Ҳамватанони азиз! бо самимияту эҳтироми бепоён шуморо ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ, бурдборӣ, хонаободӣ, хушиҳои рӯзгор, тинҷию оромӣ ва осмони софу беғуборро таманно менамоям.

Дар давоми 31- соли Истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем ва албатта, дар ин росто, ба дастовардҳои беназир низ ноил гардидем.

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-и асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он чоннисорӣ мекунад.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳди Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир арзёбӣ намудаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 31 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: Ба хотири ҳифзи неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба, саъю кушиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқона Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».

Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии шумо бошад ва якпорчагии Тоҷикистони азиз поянда бод!

Боридигар Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо ҳамватанони арҷманд, муборак бошад!

Бо эҳтирому самимият,

директори коллеҷи техникӣ Холматов Р.Б.

 Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ҳайати кормандони коллеҷи мазкур суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Чӣ тавре, ки гуфта шуд, Муассисаи давлатии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолияти кориашро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдор ба роҳ монда, доир ба ободонӣ, беҳтаршавии сифати таълиму тарбия бисёр корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир, якқатор чораҳои зарури андешида шудааст. Масалан, дар муддати кӯҳтотарин  шаш озмоишгоҳ, барои ихтисосҳои энергетикӣ ва барномасозӣ ташкил карда шуд. Ин озмоишгоҳо барои пешрафти таълим дар ин ихтисосҳо нақши муҳимро мебозанд.

 Аз таърихи коллеҷ

Чунон, ки ба мо иттилоъ дода шуд, Муассисаи давлатии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар заминаи техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани коллеҷи техникӣ дар сохтори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон” аз 17.01.1997, №49 дар сохтори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ташкил шудааст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2009, №555 Муассисаи давлатии коллеҷи техникии шаҳри Душанбе дар натиҷаи якҷояшавӣ бо Муассисаи давлатии коллеҷи политехникии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  номгузорӣ гардид.

Муассисаи таълимӣ дар маркази шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 41 ҷойгир шуда, дорои 3 бинои таълимӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳҳо, хобгоҳҳо бо таъмини тамоми шароити зист барои 1000 ҷойи хоб ва фароғатгоҳ дар дараи зебоманзари Ромит мебошад.

Кадр ва толибилмон

Инчунин, дар коллеҷи техникӣ шумораи умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023 ба 2600 нафар расидааст, ки аз ин ҳисоб 560 нафари онҳоро духтарон мебошанд. Коллеҷ имконият дорад, ки дар як баст зиёда аз 2500 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирад. Барои тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир, зиёда аз 300 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба аз ҷумла, 30 номзади илм машғуланд.

Сохтори коллеҷ

Дар айни замон сохтори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аз 5 факултет, як шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ, як шуъбаи таҳсилоти ғоибона, 14 кафедра бо 59 ихтисос иборат буда, барои пешбурди босуботи раванди таълим, китобхонаи электронӣ ва маркази тестӣ барои қабули имтиҳоноти ҷамъбастӣ фаъолият мекунад. Дар назди коллеҷ шуъбаи истеҳсолӣ-омӯзишӣ амал мекунад ва донишҷӯён имконият доранд, ки дар баробари омӯзиш, инчунин, касбу ҳунарҳои мухталифро азхуд намоянд. Фаъолияти маркази эҷодкорон ва навоварон баҳри ташаккули инкишофи зеҳнӣ ва маҳорати муҳандисии донишҷӯён мусоидат менамоянд.

Коллеҷи техникӣ дар 2 зинаи таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ ва миёнаи касбӣ мутахассис тайёр менамояд. Таълим дар муассиса бо 2 забон: тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Муассисаи таълимӣ мутахассисони соҳаи сохтмон, роҳсозӣ, энергетика ва телекомуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, техникаи тиббӣ, автоматикунонии кори бонкӣ, истифодаи техникии таҷҳизоти неругоҳҳо ва шабакаҳо, радиотехника, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил ва мебелсозиро тайёр менамояд, ки дар бозори меҳнат мавқеи устувор доранд.

Рушди устувор

Лаҳзаи шиносоӣ аз фаъолияти коллеҷ ба маълумоти мо расонида шуд, ки ҷиҳати компютеркунонии раванди таълим дар назди факултетҳо 5 синфхонаи технологияи иттилоотӣ иборат аз 140 компютери ҳозиразамон ташкил дода шуд, ки ҳамаи дарсҳои технологияи иттилоотӣ дар синфхонаҳои мазкур гузаронида мешаванд. Барои баланд бардоштани самаранокии машғулиятҳои лексионию амалӣ, синфхонаҳо бо 42 адад тахтаҳои электронӣ ва 30 адад видеопраекторҳо муҷаҳҳаз гардидаанд. Инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хоричӣ дар коллеҷ синфхонаҳои лингофонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва компютерҳо ҷиҳозонида шудааст.

Тӯли солҳои охир аз тарафи маъмурияти коллеҷи техникӣ озмоишгоҳи замонавии “Физика ва телекоммуникатсия”, “Электроэнергетика”, “Синфхонаи лингафонӣ”, озмоишгоҳи “Истеҳсоли мебел” бо тамоми шароитҳои муосир, синфхонаи компютерӣ барои омӯзишӣ курсҳои муҳосибӣ, ташкили маркази тестии дорои 120-компютер дар бинои асосӣ, ташкили маркази тестии дорои 40 компютер дар бинои таълимии №2, ташкили маркази тестии дорои 60 компютер дар бинои таълимии №3 барои қабули имтиҳонҳо, ташкили марказ тахҷизонидани кафедраҳо бо воситаҳои техникии муосир ба шумор меравад.

Айни замон маъмурияти коллеҷи техникӣ барои таъсис додани озмоишгоҳи “Химия” тамоми корҳоро ба сомон расонида, ҳамаи лавозимотҳо аз қабили рективҳои хушсифат ва дигар асбобу таҷҳизотҳоро харидорӣ намуда, дар рӯзҳои наздиктарин озмоишгоҳро ба истифода қарор хоҳ.

Ҳамкориҳои коллеҷ

Чӣ тавре, ки ба мо маълум гардид, дар коллеҷи техникӣ пеш аз ҳама ба сифати таълим ва донишандӯзии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва пайваста дараҷаи сифати таълим аз тарафи бахши мониторинг ва сифати таҳсилот таҳлил карда мешавад. Барои алоқамандии таҳсил бо истеҳсолот маъмурияти коллеҷ мунтазам, саъю кӯшиш намуда, бо 35 муассисаю корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзӣ шартнома бастааст.

Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо коллеҷи политехникии шаҳри Рязан ва Донишгоҳи давлатии Братски Федератсияи Русия, бо Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии халқии Чин, бо Донишгоҳи Деш Багати Ҳиндустон, бо донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳури Беларус ва даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Корҳои илмӣ-дастурӣ

Чуночӣ, гуфта шуд, маъмурияти коллеҷ маҷмӯи корҳои тарбиявӣ-ташкилӣ, илмӣ-методиро баҳри тарбияи босамари насли наврас, баҳри пешрафти таҳқиқотҳои илмӣ ва ҷалби омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ (инноватсионӣ) сомон медиҳад.

Аз тарафи омӯзгорону кормандони коллеҷи техникӣ дар 10 соли охир зиёда аз 50 китоби дарсӣ, 4000 дастурамали таълимӣ-методӣ ва 10 монография, 250 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда ва зиёда аз 1500 мақолаи илмии дар маводи конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расонидаанд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар коллеҷ асосан 10 самти илмӣ-тадқиқотиро дар бар мегирад. Соҳаҳои тадқиқоти илмӣ ба ҳадафҳои миллии стратегии Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ алоқамандӣ доранд.

Пояи моддӣ-техникии коллеҷ барои иҷрои корҳои илмӣ мусоид буда, дар соҳаи иқтисодӣ, барномасозӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ, энергетикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Созандагӣ

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири омода сохтани шароити муосири таълимӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи бинои куҳнаи садамавӣ сохтмони бинои 8 ошёнаи нави замонавӣ бо маром идома дорад.

Иштирок дар озмун

Дар коллеҷи техникӣ бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технолгия, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯёни шуъбаи таҳсиолоти ибтидоии касбӣ ва зинаи таҳсилоти миёнаи касбии коллеҷи техникӣ, тибқи  нақша-чорабиниҳо  оид  ба дарёфти  донишҷуёни болаёқт, ихтироъкор ва навовар, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва ташаккули ҷаҳонбинию малакаи доншҷӯён маҳфили илмии “Техникони ҷавон” дар коллеҷи техникӣ ташкил шудааст.

5-нафар донишҷуёни аъзои фаъоли маҳфили техникони ҷавон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсия «Ихтирокорӣ ва навоварӣ» бо дастовардҳои худ дар озмуни мазкур иштирок намуданд. Ин донишҷуён барои муаррифии дастовардҳои худ дар самтҳои гуногуни навоварӣ ва ихтироъ дар номинатсия «Ихтирокори ва навоварӣ» иштирок намуданд, ки аз байни онҳо 5-нафари беҳтаринҳо, аъзои фаъоли техникони ҷавони коллеҷ буданд, ба даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсия «Ихтирокори ва навоварӣ» роҳ ёфтанд.

Аз тарафи маъмурияти коллеҷи техникӣ дар бинои таълмии №3 воқеъ дар маҳалаи 46-ум утоқи алоҳида бо таҷҳизотҳои муосир барои ихтироъкорон ва навоварони ҷавон ташкил карда шудааст. Дар он ҷо донишҷуёнро барои иштирок намудан дар озмунҳо, олимпиадаҳо ва маҳфилҳои дохиликоллеҷӣ ва берун аз он, тайёр менамоян. Барои иштирок дар ҷорабиниҳои мазкур, донишҷӯён иштирок меварзанд, ки тибқи барномаи давлатии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Муасиссаи давлатии маркази миллӣ, патенту итиллоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз коллеҷи техникӣ дар Озмун-фестивали ҷумҳриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» 15-нафар донишҷуён дар озмуни иштирок варзиданд. Аз 15-нафари аъзоёни маҳфили техникони ҷавон 6-нафарашон бо дипломҳо ва туфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд: аз ҷумла, Азимов Эҳсониддин Абдувалиевич, Раҳимов Шаҳром Шаҳмуродович, Суфизода Абдушаҳид, Бухориев Ислом ва Муминов Раҳмон қадрдони гардиданд.

Гуфта шуд, ки минбаъд низ коллеҷ сифату таълимро дар мадди аввал гузошта, баҳри пешрафти соҳаи техникӣ дар кишвао саҳми арзандаи худро мегузорад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь