Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерую тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Бахши маорифи шаҳри Леваканд Ниёзалӣ Ашӯрзода низ бо ишора ба ин нуктаи муҳим иброз дошт, ки: “Бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат моаҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки: “Раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд”.

– Дар ин замина Бахши маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакандро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад, – дар тақвияти андешаҳои хеш изҳор намуд Ниёзалӣ Ашурзода.

Дар идома Н. Ашурзода афзуд, ки риояи талаботи ягонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар мадди назари ҳамешагии Бахши маорифи шаҳри Леваканд ва муассисаҳои зертобеи он қарор дорад. Айни ҳол дар шаҳри Леваканд 17 муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи давлатии таълими томактабӣ ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ амал мекунад, ки дар онҳо 812 нафар омӯзгор (аз  ҷумла 576 нафар зан) ба 13734 хонанда таълиму тарбия медиҳанд.

Айни ҳол дар 3 муассисаи давлатии таълими томактабӣ 450 нафар дар 18 гуруҳ ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ 150 нафар дар 6 гуруҳ, ҷамъ 578 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар баробари ин дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд марказҳои инкишофи кӯдак амал менамоянд, ки дар онҳо 762 нафар  кӯдакон таълим мегиранд. Ҳамзамон, як қисми тарбиятгирандагони     Маркази инкишофи кӯдак аз омӯзиши забони русӣ ва англисӣ бархурдор мебошанд. Марказҳои инкишофи кӯдак бо барномаи таълимии «Омодагии пешазмактабӣ барои кӯдакони 5 – 7сола» ва барномаи «Рангинкамон», инчунин адабиёти бачагона, дастурҳои таълимӣ  қисман таъминанд.

Кабинети методӣ

Кабинети методии Бахши маорифи шаҳри Левакант дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон корро дар асоси нақшаи корӣ  ба роҳ монда, баҳри ёрӣ расонидан ва додани дастурҳои методӣ бо директорон, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ, синфҳои ибтидоӣ  семинарҳои доимоамалкунанда доир намуд.

Ҳамчунин, барои дар амал иҷро намудани Қарори Ҳукумати ҶТ оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тибқи “Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар давоми соли 2022” аз ҳисоби кормандони бахши маориф, шахсони роҳбарикунанда ва омӯзгорони фаннӣ дар умум 142 нафар шунаванда равон карда шуд, ки 108%-ро ташкил медиҳад. Аз теъдоди шунавандагони фиристодашуда 38 нафарро омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ташкил медиҳанд.

Омӯзгорону мураббиёни беҳтарини Леваканд

Қобили тазаккур аст, ки ҷиҳати таъмини баҳодиҳии босифат ба фаъолияти иштирокчиёни даври шаҳрии ғолибони озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва “Мураббии соли Тоҷикистон” бо фармоиши мудири Бахши маорифи шаҳри Леваканд ҳайати комиссияи тадорукот таъсис дода шуд. Дар даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори соли Точикистон» ва озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” аз ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию таҳсилоти томактабии шаҳр тариқи дархост омӯзгорону мураббиёне, ки дар даври озмуни муассисавӣ ғолиби ҷойи аввал гардида буданд, ширкат варзиданд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ №14 Фозилова Сумангул сазовори ҷойи якум, Аюбова Бунафша – омӯзгори фанни химияи МТМУ №1 сазовори ҷойи дуюм, Шояқулова Замира – омӯзгори фанни математикаи МТМУ №2 сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Раҳмонова Мавлуда – омӯзгори МТМУ №15 бошад, ба мақоми ифтихорӣ мушарраф гардид.

Ҳамин тариқ аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст дар даври шаҳрии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” мураббии муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №1 Зоирова Тоҷинисо ғолиби  ҷойи  якум  дониста  шуда, бо ғолиби ҷойи аввали озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” Сумангул Фозилова ба даври вилоятӣ роххат гирифт.

Ҳамаи ғолибони даври шахрии озмунҳои  «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва “Мураббии соли Тоҷикистон” бо мукофотҳои соҳавӣ, ифтихорномаҳо ва аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Леваканд бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 Муассисаи таҳсилоти иловагӣ

Дар назди Муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маориф 5 маҳфил – “Мусавварон”, “Шоҳмот”, “Гулдӯзӣ”, “Чакандӯзӣ” ва “Бофандагӣ” амал мекунад, ки дар маҷмуъ 158 нафар хонандаро фаро мегирад. Дар маҳфилҳо баргузории викторина ва озмунҳо дар мавзӯъҳои мухталиф ба ҳукми анъана даромадааст.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодхо

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Бахши маорифи шаҳри Леваканд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои  миллию  фарҳангӣ,  инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғанигардонии захираи луғавӣ,  таквияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни  қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва сокинони шаҳр озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» -ро доир намуд, ки дар он 532 нафар ширкат варзида, аз миёни эшон 27 нафар беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ба ин минвол таърихи 16 ноябри соли 2022 дар касри фарҳанги ба номи Ш.Шоҳини  шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид. Дар ин чорабинӣ Давлатова Шомита аз Литсейи давлатии №1 -и шаҳри Леваканд сазовори ҷойи якум гардида, бо ифтихорнома ва 3000 сомонӣ ва омӯзгораш Хомушова Лайло бо ифтихорнома ва 2000 сомонӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ байни хонандагони синфҳои  5 – 11 24 нафар сазовори медалзои тилло, нуқра, биринҷӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки боиси ифтихор аст.

Ҳамин тариқ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд дар Олимпиадаи байналмилалии “Кенгуру”, озмунҳои “Донояк”, “Хонандаи  беҳтарини соли 2022” ва озмуни Академияи хурди илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар умум соҳиби 47 мақоми ифтихориву дорандаи медал гардиданд.

Инчунин, дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” 120 нафар ширкат варзида, 36 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дастовардҳои хонандагон дар Озмуни минтақавӣ  барои  дарёфти “Ҷоми  раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар соли тахсили 2022-2023 низ назаррасанд. Ин аст, ки хонандаи синфи 9-и Литсейи №1 Саъдуллоев Саъдулло барои соҳиб шудан ба ҷойи аввал бо 4 ҳазор сомонӣ, ва Шералиев Муҳаммад – хонандаи синфи 9-и МТМУ №1 ва Юсуфова Сарвиноз барои гирифтани ҷойи дуюм бо 2 ҳазор сомонӣ ва “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” мушарраф гардиданд. Ҳамчунин, 20 нафари дигар бо ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шуданд.

Қобили тазаккур аст, ки рӯзҳои 14 – 15 октябри соли 2022 дар назди муассисаҳои таълимии №1, 2 даври шаҳрии Олимпиадаи “Ворисони Пешво” байни хонандагони синфҳои 3 – 4 баргузор гардид. Дар ҷамъбаст  15 нафар хонандаи синфҳои 3 ва 15 нафар хонандаи синфҳои 4 ба даври вилоятии Олимпиада роҳхат гирифтанд. Дар ҷамъбасти даври вилоятии олимпиадаи мазкур 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Инҳо Салихова З. аз МТМУ №1 аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи дуюм, Қурбонов Абӯбакр аз МТМУ №2 аз фанни математика сазовори ҷойи дуюм, Ҳамзазода М. аз Литсейи давлатии №1 аз фанни математика сазовори ҷойи сеюм, Нуриддинзода С. аз МТМУ №1 аз фанни забони модарӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ ва Исматова М. аз МТМУ  №1 аз фанни забони модарӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ мебошанд.

Рӯзи 01 ноябри соли 2022 дар МТМУ №15 Олимпиадаи фаннии хонандагони  синфи 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ  баргузор гардид. Дар ин Олимпиада тибқи дархости директорони муассисаҳои таълимӣ 225 нафар ғолибони даври якум иштирок намуданд. Комиссияи тадорукотии олимпиада ба 94 нафар ғолиб барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат дод.

Ба ин минвол дар Олимпиадаи даставӣ байни хонандагон синфҳои 9-10 аз 13 рӯйи фанни таълимӣ 332 нафар ғолибони даври якум иштирок намуда, аз байнашон 90 нафар беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Дар озмуни “Луғатдони беҳтарини соли 2022” аз фанни забони англисӣ бошад, ки рӯзи 5 декабри соли равон доир гардид, 4 нафар – Исрами Ҷумахон аз МТМУ №2 сазовори ҷойи якум, Юсуфов Абӯбакр аз МТМУ №2 сазовори ҷойи сеюм, Гулов Идрис аз Литсейи давлатии №1 сазовори  ҷойи сеюм ва Чӯпонзода Абдулваҳҳоб аз МТМУ №1 сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Талош баҳри фардои беҳтар аз имрӯз

Бе шак новобаста аз баъзе норасоиҳои ҷузъии ҷойдошта Бахши маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакандро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳои фароҳам самаранок истифода намуда, минбаъд низ баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад.

“Дар умум равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд”, – иброз дошт Ниёзалӣ Ашурзода ва ҳамзамон бо итминон илова намуд, ки “рисолати мо кормандони соҳаи маориф дар оянда тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо боқӣ мемонад ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шӯъбаи маорифи МИҲД шаҳри Леваканд сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь