Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” аз калонтарин таълимгоҳҳои олии касбӣ дар маркази вилояти Хатлон буда, байни дигар донишгоҳҳои кишвар мақоми хосаро соҳиб аст. Бояд гуфт, ки сифати таълиму тарбия дар Донишгоҳи мазкур хуб ба роҳ монда шуда, имрӯз ҳама имкониятҳо барои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ муҳайё аст.

Таърихи донишгоҳ

Ин боргоҳи маърифат соли 1978 ҳамчун шуъбаи қӯрғонтеппагии Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таъсис ёфта буд. Аз 1-уми апрели соли 1991 тибқи Қарори девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 10 аз 11-уми марти соли 1991 ва фармоиши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 16 аз 13-уми марти соли 1991 шуъба (филиал) ба Донишкадаи мустақили омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа табдил ёфт. Соли 1992 дар асоси Қарори девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 236 аз 24-уми июли соли 1992 ва фармоиши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо № 76 аз 1-уми сентябри 1992 донишкада ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа бадал гардид ва баъдан номи адиби машҳур ва файласуфи беҳамто Носири Хусравро гирифт. Хабарнигори махсуси ҳафтаномаи “Фараж” бо Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор доир ба шароиту имкониятҳои мавҷуда дар он суҳбати ихтисоси орост, ки ҳоло фишурдаи онро пешниҳоди хонанда мегардонем.

Нақшаҳо неканд

Зимни суҳбат мавсуф иброз дошт, ки дастовардҳои донишгоҳ пайваста афзун мегардад ва бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи модиву техникии донишгоҳ такмил меёбад. Ҳамзамон ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар қатори аҳли илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ сохтани рисолати бузурги касби омӯзгорӣ, роҳандозӣ намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа, рушди арзишҳои маънавию ахлоқии халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар алоқамандӣ бо арзишҳои умумибашарӣ саъю талоши зиёде ба кор мебаранд. Мо аҳли маорифи кишвар медонем, ки пешрафт ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриамон, пеш аз ҳама, аз сатҳ ва дараҷаи пешрафти соҳаи маориф, илм ва таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар вобастагии ногусастанӣ дорад. Раванди ҷаҳонишавие, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайвастааст, тақозои онро дорад, ки мо аҳли илму маориф бояд нишондодҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо бозори меҳнат густариш дода, сатҳи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондодҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем – афзуд, ректори донишгоҳ.

Имконоти таҳсил дар Донишгоҳ

Номбурда илова кард, ки фаъолияти назарраси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар зарфи зиёда аз 45 соли мавҷудияташ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳамагон маълум аст. Донишгоҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, барномаҳои дурнамои ҳукумативу Вазорати маориф ва илмро дар иртибот ба илму маориф дастурамали кори худ қарор дода, дар татбиқи амалии онҳо дар қатори дигар таълимгоҳҳои олии номдори кишвар ҳиссаи сазовори худро гузошта истодааст.

Яке аз ҳадафҳои донишгоҳ чунин:

– таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктор (PhD) ва доктори илм, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим.

Бо ин мақсад дар 14 факултети донишгоҳ аз рӯйи 94 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Инчунин ба сохтори донишгоҳ қисмҳои таркибии он –литсейи назди донишгоҳ, Маркази таълимӣ-касбӣ дар ноҳияи Хуросон низ шомил аст, ки фаъолияти онҳо дар асоси қонунҳои роиҷ ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳ дорои 9 бинои таълимӣ, аз ҷумла 211 адад синфхонаҳо, 41 адад кабинетҳои фаннӣ, 33 адад озмоишгоҳҳо, 2 синфхонаи лингофонӣ, 4 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 8 майдонча ва як маҷмааи варзишӣ дар минтақаи “Дӯстии халқҳо” бо фарогирии масоҳати 7200 м2 бо 2000 ҷойи нишаст мебошад.

Теъдоди муҳассилини донишгоҳ ҳоло ба беш аз 19 ҳазор нафар мерасад, ки онҳо дар шакли рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона таҳсил мекунанд.

Дар донишгоҳ дар айни ҳол 486 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 2,3%-и донишҷӯёни донишгоҳро ташкил медиҳад. 32,5%-и донишҷӯёни донишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил менамоянд. 2061 нафар донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва 83 нафар магистр аз ҳисоби буҷети давлат стипендия мегиранд. Инчунин, 8 нафар ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштаанд.

Дар соли 2024 дар донишгоҳ 29 нафар донишҷӯёни ятими кул, 402 нафар нимятимон ва 54 нафар маъюбон таҳсил менамоянд, ки пайваста зери таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ қарор доранд.

Солҳои охир бо кӯшиши садорати донишгоҳ, раёсати таҳсилот ва факултетҳою кафедраҳо иштироки донишҷӯён ба дарсҳо беҳтар гардида, то ба 98 фоиз расонида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати дарсҳо, зиёд намудани масъулияти дарсазхудкунии донишҷӯён дар ҳар нимсола як маротиба аттестатсия ва арзёбии сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён гузаронида мешавад.

Базаи техникӣ

Ректор қайд кард, ки бо мақсади таҳкими заминаи моддиву техникӣ, баландбардории сифати фаъолияти таълимӣ дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, дар маҷмуъ, 734 адад компютер, 178 тахтаи электронию пардаҳои проексионӣ ва 35 адад смартэкранҳо насб карда шудааст, ки аз онҳо омӯзгорон ва донишҷӯён ҳангоми дарс самаранок истифода менамоянд. Ҳамзамон барои такмили сатҳи тахассуси устодон ва дониши муҳассилин ҳар сол аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ гузаронида мешавад, то ки фаъолияти муътадили донишгоҳ дар тӯли амали иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардад.

Таваҷҷуҳ ба забономӯзӣ зиёдаст

Донишгоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои компютеркунонӣ, такмили омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва татбиқи забони давлатӣ нақшаи мушаххас мураттаб сохта, барои иҷрои бомуваффақияти бандҳои он саъю талош меварзад. Яке аз чунин масъалаҳои муҳимми фаъолияти донишгоҳ ба таври зарурӣ ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ ва махсусан забони давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад тамоми корҳои эҷодӣ, таълифоти илмию методии устодону шогирдон, машваратҳо, нишастҳо ва ғайраҳо танҳо бо забони давлатӣ амалӣ мешаванд. Ҳафтаномаи «Фурӯғ», маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ва сомонаи донишгоҳ www.btsu.tj дар таҳкиму тарғиби забони давлатӣ саҳми босазое доранд. Амалишавии Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» дар донишгоҳ имконият медиҳад, ки мавқеи он мустаҳкам гардад.

Таълиму тарбия дар мадди аввал

Масъалаи тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз ба ҳисоб рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол вобастагии калон дорад.

Бо мақсади тарбияи сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби Шуъбаи тарбия ва созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ, дар доираи нақша – чорабиниҳо пайваста мулоқот ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад. Аз ҷумла санаи 15-уми марти соли 2024 дар толори Кохи фарҳангии донишгоҳ вохӯрии сардори РВКД Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзуи «Пешгирии ҷинояткорӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Дар самти тарбияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии донишҷӯён, пешгирӣ аз зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ пайваста чорабиниҳо роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла санаи 10.02.2024 дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи умумидонишгоҳии илмӣ -назариявӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ – омили пешрафти ҷомеа» бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ» баргузор шуд.

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар партави қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» пайваста суҳбату мулоқот, мизҳои мудаввар, машваратҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор карда мешавад, ки дар тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, ифтихори миллӣ, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз, ҳимояи манфиатҳои давлат, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд.

Бо мақсади ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқӣ дар донишгоҳ пайваста доир ба мафҳум ва моҳияти Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла доир ба «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Стратегияи муқовимат ба эктремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», нақша-чорабиниҳои дохили идоравӣ таҳия ва тасдиқ гардида, оид ба иҷроиши бандҳои он мунтазам корбари шуда истодааст.

Ҷойҳои намоён аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Доир ба омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон ватани азизи ман аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», Олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2024» ва мутолиа намудани асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Яке аз самтҳои кори маҳфилҳо ин иштироки донишҷӯён дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла олипиадаҳои фаннӣ мебошад. Иштироки донишҷуён ва омӯзгорони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» тайи солҳои охир натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба гирифтани 3- ҷойи дуюм, 1 – ҷойи сеюм ва 1 -ҷойи ифтихорӣ дар миёни зиёда аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми сеюмро ишғол намуданд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии Раёсати донишгоҳ ва муаррифии вилояти Хатлон гардид.

Шумораи олимон, докторон ва номзадҳои илм меафзояд

Фаъолияти илмии устодони донишгоҳ имрӯзҳо боиси таваҷҷуҳ аст. Олимони донишгоҳ дар 40 самт аз рӯи 65 мавзуъ фаъолияти илмӣ бурда истодаанд. Алҳол дар донишгоҳ 22 нафар докторони илм, профессорон ва 134 нафар номзадҳои илму дотсентон ба сифати устодони доимӣ фаъолият менамоянд.

Ҳайати мазкур дар 47 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғуланд. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ бо роҳҳои коромӯзӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, ходимони илмӣ, рухсатии эҷодӣ ва бакалаврияту магистратура зина ба зина роҳандозӣ шудааст. Дар панҷ соли охир аз ҳисоби устодони донишгоҳ 8 нафар рисолаҳои докторӣ ва 80 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд, ки аз ин миқдор 35 нафари номзадҳои илм занон мебошанд. Дар ин муддат 8 нафар устодони донишгоҳ ба унвони профессорӣ ва 17 нафар номзадҳои илм ба гирифтани унвони дотсентӣ шарафёб гардиданд.

Айни ҳол дар донишгоҳ ду нафар Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 7 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар барандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ду нафар барандаи ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ, 2 нафар барандаи ҷоизаи адабӣ ва илмии ба номи Ҷалолиддини Румӣ, 94 нафар барандаи ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав, 82 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, як нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кору фаъолият доранд, 24 нафар устодони донишгоҳ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Соли 2012 нахустин бор дар донишгоҳ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратура ифтитоҳ ёфт. Ин имкон дод, донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд, таҳсили худро дар ин зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ идома дода, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шаванд.

Соли 2015 нахустин бор дар донишгоҳ қабул тариқи доктор (Phd) оғоз ёфт, ки ҳоло 44 нафарро аз рӯйи 23 ихтисос фаро гирифтааст.

Шароити хуб дар китобхона

Дар китобхона 6 нафар ба таври доимӣ кору фаъолият мекунанд, ки инҳо Мусулмони Абдусамад – мудири китобхона, Муродова Робия Ҳасановна – сармутахассис, Абдуллоева Фарзона Маликовна – сармутахассис (дар толори хониши минтақаи Дӯстии Халқҳо), Мамадалиева Мавлуда – мутахассис ва Мирзоева Фарзона – мутахассис мебошад.

Китобхона дорои 2 шуъба ва 3 толори хониш буда, дар ҳамаи толорҳои хониши китобхона, 336 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад. Фонди захираи китобхона дар маҷмуъ 270000 (дусаду ҳафтод ҳазор) нусха китоби бадеӣ, дарсӣ, илмӣ ва методӣ дорад. Аз ин теъдод 13338 (сенздаҳ ҳазору сесаду сиву ҳашт) нусхаи он дар толори хониши минтақаи Дӯстии Халқҳо ҷойгир буда, маҳфуз аст.

Дар робита ба амалӣ шудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон №АП-330 аз 2 – уми феврали соли 2023 дар бораи озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ба донишҷӯён ва хонандагони лтитсейи назди донишгоҳ китобҳо дар шаш номиннатсия пешниҳод карда мешавад. Дар китобхона гӯшаи алоҳидаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст. Дар робита ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040» кормандони китобхона гӯшаи махсусе таъсис дода, тамоми тадбирҳоро ба кор гирифта истодаанд. Нақшаи кории китобхона мавҷуд буда, бо нақшаи кории донишгоҳ мувофиқ гардонида шудааст. Ташкили картотекаҳо (варақаҳо) аз сари нав тибқи алфавит ба нақша гирифта шуда, миқдори донишҷӯёне, ки ба китобхона муроҷиат намудаанд, 7421 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди китобҳои китобхонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар соли 2023 ба 250000 нусха расидааст. Дар соли ҷорӣ 2828 нусха китоб ба китобхона ворид шудааст, ки аз он ҷумла 1770 нусхааш бо маблағи донишгоҳ харидорӣ шуда, 58 нусхаи он аз тарафи устодон ва омӯзгорону олимони донишгоҳ, 1133 нусха китоб бо бо ёрии раёсати донишгоҳ, алалхусус бо дастгирии ректори донишгоҳ ба китобхона ворид шудааст.

 Фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ

Дар назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” се Шурои диссертатсионӣ амал менамояд. Шурои диссертатсионии 6D.КОА-061 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар асоси фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №201 ш/д, аз 1 июли соли 2022, оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D020300 – таърих (6D020304, Таърихи илм ва техника) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.00, Илмҳои таърих ва бостоншиносӣ (07.00.10 – Таърихи илм ва техника таъсис ёфтааст. Бо назардошти заурурати истеҳсолӣ ба ҳайати шурои диссертатсионии 6D.КОА-061 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №221/шд аз 05.07.2024 тағйирот ворид карда шуд ва ҳайати шуро аз 9 нафар ба 16 нафар муқаррар гардид. Аз рӯзи таъсисёбии шурои диссерататсионии 6D.КОА-061-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамагӣ 31 адад ҷаласа баргузор шудааст, ки аз инҳо 8 ҷаласаи қабули диссертатсияҳо ба шуро ва муайян кардани комиссияи экспертӣ, 8 ҷаласа оид ба муҳокимаи комиссияи экспертӣ, 8 ҷаласа оид ба қабули диссертатсия ба ҳимоя ва 7 ҷаласаи ҳимояи озоди диссертатсия ва додани дараҷаи илмӣ мебошад. 1 ҷаласаи ҳимояи озоди дигар дар соли 2024 дар назар аст.

Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”

Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бо мақсади анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масъалаҳои муҳимми илмӣ вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар арафаи 820-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таъсис ёфтааст. Марказ дорои Низомномаи худ буда, фаъолияти он дар асоси низомномаи мазкур амалӣ мегардад. Фаъолияти Маркази илмии «Мавлоношиносӣ» тибқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст. Дар иртибот бо ҳадафи Марказ роҷеъ ба зиндагинома, ҷаҳонбинӣ, мушаххасоти сабкӣ, мавзуъ ва мундариҷаи осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, муҳити адабӣ, ҳамзамонони шоир ва бузургони илму адаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронидани маҳфилҳои доимии “Мавлонохонӣ”, ташкил ва гузаронидани семинарҳо, конференсияҳо ва ҳамоишҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно ба нақша гирифта шудааст.

Бахшида ба Рӯзи Мавлонои Балхӣ бо ташаббуси Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» мизи мудаввар таҳти унвони “Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад…” гузаронида шуд. Дар қисмати адабӣ-фарҳангии чорабинӣ аъзои маҳфил “Мавлонохонӣ” аз осори безаволи Мавлоно шеърҳо қироат карданд. Ҳамчунин, ҳамоиш бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид, ки он ифодагари арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон, ғояҳои инсонпарваронаи адибони форс-тоҷик, дӯстиву ваҳдат ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлату миллат маҳсуб мешавад.

Ташкили гӯшаи “Осори Мавлоно” ва ҷамъоварии нусхаҳои хаттии “Маснавии маънавӣ” ва дигар осори манзуму мансури Мавлоно тибқи нақша ба роҳ монда шудааст. То имрӯз Маркази илмии «Мавлоношиносӣ» бист нусха аз мароказу китобхонаҳои Туркия, шаш дасхати нодири “Маснавии маънавӣ”-ро, ки дар китобхонаҳои Берлини Олмон, ду нусхаи хаттӣ аз китобхонаҳои Фаронса ва ду нусхаи хаттӣ, ки дар китобхонаи Амрико ва дигар китобхонаҳои шарқ мавҷуд буданд, дастрас кардааст. Ҳамчунин, фароҳам овардани дасхатҳои дигари осори Мавлоно, ки дар кишварҳои хориҷ ва Тоҷикистон маҳфуз ҳастанд, аз ҳадафҳои асосии «Маркази илмии Мавлоношиносӣ» мебошад. Дар оянда умед бар он дорем, ки бо дастгирии садорати ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳадафи мазкури марказ амалӣ хоҳад гашт.

Дар Маркази илмю «Мавлоношиносӣ» дар баробари таҳқиқи рӯзгор ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин оид ба масоили адабиётшиносӣ ва шаҳрнигорӣ низ пажӯҳиш бурда мешавад. Бо ташаббуси Марказ ва дастгири раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷилди аввалу дуюми “Шарҳи “Маснавии шариф”- и Бадеъуззамони Фурӯзонфар ба зевари табъ ороста гардид ва ҷилди сеюми китоби мазкур то моҳи апрели соли 2025 ба чоп омода хоҳад шуд. Ҳамчунин, тасмим гирифтем, ки дар соли 2025 рубоиёти Ҷалолуддини Балхиро бо таваҷҷуҳ ба нусхаҳои хаттии дастрасгардида, аз китобхонаҳои Эрону Туркия тасҳеҳ намуда, манзури мухотабон гардонем,-қайд намуд Ректори донишгоҳ.

Дар назди Маркази илмӣ- таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» маҳфилҳои «Мавлонохонӣ», «Муҳаққиқи ҷавон» ва ситоди донишгоҳии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» амал мекунанд, ки фаъолияти онҳо ҳар моҳ натиҷагирӣ мешаванд. Инчунин, Маркази илмӣ- таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалиро дар мавзуи «Мақоми Мавлонои Балхӣ дар фарҳангу адаби милливу умумибашарӣ» дар санаи 13-14- уми декабри соли 2024 баргузор намуд. Аз 90 мақолаву суханронӣ ба кори конференсия воридшуда 12-тои он аз кишварҳои хориҷ, амсоли Англия, Россия, Туркия, Эрон, Узбекистон ирсол шуда буданд, ҳамчунин маҷмуи мақолот интишор гардидааст.

 Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ

Қурбонзода Маҳмадалӣ, гуфт, ки робитаву ҳамкориҳои донишгоҳ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шуроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шуроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ ва раёсати робитаҳои байналмилалӣ мебошад.

Таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар донишгоҳ дар асосии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили ташкили таълими шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №313 аз 15-уми июли соли 1997, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, айни ҳол 65 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Давлати Исломии Афғонистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил менамоянд.

Айни ҳол донишгоҳ бо 36 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад.

Сафари расмии меҳмонони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ба вилояти Хатлон, бахусус ба донишгоҳ барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо, тавофуқоти мутақобилан судманд дар соҳаҳои маориф ва илмро дар байни Сафорати Корея дар ш. Душанбе ва ДДБ ба номи Носири Хусрав нақши хубе гузошт.

Бо ташрифи Сафири Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав санаи 15.05.2024 Маркази омӯзиши забон ва фарҳангӣ Корея кушода шуд.           Дар доираи Форуми сеюми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки санаи 27-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргкзор гардид, ёддошти тафоҳум ва Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2025-2027 ба имзо расонида шуд, ки дар ин замина аз тарафи раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав ва ректори Донишгоҳи давлатии информатика ва радиэлектроникаи шаҳри Минск оид ба масъалаҳои табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайра шартномаи ҳамкорӣ дар фазои тантанавӣ баста шуданд. Дар доираи иштирок дар Форуми дуюми ректорони Муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ДДБ ба номи Носири Хусрав бо 3 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент ва Донишгоҳи милии таҳқиқотии «Донишкадаи муҳандисони иригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкент» ва Донишгоҳи давлатии информатика ва радиэлектроникаи шаҳри Минск шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Илова бар ин дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Белорус бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои ин кишварҳои мазкур ба монанди Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ва Донишгоҳи давлатии Гордон ба номи Янки Купало, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин дар омӯзиш буда, дар соли таҳсили 2025 бо тариқи маҷозӣ ба имзо расонида мешавад. Тоҷикистон ва Чин робитаҳои қадимии таърихию фарҳангӣ доранд. Ҳар ду ҷумҳурӣ дар роҳи рушди низоми маорифи худ қадамҳои устувор мегузоранд. Рӯзи 21-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси «Ҷумҳурии Мардумии Чину Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табодули афкори дуҷониба оид ба ислоҳот ва рушди таҳсилоти олӣ» баргузор шуд, ки дар он намояндагон Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд.

Дар соли 2024 тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳо бо истифода аз технологияҳои навини иттилоотӣ, тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) зиёда аз 77 конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, хондани лексияҳо ва иштирок дар онҳо бо якчанд донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар амалӣ карда гузаронида шудааст.

Алоқаи донишгоҳ бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар ривоҷ ёфта истодааст. Алҳол донишгоҳ бо Донишгоҳи штати Монтанаи ИМА, бо донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Русия, Эрон, Ҳиндустон ва Белорус равобити илмӣ барқарор намудааст.

Сифату самараи таълим ва назорати донишҳои замонавӣ

Донишгоҳ ҳамчун махзани илму маърифат ва фарҳангу маданият фаъолияти худро идома дода, соли 2024 ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва аспирантони донишгоҳ бо мақсади дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таълиму тарбиявӣ ва илмиву таҳқиқотӣ ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Раёсати донишгоҳ минбаъд низ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона менамояд, ки шароити кору истироҳат, таълиму тарбия дар донишгоҳ рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардад. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани маънавиёт ва маърифатнокии донишҷӯён корҳои тарбиявӣ бештар ва беҳтар ба роҳ монда шуда истодааст. Ширкати фаъолонаи донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштироки назарраси донишҷӯён дар баргузории ҷашну чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Минбаъд низ масъалаи тарбияи завқи зебоипарастии донишҷӯён, тарзи либоспӯшӣ, муомилаву муносибати онҳо, махсусан тарбияи идеявӣ-сиёсӣ, ватандӯстӣ, ахлоқӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии донишҷӯён дар маркази диққати садорат ва деканатҳои факултетҳо қарор мегирад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар рӯзи 30-юми майи соли 2024 иброз доштанд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳу сифати таълим дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон дар ҳама зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шавад. Ҳамзамон, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, донишҷӯёну ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ диққати бештар диҳанд. Сарвари давлат бештар ба сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳ зоҳир карда, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замонро муҳим мешуморанд.

Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

Дар робита ба ин, ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 36 гурӯҳи таълимашон ба забони рӯсӣ ва англисӣ дар 13 ихтисос амал мекунад. Аз ин миқдор 31 гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ бо фарогирии 12 ихтисос ва 5 гурӯҳ бо забони англисӣ бо фарогирии 2 ихтисос ба роҳмонда шудааст.

 Хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертут”

Дар ин баробар, хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертут”-и шаҳри Левакант, ки ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тааллуқ дорад, дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.

Дар замини таҷрибавӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили картошкаву пиёз, бодирингу помидор, ҷуворимакка ва тарбузу харбуза кишт гашта, дар як қитъаи дигари замини хоҷагӣ парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимон ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки ҳайати устодону донишҷӯёни факултети химия ва биологияи донишгоҳ ин мавзеъро ҳамчун замини таҷрибавӣ барои амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ истифода мебаранд. Имсол дар заминҳои ин хоҷагӣ беш аз 500 дарахт, аз ҷумла 300 адад дарахтони мевадиҳанда ва беш аз 150 адад дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст.

Донишгоҳ ҳоло дорои маркази имтиҳонгирии тестӣ буда, тамоми санҷишу имтиҳонотро донишҷӯён ба воситаи компютер месупоранд. Маркази интернетӣ, китобхонаи электронӣ ба шогирдон имконият медиҳанд, ки дониши ҳаматарафа гиранд. Илова бар ин, ҳамаи шуъбаҳо, деканатҳо ва кафедраҳо бо компютерҳои ҳозиразамон ва принтерҳо таъмин мебошанд.

 Дастовардҳои назараси донишҷуён аз самти варзиш

Гуфта шуд, ки дастаи футболбозони Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз дастаҳои муаррификунандаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон буда, бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ барандаи Ҷоми мусобиқаи мазкур гардиданд.

Дар доираи тадбирандешиҳо дар ин самт аз 26-уми ноябр то 1-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҳисоби донишҷӯёни болаёқат фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал, Ҷоми мусобиқа ва туҳфаҳои таъсисдодашудаи тадарукот гардиданд.

Моҳи октябри соли равон бошад дар ноҳияи Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид. Фестивал аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида шуд.

Дар Фестивали мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштироки фаъолона намуда, дар намуди гуштини миллӣ дар вазнҳои гуногун соҳиби 13 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, 5 медалӣ нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд. Дар намуди варзиши сабук низ натиҷаҳои хуб нишон дода, соҳиби 12 медали тилло, 12 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.

Аз намуди волейбол бошад миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят рақобат намуда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Ёдовар бояд гардид, ки дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои варзишӣ аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят иштирок карда, дар намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон доданд.

 Ба ҷойи охирсухан

Зимни боздид аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар суҳбат ба мо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иброз доштанд, ки раёсати донишгоҳ бо дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ талош меварзанд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори ҷаҳонии меҳнат дар муассиса тамоми чораҳоро андешанд, барои ин тамоми имкониятҳо фароҳам аст.

Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамаи ин дастуру супоришҳоро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландпояи илмию омӯзгорӣ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь