Маориф соҳаи калидии ҷомеа буда, рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои умумимиллӣ ва зиндагии шоистаи мардум бевосита ба он вобастагӣ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистонро аз нав барои солҳои 2021-2025 қабул намуд.

Бо назардошти иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи кишвар тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодаанд. Ин аст ки сол ба сол вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф боло меравад.

Саҳми шуъба дар татбиқи сиёсати давлатӣ

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар раванди амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳа саҳмгузор буда, кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва адабии ноҳия фаъолона иштирок менамоянд.

Дар ин самт Шуъбаи маориф якҷоя бо роҳбарони муасссисаҳои таълимию тарбиявӣ дар давоми таҳсил, тибқи нақшаи корӣ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф як қатор чорабиниҳоро тибқи нақша ба анҷом расонид. Дар давоми соли таҳсил 11 ҷаласаи Шӯрои Шуъбаи маориф, 7 семинари амалии роҳбарон гузаронида шуд. Инчунин, ҷамъомадҳои назди мудири Шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои вобаста ба омӯзиш, амалишавии барномаҳои давлатӣ ва мушкилотҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Айни замон дар ноҳия 64 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсей ва 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд. Шумораи муҳасилини муассисаҳои таълимии ноҳия 45127 нафар, аз ҷумла 21559 нафарро духтарон ташкил дода, ба онҳо 2066 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дар 6 муассисаи таҳсилоти томактабии ноҳия 354 нафар кӯдакон фаро гирифта шуда, онҳоро 32 мураббия парасторӣ менамоянд.

Стратегияи миллии рушди маориф

Маориф соҳаи калидии ҷомеа буда, рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои умумимиллӣ ва зиндагии шоистаи мардум бевосита ба он вобастагӣ дорад. Ин аст ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистонро аз нав барои солҳои 2021-2025 қабул намуд.

Яке аз ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар ин аст, ки дар соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар маркази вилоятҳо раёсатҳо ва дар минтақаҳо шуъбаҳои худро дорад. Бо ин мақсад фаъолияти аксари муассисаҳои таълимӣ, инчунин, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Муассисаи таҳсилои иловагии назди Шуъбаи маорифи ноҳия аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуда, натиҷаи аттестатсияи муасисаҳои соҳаи маорифи ноҳия ҳар моҳ дар шӯрои Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баррасӣ мегарданд. Муассисаҳои таълимие, ки фаъолияташон мусбат арзёбӣ гардид, барои 5 сол иҷозатнома гирифтанд, бархе муассисаҳое, ки бо сабаби ҷой доштани камбудиҳо фаъолияташон манфӣ шуморида шуд, шартан барои ду сол иҷозати фаъолият гирифтанд ва бояд дар ин муддат нуқсонҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти худ ислоҳ намоянд.

Таъмин бо маводи хониш

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳо, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҷдиди назар гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадриси фанҳо вобаста бо назардошти муносибати бо салоҳият ба таълим роҳандозӣ шудааст. Барои соли таҳсили 2021-2022 аз ҷониби маркази таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва бадеии вазорат ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 113099 нусха китобҳои дарсӣ-иҷоравӣ ба маблағи 1 млн. 475 139 сомонӣ ва 9619 нусха китобҳои тозанашри бадеӣ ба маблағи 179 680 сомонӣ ворид гардидааст. Гардиши китобҳои дарсӣ-иҷоравӣ 411228 нусхаро дар бар гирифта, дар соли таҳсили 2020-2021 иҷроиши гардиши китобҳои дарсӣ-иҷоравӣ 100, 68%ро ташкил дода, 1 млн. 51 000-у 200 сомонӣ маблағи китобҳо пардохт карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки муассисаҳои таълимии ноҳия ба китобҳои дарсии “Забони модарӣ” (Синфҳои 2,3,4), “Ботаника” (Синфи 6), “Геометрия” (Синфҳои 7,8,9) “Ҳуқуқ” (Синфҳои 10,11) ҳамагӣ ба 5500 дона китоб эҳтиёҷ доранд.

Сатҳи сифати таҳсилот

Фаъолияти гуруҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон дар ноҳия ба ҳисоби миёна 3,6 бал ва дараҷаи азхудкунии дониши хонандагон 74%-ро ташкил намуд, ки дар сатҳи миёна қарор дорад. Тибқи низомномаи амалкунандаи квотаи президентӣ 178 нафар довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даври ноҳиявӣ ширкат варзиданд, ки 113 нафарашон ба даври ниҳоӣ пешниҳод карда шуданд. Довталабони даври ниҳоӣ барои 26 ҷойҳои муқарраргардида 13 нафар писар ва 13 нафар духтар ширкат меварзанд ва соҳиби номи донишҷӯ гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.

Болоравии вазъи иҷтимоии омӯзгорон

Бо назардошти иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи кишвар тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодаанд. Ин аст, ки сол ба сол вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф баланд меравад. Аз ҷумла, марҳила ба марҳила баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа, инчунин муайян намудани имтиёзҳо, аз қабили додани қарзҳои дарозмуддати бефоиз ба омӯзгорони ҷавон боиси ҳавасмандӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ва беҳтарин мутахасисони касбӣ дар соҳаи маориф гардид.

