Дар пасманзараи шикоятҳо аз лимити ғайрирасмӣ дар кишвар, нархи ангишт, ки дар фасли сармо ягона ҳоҷатбарори мардуми деҳоти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, якбора гарон шуд.

Дар пайи гаронии нархи ангишт иддае аз сокинон маҷбур шудаанд, ки ба сӯзишвории бобоӣ – таппак рӯй оранд. Дигарон ба буридани дарахтон барои гарм шудани хонаҳо сар кардаанд.

Ҳамарӯза садҳо нафар аз гӯшаву канори Тоҷикистон аз бебарқӣ шикоят мекунанд. Бештари ин шикоятҳо аз деҳот мерасад. Мардум маҷбуранд барои аз сардӣ паноҳ ёфтан ангишт харидорӣ кунанд.

Вале, мутаассифона, нархи ангишт, махсусан дар минтақаи шимоли Тоҷикистон, ки бештари конҳои ангишт дар ин минтақа буда, ҳатто ангишти воридотӣ ҳам тавассути ин минтақа ба Тоҷикистон медарояд, аз 1,50 дирами як сол пеш то 2,50 -3 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираи бойи ангишт гуфта мешавад.

Мақомот аз истихроҷи ками ангишти худӣ ва тоҷирон аз гаронии ангишти қирғиз мегӯянд, ки тавассути кишвари сеюм- марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Аҳолӣ: Маҷбурем аз таппак истифода кунем!

Ҳоло нархи як килои ангишти истеҳсоли Тоҷикистон дар анборҳои захира ва фурӯши яклухту чакана дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1-1,50 дирам ва ангишти воридотӣ аз Қирғизистон то 1,80 шудааст. Фурӯшандагони вилояти Суғд, ки асосан ангиштро аз ин анборҳо мегиранд, онро ба аҳолӣ аз 2,50 дирам то 3 сомонӣ мефурӯшанд.

Турғунбой Турсунбоев, як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, нархи ангишт ӯро маҷбур намуд, ки дар хонаи заминиаш бухорӣ (печка)-и бобоӣ насб кунад ва имсол ба ҷойи ангишт таппак сӯзад.

– Ҳарчанд таппак ҷойи ангиштро намегирад, вале маҷбурем, ки хокаи ангиштро ба поруи чорво ҳамроҳ карда, таппак рехта, захира кунем. Ҳоло хокаи ангишт 1 сомонӣ аст. Мо инро пештар 50-60 дирамӣ гирифта, захира карда будем. Мо камбизоат ҳастем, агар ҳамаи инро бо маблағ харем, дар зиндагӣ азоб мекашем, – гуфт Турсунбоев.

Болоравии нархи ангишти имсола ба сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов, Назокат Раҳимова имкон надод, ки ангиштро барои фасли сармо захира кунад.

Мавсуф изҳори нигаронӣ намуд, ки соле пеш дар ҳамин шабу рӯз як тонна ангишти қирғизро 1,5 ҳазор сомонӣ харида буд, вале имсол то 2,5 ҳазор сомонӣ расидааст, ки албатта имкони харидории онро надорад.

– Мо танҳо ангишти қирғиз истифода мебарем, алангааш тӯлонӣ меистад, сифаташ ҳам нағз буда, хуб месӯзад, бӯй надорад. Имсол маблағ нашуд, захира кунем, нархи ин навъ ангишт аз 2,50 то 3 сомонӣ аст. Ман ҳоло намедонам, аз кадом ҳисоб ангишт харем. Дар хона кӯдакон ҳастанд, бо барқ хонаро гарм карда намешавад, чунки он ҳам нест, – шикоят намуд Н. Раҳимова.

Марз баста, нарх қиммат. Чаро нархи ангишти худӣ боло рафт?

Ба ғайр аз истеҳсоли дохилӣ, ангишт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. Вале баъди як муноқишаи хунин дар баҳори имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек сарҳади худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст. Ҳоло миёни ду кишвар тақрибан додугирифти мол вуҷуд надорад. Соҳибкорон ҳам маҳз набудани додугирифтро сабаби гаронии нархи ангишт медонанд.

Баҳром Ахмедҷонов, як тоҷири ангишт инро тасдиқ намуд ва илова кард, ки инчунин, гарон шудани нархи сӯзишвории нақлиёт ба болоравии қиммати ангишт бетаъсир намонд.

