Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Бахтиёр Шарифзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки аз ҳар вақта бештар баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем.
Номбурда изҳор дошт, Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара фаъолияти худро дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои рисолати хеш – рушди соҳаи маориф ва тарбияи дурусти насли наврас ба роҳ модааст. Тавре аз муҳтавои Паём бармеояд, дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хоса дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара ин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро сармашқи кори худ карда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо, аз қабили норасоии кадрҳои ихтисосманд, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, такмил ва таълими омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, дуруст ба роҳ мондани таълими фанҳои табиӣ ва риёзӣ, технологияи муосир дар соли 2021 як қатор корҳо ба анҷом расонида аст.
Номгӯи муассисаҳои таълимӣ
Ҳамзамон, ҳамсуҳбати қайд намуд, ки санаи 1. 09. соли 2022 Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи Дониш баромад намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид.
Албатта, ин нуктаҳои созандаро Пешвои миллат дар оғози соли хониши нав баён доштанд ва ин моро водор месозад, ки баҳри пешрафти соҳаи маориф аз ҳама имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоем.
Бояд ёдовар шавем, ки дар ноҳияи Данғара 85 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 68 МТМУ, 9 МТУА, 1 МТ ибтидоӣ, 1 гимназияи ҷумҳуриявӣ, 1 Литсейи тамоюли техникӣ ба номи “Афлотун”, 1 Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат, 4 кӯдакистон: бо фарогирии 43557 хонанда фаъолият менамояд. Инчунин, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия амал мекунанд.
Базаи кадрӣ
Мавсуф иттилоъ дод, ки шумораи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ 2124 нафар буда, 315 нафар омӯзгори ҷавони то 35 (15%), 128 нафар омӯзгорони аз 63 боло (6,0%) , 1681 нафар омӯзгорони синни миёна мебошад, ки 79% -ро ташкил медиҳад.
Ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои роҳбарикунанда, ки собиқаи то 5 сол 29 нафар (36 %), то 10 сол 42 нафар (52%), то 11 ва зиёда аз он 10 нафарро (12%) ташкил медиҳанд. Ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо муовинони бахши таълиму тарбия таъмин мебошанд.
Ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар асоси нақшаи муассисаи давлатии филиали Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ш. Кӯлоб ва ш. Душанбе пурра аз курсу семинарҳо гузаронида шудаанд.
Дастовардҳо ва маҳфилҳои созанда
Номбурда ҳамчунин тазаккур дод, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар бинои назди шуъбаи маориф фаъолият намуда, дорои 2 ҳуҷраи корӣ, 11 воҳиди корӣ буда, мустақилияти молиявӣ дорад. Дар Марказ 4 маҳфил: маҳфилҳои химия, география, физика ва технологияи иттилоотӣ дар назди муассисаҳои № 2, 8, 39 амал мекунад. Шумораи умумии аъзоёни маҳфил 72 нафарро ташкил медиҳад.
Дар соли таҳсили 2021-2022 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 184 медал, аз ҷумла 26 медали тилло, 65 медали нуқра, 93 медали биринҷӣ гашта, дар ҷумҳурӣ дар ҷойи дуюм, дар вилоят бошад дар ҷойи якум қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки аз ин шумораи медалҳо, ки зикр кардем, 117 медалашро дастпарварони мактаби Президентии ноҳия ба даст овардаанд.
Имсол 3-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия муассисаро бо аттестсати аъло ва медали тилло хатм намуданд, ки ба хонандагон, роҳбари синф, директор ва волидайни онҳо аз тарафи шуъбаи маориф бо ифтихорномаҳо ва аз фонди захиравии раиси ноҳия ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ ва бо сипосномаи раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Танҳо, дар давоми соли таҳсили 2021-2022, 67 нафар хонандагон бо гирифтани идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар хонандагон бо гирифтани идрорпулии раиси вилояти Хатлон ва 110 нафар хонандагон бо гирифтани идрорпулии раиси ноҳия сазовор гаштанд.
Дурнамо
Ҳамзамон, мавсуф зикр намуд, ки дар таърихи рӯзи 12.08.2022 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, муовини соҳавии раиси ноҳия Абдуллозода Фариза, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, собиқадорони соҳаи маориф иштирок намуданд. Баъд аз ҳисоботи солонаи мудири шуъбаи маорифро шунидан, раиси ноҳия баромад намуда, ба ҳозирин барои дар сатҳи хуб ҷамъбаст намудани соли таҳсили сипаригардида изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф ба иштирокчиён дастуру супоришҳои судманд дода, се нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаи давлатии Гимназияи Ҷумҳуриявӣ, ки муассисаро бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ хатм намуданд ва ба роҳбари синфи онҳо дар ҳаҷми 18 000 сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия ҳавасманд гардонида шуданд. Инчунин, ба 95 нафар собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия аз тарафи шуъбаи маориф тӯҳфаҳои хотиравