ё чӣ тавр кванториумҳои русӣ дар байни мактаббачагони тоҷик маъруфият пайдо мекунанд
Русия дар бунёди мактабҳои замонавӣ, омодасозии маводи таълимӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони мо фаъолона иштирок карда, дар рушди системаи маорифи Тоҷикистон саҳми босазое мегузорад (нақши муҳим мебозад). Ин ташаббусҳо барои рушди истеъдодҳои ҷавон дар кишвар замина ба вучуд оварда, робитаҳои фарҳангию маърифатии ҳар ду кишварро мустаҳкам менамоянд. Яке аз лоиҳаҳои нави умедбахш ифтитоҳи «Кванториумҳо» дар панҷ мактаби русӣ-тоҷикӣ мебошад.
Дар “Кванториум”-ҳо хонандагон технологияҳои муосирро азхуд мекунанд, лоиҳакаширо меомӯзанд ва тафаккури интиқодии худро инкишоф медиҳанд. Таҳсил дар “Кванториум” – ин як қадам ба сӯи оянда аст, ки ба хонандагон роҳ ба сӯи (дастрасӣ ба) донишҳои муосири илмӣ ва техникиро боз мекунад.
“Кванториум” чист?
Русия солҳои зиёд дар рушди системаи маорифи Тоҷикистон нақши калидӣ бозида, дар самтҳои гуногун дастгирии худро пешниҳод мекунад. Махсусан бо сохтмони мактабҳои нав, ки бо синфхонаҳои замонавии таълимию компютерӣ ва лабораторияҳо муҷаҳҳаз шудаанд, саҳми хеле бузург мегузорад. Дар мактабҳои Тоҷикистон дар раванди таълим усулҳои муосири таълимдиҳӣ тибқи стандартҳои Русия ҷорӣ карда мешаванд.
Русия дар ташкили ғизои мактабӣ кӯмак карда, ба ин васила ба беҳтар шудани солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакон мусоидат мекунад. Ғизои хубу солим ба фикрронӣ ва пешрафти хонандагон таъсири мусбӣ расонида, барои зудтар азхудкунии маводи дарсӣ ба онҳо кӯмак мерасонад.
Имрӯз дар ҷумҳурии мо 5 мактаби муштараки русию тоҷикӣ фаъолият мебаранд, ки аз ҳисоби буҷети Русия сохта шудаанд. Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳазкунии ин мактабҳо 141 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ҳангоми сохтани ин мактабҳо диққати махсус ба масъалаҳои бехатарӣ дода шудааст — ҳамаи биноҳо бо назардошти фаъолнокии сейсмикии минтақа сохта шудаанд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 5,7 ҳазор хонандагон тибқи стандартҳои русӣ таҳсил мекунанд. Яке аз лоиҳаҳои охирин, ки дар ин мактабҳо татбиқ карда мешавад, таъсис додани паркҳои технологии кӯдаконаи “Кванториум” мебошад. Фаъолияти ин паркҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии «Маориф»-и Федератсияи Русия ба роҳ монда шудааст.
Дар соли нави хониш Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ аз фанни забони русӣ дастрас кард, ки барои ин аз буҷаи Русия 200 миллион рубл ихтисос дода шуда буд. Ин як қадами муҳим дар дастгирии таҳсилоти русзабон дар Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф мебошад.
Тавре директори мактаби миёнаи ба номи Ю.А.Гагарин Владимир Гудков қайд намуд, технопаркҳо соли ҷорӣ бо мақсади инкишоф додани саводнокии илмӣ, математикӣ ва иттилоотии хонандагон, инчунин ташаккули фикрронии танқидӣ ва эҷодии онҳо таъсис дода шуданд. «Мақсади асосии фаъолияти «Кванториум» дар мактабҳо – беҳтар намудани шароит барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти умумӣ тавассути курсҳои фаъолияти беруназдарсӣ, инчунин амалисозии барномаҳои таълимии иловагӣ дар самтҳои табиатшиносӣ ва технология мебошад. «Кванториум» шакли комилан нав дар ташкили фаъолияти лоиҳакашӣ ва тадқиқотии хонандагон мебошад. Мактаббачагон дар амал на танҳо қобилияти ҳал кардани масъалаҳои назариявӣ, балки малакаи худро дар ҳалли амалии масъалаҳои муҳандисӣ ва кор бо техникаи муосирро инкишоф медиҳанд».
Самтҳои фаъолият
Дар мактаб се квантум (самт) амал мекунад: робоквантум, промдизайнквантум ва аэроквантум.
Тавре директори мактаб тавзеҳ медиҳад, дар дарсҳои Робоквантум хонандагон асосҳои яке аз илмҳои муосир – робототехникаро меомӯзанд: «Барои ташаккул додани малакаҳои амалии барномасозӣ, тарҳрезӣ ва кор бо системаҳои худкор хонандагон мувофиқи синну солашон аз маҷмӯаҳои робототехникии мактаб истифода мебаранд, ки ин ба инкишофи тафаккури техникӣ ва рафтори эҷодии хонандагон дар ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ мусоидат мекунад.
Дар дарсҳои промдизайнквантум хонандагон масъалаҳои амалиро тавассути таҳлили вазъият ҳал карда, ҳамзамон ҳалҳои худро пешниҳод мекунанд. Онҳо ғояҳои худро дар шакли тавсиф ва ангораҳо тасвир карда, нақшаи кори иншоотро тартиб медиҳанд. Аз коғаз ва картон амсилаи роҳи ҳалли масъаларо месозанд, ки ғояи онҳоро инъикос мекунад. Коркардҳои дизайнерии хонандагон дар доираи лоиҳаи «Хонаи боақл» мисоли равшани ин мебошад. Лоиҳа идоракунии худкори марказонидашудаи системаҳои гармидиҳию хунуккунии ҳаво, қувваи барқ ва равшаниро тавассути системаи интеллектуалӣ пешбинӣ мекунад.
Аэроквантум – ин ҳавопаймои бесарнишин ва мисоли соҳаи босуръат рушдёбанда мебошад. Дронҳо ё коптерҳо барои ҳалли вазифаҳои рӯзмарра (масалан, наворбардории ҳавоӣ) ва ҳамгироӣ ба системаҳо ва комплексҳои мураккаби технологӣ нигаронида шудаанд. Дар мактаби мо дар доираи фаъолияти Маркази матбуотии мактаб бо ёрии квадрокоптер порчаҳои наворҳои видеоӣ барои монтажи филмҳо омода карда мешаванд.
Роҳбари «Кванториум» Исломов Маъруф соли 2023 финалисти озмуни умумирусиягии маҳорати касбии кормандони соҳаи таҳсилоти иловагӣ «Дили худро ба кӯдакон мебахшам» аз рӯи номинатсияи «Омӯзгори таҳсилоти иловагии самти техникӣ» гардид. Айни ҳол ӯ дастаҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои озмунии оянда аз рӯи самтҳо омода мекунад», – мегӯяд Владимир Викторович.
Дар баробари ин, аз ҷониби Россотрудничество ба мактабҳои Точикистон қариб 1,3 ҳазор китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дастрас карда шуд. Як қисми онҳо ба Мактаби президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд барои синфҳои русзабон фиристода шуданд.
Соҳаи муҳим
Русия бо ин таваққуф накарда, ният дорад то соли 2030 дар Тоҷикистон боз панҷ мактаби русӣ бунёд кунад, ки барои 5 ҳазор хонанда пешбинӣ шудааст. Ин барои таҳсили кӯдакон дар кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад, махсусан, дар муҳити русзабон. Мактабҳо бо навтарин технологияҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда мешаванд, ки раванди таълимро боз ҳам самараноктар мегардонад.
“Промдизайнквантум” – ин самтест, ки тафаккури муҳандисӣ ва эҷодӣ, инчунин равияҳои илмӣ ва гуманитариро муттаҳид мекунад. Хусусияти чунин дизайн дар он аст, ки ҳар як ашё на танҳо аз нуқтаи назари фоиданокӣ ва зебоӣ, балки бо назардошти тарзи интиқоли ашё, бастабандии он, дар куҷо ва кадом ҷойро ишғол кардани он, тарзи нигоҳубини он ва ғайраҳо, баррасӣ карда мешавад», — Владимир Гудков, директори мактаби ба номи Ю.А Гагарин.
Боз як лоиҳаи бузург – бунёди маркази (мактаби) кӯдакони лаёқатманд, ин як лоиҳаи муҳим барои рушд додани истеъдодҳо дар Тоҷикистон хоҳад гардид. Сохтмони он соли 2024 оғоз меёбад. Ин маркази таълимӣ аналоги маркази номдори русии “Сириус” дар шаҳри Сочи хоҳад буд, ки истеъдодҳои кӯдаконро дар самтҳои илм, варзиш, санъат ва техника муайян намуда, инкишоф медиҳад. Марказҳои “Сириус” дар саросари Русия аллакай самаранокии худро нишон додаанд, имрӯз дар Русия 70 адад чунин марказҳо амал мекунанд ва соли 2024 ифтитоҳи боз 9 муассисаи дигар ба нақша гирифта шудааст. Ин мактабҳо дар Душанбе имкониятҳои беназир барои ошкор кардан ва инкишоф додани қобилиятҳои кӯдакон фароҳам меоваранд.
Боз як ҷузъи бисёр муҳими ҳамкории кишварҳои моро лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» ташкил медиҳад, ки дар доираи он омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон фаъолият бурда истодаанд. Дар соли хониши ҷорӣ 117 омӯзгор аз Русия ба Тоҷикистон омаданд, ки нисбат ба соли гузашта бамаротиб бештар аст. Ин муаллимон аз забони русӣ ва дигар фанҳо бо забони русӣ таълим медиҳанд. Ғайр аз ин, муаллимони рус бо роҳнамоии касбии хонандагон машғуланд, инчунин лоиҳаҳои таълими иловагӣ ташкил намуда, мактаббачагонро ба олимпиадаҳо тайёр мекунанд.
«Хонандагон лоиҳаҳои тадқиқотии худро дар конфронсҳои илмию амалии мактабӣ, умумироссиягӣ ва байналмилалӣ пешниҳод кардаанд (зиёда аз 40 нафар иштирокчӣ ва 16 ғалаба). Махсусан лоиҳаи тадқиқотии омӯзгор Маъруф Исломов ва як гурӯҳи хонандагони мактаб бо номи «Истифодаи зеҳни сунъӣ дар маориф» қобили таваҷҷӯҳ аст. Ин лоиҳа дар конфронси умумироссиягии илмию амалии «Хонишҳои подшоҳӣ» сазовори мукофот гардид», — Владимир Гудков, директори мактаби ба номи Ю.А Гагарин.
Русия ва Тоҷикистон саъй доранд, то насли ҷавонро бо тамаркуз ба эҷодкорӣ, кунҷковӣ ва масъулияти иҷтимоӣ тарбия кунанд. Дастгирии ҷавонони лаёқатманд тавассути барномаҳои таълимию фарҳангӣ, олимпиадаву озмунҳо сурат мегирад, ки ин барои ошкор кардани истеъдодҳои ҷавонон мусоидат мекунад. Чунин ҳамкорӣ ба таҳкими робитаҳои байни кишварҳо ва рушди тафаккури эҷодии мактаббачагон мусоидат карда, барои ҳамкории минбаъдаи фарҳангӣ ва иқтисодӣ замина мегузорад.
Матлубаи Қ