Ҷалби мутахассисони ҷавон

Ҷалби мутахасисони ҷавон ва ба кор ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор дар асоси шартномаи сетарафа байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва мутахасиси ҷавон бештар гардида, масъалаи норасоии омӯзгорон ва мутахасисони касбӣ дар муасисаҳои соҳаи маорифи ноҳия то андозае роҳи ҳалли худро ёфтааст.

Дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар 48 нафар мутахасисони ҷавон муроҷиат намуданд, ки ҳамаи онҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият намуда истодаанд.

Хонандагони номовари ноҳия

Иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сол ба сол зиёд гардида, дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар даври вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, дар маҷмӯъ 13 нафар сазовори ҷойҳои 1,2,3 ва 9 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ хонандаи синфи 6-и МТМУ №1 Давлатова Раҷаббӣ аз фанни забони русӣ ва хонандаи синфи 11 МТМУ №62-и ноҳия Ҷобирова Парвина сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин, соли таҳсили 2021-2022 дар олимпиадаи ноҳиявии мактаббабчагон аз фанҳои таълимӣ 308 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуданд. Ба даври минтақавии олимпиада 63 нафар аз синфи 11, 53 нафар аз синфи 10 ва 58 нафар аз синфи 9 роҳхат гирифтанд.

Ҳамзамон, муҳасилини муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалии шакли онлайнӣ фаъолона иштирок намуда, дар соли 2021 хонандаи синфи 3 – и муассисаи таълимии №4-и ноҳия Қосимов Абӯбакр аз фанни математика, Котибоева Аниса-хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии №13 аз фанни санъати тасвирӣ ва Бобоева Зуҳро, хонандаи синфи 6 – и муасссисаи таълимии №55 – и ноҳия аз фанни санъати тасвирӣ сазовори ҷойи якум гардида, соҳиби сертификату медал гардиданд. Дар ин олимпиадаи байналмилалӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳия Акрамова Шаҳноза хонандаи синфи 5 аз фанни забони англисӣ ва Ҳошимов Ш., хонандаи синфи 3 аз фанни математика сазовори ҷойҳои сеюм гардида, бо медалу сертификат мукофотонид шуданд.

Ба Шаҳноза дуҳуҷрагӣ доданд

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия низ фаъолона иштирок намуда, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ дар озмуни мазкур байни хонандагони имконияташон маҳдуд хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти ибтидоии №33-и ноҳия Зоҳирова Шукрона фаъолона иштирок намуда, дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори “Шоҳҷоиза” гардида, аз ҷониби роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо хонаи дуҳуҷрагӣ аз шаҳри Душанбе таъмин гардид.

Фурӯғбахшони Фурӯғи субҳи доноӣ

Бояд тазаккур дод, ки дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 141 нафар довталабон аз муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Дар даври вилоятии озмун 41 нафар бо роҳхат иштирок намуданд, ки аз онҳо 4 нафар – Маҳмуродова Мадина, хонандаи синфи 9-уми Литсейи №1, Давлатова Сабрина, хонандаи синфи 11 – и МТМУ №6, Нурова Сайёра, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №13 ва Шоҳмаҳмадова Субҳия, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №1 ҳамчун ғолиби даври вилоятӣ дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Армуғон ба ҷашни 30 – солагӣ

Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия ва ҷиҳати бо дастовардҳои меҳнатӣ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои лозимиро амалӣ намуданд. Бо ин мақсад гурӯҳи кории Шуъбаи маорифи ноҳия аз ҳисоби кормандон бо роҳбарии мудири Шуъбаи маориф таъсис дода, моҳи майи соли 2021 дар ҳар як муассисаи таълимӣ дар асоси ҷадвал бо Кумитаи падару модарон ва Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон вохӯриҳо гузарониданд. Дар раванди ин сӯҳбату вохӯриҳо ҳолати бино ва синфхонаҳои муссисаҳои таълимӣ ва ниёз ба таъмиру тармим ва сохтмони синфҳои иловагӣ доштани онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба роҳбарону омӯзгорон ва падару модарон дастуру маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.

Дар ин асос таъмиру тармими соҳаи маорифи ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпешша ва Кумитаи падару модарону ассотсиатсияҳои волидайну омӯзгорон ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи “Рушди иҷтисодию иҷтимоии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2018-2022” дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии №13 (6 синфхонаи иловагӣ), №14 (6 синфхонаи иловагӣ), №30 (3 синфхонаи иловагӣ), №43 (2 синфхонаи иловагӣ), №59 (6 синфхонаи иловагӣ) ва дар назди МТМУ №60 2 синфхонаи иловагӣ ҳамчун иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуданд.

Фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос

Шуъбаи маориф тибқи нақша омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи ноҳияро ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ Шуъбаи маориф ҷалб намудаву тибқи нақша онҳоро ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиали он дар шаҳри Бохтар равон менамояд. Вале дар бисёр мавридҳо омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, ки ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд, маблағҳои курси такмили ихтисосро сари вақт гирифта нметавонанд. Бинобар ин, нақшаи фарогирии омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос дар баъзе мавридҳо амалӣ намегарданд.

Дар ин самт мушовирони кабинети методӣ дар гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ бо омӯзгорон масъул буда, дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти умумии такягоҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати кори омӯзгорон мусоидат менамояд.

Фаъолият бо фароғаташ хуш аст

Вазъи иҷтимоии омӯзгорону хонандагон дар мадди назари Шуъбаи маорифи ноҳия қарор дорад. Аз ин рӯ, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар давраи рухсатии меҳнатии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия тайи моҳҳои июн – августи соли 2021 -ум 37 нафар ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон равон карда шуданд, ки ҳам истироҳату фароғат намуданду ҳам табобат гирифтанд. Аз ҷумла, ба осишгоҳи “Хоҷа оби гарм” 27 нафар бо маблағи 29160 сомонӣ, ба осоишгоҳи “Тосқалъа” 7 нафар ба маблағи 5760 сомонӣ, ба осишгоҳи “Зумрад” 1 нафар ба маблағи 875 сомонӣ ва ба осоишгоҳи “Сатурн” 2 нафар ба маблағи 3600 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 39395 сомонӣ ба омӯзгорону кормандон дар ин самт маблағгузорӣ карда шудааст.

Инчунин дар давраи таътили тобистонаи кӯдакону наврасон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия лагерҳоли наздимуассисавӣ ташкил карда шуд, ки дар назди муассисаҳои томактабии ноҳия 1560 нафар, дар майдончаҳои наздимактабӣ 1070 нафар, дар лагерҳои варзишӣ-беҳдоштӣ 420 нафар, дар назди лагерҳои фароғатию таълимии наздимактабӣ 6000 нафар ва дар лагерҳои беруназшаҳрӣ 19 нафар, ҷамъ 9069 нафар кӯдакон фаро гирифта шуданд, ки 90%-и нақшаи фарогирии кӯдакон ба лагерҳоҳоро дар бар мегирад. Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия 9 нафар кӯдак аз оилаҳои деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-и ноҳия, ки дар офатҳои табиӣ зарар диданд, ба лагери истироҳати “Офтобак”-и шаҳри Норак фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин, ба истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Файзи истиқлол”-и ноҳияи Варзоб 10 нафар кӯдак фаро гирифта шуда, бо ин мақсад 12500 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Кабинети таълимии намунаи ибрат

Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1341 компютер, аз ҷумла 93 ноутбук, 337 принтеру дастгоҳҳои нусхабардорӣ, 89 генераторҳои барқдиҳанда, 179 камераҳои мушоҳидавӣ ва 10 тахтаи электронӣ мавҷуд мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 50 синфхонаи технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, 31 синфхона бо таҷҳизоту аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 – и ноҳия Мӯсоев Зайниддин дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин кабинети таълимии фанни технологияҳои иттилоотӣ” ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм гардид. Фаъолияти кории омӯзгор З. Мӯсоев ҳамчун намунаи ибрат ба дигар муаллимони соҳа буда, мавсуф дар тайёр намудани кабинети таълимӣ ва пайвасти шабонарӯзии ҳамаи компютерҳои кабинети таълимӣ ба шабакаҳои иинтернетӣ дар якҷоягӣ бо директори муассисаи таълимӣ ва ҷалби соҳибкорону падару модарон саҳми арзанда гузоштанд.

Муассисаҳои таълимӣ ба зимистон омодаанд

Омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистон муташаккилона ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллии ноҳия 623 941 сомонӣ барои харидории 610 тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. Муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо ширкати ҶДММ “Ахтариёни Сомон”-и шаҳри Душанбе барои 174,041 тонна ангишт ва бо ширкати ҶДММ “Амал-2012” барои 442, 400 тонна ангишт шартнома бастанданд. Кашондани ангишт идома дорад.

Дар баробари ин, ҷиҳати гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи маориф тирезаҳои роҳравҳо ва синфхонаҳо ба пуррагӣ шишабандӣ карда шуда, бо 991 адад печҳои гармидиҳӣ ва 4238 дона лӯлаҳо таъмин карда шудаанд. Инчунин, 1200 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №15,19,25,46 ва 49 гармидиҳӣ ба воситаи буғхонаҳо ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти умумии №1,2,6,62, Литсейи №1 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №2 бо хати озоди барқ пайваст мебошанд.

Таваҷҷуҳ ба рушди соҳа

Қобили қайд аст, ки дар оянда низ рисолати мо – кормандони соҳаи маориф тарбия намудани наврасону ҷавонони болаёқату ватандӯст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Раёсати маорифи мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, барои рушди соҳа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Табаров Ҳасан Солеҳович – мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь