Соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи калидӣ ва афзалиятнок қабул гардида, масъалаи таълиму тарбия чун як рукни муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар мавриди таваҷҷуҳи доимии давлат қарор гирифтааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд: “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Маҳз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, то сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Тадбирҳо дар раванди таълиму тарбия

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқие, ки соҳаи маорифро ба танзим медарорад, ба роҳ монда, ҷиҳати беҳгардонии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия, инчунин роҳҳои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодааст.

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб дар маҷмуъ бо хизматчиёни давлатӣ, кориандони Кабинети методӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ 30 воҳиди корӣ фаъолият менамоянд.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар ноҳия соли таҳсили 2021-2022 – 68 муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 1 интернати  наздимактабӣ (барои бачагони ятиму бепарастор) дар назди муассисаи таълимии №55 мавҷуд мебошад.

Дар ҳамаи 69 муассисаи таълимии ноҳия таҳсил бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Соли таҳсили 2022-2023 дар таълимгоҳҳои ноҳия 23130  нафар хонандагон, аз ҷумла 9813 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ба таълиму тарбияи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1349 нафар омӯзгор (аз ҷумла 821 нафар занон), ки дараҷаи таҳсилоти беш аз 80 дар садашон олӣ мебошад, машғуланд.

Қобили тазаккур аст, ки дар давоми  соли 2022 – юм 217 нафар омӯзгор бо сабабҳои ба синни нафақа расидан, муҳоҷирати меҳнатӣ, ба кори дигар гузаштан аз кор рафтанд ва ҳамзамон 282 нафар ба кор қабул карда шудаанд.

Ҳамзамон, дар таълимгоҳҳои ноҳия ҳамакнун 141 нафар «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар дорандаи мукофотҳои давлатӣ, 1 нафар номзади илм, 4 нафар магистр, 97 нафар омӯзгорони нафақахӯр фаъолият намуда истодаанд.

Маркази инкишофи кӯдакон

Дар ноҳия 1 адад кӯдакистони давлатӣ ва 1 адад кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамояд, ки 76  нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтааст.

Баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишу қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2019 таҳти №316 тасдиқ шудааст, дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд, ки 224 нафар кӯдак дар 15 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Таъсиси Маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии № 1, 3, 4, 6, 21,28, 33, 40, 44, 47, 48, 50, 55, 56, ва 61 дар соли таҳсили 2022 ба нақша гирифта шуда, айни замон фаъолият намуда истодаанд.

Ҷилои истеъдодҳо

Ҳамчунин дар ноҳия «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» амал менамояд, ки фаъолияти хуб дорад. Дар ин замина марказ дар дарёфти истеъдодҳо ва тайёр намудани онҳо ба олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ  мусоидат карда истодааст.

Дар асоси Тартиби ташкил ва баргузории олимпиадаи фаннӣ, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28.10.2020, № 14/86 ва фармоиши мудири шуъбаи маориф  аз 14 октябри соли 2022, №113 “Дар бораи гузаронидани даври якум ва дуюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Варзоб”, даври якуми олимпиадаи фанни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз 17 то 22 октябр гузаронида шуд.

Дар асоси дархости пешниҳоднамудаи директорони муассисаҳои таълимӣ ба даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаи фанни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки рӯзҳои 2 ноябр то 4 ноябри соли 2022 дар гимназияи №1 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии умумии 40 ноҳия байни хонандагони синфҳои 5-11 шуда гузашт, 1390 нафар хонандагон аз ин  шумора 733 нафар духтарон иштирок намуданд.

Дар даври ноҳиявии олимпиадаи хонандагон байни хонандагони синфи 11- ум 219 нафар иштирок намуда, аз ин миён 60 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Аз байни 468 нафар хонандагони синфҳои 9 – 10 бошад, 60 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд, ҳамчунин аз 438 нафар хонандагони синфҳои 7 – 8 –ум 63 нафар ба даври минтақавӣ ва аз миёни 265 нафар довталабони синфҳои 5 – 6 ба даври минтақавӣ 45 нафар роҳхат гирифтанд.

Дар умум, тибқи баргузории олимпиадаи хонандагон 228 нафар хонандагони синфҳои 5 – 11 ҷиҳати ширкат дар даври минтақавии олимпиадаи хонандагон роҳхат гирифтанд.

Номбардорони олимпиадаҳои байналмилалӣ

Дар баробари Олимпиадаи даставӣ дар соли 2022 ширкати хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилалии Архимедия “АМС 2022”, Кенгуру ва Менделеев назаррас буда, мутаносибан дар Олимпиадаи байналмилалии Архимедия “АМС  2022”  2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, Олимпиадаи байналмилалии Кенгуру 1 медали нуқра ва Олимпиадаи байналмилалии Менделеев 2 ҷойи ифтихориро сазовор гаштаанд.

Таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ

Бо мақсади иҷрои талаботи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021- 2025 нақашаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст.

Мувофиқи бандҳои барномаи  пешниҳодшуда дар семоҳаи сеюми соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, як кабинети лингафонӣ аз фанни забони русӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, як кабинети фанни химия бо маблағи 60 000 сомонӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68, ки нав сохта ба истифода дода шудааст, 1 кабинети фанни химия ва 1 кабинети фанни технологияи иттилоотӣ  бо маблағи 96 100 сомонӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бо мақсади мустаҳкамгардонии базаи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 170  ҷуфт мизу курсии талабагӣ, 20 ҷуфт мизу курсӣ барои омӯзгорон, 20 ҷевон барои китоб, 20 ҷевон барои либос ва 20 тахтаи синфӣ тақдим карда шуд.

Дар ин росто ба муассисаҳои таълимии №40 аз ҳисоби маблағҳои сарикасии муассиса ба миқдори 72 ҷуфт мизу курсии хонандагон, Гимназияи №1 25 ҷуфт мизу курсӣ барои хонандагон, 10 тахтаи синфӣ, (инчунин ивази 5 дари синфхонаҳо) харидорӣ шуд.

Қадри зар заргар бидонад…

Ҷиҳати қадршиносии заҳмати устодону омӯзгорон ва ҳавасмандгардонии хонандагони фаъол таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар арафаи 29 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Артиши миллӣ – сипари миллат” ва Рӯзи Модар дар як қатор муассисаҳои таълимӣ иншои беҳтарин ва расми беҳтарин дар мавзуъҳои “Биҳишт зери қудуми модарон аст” ва “Модар – олиҳаи ҳусн”, хонандагони муассисаҳои талимии ноҳия иштирок намуда, бо Диплом ва Ифтихорномаи раиси ноҳияи Варзоб сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, бо дастгирии вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иди байналмилалии Наврӯз омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 Холиқова Фотима, Маҷидова Маҳин – омӯзгори муассисаи таълимии №1 ва омӯзгори таълимгоҳи №64 Хоҷаева Сайёра бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таълимии  №7 Ҳаётова Гулғунча,  Ғозиева Маърифат, №28 Бобокалонов Рустам ва №51 Қурбонов Табаралӣ бо Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи раиси ноҳия  сарфароз гардонида шуданд.

Дар баробари ин бахшида ба ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 Азизова Шаҳрбону, №2 Ҳусейнов Сироҷиддин, №11 Мирзоев Қамариддин ва №40  Алиева Бӯригул  бо нишони  Алочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Муассисаи таҳсилоти иловагӣ

Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия, 673 нафар хонанда дар 20 маҳфил  фаро  гирифта  шудаанд. Зиёд  намудани шумораи маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон дар нақшаи кории муассисаи таҳсилоти иловагӣ қарор дорад. Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия дар озмуну намоишҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, бо дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфилҳои «Химикони ҷавон», «Табиатдӯстони ҷавон», «Математикони ҷавон», “Дастони моҳир”, “Попурдӯзӣ”, “Қуроқдӯзӣ”,  “Бофандагӣ” “ Тарроҳ”, маҳфили адабӣ – бадеӣ, “Санъати сухан”, “Рассомӣ”, “Чеварони миллӣ” ва дигар маҳфилҳои гуногун амал менамоянд.

Қобили тазаккур аст, ки бо фармоиши директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” мусобиқаи  ҳарбӣ – варзишии  “Ватанпарвар”  байни  хонандагони  синфҳои 9-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия гузаронида шуд. Тибқи талаботи шартҳои низомнома хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар ин мусобиқа ғолиб баромада, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври минтақавӣ хонадаи синфи 11 Файзуллоева Нозанин дар бахши тирпарронӣ сазовори ҷойи якум , Эҳсони Фарҳод ҷойи сеюм ва Абдуллоев Обид аз бахши турниккашӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Хонандаи маҳфили расомии муассиса Файзуллоева Мутриба дар озмуни ноҳиявӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар мавзуи “Модар – олиҳаи ҳусн” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва бо Дипломи раиси ноҳия қадрдонӣ шуд. Муассиса дар фестивали умумиҷумҳуриявии “Наврӯзи   аҷам” дар боғи фарҳангию фароғатии Ирами шаҳри Душанбе иштирок намуда, сазовори ҷойи намоён гардид.

Дар асоси Низомномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» байни роҳбарони созмони  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия озмуни «Беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон» ва «Беҳтарин роҳбари маҳфили сол» гузаронида шуд. Тибқи талаботи шартҳои Низомнома роҳбари созмони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 Ҳомидов Тоҳир ва роҳбари маҳфили «Дастони моҳир» Анисаи Тағоймурод  дар ин озмун ғолиб омада, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Меҳнат бо фароғаташ хуш аст

Дар  соли 2022 аз ҳисоби Иттифоқи касабаи 46 нафар кормандони  соҳаи маорифи ноҳия 46 нафар омӯзгор барои барқарор намудани саломатиашон бо роҳхат ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ – Хоҷа оби гарм, Зумрад, Баҳористон ва Сангчашма таъмин гардида, инчунин ба 27 нафар омӯзгор ёрии моддӣ ба маблағи 8050 сомонӣ ва ба 64 нафари дигар ба маблағи 13200 сомонӣ мукофоти ҳавасмандгардонӣ расонида шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар назди муассисаҳои таълимии № 1, 3, 4-и ҷамоати деҳоти Варзоб – Қалъа, муассисаи таълимии №28 ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, муассисаи таълимии №44 ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва муассисаи таълимии №55 ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб  майдончаҳои солимгадонӣ бо шумораи 120 нафар хонандагони синфҳои 1-3  аз оилаҳои камбизоат, лаёқатманд ва бепарастор ташкил карда шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 13896 сомонӣ ҷудо гардида бо хӯроки гарми  яквақта фаро гирифта шудаанд.

Идомаи ташаббусҳои созандаву бунёдкорона

Лозим ба зикр аст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои Дашти Ринҷон, Работ, Дашти хорзор, Қулписта-2, маҳалҳои аҳолинишин ташкил карда шуда, инчунин қитъаҳои замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо гардидааст, ки ин мавзеъҳо ба 6 муассиса барои 1440 ҷойи нишаст дар як баст эҳтиёҷ доранд. Сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №31 барои 100 ҷойи нишаст, муассиаи умумии ибтидоии №37 барои 96 ҷойи нишаст идома дорад. Алҳол дар мазеъи Дашти Ринҷон барои сохтмони бинои мактаб  таҳкурсии бино омода шуда истодааст, дар деҳаи Суғдиён бошад, 4 синфхонаи илавгӣ барои 100 ҷойи нишаст ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ҷамоати деҳоти Зиддеҳ идома дорад.

Дар баробари ин бо дастгирии сокинони мавзеи Ҷари сурх ду синфхона сохта ба истифода дода шуд, ки барои барои идомаи таҳсили хонандагон мусоидат хоҳад кард. Маврид ба ёдоварист, ки муассисаи мазкур дар асоси қарори раиси ноҳияи Варзоб ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ табдил дода шуд.

Дар оғози соли нави таҳсил боз як муассисаи тозабунёд дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 бо дастгирии сафорати Япония ва саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иборат аз 8 синфхонаи таълиӣ барои 400 нафар дар ду баст ба фаъолият оғоз намуд.

Бо меҳри Ватан

Албатта, ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ ҷой дорад. Ва бешак, ин нуқсонҳоро танҳо метавон бо бозомӯзӣ ва пайгирӣ аз байн бурд. Вале дар баробари ин, мо – маорифчиёнро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро низ вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Варзобро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолияти суботкоронаамонро идома бахшида, роҳу усулҳои фаъоли самарабахши таълимро ҷустуҷӯ намуда, дар тарбияи насли наврас, ки ояндаи миллату кишвар мебошанд, саҳми арзанда гузошта, дар татбиқи амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатамон ҳиссагузор бошем.

Ғоибзода Саодат Ғоиб,

мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here