Мавзуъҳои меҳварии нишастҳои матуботии ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон дар ҳафтаи сипаригашта, афзоиши ғарқшавии сокинон дар кулу каналҳо, сарвиақт сохта нашудани иншоти “яхбаста”, хориҷшавии донишҷӯёни колеҷи Бохтар, дуздӣ дар ДДБ, баргашатни омӯзгорон аз муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷинояткорӣ миёни хонандагон, бекоршавии қарорҳои раисони шаҳру ноҳяиҳо ва миллионҳо қарзи соҳибкорони бозори сӯхтаи “Фарвон” аз бонкҳо буданд.
Афзоиши ғарқшавӣ дар кулу дарёҳо
Дар нимсоали аввали соли равон бо сабаби хавфнок будани кулу дарёҳои ҳудуди вилояти Хатлон 34 нафар сокинон дар онҳо ғарқ шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 нафар зиёд бемошад. Дар ин бора Ҷамшед Маҳмадзода сардори Раёсати Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон зимни нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.
– Аз миёни сокинони ғарқшуда, мутаассифона, то ҳол ҷасади чаҳор нафарашон пайдо карда нушудааст ва кормандони ниҳоди мо аз пайи пайдо кардани онҳо мебошанд, – илова кард Маҳмадзода. Ӯ гуфт, ки ғарқшавии сокинон бештар дар шаҳри Левакант (6 ҳолати ғаршавӣ), Кӯшониён 4 ҳолат, шаҳри Бохтар 2 ҳолат ва ба ин монанд дар дигар шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирфита шудааст.
Ин шахси масъул иттилоъ дод, ки аз 34 нафар ғарқшудагон 11 нафар аз беаҳмиятии падару модарон, 7 нафар бо сабабҳои номаълум, 9 нафар аз сабабаи риоя накардни қоидаҳои обозӣ, 4 нафар ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои сипиртӣ, 1 нафар ҳангоми моҳигирӣ ва 1 нафари дигар, ки барои ҳезум дарёро гузаштааст, ғарқ шудаанд.
210 донишҷӯ аз колеҷи Бохтар хориҷ шудаанд
Дар як соли таҳсил аз коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 210 донишҷӯ хориҷ карда шудаанд, ки аз ин ҳисоб колеҷ 700 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Директори колеҷи мазкур, Иброҳим Мусозода дар нишасти хабарӣ гуфт, ки солҳои охир хориҷ шудани донишҷӯён аз колеҷ зиёд шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 104 донишҷӯ ва дар як соли охир 210 донишҷӯ хориҷ карда шудаанд.
Ин шахси масъул омили хориҷ шудани донишҷӯёнро муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ карда гуфт, ки баъди хориҷ шудани онҳо колеҷи Бохтар 700 ҳазор сомонӣ зарар дид.
Дар идома Мусозода қайд кард, ки пеш аз хориҷ шудани онҳо бо волидон ё пайвандонашон сӯҳбат мекунанд, то фарзандонашон хориҷ нашаванд.
Барои донишҷӯён ҳама шароитҳои илмомӯзӣӣ фароҳам оварда шуда, соли 2024 барои онҳо дар дохили колеҷ як беморхонаи замонавӣ, ки сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода мешавад. Барои беморхона беш аз 3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки бо ин маблағ таҷҳизоти муосири тиббӣ харида мешавад.
Дуздони ДДБ-ро дасгир карданд
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Давлатзода Сайфиддин зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки чанде пеш доиншгоҳро дузд зада буд. Ӯ гуфт, дуздон ду компютер ва як базаи комераҳои назоратиро дузида буданд.
– Баъди ин ҳодиса мо фавран ба органҳои назоратӣ муроҷиат кардем. Алакай базаи камераҳои назоратӣ барқарор карда шуд, – иброз дошт Давлвтзода. Ӯ гуфт, ки аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ алакай дуздон дастгир карда шуда, маро даъват карданд, то ду компютере, ки ғаратгарон бурда буданд, аз РКД дар ноҳияи Кӯшониён рафта бигирам.
Дар идома ректор афзуд, ки барои донишҷуён ва омӯзгорон ҳоло ҳама шароитҳо дар донишгоҳ фароҳам оварда шудааст. Айни замон лоиҳакашии хонаи истиқоматиӣ барои омӯзгорон ва хобгоҳҳои замонавӣ барои донишҷӯён рафта истодаст ва дар моҳҳои наздик сохтмони онҳо шурӯъ хоҳад шуд.
28 иншооти “яхбаста”
Дар вилояи Хатлон сохтмони 28 иншоот солҳо боз нотамом боқӣ мондаанд, ки омили асосии бунёд нашудани онҳоро масъулони Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон “бо сабабаҳои молӣ маблағгузорӣ нашудан”, арзёбӣ карданд.
Сардори ниҳоди мазкур, Абулвоҳид Саъдуллозода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки аз 28 иншооти нотамоми зери идораи онҳо 12 адади он дар соҳаи моариф мебошад, ки ҳоло дар се сохтмон кор идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки омили асосии саривақт бунёд нашудани иншооти мазкур кифоя набудани маблағ мебошад ва дар сурати ҷудо гардидани маблағ сохтмонҳои “яхбаста” пурра сохта ба истифода дода мешаванд.
Номбурда илова кард, ки барои бунёди чанде аз иншоотҳои нотамом имсол аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон 7 миллиону 40 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин маблағ 3 миллиону 657,2 ҳазораш барои корҳои сохтмониву васлгарӣ сарф мешавад.
