Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор дар давраи ҳисоботи ҷамъбастӣ фаъолияти худро мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Низомномаи шуъбаи маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф фаъолияти мунтазам дорад ва баҳри таъмини иҷрои нақшаи таҳрезӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Сангинов Ҳусниддин суҳбат анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Фарогирӣ ба таълим
Мавсуф дар ҷараёни суҳбат изҳор ддошт, ки дар соли таҳсили 2024 – 2025 мутобиқ бо нақшаи таълимӣ дар 59 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равияҳои табиӣ–риёзӣ, ҷамъиятию гуманитарӣ ва равияи умумӣ дар синфҳои 5- 11, дар маҷмӯъ 288 синф, 7110 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 136 муассисаи таҳсилоти умумӣ, гимназияю литсейҳои шаҳр 85786 – нафар хонандагон (41008 нафар духтарон) ба кори таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Имтиёз ба омӯзгорон
Ҳамзамон, номбурда афзуд, ки шуъбаи маориф доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар шаҳр, ҳамкорӣ бо сохторҳои марбути соҳа ҳамасола кор бурда, дар соли 2024, 6 нафар мутахассисони ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок муроҷиат намуданд ва бо маблағ таъмин карда шуданд.
Инчунин, дар ҳамин баробар тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2015, № 426 аз 1-уми сентябри соли 2015 барои мутахассисони ҷавон 10 % иловапулӣ муқаррар карда шуд, ки алҳол 468 нафар мутахассисони ҷавоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд, аз ин имтиёз бархурдор гашта истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 5 нафар омӯзгорони ҷавон барои таъмин ба замини наздиҳавлигӣ дархост ба шуъбаи маориф ирсол гардида, доир ба таъмин кардани мутахассисони ҷавон бо замин аз ҷониби шуъбаи маориф ба сохторҳои марбут ба ин самт тариқи хаттӣ муроҷиат карда шудааст.
Дар соли 2024 тибқи маълумотномаҳои оморӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, гимназияю литсей 4417 омӯзгорон, маълумоти олӣ 2737, маълумоти миёнаи омӯзгорӣ 1359, маълумоти олии нопурра 321 ва дар дигар бахшҳо кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Шуъбаи маориф масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгориро дар соли хониши 2024-2025 таҳлил намуда, тибқи дархости роҳбарони муассисаҳои таҳсилот умумӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 60 нафар омӯзгорони фаннӣ дархост пешниҳод намуд. Дар натиҷа аз ҳисоби хатмкунандагони донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ барои таълимгоҳҳои шаҳр Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи роҳхат дар моҳи августи соли ҷорӣ 94 нафар мутахассисони ҷавонро тибқи рӯйихат пешниҳод намуд. Дар давраи ҳисоботи ҷамъбастӣ 63 нафар мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Ҳамзамон зикр бояд намуд, ки дар ин давра шуъбаи маориф ҳамкорӣ бо донишкадаҳои олӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 нафар донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавии бахшҳои 4-5 тариқи шартнома бо кори доимӣ таъмин карда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Бояд қайд кард, ки аз 844 нафар омӯзгороне, ки соли 2024 барои аз аттестатсия гузаштан ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд, 111 нафар ба дараҷаи тахассуси олӣ, 163 нафар дараҷаи тахассуси 1-ум, 189 нафар дараҷаи тахассуси 2-юм бардошта шуда, 110 нафар дар дараҷаи тахассуси олӣ, 235 нафар дар дараҷаи тахассуси 1-ум, 36 нафар дар тахассуси 2-юм мононда шуданд.
Ҳамзамон тибқи нақшаи корӣ дар моҳи декабри соли гузашта 58 нафар омӯзгорон барои гузаштан аз аттестатсияи навбатӣ ба комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф ҳуҷҷат пешниҳод намуда, 23 нафар дараҷаи тахассуси олӣ ва 35 нафар ба дараҷаи тахассуси 1-2 дода шуд.
Корҳои методӣ ва бозомӯзӣ
Инчунин, мавсуф тазаккур дод, ки дар ҷамъбасти соли 2024 аз тарафи кабинети методии шуъбаи маориф дар асоси нақшаи корӣ ба маъмурият ва ҳайати омӯзгорони 84 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ёрии методӣ расонида, дар ин давра таҷрибаи педагогии 7 -нафар омӯзгорони таълимгоҳҳои шаҳр ва 2-нафар мураббияи кӯдакистон омӯхта шуда, тавассути маҷаллаи “Маорифи Ҳисор” паҳн карда шуд.
Дар ин давра дар 100 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, гимназияю литсей ва муассисаҳои томактабӣ 672-иттиҳодияҳои методии дохилимуассисавӣ фаъолият доранд, ки дар машғулиятҳои ҳармоҳаи онҳо зиёда аз 4000-нафар омӯзгор ва мураббиён ширкат намуданд.
Инчунин, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузории озмуни “Муаллими сол” фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 04.03.2024, №56 ба тасвиб расида, ба диққати роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ расонида шуд. Қайд бояд намуд, ки моҳи марти соли гузашта даври якуми озмуни “Муаллими сол” дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр баргузор гардида, ғолибон ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шудаанд. Баъд аз ҷамъбасти озмуни “Муаллими сол” даври дуюм, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 Ҷурабойева Сулҳия аз фанни технологияи иттилоотӣ дар сатҳи минтақавӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.
Натиҷаи олимпиадаҳои фаннӣ
Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон иттило дод, ки дар ҷамъбасти соли 2024 тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 05.02.2024, №36 “Дар бораи баргузории олимпиада доир ба Шоҳмот” рӯзи 7.02.2024 байни хонандагони то синни 16 гузаронида шуд, ки дар он 50-нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳр фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа 12-нафар ғолиб омада, барои иштирок ба даври минтақавӣ роҳҳат гирифтаанд.
Ҳамзамон тибқи фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.01.2024, №68 “Дар бораи баргузории даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-11” даври мактабии олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуд.
Аз шаҳри Ҳисор дар олимпиадаи фаннӣ дар маҷмуъ зиёда аз 450-нафар хонандагони синфҳои 5 ва 11 иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада маълум гардид, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор сазовори 201 ҷойҳои якум, дуюм , сеюм ва 48 ҷойҳои ифтихорӣ гардида, дар минтақа сазовори ҷойи аввал гардиданд ва 201 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, МТМУ 58 ҷой, гимназияи №1, 7 ҷой, литсейи ба номи Собири Шоҳонӣ 1 ҷой, Мактаби Президентӣ 63 ҷой ва литсейи Ҳотам ва ПВ- 72 ҷойро соҳиб гардиданд. Аз 201 нафар иштирокчиёни даври Ҷумҳуриявӣ 99 нафар сазовори ҷойҳои 1, 2, 3-юм гардиданд, ки байни шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷойи аввал ва дар сатҳи ҷумҳурӣ шаҳри Ҳисор мақоми дуввумро сазовор гардид.
Инчунин дар олипиадаҳои байналмилалӣ хонандагони шаҳри Ҳисор фаъолона иштирок намуда, дар олипиадаи байналмилалии “IZHO – 2024”, ки дар давлати Қазоқистон баргузор гардид, хонандагони филиали литсей-интернати Ҳотам ва ПВ сазовори 6 адад медал гардиданд. Ҳамзамон дар моҳи марти соли 2024 дар олипиадаи ҷаҳонии “СМО -24” , ки дар Русия баргузор гардид, хонандаи синфи 9-и филиали литсей-интернати Ҳотам ва ПВ Сафаров Олимҷон дар байни хонандагони 55 давлати дунё сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медали биринҷии олипиадаи ҷаҳонӣ сазовор гардид.
Дар маҷмӯъ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ сазовори 57 медал гардидаанд.
Инчунин дар соли таҳсили 2024-2025 дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 25.10.2024, №353 бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2022, №13/33-52 оид ба гузаронидани Олимпиадаҳои хонандагон аз фанҳои таълимӣ: забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забони давлатӣ, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, риёзӣ, физика, химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ дар соли хониши 2024-2025 дар рӯзҳои 04, 07, 10 ва 17 ноябри соли 2024 дар муассисаҳои №1,2,5 ва 10-и шаҳр олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 4400 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди шаҳр иштирок намуданд.
Ба даври минтақавӣ (даври сеюм) 489 нафар хонандагон роҳхат гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси низомнома зиёда аз 450 нафар хонандагон ба даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд, ки шаҳри Ҳисорро муаррифӣ намуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Ҳамзамон, дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 19.11.2024, №383 рӯзи 27.11.2024 олимпиадаи “СПЕЛИНГ БИ” баргузор гардид. Дар он 97 нафар хонандагон дар шаҳри Ҳисор иштирок намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаи СПЕЛИНГ БИ 12 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилотии №8,11, 83, Гимназияи №1, Мактаби Президентӣ ва литсейи “Ҳотам ва ПВ” иштироки фаъолона намуда, ба даври минтақавии олимпиадаи мазкур роҳхат гирифтанд.
Дар ҳамин баробар дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 28.11.2024, №389 рӯзи 05.12.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Ҳисор дар асоси талаботи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистоон аз 26.01.2018, №02/03 оид ба гузаронидани Олимпиада дар риштаи шоҳмот байни хонандагони то 16 сола даври дуюми олимпиада (шаҳрӣ) гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси Низомнома дар ду даста аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ҳисор 8 нафар писарон ва 4 нафар духтарон ба даври сеюм (минтақавӣ) роҳхат гирифтанд.
Кабинетҳои фаннӣ
Номбурда қайд кард, ки доир ба рафти амалишавии “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар маҷмӯъ ба ҳолати имрӯза дар таълимгоҳҳои шаҳр 416 кабинети фаннӣ фаъолият дошта, аз ин шумора 326 кабинет дар ҳолати хуб муҷаҳҳазонида шудааст.
Тибқи талаботи Барномаи мазкур дар солҳои 2021–2025 дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр таҷҳизонидани 247 кабинетҳои фаннӣ, инчунин таҷҳизонидани 3 озмоишгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст…
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2024-2025 дар маҷмӯъ 25 кабинетҳои фаннӣ таъмин карда шуд.
Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор тасмим гирифтааст, ки соли таҳсили 2024 -2025 ҷиҳати иҷроиши барномаи мазкур тибқи бандҳои нақша чорабиниҳои шуъба зина ба зина кор бурда, дар ҳолати пайдо шудани имкониятҳои мавҷуда кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳоро таҷҳизонад.
Квотаи Президентӣ
Мавсуф афзуд, ки дар соли 2024 барои шаҳри Ҳисор ҳамагӣ 21-ҷой, аз ҷумла барои писарон 10-ҷой ва барои духтарон 11-ҷой муқаррар карда шудааст.
Доир ба баргузории озмуни Квотаи Президентӣ фармоиш ва нақша – чорбиниҳои шуъбаи маориф аз 29.03.2024, №82 таҳия гашта, ба диққати директорони муассисаҳои таҳсилотӣ дар семинари доимоамалкунандаи директорони муассисаҳо баррасӣ карда шуда, оид ба ин масъала тавсияҳо дода шуд.
Мутобиқ ба банди 9-и “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” комиссия бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор ба тасвиб расид.
Тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф то 12.02.2024 даври якуми озмуни “Квотаи Президентӣ” дар муассисаҳои таълимии шаҳр ҷамъбаст гардида, даври дуюми баргузории озмуни Квотаи Президентӣ санаи 07.04.2024 ҷамъбаст гардид. Даври ниҳоии озмуни “Квотаи Президентӣ” дар Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон гузаронида шуда, 20 нафар хатмкунандагон сазовори номи донишҷӯй шуданд.
Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ
Дар идомаи суҳбат номбурда зикр кард, ки шуъбаи маориф дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ғанӣ сохтани базаи моддию техникии муассисаҳо, баҳри баланд бардоштани савияи дониши илмӣ- методии омӯзгорон бо ташкилотҳои байналмилалӣ пайваста кор бурда истода, таи чанд соли охир бо Асотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти “Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд” кор бурда истодааст.
Аз ҷумла, дар ин давра дар муассисаҳои таҳсилотии №2, 3, 5, 12, 15, 24 ва 52, дар маҷмӯъ дар 7-гуруҳ 132 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилотии №8, 14, 17, 22, 37, 41, 61, 109, 127, 128, ва 142 кӯдаконе, ки гирифтори бемориҳои гуногун мебошанд, ки дар маҷмӯъ 28 -нафарро ташкил мекунанд, ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар соли равон шуъбаи маориф баҳри баланд бардоштани савияи дониши илмӣ-методии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ тавассути лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” пайваста кор бурда, тибқи нақша аз моҳи январи соли ҷорӣ омӯзгорони синфҳои ибтидоии таълимгоҳҳои шаҳр зина ба зина аз курси такмили ихтисос гузаронида шуда, муассисаҳои таҳсилотии шаҳр маводҳои таълимии ройгон таъмин карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон баҳри густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ корҳои сохтмон, таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабии зерин, № 1, 2, 3, 4, 6, 7, 8. Боғчаи кӯдакона дар ҷамоати шаҳраки Ҳисор, боғчаи кӯдакона дар ҷамоати шаҳраки Шарора ва ҷамоати деҳоти Ҳисор ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома дорад. Дар ҳамин раванд шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, падару модарон ва шахсони саховатпеша сохтмони бино ва синфхонаҳои илогавии муассисаҳои таҳсилотии: №36, 57, 16, деҳаи навбунёд, 39, 124, 36 ва ҳамзамон синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои №71- 4-синфхона, №19- 8-синфхона, №33- 2-синфхона, №30- 4- синфхона, №95- 2-синфхона, №13о- 4 синфхона, №21- 4-синфхона, №72- 4-синфхона, №69- 2-синфхона, №132- 4-синфхона, №29- 3-синфхона, №90- 2-синфхона, №28- 4 -синфхона, 1 –утоқи қорӣ, №141- 4-синфхона, №87- 8-синфхона ва 1 толор сохта ба истифода диҳанд ва корҳо дар ин самт қисман анҷом ва қисман идома доранд.
Инчунин, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар ҷамъбасти соли 2024 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 муассисаи таълимӣ 66 синфхона бо тамоми таҷҳизоту шароитҳои муосир таъмин карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар назди муассисаҳои таҳсилотии шаҳр дар маҷмӯъ 118 га замин мавҷуд буда, аз ин теъдод 42 га замини боғ ва 76 га замин ҳамчун замини корам истифода бурда мешавад.
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Чунончи, гуфта шуд, мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2024, №АП-440, қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 18.01.2024, №18 ва фармоиши шуъбаи маориф аз 24.01.2024, №24 “Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба муассисаҳои таҳсилотии шаҳр дастрас карда шуд.
Озмун дар асоси Низомномаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи 6 номинатсия ба роҳ монда шуда, даври аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилотӣ аз 2 то 14 моҳи март гузаронида шуд. Дар даври аввали озмун 15245 нафар аз ин теъдод 11669 нафар духтарон иштирок намуда, ба даври шаҳрӣ 2062 нафар, аз ин теъдод 1621 нафар духтарон ва дар даври минтақавӣ 72 нафар роҳхат гирифта, 67 нафар иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ 25 нафар, аз ин теъдод 16 нафар духтарон дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Дар даври ниҳоии озмун 1 нафар хонандаи синфи 3-и МТМУ №34 Наимова Нодира аз рӯи номинатсияи адабиёти класикии тоҷик байни хонандагони синфҳои 1-4 сазовори ҷой аввал гардида, ба 5 нафар иштирокчиёни озмун барои иштироки фаъолона бо маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
“Илм- фурӯғи маърифат”
Дар фарҷоми суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2024, №АП- 481, мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 07(46).02.14 аз 17.01.2024, қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 18.01.2024, № 19 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 31.01.2024, №31 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба тасвиб расида, мутобиқ ба Низомномаи озмун дар муассисаҳои таълимии шаҳр аз рӯйи 7- наминатсия дар моҳи апрел даври аввали озмун баргузор карда шуд. Дар даври аввали озмун 7112 нафар иштирок намуда, ба даври шаҳрӣ 2178 нафар роҳхат гирифта, дар даври шаҳрӣ 738 нафар иштирок намуда, 114 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври минтақавии озмун 85 нафар аз ин теъдод 50 нафар духтарон иштирок намуда, 37 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ 35 нафар иштирок намуда, 11 нафар хонандагон ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ созовор гардида, бо ҷоиза ва туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ин гуна нишондодҳои назаррас аз он шаҳодат медиҳанд, ки омӯзгорон баҳри пешрафти маориф ва омӯзондани шогирдон талошу заҳмат кашида истодаанд ва албатта, боз ҳам талош хоҳем кард, ки нишондодҳо аз ин бештар гарданду дониши хонандагон афзунтар гардад, зеро беҳуда нагуфтаанд, ки пояи давлат набошад бе маориф устувор…
Шаҳзода АШУРАЛИЕВА,
МТЖТ