Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур …. суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд карданд, ки «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».

Ҳамзамон, Пешвои миллат зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

 -Лутфан мегуфтед, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чанд мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад ва шумораи хонандагон чанд нафар аст… Инчунин, азхудкунии дониши хонандагон дар кадом поя қарор дорад?

Пешвои муаззами миллат дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ изҳор доштанд, ки дар 31 соли соҳибистиқлолӣ  бунёду таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти  олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия ва раванди таълиму тарбия тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла, «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 ва солҳои минбаъда» ба роҳ монда шудааст.

Бо дарназардошти нуқтаҳои дар боло зикргардида, иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳолати 01-уми сентябри соли 2022 сӣ муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, МД гимназияи ба номи А.Ғуломов, литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, инчунин 5 литсей (литсейҳои хусусии «Роҳнамо», ва “ Адолат”, литсейҳои №1 ва №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва литсейи назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов), муассисаи таҳсилоти умумии назди Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти ибтидоии “Насли навовар”, муассисаи хусусии мактаб – кӯдакистони “КОНТОФИЛД”, Муассисаи таълимии мактаби хусусии “Академияи илмҳои замонавӣ”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази кӯдакону наврасони ноҳия, МД “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” фаъолият доранд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳия новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ соли таҳсили 2021-2022-ро бо натиҷаҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд.

Дар оғози соли таҳсили 2022 – 2023, тибқи ҳисоботи омории пешниҳоднамудаи роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шумораи умумии хонандагони синфҳои 1 – 11-ум 35141 нафар, аз ҷумла 16355 нафар духтарро ташкил медиҳад.

Дар ҷамъбасти соли таҳсили 2021-2022 сифати таҳсилот дар маҷмӯъ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ литсей ва гимназияҳои худуди ноҳия новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба 44,6 % ва азхудкунӣ 98,9 % -ро ташкил дод.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ҷаласаи кории назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе (санаи 01 феврали соли 2022, №1) дар вобастагӣ ба эълон гардидани “Соли рушди сифати таҳсилот” ва “Соли мутолиаи китоб” аз ҷониби бахши маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои муайян анҷом ёфтааст.

Санаи 07 январи соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳия оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот бо директорон  семинари омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуда, ҷанбаҳои гуногуни он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин, ба директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, мудирон ва китобдорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби китобхонӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари хонандагон ба китобхонаҳо, аз ҷумла ба Китобхонаи миллӣ дастурҳои зарурӣ дода шудааст.

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2022, №1090 «Дар бораи Озмуни бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо  медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хатмкардаи синфи 11 аз литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратова Ширинмоҳ бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло,  хатмкардагони синфи 11 аз литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар Беков Иброҳимҷон ва Ҳақназаров Таврин, инчунин Қурбонов Бурхвалӣ – хатмкардаи синфи 11 аз МТМУ назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо аттестати аълои равияи табиӣ – риёзӣ бо медали тилло, хатмкардагони синфи 11 аз МТМУ №10 Умаров Умар, хатмкардаи синфи 11 аз МТМУ №52 Хайриён Сумая ва Ғафуров Муҳаммад хатмкардаи синфи 11-и литсейи хусусии “ Раҳнамо” бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ – гуманитарӣ бо медалҳои тилло   мукофотонида шуданд, ки дастоварди муҳим маҳсуб меёбад.

Қайд кардан лозим аст, ки дар соли таҳсили 2021-2022 чилу шаш нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳия соҳиби аттестати аъло дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) гардиданд, ки назар ба соли таҳсили 2020-2021 ёздаҳ адад зиёд аст.

Дар  ҳудуди ноҳия 32 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 17 буҷавӣ, 1 идоравӣ ва 14 хусусӣ, инчунин, 1 адад Маркази инкишофи кӯдак “Субҳи доноӣ”,хусусӣ) фаъолият менамоянд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6,10,11,26, 62 Марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд.

-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини базаи модди-техникии мактабҳои таҳсилоти миёнаро ҳамасола пурзур менамояд ва ҳам супориши Пешвои миллат аст, ки мактабҳои миёна бо таҷҳизотҳои муосир беш аз пеш муҷаҳҳаз гардонида шаванд… Вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар кадом ҳолат қарор доранд?

– Мутобиқ ба нақшаи солона ва моҳона дар давраи ҳисоботӣ 12 маротиба Шӯрои шуъбаи маориф ва 11 маротиба маҷлисҳои назоратии назди мудир гузаронида шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҷамъбасти машваратҳои январӣ ва августӣ, семинарҳои омӯзишӣ, раванди ташкили таътили зимистона, тобистона ва тирамоҳии хонандагон, раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии буҷетӣ, литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳия новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 2741 адад компютерҳо мавҷуданд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии буҷетии  ноҳия дорои 139 адад принтер, 234 адад тахтаи электронӣ, 233 адад проекторҳо буда, бо шабакаи ҷаҳонии “ Интернет” пайваст мебошанд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-уми апрели соли 2021, №114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” ва амалигардонии “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22-уми июни соли 2021, №367 қабул шудааст,  дар солҳои 2021 ва 2022, 1 адад озмоишгоҳи муҷаҳҳаз аз фанни физика, 1 адад озмоишгоҳ аз фанни химия харидорӣ карда шудааст.

Харидории кабинетҳои фаннӣ ва таъминоти он ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар ҷадвали зерин дарҷ ёфтааст:

т/р  Номгуӣ кабинетҳои фаннӣ Миқдори кабинетҳои фаннӣ Ҷамъ
Соли 2021 Соли 2022  
1  Физика 3 2 5
2 Химия 3 2 5
3 Биология 3 3 6
4 География 5 5 10
5  Математика 5 5 10
6  Технологияи иттилоотӣ 5 4 9
ҶАМЪ: 24 21 45

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, марҳила ба марҳила дар солҳои минбаъда низ Барномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

-Инчунин, ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбат дар хусуси маркази инкишофи кӯдакон сухан гуфта, аз ҷумла, афзуд:

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар маҷлиси назоратии назди мудир бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҷиҳати амалигардонии он корҳои муайян ба анҷом расидааст.

Дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 6,11,26,62,10 тибқи нақша Маркази инкишофи кӯдакон ташкил карда шуда, дар маҷмӯъ дар 6 гурӯҳ зиёда аз 120 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудааст.

Ҳамасола баҳри омода намудани кӯдакон ба мактаб дар муассисаҳои таълимии  ноҳия дар моҳҳои июл, август гурӯҳҳои омодагии пешазмактабӣ тибқи БАРНОМА ташкил ва машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Сол аз сол заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия мустаҳкам мегардад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия доимо бо оби ошомиданӣ, гармӣ, барқ ва таҷҳизоти ошхона таъминанд.

Барои таъмир ва азнавсозии майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар соли 2022 маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуда, тибқи нақша корҳо анҷом гардид.

Мураббияҳо ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия тибқи нақша аз курсҳои такмили ихтисос ва аз аттестатсия мегузаранд.

-Оид ба дастур ва усулҳои таълиму тарбия дар соли 2022 шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ чӣ корҳоро ба сомон расонид?

-Санаҳои 05 то 07 январи соли 2022 дар гимназияи ба номи А.Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, литсейи №1 ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва №34 машваратҳои январии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳия ташкил ва баргузор гардид.

Дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 26.07.2022, № 105/2-2 «Оид ба ташкил ва баргузор намудани машваратҳои августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе» ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 01.08.2022, №89-А «Доир ба ташкил ва баргузории машваратҳои августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ» рӯзҳои 16 ва 17 августи соли 2022 семинар – машварати омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва №10 баргузор гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ кабинети методии шуъбаи маориф 10 маротиба дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,4,6,8,10,26,34 ва 52 бо муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ семинарҳои дастурдиҳӣ вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабинӣ, омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 25.02.2022, №86 оид ба баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”, аз 25.02.2022, №85 дар бораи озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, тарзи дурусти таҳияи ҳуҷҷатгузорӣ дар иттиҳодияҳои методии фаннӣ баргузор карда шуданд.

Ҷиҳати амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-  эълон намудани солҳои 2020-2040” аз ҳисоби омӯзгорони дорои таҷрибаи пешқадами педагогӣ гурӯҳи таблиғотӣ ташкил карда шудааст. Омӯзгорони мазкур “Дарсҳои кушод”, семинар ва  конференсияҳо ташкил намуда, аз тарафи омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявию соҳавӣ мақолаҳои методию таълимӣ ба чоп расидааст.

Таҳким бахшидани заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ, таъмини он бо маводи таълимию методӣ ва технологияи компютерӣ зери назорати ҳамешагии маъмурияти муассисаҳои таълимӣ қарор дорад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4,6,8,9,10,11,26,34,44,52,62 ва МД гимназияи ба номи А.Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар онҳо озмоишгоҳҳои фаннӣ мавҷуд мебошанд, корҳои амалии дарсҳои физика, химия, биология, география гузаронида мешаванд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022, №АП-155 “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040”, санаи 16-18 апрели соли 2022 дар муассисаҳои таълимӣ ва моҳи майи соли 2022 даври ноҳиявии озмуни мазкур миёни хонандагон ва омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор карда шуд.

-Иштирок ва ҷалби омӯзгорону хонандагон дар озмунҳои касбӣ ва фаннӣ чӣ гуна аст?

-Аз ҳисоби хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар даври якуми озмун 2658 нафар иштирок намуда, 403 нафар ғолибият ва ҳуқуқи иштирок ба даври ноҳиявиро ба даст овардаанд.

Ҷиҳати муаяйн намудани сатҳи дониши касбӣ ва дарёфти омӯзгорони навовару соҳибкасб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол – 2022” ташкил ва баргузор шуда, Оддиева Фарангис омӯзгори фани забони англисии МД гимназияи ба номи А.Ғуломов ғолиб дониста шуд ва барои иштирок дар даври шаҳрии озмуни мазкур ҳукӯқ пайдо намуд.

Мусоева Моҳира омӯзгорони фанни география аз МДТ Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе гирандаи “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2022 гардидааст.

Ба даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ғолибони ҳафт нафар ҷойҳои намоёнро, аз ҷумла, ду нафар ҷои дуввум ва панҷ нафар ҷои саввумро ишғол намуданд…

Ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз рӯйи номинатсияҳо барои иштирок ба даври шаҳрии озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” пешниҳод гардиданд.

Дар санаи 3- юми ноябр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ғолибон, омӯзгорон ва аъзоёни ҳакамон бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо, дипломҳо ва бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар даври шаҳрии озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар МД “МКН”-и шаҳри Душанбе санаҳои 8-9 ноябр иштироки 18- нафар хонандагон- ғолибони даври ноҳиявии озмун аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия таъмин карда шуд.

-Дар хусуси иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо мегуфтед, чанд нафар иштирок намуданд ва чӣ ҷойҳоро ишғол карданд?

-Дар соли таҳсили 2021-2022 дар даври дуюми олимпиада (ноҳиявӣ) 2490 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳия сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ иштирок намуда, 501 нафари онҳо ба даври шаҳрӣ (сеюм) роҳ ёфта, иштироки фаъол намуданд.

Дар даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар моҳҳои апрел -майи соли таҳсили 2021-2022, 310 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона ширкат варзида, 180 нафар ғолибият ба даст оварданд. Дар маҷмӯъ, 44 нафар ғолиби ҷойи аввал, 45 нафар ғолиби ҷойи дувум ва 91 нафар ғолиби ҷои сеюм гардиданд, ки 192 нафари онҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 61 нафар аз литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳияро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба зиёд намудани шумораи олимпиадаву озмунҳои зеҳнӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони онҳо, амру қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №13/25, Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мутобиқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти №120-А аз 26.10.2022 оид ба ташкил ва гузаронидани даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фанни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз санаи 4 то 7-и ноябри соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фанни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкил ва баргузор гардид, ки 3162 нафар хонанда иштирок намуданд, ки нисбати соли гузашта 700 нафар хонанда бештар мебошад.

Аз ин шумора 698 нафар хонанда сазовори ҷойҳои намоён дониста шуданд, ки нисбати соли гузашта 197 нафар зиёд мебошад.

-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ махсус таъкид месозанд, ки наврасону ҷавонон бештар забонҳои хориҷиро азхуд намоянд… Мегуфтед, ки раванди забономӯзӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёна чӣ гуна бароҳ монда шудааст?

-Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон дар кишвар дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд.

Ба шарофати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ тоҷикзабонон бо адабиёт ва фарҳанги ин миллатҳо низ шиносоӣ пайдо мекунанд. Адабиёт вазифаи муҳими ташаккули завқи зебоипарастии наврасону ҷавононро ба уҳда мегирад. Дар доираи фанҳои “забони русӣ” ва “забони англисӣ” чун анъана алоқаи байнифаннӣ бо мусиқӣ, расмкашӣ, меъморӣ, кино, театр ташаккул меёбад. Омӯзиши адабиёт бо ин забонҳо дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи рушди умуми инсонпарвариро фаро мегирад ва маҳз дар ҳамин бартарии бебаҳси он ифода меёбад.

Ва бояд ёдовар шуд, ки сатҳи забономӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хеле баланд буда, тамоми шароитҳо низ барои хонандагон фароҳам мебошад.

Ҳамзамон, сатҳу сифати таълиму дониш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ назаррас мебошад. Далели ин гуфта аз он шаҳодат медиҳад, ки гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 нафар буда, 28 нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори гирифтани стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошанд, ки дастоварди муҳим дар самти баландбардории сатҳу сифати дониши хонандагон, ҳавасмандгардонии онҳо арзёбӣ мегардад.

-Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ чанд нафар мебошанд ва чанд нафари онҳо барои идомаи таҳсил ба макотиби олӣ ҳуҷҷат супориданд?

-Тибқи маълумоти оморӣ шумораи умумии хатмкунандагони синфҳои 11 дар анҷоми соли таҳсили  2021-2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳия новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1870 нафарро ташкил дода, 1404 нафар барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти  миёна ва олии  касбӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат  супоридаанд.

-Дар муассисаҳои таълимии ноҳия чанд нафар омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯянд? Инчунин, таъминот бо китобҳои фаннӣ ва ихтисосӣ дар кадом поя қарор дорад?

-Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии буҷетии ноҳия, тибқи ҳисоботи омории оғози соли таҳсили 2022-2023-юм 1232 омӯзгорон, аз ҷумла 950 нафар зан фаъолият менамоянд, ки 1020 нафари онҳо бо таҳсилоти олӣ,170 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 40 нафар миёнаи махсус (касбӣ) фаъолият менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи маориф ба миқдори 49600 адад китобҳо ва дигар маводи таълимию методӣ ба маблағи 943223,13 сомонӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия тақсим карда шудааст.

-Ҷиҳати таъмиру бунёди мактабҳо ва ободонӣ дар ноҳия дар соли 2022 чӣ корҳо ба сомон расидааст?

-Санаи 31 августи соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Баъди азнавсозӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 01-уми сентябри соли 2022 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 литсейи №5- и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифта, инчунин муассисаи таҳсилоти томактабии №5- и ноҳия баъди азнавсозӣ ба фаъолият оғоз кард.

Корҳои сохтмонӣ барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №53, муассисаи таҳсилоти томактабии №40 идома дорад.

Бо дастгирӣ ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар давраи таътили тобистонаи хонандагон ва дар арафаи оғози соли таҳсили 2022-2023 ҷиҳати таҷлили сазовори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии буҷетӣ, гимназияи ба номи А.Ғуломов бо маблағи умумии 3540586 ҳазор сомонӣ, 17 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷетии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо маблағи умумии 1071155 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2021, №609  “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳол- шинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе”, амри раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 24 ноябри соли 2021, №99 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои корӣ оид ба иҷрои корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ вобаста ба ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати табдил додани пойтахти мамлакат ба“Шаҳри гулрез” дар мавсими кабидизоркунии тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ” дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия маъракаи дарахту ниҳолшинонӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1067 адад дарахт шинонида шудааст.

Инчунин, 103 578 ҳазор адад гулҳои гуногун, аз ҷумла 16104  адад гулҳои мавсимӣ, 43389 адад гулҳои бисёрсола, 21985 адад қаламчаи гули садбарг, 22100 адад гули лола шинонида шудааст.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 апрели соли 2019, № 203 ва  қарори раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 12 августи соли 2022, № 291 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” муассисаи таҳсилоти томактабии №45 дар миқёси шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 сазовори ҷойи сеюм гардид.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯшиш мекунад фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба роҳ монда, дар пешрафту тараққиёти кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

Зеро, бузургонамон фармудаанд:

Пояи давлат набошад бемаориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Мусоҳиб:

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь