“Ҳар миллате, ки ба соҳаи маориф такя мекунад, на танҳо имрӯзи худро, балки ояндаи насли худро месозад.
Ҳамаи пешравию пирӯзиҳои миллат аз мактабу маориф сарчашма мегирад.
Соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад”.
Аз Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар соҳаи маориф дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати моариф ва илми Ҷумуҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва корбарии шабонарӯзии аҳли маорифи шаҳр бо маротиб рушд карда, барои хонандагон дар муассисаҳои соҳаи маориф имрӯз ҳама шароит таълиму тарбия ва илмомӯзи фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ин имкноиятҳо буд, ки дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар озмуну олипиядаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ имрӯз назарас мебошад.
Оид ба дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳри Бохтар хабарнигори МТЖТ бо мудири Шуъбаи маорифи шаҳр Шоиста Абдуназарзода, суҳбати ихтисоси намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда менамоем.
Пояи давлат набошад бе маориф устувор…
Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар фаъолияти худро дар давоми се моҳи соли 2025 тибқи нақша ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Консепсияҳо, дастурҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар се моҳи соли 2025 корҳои зиёде ба анҷом расонид. Таҳия ва ба тавсиб расонидани нақша чорабиниҳо оид ба амали гардидани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иҷро ва амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, назорати раванди таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ, амалӣ гардидани барномаи компютеркунонӣ, бақайдгирии хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ ва ғайраро роҳандозӣ намудааст, ки дар натиҷа сатҳу сифати таҳсилот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ру ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Дастуру супоришҳо саривақт иҷро мешаванд
Ӯ афзуд, ки шуруъ аз моҳи январи соли ҷорӣ ҷиҳати амали гардидани дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳия ва тасдиқ гардида, баҳри иҷро ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд.
Гуфташуд, ки дар тобеияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарт 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 литсей, 1 гимназия ҷамъ 24 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 30551 нафар хонандагон фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1442 нафар хонандагон зиёд мебошанд. Шумораи умумии омӯзгорон 1340 нафар аз ҷумла 1014 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз онҳо 1022 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, ва 318 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият доранд.
Инчунин 19 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ, 3 муассисаи хусусӣ ва 1 адад соҳавӣ таълимии томактабӣ бо фарогирии 3595 нафар тарбиятгирандагон фаъолият намуда истодааст. Барои таълиму тарбияи онҳо 146 нафар мураббияҳо кору фаъолият менамоянд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр бо ҳамшираи тиббӣ, омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ, омӯзгорони мусиқӣ таъмин мебошад. Омузиши фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳама муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар шаҳри Бохтар 16 маркази инкишофи кӯдак бо 34 гурӯҳ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд, ки шумораи умумии кӯдакон 814 нафарро ташкил медиҳад.
Бунёдкориҳо
Шоиси Абдуназарзода афзуд, ки бо сабаби сол то сол зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ва кӯдакони синни томактабию мактабӣ дар шаҳри Бохтар талабот ба ҷойи нишаст ва бунёди муассисаҳои таълимию томактабӣ зурурат пеш меояд. Роҳбарияти шаҳри Бохтар ҳама талошҳои худро баҳри бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав дар шаҳр равона карда, ҳоло аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар назди муассисаи таълимии №6-и шаҳр сохтмони бинои иловагӣ барои 620 хонанда дар як баст ба охир расида корҳои дохили он рафта истодааст. Ҳамзамон дар назди муассисаи таълимии №8 сохтмони бинои иловагӣ барои беш аз 300 хонанда бо маром идома дарад. Қайд карда шуд, ки айни замон дар маҳаллаӣ “Зархез”-и шаҳр сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ барои 100 нафар тарбиятгиранда рафта истодааст.
Ҳамчунин дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 низ сохтмони бинои иловагӣ ба нақша гирфита шудааст.
Қайд гардид, ки дар маҳаллаӣ “Дӯстӣ”-и шаҳри Бохтар аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукумати Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи таълимии замонавӣ барои 2400 хонанда дар ду баст ва дар маҳаллаӣ “Ҳоҷи Шариф” аз ҳисоби шарикони рушт дар масоҳати 3 гектар замин барои 1280 хонанда дар ду баст сохтмони муассисаҳои таълими оғоз карда шавад.
Масъулони МИМҲД-и шаҳри Бохтар ва Шуъбаи моариф дар оянда низ талош мекунанд, ки муассисаҳои таълимию томактабӣ нав бунёд карда, хонандагонро дар шароити бозҳам хубтар ба таълиму тарбия фаро гиранд.
Дастовардҳои хонандагон дар олипиядаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ назарас аст
Қайд кардан ба маврид аст, ки то ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар олимпиадаҳои фаннии мактабачагон даври минтақавӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзида аз ҳисоби хонандагони синфҳои 11, 43 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҷумҳуриявии олимпиядаҳои фаннӣ то ин мудат хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок карда, 14 медали тилло, 16 медали нуқра, 110 медали биринҷӣ ва 13 ҷойи ифтихориро соҳиб шудаанд. Ҷамъ онҳо 140 ҷойро соҳиб шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 23 ҷой зиёд мебошад. Айни замон олипиядаҳои фаннӣ идома дошта, бозҳам дастовардҳои хонандагон зиёд мегардад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар олимпиядаи байналмилалии «Вrainiacs Olimpiad 2025» дар Малайзия иштироки фаъолона намуда, созовори 5 ҷойи сеюм ва 5 ҷойи ифтихори гардидаанд. Дастовардҳои мазкур баёнгари таваҷҷуҳи бештари хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ буда, заминаи хуберо барои иштироки хонандагон дар олипиядаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамзамон аз шумораи 1328 нафар хонандагони синфҳои 11 дар ин давра 764 ва ё 58%-и хонандагон тариқи Маркази миллии тестӣ аз қайд гузаштаанд ва бақайдгирӣ давом дорад.
Омӯзгорон донишу малакаи худро такмил медиҳанд
Масъалаи такмили маҳорати касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф яке аз масъалаҳое мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ милли-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2022 оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017 №357, “Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва дастурҳои раиси вилояти Хатлон аз 8 августи соли 2017 №7-78 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” таъмини тамоми муассисаҳои таълими бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон тибқи нақша дар давраи ҳисоботӣ 85 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ 6 нафар сафарбар гардидаанд, ки 100 %-и нақшаро дар бар мегирад.
Сифати таълиму тарбия дар мади назар аст
Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф дар ин давра 3 Шурои шуъбаи маориф бо баррасии зиёда аз 16 масъала нисбати сифати таълим, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, қонунҳои соҳавӣ гузаронида шуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Инчунин аз тарафи мушовирони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 13 семенарҳои методии дастурдиҳӣ баргузор карда шуд, ки аз манфиат холӣ набуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад ва 35%-и нақшаи солонаро дар бар мегирад.
Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардида буд, пайваста аз тарафи кормандони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат гирифта, дар асоси нақша чорабиниҳо амалӣ гардидани бандҳои он мунтазам кору фаъолият намуда истодаанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот назорат карда шуда, натиҷаи дониши хонандагон марҳила ба марҳила дар асоси ҷамъбасти баҳои ниҳоии хонандагон ба шуъбаи маориф пешниҳод мегардад. Натиҷаи сатҳи донишазхудкунии хонандагон дар охири чоряки сеюми таҳсили 2024-2025 ба 99,8% ва сифатноки ба 60,6 % баробар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3% зиёд мебошад. Ҳамзамон тибқи маниторинги сифати таҳсилот, ки аз ҷониби гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар ҳар як чоряк гузаронида мешавад далели гуфтаҳои болост.
Аниси кунҷи танҳои китоб аст…
Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12.12.2024, №720 ҷиҳати эълон гардидани “Соли 2025 -соли фарҳанги китобхонӣ дар қаламрави вилоят”, Қарори мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 2 январи соли 2025, №12/12 ва қарори раиси шаҳри Бохтар аз 31.12.2024, №820 дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои зертобеи он корҳои назаррасро ба сомон расониданд. Вобаста ба ҷиҳати иҷрои Қарорҳои мазкур фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 30 декабри соли 2024, №120 ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида ҷиҳати иҷро дастраси масъулини муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Ҳаминаст, ки ҳамураза омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба китобхонаҳои вилоятиву шаҳрирафта донишу малакаи худро сайқал дода истоданд.
Қадрдонии омӯзгорону хонандагон
Бо ин мақсад дар давраи таътили зимистона дар муассисаҳои таълимӣ даври аввали санҷиши хондани китобҳои бадеӣ аз тарафи хонандагон бо иштироки падару модарон гузаронида шуд. Дар ин санҷиш 17 ҳазору 594 нафар хонандагон иштирок намуда ба 1082 нафар беҳтаринҳо ва ғолибон туҳфаҳои молию пулӣ супорида шуд. Айни ҳол дар тамоми муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша даври дуюми китобхонӣ идома дошта дар рӯзҳои наздик натиҷагирӣ карда мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 1 марти соли равон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид ва дар ин озмун 7984 нафар хонандагон, 172 нафар омӯзгорон иштирок намуда ба даври дуюми он 1114 нафар хонандагон ва 42 нафар омӯзгорон роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон аз 1 апрели соли равон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” оғоз мегардад.
Бояд зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, рӯзи модар ва таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ кормандони соҳаи маориф чорабиниҳои бошукӯҳ баргузор намуда ҷиҳати иштироки фаъолона ба зиёда аз 114 нафар кормандони соҳа ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.
Таваҷҷуҳи соҳибкорон барои рушди соҳаи маориф зиёдаст
Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри рушди соҳа, муҳаё намудани шароити мусоиди таълим ва тарбия дар се моҳи соли равон дар муассисаҳои таълимӣ бо кумаки шахсони эҳсонкор, соҳибкорони ватанӣ ва аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ бо маблағи зиёда аз 780 ҳазор сомонӣ ашёву лавозимотҳои таълимӣ, таъмиру ивази дару тирезаҳои пластикӣ, барқарорсозии хатҳои об, барқ, сафолакпуш намудани саҳни муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси шаҳри Бохтар ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон дар се моҳи соли ҷорӣ дар 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои болоӣ ва иштироки зиёда аз 1120 нафар хонандагони синфҳои 8-11 вохӯриҳо доир карда шуда ҷиҳати таълим ва тарбияи хонандагон, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, иштироки хонандагон ба ҳамагуна озмуну олимпиадаҳо маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси мудири шуъбаи маориф курси омӯзиши забони англисӣ ва забони русӣ ташкил карда шуда дар он 23 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ҷалб карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар раванди таълим ва тарбия, баргузории семинару машваратҳои методӣ, расонидани ёрӣ ба роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сафарбар намудани кормандони соҳа ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ нақши кабинети методии шуъбаи маориф назаррас буда мувофиқи нақшаи тасдиқгардида фаъолият намуда истодаанд.
Ҳамзамон дар Муассисаи маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф 15 нафар кормандон ва 8 маҳфил фаъолият дорад, ки дар маҳфилҳои марказ 360 нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 корманд ва 50 нафар хонандагон зиёд мебошад. Кормандони марказ дар тамоми чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.
Таъмини хонандагон бо либосҳои ягона
Ӯ қайд кард, ки ҳамзамон, Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар тибқи вобаста ба ҳамкорӣ ва дастгирии корхонаю коргоҳҳои дузандагии ватанӣ ҷиҳати таъмини хонандагону омӯзгорон бо либоси ягонаи тавсиявии мактабии истеҳсоли ватанӣ, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Айни ҳол бастани шартномаҳо бо корхонаю коргоҳҳои дузандагӣ рафта истодааст.
Бунёди ҷомеаи пешрафта аз маориф сарчашма мегирад
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии кишвар ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад.
МТЖТ