Аз азал пос доштани хотираи неки аҷдодони гузаштаи мо барои ҳар як шаҳрванди тоҷику тоҷикистониён ҳам фарзу ҳам қарз мебошад.

Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст, ҳар як корнамоиҳои бузурги мардони майдон худ аз худ ба амал наомада, меҳнати шабу рӯзонаи онҳо ба халқу диёри худ мебошад. Ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем, ки авлоди гузаштаи мо ба монанди Э. Шарифов, Н. Қаробоев, Ф. Ҳамробоев, Ғ. Ортиқов ва дигарон мебошанд, ки дар арсаи ҶБВ ва бо меҳнати софдилонаашон дар ақибгоҳ хизматҳои басо бузург намудаанд.

Пешвои муаззами миллат Э. Раҳмон дар ҳамаи баромадҳою мулуқотҳояш борҳо таъкид мекунад, ки барои ҳамеша зиндаю ҷовид нигоҳ доштани номи ин мардони майдон, ки дар вақташ ҷонбозиҳо намудаанд, ба қадрашон бирасем ва ҷойҳои лозимиро ба номҳои ин родмардон гузошта, руҳу арвоҳи онҳоро шод гардонем.

Аммо имрӯз МИҲД-и шаҳри Конибодом, бахусус шуъбаи фарҳанг инро ба инобат нагирифта, корҳои нозеб намуданд, ки касро ба ҳайрат мегузорад.

Рафтору кирдори шумоён нисбати шахсони бузурги худодода, қаҳрамонони шаҳри Конибодом ғайри қонун ва кӯркӯрона мебошад. Шахсоне, ки барои миллаташон ҷонфидоӣ намудаанд. Пешвои миллати мо номи чунин шахсонро эҳё намудааст ва ба онҳо унвони “Қаҳрамони халқи тоҷик” додааст. Лекин шумоён қаҳрамонҳои халқи тоҷики шаҳри Конибодомро, ки барои мову шумо ҷони худро дареғ надоштанд, зуд аз хотир баровардед. Ҳол он ки, бо қаҳрамониҳояшон дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯю этибори халқи тоҷикро баланд бардоштанд. Яке аз ин қаҳрамонҳо ҷони худро дар ҶБВ фидо карда, дигаре дар ақибгоҳ корнамоӣ нишон додааст.

Кофтани канали калони Фарғона, иҷро намудани нақшаи пахтасупорӣ, албатта, ин маҳсули дастони падару модари халқи Конибодом мебошад. Ин пешравиҳо бо меҳнати отаю бобоёни халқи Конибодом аст. Шумоён, фарҳангшиносони шаҳри Конибодом, нисбати меҳнати гузаштагони худ беадолатӣ намуда, ба решааш табар задед, таърихро ба шубҳа овардед. Ояндагони мо ба шумоён рӯзе савол хоҳанд дод, ки чаро Конибодом ҳайкали қаҳрамононашро несту нобуд кардаву шикаста истодааст!? Ҷавонон, ки имрӯз асосан созандагони сулҳу ваҳдат мебошанд, дар назди онҳо чӣ ҷавоб мегӯянд. Аз рафтору кирдори шумоён чунин хулоса бароварда мешавад, ки гӯё мардуми шаҳри Конибодом дар ҶБВ иштирок накарда, дар кофтани канали Фарғона саҳме нагузоштаанду гӯё аз тарафи мардуми хориҷӣ сохта шуда бошад. Руҳу арвоҳи гузаштагони шаҳри Конибодам рафтору кирдори шумоёнро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Дар таърих ривояте ҳаст, ҳеҷ вақт руҳу арвоҳи бузургонро парешон нанамо, ки оқибати бад дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” номҳои воҳидҳои марзиву маъмурӣ, вазъи табдилу тағйири номҳои ҷуғрофии ғайримеъёриро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди таҳлил қарор дода буд. Аз ин рӯ, мо донистанӣ ҳастем, ки оё қаҳрамонони ҷангу меҳнат, ки аз хурдӣ бо азобу машаққат ба воя расидаву корнамоиҳо нишон дода, қаҳрамон шудаанд, оё ба номҳои ғайримеъёрӣ дохил мешаванд?

Ҷавонон ояндаи мову созандагони сулҳу ваҳдатанд. Ҷамъияти мо бе ҷавонону ҷавонони мо бе ҷамъият вуҷуд дошта наметавонанд. Мо ҳама ҳар рӯзу соат бояд аз ҷавонони худ фахр кунем. Ҷавонони саодатманди диёр бояд донанд, ки падарони шуҳратманди Ватани онҳо киҳо буданд, чӣ фоидае оварданд ба диёри худ. Халқи Конибодомро мебояд ба ҷавонони худ ғамхорӣ намуда, барои таҳсилу меҳнат карданашон ҷойи корӣ муҳайё созанд. Зеро:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ғаниҷон ҒАФУРОВ,

шаҳри Конибодом, кӯчаи Гулбохт 34

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь