Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Аз ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Роҳбари давлат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ёдовар шуд.

Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат

Абдуғиёс Боев, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон дар суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иброз дошт, ки тӯли тамоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҷории худ маорифро ҳамчун самти афзалиятнок ва моҳиятан калидӣ арзёбӣ карда, сол аз сол маблағгузории ин соҳаро пайваста афзун менамояд.

– Дар ҳамин радиф, махсусан ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки дар шароити феълӣ аз нақшу мақоми баланд бархурдор мебошанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Ва беасос нест, ки дар марҳилаи феълии рушди ҷомеаи муосири тоҷик, замоне сухан аз боби мактабу маориф меравад, сифати таҳсилот дар мадди аввал қарор гирифта, таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала – “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”дар мағзу шуури ҳар як корманди соҳаи маориф ҷой мегирад. Зеро бидуни мунтазам баландбардории сифати таълиму тарбия омодасозии мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибихтисос ва дар ин замина таъмини боэътимоди ояндасозии Ватани азизамон имконнопазир мегардад. Бо ҳамин назардошт, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти ҷории худро тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа, амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ намуда, дар самти пайваста баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас корҳои қобили мулоҳизаро роҳандозӣ карда истодаанд, – афзуд Абдуғиёс Алиевич.

Роҳандозии чораҳои муассир

Ба иттилои мудири Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Боев Абдуғиёс Алиевич, кормандони соҳа фаъолияти худро мутобиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар маросими кушодашавии муассисаи томактабии хусусии “Ориёна” 26-уми марти соли 2021 баён доштанд, чораҳои муасирро роҳандозӣ намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расонид.

Ба маълумоти мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, дар ноҳия ба 1-уми сентябри соли 2021 дар 84 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 1 гимназия ва 1 мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 62515 (59085) нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин шумора нисбати соли таҳсили гузашта 3430 нафар, аз он ҷумла духтарон 30297 (28760) нафар, 1519 нафар зиёд ва писарон 32236 (30325) нафар 1911 нафар зиёд мебошанд.

Болоравии сатҳу сифати таълим

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат Шуъбаи маорифи ноҳия ва сохторҳои зертобеи он тамоми фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия равона намуда, ҳашт ҷаласаи Шӯрои шуъбаи маориф, ҷаласаҳои назди мудири шуъба, ҷамъомаду вохӯриҳо, сӯҳбату мулоқотҳои мухталиф ва олимпиадаҳои фаннии муассисавӣ, ноҳиявиро гузаронида, дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Масалан, дар  давраи ҳисоботӣ бо иштироки шумораи зиёди хонадагон даври муассисавии Олимпиадаи фаннӣ, тибқи ҷадвали пешниҳодгардида даври ноҳиявии Олимпиадаи фаннӣ баргузор гардида, ҳамзамон 68 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмуни фаннии хонандагони синфҳои 5-6, 104 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмуни фаннии хонандагони синфҳои 7-8, 96 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмуни фаннии хонандагони синфҳои 9-10 ва 144 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмуни фаннии хонандагони синфҳои 11 дар озмунҳои фаннии минтақавию вилоятӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Панҷ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Данғара ва Кӯлоб баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд ва боиси қайд аст, ки дар маҷмуъ дар Олимпиадаҳои фаннии вилоятӣ 56 нафар хонандагони болаёқати ноҳия ғолибиятро ба даст оварда, барои иштирок ба даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври ҷумҳуриявии олипиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия хуб баромад карда, муваффақиятҳoи назаррасро соҳиб гардида, 18 нафар хонандагони болаёқат ва боистеъдоди ноҳия ғолиби олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ гардиданд, ки  ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили 2020 16 нафар зиёд буда, 2 нафар ҷои якум, 2 нафар ҷойи дуюм ва 13 нафар ҷойи сеюм ва як нафар ҷойи ифтихориро ишғол намудаанд.

Хонандагони номовари ноҳия

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз 18 нафар ғолибони даври ҷумҳуриявӣ 8 нафарашон – Бойматов Ҷаҳонгир, Ҷабборова Саида, Мирзоалиева Моҳира, Муъминов Сомон, Негматова Мадина, Муминова Мафтуна, Шарипова Мубина ва Исмоилова Марям аз МТМУ №80 (директори муассиса Каримова Маҳбуба) мебошанд. Аз МТМУ №1 бошад, Раҷабова Фаноза, Саидзода Рустам, Ҳасанов Муҳаммад, аз МТМУ №75 Шарифова Басона ва Шарипов Ҳокимҷан, ҳамчунин, аз МТМУ №58 Сафарзода Саъдӣ, аз МТМУ №57 Сангова Шукрона, аз МТМУ №4 Раҷабова Шуҷоат ва аз Листейи давлатии №1 Султонов Дилписан низ ғолибони олипиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ гардидаанд, ки ин ифтихори аҳли маорифи ноҳияи Ёвон мебошад.

Ҳамзамон, дар соли нави таҳсил низ дар асоси фармоиши мудири Шуъбаи маориф  аз 19 октябри соли 2021, № 85 даври муассисавӣ ва аз 1 то 9 ноябр даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуд. Дар даври ноҳиявӣ 960 нафар ғолибони даври муассисавӣ иштирок карда, 360 нафар ҷиҳати ширкат ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ки он дар моҳи декабр оғоз мегардад.

Дар даҳ моҳи соли равон иштироки хонандагони ноҳия дар олипиадаҳои фосилавии байналмилалии “Архимед”, “Кенгуру” ва  “Эмас” низ назаррас аст. Масалан, дар даври аввали Олипиадаи фосилавии байналмилалии “Архимед”, 7 нафар хонандагони МТМУ №75, 5 нафар хонандагони МТМУ №2 ва як нафарӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1 ва 72 аз фанни математика сазовори ҷойҳои дуюм, сеюм ва ифтихорӣ гардиданд. Дар олимпиадаи фосилавии байналмилалии “Кенгуру” бошад, 60 нафар хонандагони ноҳия иштирок намуданд. Дар озмуни байналмилалии ФИСО, ки 10 октябри соли 2021 дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, 220 нафар хонандагони ноҳия иштирок карда, 17 нафар соҳиби ҷойи якум, 5 нафар соҳиби ҷойи дуюм, се нафар соҳиби ҷойи сеюм ва 84 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Ҷиҳати баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “ Илм- фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, ки бо ташаббус ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда мешаванд, дар Шуъбаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фармоиш ва қарорҳои Шӯро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани озмунҳои болозикр ҳайати ҳакамон, нақшаю чорабиниҳо, навиштаҷот ва шиору овезаҳо ташкил карда шуда, барои тарғиб ва ташвиқи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ғолибони он, ҷалби бештари иштирокчиён дар ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ тибқи ҷадвали тартибдодаи мудири Шуъбаи маориф дар моҳи феврали соли 2021 ҷамъомаду вохӯриҳо, сӯҳбату мулоқотҳои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Сатторова Меҳринисо, Темурзода Фарзона, Каримов Султон, Шералиев Рустам, Шомуродзода Моҳсуман гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия бо истифода аз таҷрибаи соли гузашта ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, омодагии хуб диданд. Дар даври муассисавӣ 7768 нафар иштирок карда, 508 нафар ба даври ноҳиявӣ  ва аз миёни онҳо 65 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятии озмун, ки  рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид, 8 нафар ғолибиятро ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтан, ки ин ифтихори ҳама сокинони ноҳия мебошад.

“Илм фурӯғи маърифат”

Дар ҳамбастагӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳия ҳамчунин, озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар даври муассисавӣ 1302 нафар ширкат варзида, аз байни онҳо 788 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ноҳиявӣ аз 788 нафар иштирокчӣ 35 нафар ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Дар даври вилоятии озмун, ки  рӯзи 27 октябри соли 2021 дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, 31 нафар аз ноҳияи Ёвон  иштирок намуданд ва боиси сарфарозист, ки  4 нафар, аз ин 2 нафар хонанда аз  муассисаҳои таълимии рақамҳои 1 ва 75 аз фанҳои  химия ва география ғолиб гардида, ба даври  ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар амалишавии “Бистсолаи омӯзиш  ва  рушди  фанҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ  дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040” мусоидат намуда, дар ин раванд дар муассисаҳои таълимӣ ба масъалаҳои  компютеркунонии раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, ташкили дурусти дарсҳои амаливу таҷрибавӣ, дастрасу харидорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионӣ,китобҳои электронии дарсӣ, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва тафаккури техникии омӯзгорону хонандагон дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи тафаккури техникии   насли наврас мусоидат менамояд, аҳамияти  ҷиддӣ дода мешавад.

Баргузории озмунҳои гуногуни фаннӣ

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ба баргузории озмунҳои гуногуни фаннӣ, ки омили асосии дарёфт ва рушди истеъдодҳою баланд гардидани сатҳу сифати таълим дар байни хонандагон мебошад, аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, озмунҳои ноҳиявии “Расми беҳтарини кӯдакон”, “Донояк”, “Чароғаки роҳнамо”, “Сабз бодо, кишварам”, “Ватанпарвар”, “Кадбону”, “Дастони моҳир”, “Маликаи Наврӯзӣ”, “Хушнависи беҳтарин” ва фетивали ноҳиявии “Дастурхонороӣ” гузаронида шуд.

