Дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Абурайҳон Абдураззоқов, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шӯъба ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.
Абдухолиқ Холиқзода хабарнигоронро бо натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар соли 2021 шинос карда гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ нақшаи буҷет ба ҷойи 591,8 миллион сомонии пешбинишуда 675,7 миллион сомонӣ иҷро гардид. Ин нишондод нисбат ба нақша 83,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, ба иқтисодиёти шаҳр 242,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла 39,7 миллион сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 7,2 маротиба зиёд мебошад.
Баҳри амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, бо заҳмати якдилонаи саноатчиёни шаҳри Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар якҷоягӣ бо хизматрасонии пулакӣ ба 4,9 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Дар шаҳри Панҷакент 19 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 -ум 3 адад зиёд мебошад. Инчунин, 14 коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин коргоҳҳо 123 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1,3 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки аз он растанипарварӣ 1 миллиарду 34 миллион сомонӣ ва соҳаи чорводорӣ 259 миллион сомонӣ буда, афзоиш ба 101,2 фоиз баробар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бинои маркази ёрии таъҷилӣ, бинои экспертизаи тиббӣ – судии байниноҳиявӣ, лабораторияи ташхисӣ бобати муайян намудани бемории сироятии COVID-19, марказҳои саломатӣ дар деҳот, бинои иловагӣ дар 5 муассисаи таълимӣ барои 1800 нафар хонанда, 3 толори варзишии болопӯшида, 12 майдончаи варзишӣ ва дар маҷмӯъ 447 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сипас, хабарнигорон ба раиси шаҳр ва роҳбарони ташкилоту идораҳо саволҳо дода, посух гирифтанд.
Бо зикри он, ки дар соли 2021 ба буҷет илова ба нақшаи пешбинишуда ворид шудани 83 миллион сомонӣ дастоварди бузургтарини мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аст, хабарнигори нашрияи «Зарафшон» гуфт: -Вақтҳои охир бисёр соҳибкорон ба сабаби санҷишҳои зиёд фаъолияти худро дар Панҷакент қатъ карда, ба шаҳри Душанбе мераванд. Сабаби ин дар чист ва ҳамчунин бигӯед, ки чаро дар як соли охир бисёр кормандони маҳаллӣ аз нозироти андози шаҳри Панҷакент рафтанд. Санҷишҳои аз меъёр зиёди кормандони андоз, идораи сӯхторхомӯшкунӣ ва сохторҳои назоратӣ боиси нороҳатии соҳибкорон шуда истодааст.
Сардори нозироти андози шаҳр Соҳибназар Ғоибзода дар посухи ин саволҳо гуфт:
-Дар асоси талаботи моддаҳои 7-37 ва 167-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозсупорандагон тарзи пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ва тартиби пешниҳоди даромаду хароҷотҳои андозсупорандагонро мефаҳмонем. Барои харидани маҳсулот бояд аз фурӯшандагон чиптаи мошини фиксалӣ гирифта шавад. Ин омили муҳимтарини барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет мебошад. Ба сабаби нагирифтани чипта маблағҳои зиёд аз андозбандӣ берун мемонанд.
Дар ҳақиқат, бисёр соҳибкорон фаъолияти худро дар Панҷакент қатъ карда, ба шаҳри Душанбе рафтаанд. Дар асоси муқаррароти моддаҳои дар боло зикршудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор ҳуқуқ дорад, ки аз ҷои истиқоматаш шаҳодатнома гирифта, ҶДММ кушода, тариқи рақами қайди махсуси андозсупоранда барои ба даст овардани даромад фаъолияташро дар шаҳрҳои дигар идома диҳад. Бо ҳамин тарз ҳоло 30 нафар андозсупорандагони Панҷакент дар дигар шаҳру ноҳияҳо фаъолият карда, ба буҷети шаҳри Панҷакент маблағ ворид менамоянд. Аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 андозсупоранда тариқи қайди махсус дар Панҷакент фаъолият мекунанд. Соли гузашта ин соҳибкорон ба буҷети Панҷакент 12 миллион сомонӣ маблағ ворид намуданд.
Сабаби дар Панҷакент фаъолият накардани соҳибкорони муваффақ набудани роҳи оҳан, ашёи хоми зарурӣ ва ғайра мебошад.
Ҷавоб ба саволи дигар:
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд пас аз 5 соли фаъолият дар як нозирот аз тариқи гузариш ба дигар шаҳру ноҳияҳо фиристода мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холикзода илова намуд, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шӯрои машваратӣ оид ба густариши фазои сармоягузорӣ ташкил карда шуд. Минбаъд ба рушди соҳибкории хурду миёна бештар тавваҷӯҳ карда мешавад.
Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маърифати ҳуқуқии роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкоронро баланд бардоштан зарур аст. Нозироти андоз дафтари санҷиши субъектҳои хоҷагидорро ташкил намудааст. Ва сохторҳои назоратӣ бояд гузаронидани санҷишро дар он дафтар сабт намоянд. Дар ҳолати сабт нашудани санҷиш роҳбарият ва кормандони субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд, ки санҷишгаронро барои санҷиши фаъолияташон роҳ надиҳанд. Ҳукумати шаҳри Панҷакент омода аст, ки барои ҳалли мушкилот ҳамкорӣ намояд.
Ба саволи: Оё дар панҷсолаи рушди саноат корхонаҳое, ки дар даврони Шӯравӣ фаъолият доштанд, аз нав фаъол карда мешаванд?, – раиси шаҳр чунин посух гуфт:
-Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси супориши роҳбарияти шаҳр рӯзномаи «Зарафшон» дар бораи вазъи корхонаи консерваи шаҳр мақолаи таҳлилӣ ба нашр расонд. Ба масъулин супориш додем, ки вазъро дар дигар коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда омӯзанд. Мо дар панҷ соли оянда рушди саноатро самти муҳимтарин ва афзалиятноки фаъолияти худ қарор хоҳем дод.
-Оид ба бунёди коргоҳи металургӣ дар мавзеъи Дашти Малла, коргоҳи истеҳсоли фосфорит дар мавзеъи Ғаревати ҷамоати деҳоти Хурмӣ, роҳи оҳан ва нерӯгоҳҳои барқӣ дар дарёи Зарафшон кадом чораҳо андешида шуданд?
Ба ин савол Абдухолиқ Холиқзода чунин посух дод:
-Дар заминаи КМ «Зарафшон» сохтмони коргоҳи нави металургӣ сохта мешавад ва ҳоло корҳо идома доранд. Дар назар аст, ки коргоҳи зикршуда моҳи сентябри соли 2023 ба истифода дода шавад.
Оид ба истифодаи кони фосфорит ва истеҳсоли маъдан омодагӣ гирифта мешавад. Мақомоти дахлдор ва комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати сохтмони роҳи оҳан ва ду нерӯгоҳи барқи обӣ корҳои заруриро идома медиҳанд. Асосноккунии техникию иқтисодии коргоҳи металлургӣ дар ҷамоати деҳоти Сӯҷина бо иштироки сармоягузорон дар ҳоли баррасӣ аст.
Абдухолиқ Холиқзода ба саволҳои хабарнигорон дар бораи сохтмони мактаб дар деҳаи Косатароши Нав ва равуои хонандагон ба таълимгоҳ, бунёди минтақаи саноатӣ, таъмиру барқароркунии мадрасаи Олим-Додхоҳ, бартараф намудани мушкили бунёди полоишгоҳи нав дар деҳаи Хумгарон ва ғайра чунин посух дод:
-Гурӯҳи корӣ вазъи бунёди мактаб дар Косатароши Навро омӯхт ва қитъаи замин ҷудо карда шуд. Барои хонандагони мактаб автобусҳо вобаста гардиданд. Масъалаи бунёди минтақаи саноатӣ дар маркази таваҷӯҳи Раиси вилояти Суғд қарор дорад. Бо дархости МИҲД мутахассисон таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Панҷакент омаданд. Маблағҳои хароҷоти бозсозии мадраса таҳия ва пешниҳод шудааст. Аммо мушкил ин ҷост, ки дӯкону устохонаҳои солҳои пеш бе иҷозат дар қисмати ғарбии бинои мадраса ҷойдодашуда кори таъмиру таҷдидро душвор менамоянд. Гунбади мадраса бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Мо бояд шоҳроҳро, ки аз паҳлӯи мадраса мегузарад, бозбинӣ намоем.
Дар асоси Амри раиси шаҳри Панҷакент гурӯҳи корӣ ба деҳаи Хумгарон рафта, ҳудуди полоишгоҳи сохташавандаро муайян намуд. Барои кӯчонидани 47 оила дар мавзеи Хамиртеппа 7 гектар замин ҷудо карда шуд. Сокинон дар се марҳила ба ин ҷо кӯчонда мешаванд.
Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршеди Атовулло мулоҳизаҳояшро оид ба беҳтар намудани фазои иттилоотии шаҳр баён намуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар фарҷоми мулоқот гуфт:
-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент рӯзноманигоронро шарики фаъолияти худ қарор додааст. Рӯзноманигор бо қалам фаъолияти худро роҳандозӣ мекунад. Мо ба ҳар эроде, ки асоси воқеӣ дорад ва беғаразона гуфта мешавад, воқеъбинона баҳо медиҳем. Қалами Шумо мардумро бояд ба ватандӯстӣ ва корҳои ободонию созандагӣ равона кунад, ҷавононро аз роҳи бад гардонад.
Ҳамаи мо бояд якҷоя дар рушду ободонии диёрамон ҷаҳду талош кунем. Дари раиси шаҳр ҳамеша барои рӯзноманигорон боз аст.
Луқмон Қурбон