– Ҳоло ангишти Қирғизистон тариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. Мо онро аз кишвари дуюм мехарем. Ангишти қирғиз бо сабаби хароҷоти зиёди роҳ гарон шуд ва нархи ангишти истеҳсоли ватаниро низ якбора боло бурд, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мирзоёқуб Баҳодуров, як фурӯшандаи дигари ангишт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, гаронии нарх боиси суст шудани тиҷорат шудааст.

– Ангишти Шӯроб ҳаст, вале сифаташ пасттар мебошад, алангаи хуб намедиҳад, аз ин рӯ нонпазҳо намегиранд. Аҳолӣ асосан ангишти қирғизро мепурсанд, ки имсол хело гарон шуд. Хуб мешуд, мо ҳам ангишти босифат истеҳсол мекардем. Ҳоло ангишти қирғизро 2,50 сомонӣ фурӯхта истодаем, соли гузашта 1,30-1,40 дирам мефурӯхтем,-гуфт Баҳодуров.

Ба гуфтаи тоҷирон, харидорони асосии ангишти қирғиз аҳолӣ буда, ангишти ватаниро корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои давлатӣ мехаранд.

Мақомот: Истихроҷи ангишт кам шуд

Дар ҳоле ки имсол якбора нархи ангишт дар бозор боло хест, мақомот мегӯянд, истихроҷи ин намуд сӯзишворӣ дар вилояти Суғд кам шудааст. Ба иттилои Раёсати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, давоми 9 моҳ дар вилояти Суғд 1302,3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки назар ба ҳамин давраи як соли пеш 44,6 ҳазор тонна кам мебошад.

Соли 2014 дар Тоҷикистон 870 ҳазор тонна, соли 2015 беш аз 1 миллион тонна ва соли 2016 беш аз 1,3 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид. Дар соли 2018 Вазорати саноат ва технологияҳои нав  аз рекорди ҷадид – истихроҷи 1,9 миллион тонна ангишт хабар дод. Бар пояи иттилои расмӣ, соли 2018 корхонаҳои саноатӣ, энергетикӣ ва иншоотҳои хоҷагии қишлоқ ба ҳаҷми зарурии ангишт таъмин гардида, 45 ҳазор тонна ангишт содирот шудааст.

Авохири декабри соли 2019 Корхонаи фаръии “Ангишти тоҷик” эълон дошт, ки истихроҷи ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар беш аз 2 миллион тоннаро ташкил додааст, ки дар таърихи Тоҷикистон нишондиҳандаи болотарин аст. Ин рақам 100 маротиба бештар аз нишондоди соли 2000-ум мебошад.

Чаро нархи ангишти воридотиву худӣ боло рафт?

Дар ҳоле ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираи бойи ангишт ба ҳисоб меравад, коршиносон сабаби гаронии нархи ангиштро гуногун шарҳ медиҳанд. Бархе ба гаронии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ ва дигаре ба надоштани рақобати солим дар соҳа ангушти ишорат боло мекунанд.

Иқтисодшиноси тоҷик Фирӯз Саидов гаронии нархи  ангиштро дар Тоҷикистон ба болоравии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ маънидод кард. Ба андеши ӯ, ҳар маҳсулоте, ки нархаш дар бозори ҷаҳонӣ як баробар боло равад, таъсираш дар Тоҷикистон панҷ баробар бештар мерасад.

– Ду омили асосии баланд шудани нархи ангишт вуҷуд дорад: Аввал боло шудани нархи ангишт дар бозори ҷаҳонӣ, ки ба наздикӣ як тонна ангишт ба 250-300 доллар баробар шуд. Дуюм, ба ҳадди рекордӣ расидани нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон. Вақте ки дар бозор нархи нафт боло рафт, албатта, таъсири худро ба ангишт низ мерасонад. Ҳарчанд ангишти худӣ ҳаст, аммо баъзе сабабҳо ҳаст, ки аз мо вобастагӣ надорад. Масалан, вақте як мошини боркаш ангишро аз Анзоб то Душанбе меорад, алакай 25-30% онро танҳо маблағи сузишворӣ ташкил медиҳад, – гуфт Саидов.

Ангишти қирғиз қочоқ мешуд ё…?

Иқтисодшиносони дигар мегӯянд, аз сабаби он ки ин намуди сӯзишворӣ тавассути кишвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мегардад, бо дарназардошти роҳи тӯлонӣ ва боҷи гумрукӣ нархи он дучанд мегардад.

Иқтисодшинос Масъуд Собиров мегӯяд, аз сабаби он ки ангишти қирғиз  ба таври қочоқ вориди Тоҷикистон мегардид, нархаш арзон буд. Вале ҳоло, ки роҳҳо баставу қочоқ нест, нархаш боло меравад.

– Агар дар кишвар монополист набошад, танзимкунандаи ҳамаи нарх бозор мешавад. Ҳоло, ки дар бозори дохилӣ танҳо ангишти худӣ истифода мебарем, рақобат вуҷуд надорад ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи ангишт бо ҳар нархе, ки мехоҳанд, онро мефурӯшанд. Дар ин вазъият давлат бояд вазифаашро иҷро кунад: Аз болои нархи маҳсулоте, ки ба зиндагии бевоситаи мардум таъсир мерасонад, назорат кунад,- мегӯяд Собиров.

Ба андешаи мавсуф гароншавии пай дар пайи маҳсулоти ниёзи аввали мардум чунин занҷираи пайвастаро ба роҳ мондааст

– Дар бозорҳои кишвар ҳама нархҳои маҳсулот боло рафтааст, ҳарчанд, ки онҳо маҳсулоҳои дохилӣ ҳастанд, пас чаро нархи ангишт боло наравад?! Корхонаҳои истеҳсолкунандаи ангишт низ коргар доранд, ба онҳо бояд маош диҳанд, худ фоида ба даст оваранд, ин ҳама бо ҳам пайваст ҳастанд, -гуфт ҳамсуҳбати мо.

Қувваи барқ ҳамчун воситаи интиқоли ангишт

Ҳоло бештар ангишти ноҳияи Айнӣ дастраси мардум мегардад, зеро ангишти дигар минтақаҳо сифати хуб надоранд. Роҳ аз кони ангишти ноҳияи Айнӣ то маркази вилоятҳо ва маконҳои сераҳолӣ садҳо километрро ташкил медиҳад, ки масрафи маводи сузишвориро низ ба назар бояд гирифт. Агар ду ҳафта қабл нархи солярка ва бензин наздик ба 10,50 дирамро ташкил медод, ҳоло бошад, марзи 11 сомониро гузаштааст.

Фирӯз Саидов дар посух ба саволе, ки бо кадом роҳ метавон ба поён рафтани нархи ангишт дар кишвар таъсир гузошт, гуфт, мо бояд аз ворид кардани ангишт тавассути нақлиёт даст кашем ва қувваи барқро ҳамчун восита барои интиқоли ангишт ба марказҳо истифода барем.

Дар ҷумҳурӣ 18 корхона ба истихроҷи ангишт машғуланд, лекин зиёда аз 95% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он ба 5 корхона – “Фон-Яғноб”, “Талко-Ресурс”, ҶДММ “КМТ”, “Зиддеҳ” ва ҶСК “Ангишт” рост меояд.

Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ягона манбаи гарм кардани хонаҳояшон дар баробари ангишт, ҳезуму таппак, ғӯзапояи пахта мебошад, ки нархи ин навъ сӯзишворӣ низ боло рафтааст.

Фурӯшандагон мегӯянд, ҳоло як мошини тамғаи “Портер” ҳезум аз 500  то 900 сомонӣ, як банди ғӯзапоя 6-7 сомонӣ ва таппак бештар аз 1000 сомонӣ нарх дорад. Аҳолӣ ба хотири гармии муназзами хонаҳо ва камхарҷтар будани ангишт асосан аз ин намуди сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Умеди сокинон ба гарм кардани хонаашон бо барқ дар ҳолест, ки тақрибан якуним моҳи охир дар кишвар мушкили таъмини барқ ҷой дорад. Сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз 6-9 соат барқ мегиранду бас. Мақомот ҷорӣ шудани “лимит”-ро рад карда, сабаби хомӯш шудани барқро корҳои таъмирӣ гуфтанд. Дар чунин шароит, ба гуфтаи баъзе аз сокинон, боз ҳам таппак ва ҳезум василаи асосии гарм кардани хонаҳо мешавад.

Аз сӯи дигар, соҳибназарон мегӯянд, истифодаи камтари ангиштсанг барои гарм кардани манзил барои ҳифзи муҳити зист судовар аст. Зеро, дар пайи сӯхтани ангиштсанг дудҳои зарарнок вориди фазо шуда, ба гармшавии иқлим таъсиргузор мешавад. Ҳамзамон, ҳамасола дар Тоҷикистон ҳодисаҳои аз дуди ангишт ҷон бохтани теъдоде аз сокинон сабт мешавад ва соли ҷорӣ низ аз ин ҳодисаҳо истисно нест.

Мазҳаб Ҷумъа,

Одинаи Маҳмад

Аксҳо аз Ҳалим Ҷӯраев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here