Омӯзгороне, ки ба муҳоҷират рафта буданд, баргаштанд
Масъалаи тарки соҳа кардани беш аз 2 ҳазор омӯзгор соли гузашта дар нишасти хабарии Раёсати маорифи вилояти Хатлон яке аз мавзуъҳои меҳварӣ буд, аммо имсол масъулони Раёсат бо хушнудӣ иттилоъ доданд, ки бештари омӯзгороне, ки тарки соҳа карда буданд, дубора баргашта, барои ба кор қабул шудан муроҷиат кардаанд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Ғазалшоҳ Сафарзода гуфт, барои ба кор қабул кардани 600 омӯзгор муроҷиат шудааст, ки аксари онҳо омӯзгороне ҳастанд, ки тарки соҳа кардаву ба муҳоҷират рафта буданд.
– Ин омӯзгорон аз аввали соли таҳсил ба кор қабул карда мешаванд, – изҳор дошт Сафарзода. Ӯ илова намуд, ки ҳоло дар мактабҳои вилоят норасоии кадрӣ беш аз 800 нафарро ташкил медиҳад.
Олимӣ Ашуралӣ, собиқ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии охири соли 2021 гуфта буд, ки аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 2 ҳазору 67 нафар омӯзгор корро тарк кардаву ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки баъди он норасоии кадрӣ дар соҳаи маорифи вилоят зиёд мушоҳида карда шуд.
Бекор шудани 84 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои Хатлон
Аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли равон нисбати 166 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шуда, аз онҳо 84 ададаш бекор шуда, 75 қарори дигар ба қонун мутобиқат карда шудаанд. Дар ин бора Пирзода Диловар, раиси Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки сабаби бекор шудани қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин аз ҷониби раисон ба шахсоне, ки эҳтиёҷманд нестанд, мебошад.
Номбурда илова кард, ки бештари бекоршавии қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияҳои Қубодиён 15 адад, Хуросон 11 адад, Панҷ 10 адад, Восеъ ва Фархор 9-ададӣ, Шаҳритус 5 адад, Кӯлоб 6 адад, Муъминобод 4 адад, Левакант 3 адад, Абдураҳмони Ҷомӣ 2 адад, Ёвон, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Бохтар 1-ададӣ мебошанд.
Сардорро барои риоя накардани забони давлатӣ ҷарима карданд
Кормандони прокуратураи вилояти хатлон Мусозода Шодӣ, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоятро бо ҷурми риоя накардани меъёрҳои қонуни ҶТ дар бораи забони давлатӣ ба маблағи 1 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима кардаанд.
Зимни нишасти хабарии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мӯсозода Шодӣ ба суоли хабарнигори “Фараж” дар атрофи ҷарима шудани ӯ посухи дақиқ надод ва гуфт, ки ҳоло ин маълумот дар дасти ӯ нест.
Аммо Ҷӯрабек Мирзохонов, як масъули ин ниҳод, ки дар нишаст ҳузур дошт, гуфт, Мусозода Шодӣ, роҳбари Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба хотири риоя накардани забони давлатӣ, коргузорӣ ва бо забони русӣ будани муҳр ба маблағи 1 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима шудааст.
Бонки миллӣ миқдори қарзи соҳибкорони бозори “Фаровон”-ро гуфт
503 нафар соҳибкоре, ки дар сӯхтори бозори “Фаровон”-и Бохтар зарар дида буданд, муштариёни филиалҳои бонкҳои минтақаи Бохтар ҳастанд. Ин соҳибкорон аз ташкилотҳои қарзӣ 15 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қарздор будаанд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Фирдавс Самадов, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иттиллоъ дод.
Ӯ ҳамчунин баён дошт, ки соҳибкорони қарздор ба бонкҳо муроҷиат кардаанд ва дар асоси дархости онҳо аз се моҳ то як сол ба онҳо имтиёз дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол Соҳиб Раҷабов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки баъди сӯхтори бозори Фаровон 34 ҷамъияту намояндагӣ, 2 ҳазору 515 андозсупорандаи бо патент фаъолияткунанда ва 313 андозсупорандаи дорои шаҳодатнома фаъолияти худро қатъ кардаанд.
Ба гуфти ӯ, андоз аз ин ҷамъияту соҳибкорон дар як моҳ зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и Бохтар 1 июни соли ҷорӣ ба амал омада, омили сар задани сӯхторро мутахассисон дар пайвасти ноқилҳои барқӣ ва кабелҳо дар ҶДММ “Ганҷина-3” арзёбӣ карда, зарари онро бештар аз 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ гуфта буданд.
Дар ин сӯхтор соҳибкор Маҳмад Сафаров, ки 95 дарсади баданаш сӯхта буд, баъди як рӯзи ҳодиса дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар аз дунё даргузашт.
Афзоиши ҷинояткорӣ миёни хонандагон
Дар соли таҳсили 2021-2022 аз ҷониби хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон 127 ҷиноят содир гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҷиноят зиёд аст. Дар ин бора Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин давра 14 хонандаи мактабҳои вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам дар соли гузашта 23 ҳолатро ташкил медод. Гуфта шуд, ки худкушӣ бештар миёни писарон ба қайд гирифта шудааст.
Сардори Раёсати маорифи вилоят дар идома гуфт, баҳри пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, озмунҳо ва маҳфилҳои бадеӣ ба роҳ монда шудаанд.
Нишастҳои ташкилотҳо ба охир расид, навбати расиони шаҳру ноҳияҳо: Онҳо чӣ мегуфта бошанд?
Нишастҳои ташкилоту илораҳо дар вилояти Хатлон ба охир расид ва ҳоло нишастҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз шудааст, ки дар шумораҳои навбатии рузномаи “Фараж” ҷолибтарин мавзуъҳоро аз рафти баргузории ин нишастҳо пешниҳоди шумо, хонандагони азиз, хоҳем кард.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“Фараж”