагӣ бунёд кунанд, ки баъди ба истифода додани он 950 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як бинои замонавӣ бунёд карда мешавад.
Бохтар: 147 миллион сомонӣ қарзи барқ дорад
Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар нишасти хабарӣ ба суоли рузноманигори “Фараж” оид ба қарздор бундани МИҲД-и шаҳр аз ҳаққи истфиодаи барқ чунин посух гуфт:
– Дар умум, қарзи истифодабарандагони барқ дар шаҳри Бохтар 127 миилинон сомониро ташкил медеиҳад, ки аз он 48 миллион сомониаш аз аҳоль мебошад.
Шаҳрдори Бохтар иттилоъ дод, ки қарзи МИҲД-и шаҳр дар назди шабакаҳои барқи шаҳр 466 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки омили зиёд шудани он аз меъёр зиёди истифода кардани қувваи барқ аст. Бояд гуфт, ки дар ҳукумтаи шаҳр фаввораҳо ва таҷҳизотҳои барқӣ ҳаст, ки дар фаслҳои тобистону зимистон истифода мешаванд, аз ин рӯ, қарз зиёд шудааст. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки қарзи барқро марҳила ба марҳила пардохт кунем.
Бахтиёр Раҷабов, муҳосиби шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар тасдиқ кард, ки ҳукумати шаҳри Бохтар аз ҳаққи истифодаи нерӯи барқ 466 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад ва дар 5 моҳи соли ҷорӣ қарзи он ба ҷойи кам шудан, мутассиофона, 52 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Мо маҷбурем ба ҳукумати вилояти Хатлон мактуб ва хоиҳишам кунем, ки ҳангоми ҳимояи буҷети соли 2023 барои истфиодаи қувваи барқ маблағи зиёд ба нақша гиранд.
Шаҳритус: 6398 тонна маҳсулот содирот кардаст
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки аз ноҳия давоми шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи нақша бояд 6350 тонна содирот карда мешуд, аммо он барзиёд яъне 6398 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст.
Дар идома ӯ илова кард, ки нақшаи кишти такрориро ноҳияи Шаҳритус дар сатҳи ҷумҳурӣ аввалин шуда иҷро карданд. Яъне нақшаи кишти такрорӣ дар ин ноҳия 4013 тоннаро ташкил медод, ки он 4015 тонна иҷро карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 443 млн. 657 ҳазору 400 сомониро ташкил дода, ё ин ки 106,4 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбати 6 моҳи соли гузашта 27 миллиону 795 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“Фараж”