Инчунин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ аз 11 марти соли 2021 бо фармоиши мудири Шуъбаи маориф нақшаи чарабиниҳо бахшида ба 110 – солагии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳия карда шуда,  тибқи он дар байни хонандагон омодагиҳо барои баргузории озмуни  беҳтарин иншо ва беҳтарин расм дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода- вассофи сулҳу дӯстӣ” оғоз гардида, дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ  гӯшаҳои китоб ташкил карда шуданд. Ҳамзамон рӯзи 20 майи соли 2021 дар кохи фарҳанги ноҳия  бо иштироки зиёда аз 80 нафар омӯзгорони фанни забон ва адабиёт ва 160 нафар ғолибони озмунҳои “Турсунзодахонӣ”, “Лоиқхонӣ”, “Мавлавихонӣ”, “Рӯдакихонӣ” конференсияҳои илмӣ – адабӣ бо иштироки шоирону адибони ҷумҳурӣ ва ноҳия, озмунҳои “Беҳтарин донандаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ”,”Беҳтарин донандаи фанҳои табиатшиносӣ”, “Китобхони беҳтарин” “Донояк” гузаронида шуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар даҳ моҳи соли равон бо фармоиши мудири Шуъбаи маориф бозии варзишии шашка миёни  21 нафар хонандагон ғолиб гузаронида шуд, ки Манижаи Ҳафизулло аз МТМУ №27 ҷойи якум, Шоҳмуродзода Моҳсуман аз МТМУ №27 ҷойи дуюм ва  Кенҷаева Омина аз МТМУ №49 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Таъмин бо кадрҳои омӯзгорӣ

Бобати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ  соли 2021 дар муассисаҳои таълимии ноҳия мутобиқ бо воҳидҳои кории мавҷуда 2667 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1499 нафар бонувон ба таълим ва тарбияи насли наврас машғул буда, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ ба ноҳия  фиристонида шуданд. Ба ҳолати 20 ноябри соли 2021 29 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Аз 13 нафар хатмкунандагони квотаи Президентӣ бошад, 12 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуда, 1 нафар ҷойи истиқоматиашро (бо сабаби ба шавҳар  баромадан) иваз намудааст. Ҳамзамон, аз коллеҷҳои омӯзгорӣ 5 нафар ва 7 нафар берун аз роҳхат омӯзгорони ҷавони равияи омӯзгоридошта ба ноҳия омада, дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, № 254 қабул карда шудааст, моҳи март даври якум (мактабӣ) ва моҳи апрел даври дуюм (ноҳиявӣ) -и озмуни қабули хонандагон гузаронида шуд. Рӯзи 11 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтар бо иштироки 65 нафар ғолибон даври ниҳоии озмун баргузор гардид, ки 17 нафар тибқи талаботи Қоидаҳои мазкур тариқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд.

Ҳар куҷое низому тартиб пойдор аст…

Дар даҳ моҳи соли 2021 дар ноҳия тибқи “Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият доранд. Соли 2021 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Акбари Асадулло муассисаи томактабии хусусии “Ориёна” барои 315 нафар кӯдакон ба истифода дода шуд. Дар  соли 2021 ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон ба 2840 нафар расонида шуд, ки  ин  нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 55 нафар зиёд мебошад. Дар ноҳия фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 10,2 фоизро ташкил  медиҳад.

Дар асоси дастури роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия ва мудири Шуъбаи маориф ҷиҳати тақвияти интизоми иҷро аз болои Барномаҳои давлатии соҳавӣ, ба тартибдарории санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳа, бартараф кардани мушкилоти соҳаи маориф ва дар ин замина расонидани кӯмаки амалию мустаҳкам намудани алоқаи Шуъбаи маориф бо сохторҳои давлатӣ аз ҳисоби кормандони Шуъбаи маориф гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Гурӯҳи мазкур тибқи ҷадвал ба муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар карда шуда, тибқи талаботи имрӯза ба роҳ мондани назорат ва иҷрои Барномаҳои нави соҳавӣ, кору фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии  томактабиро пурра аз санҷиш гузаронида дар навбати худ оид ба назорати дохилимактабӣ кӯмакҳои амалӣ – методӣ расонид ва тавассути чунин шакли кор буд, ки ҳолати коргузарӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, ташкили корҳои комиссияҳои амалкунанда хело беҳтар гардида, аз тарафи Шуъбаи маориф  Дастурамали коргузории Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар шакли китобчаи алоҳида, китобҳои воридотию содиротӣ дар шакли нав, мусаввараҳо оид ба беҳтар намудани машғулиятҳои омодагӣ ва дифои ҳарбӣ дар асоси талаботҳои ҳозира чоп карда шуданд.

Варзиш – гарави саломатӣ

Рӯзи 24 июни соли 2021 дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон ”Ҳолати воқеъии варзишгоҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба тарбияи ҷисмонии кӯдакон ва наврасон, раванди машғулиятҳои таълимӣ ва машқ, ки ба таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии хонандагон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст, 132 нафар мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш,  дар 63 майдони футбол, 78 майдони валейбол, 22 майдони баскетбол ва дар 17 толори варзишию 56 майдони гимнастикӣ ҷиҳати такмил додани маҳорати варзишӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими хонандагон кору фаъолият доранд. Бо қарори маҷлиси вакилони халқ оид ба беҳдошти самти варзиш дар муассисаҳои таълимӣ қарорҳои лозима қабул карда шуд.

Рӯ ба имконоти аз ин беҳтар

Бо пешниҳоди маълумоти фавқ перомуни дастовардҳо ва самтҳои фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Абдуғиёс Боев дар хотима иброз дошт, ки: “Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон тадбирҳои таъсирбахшу судманд андешида, бо мақсади саривақт ва хушсифат иҷро гардидани онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода мебарад”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь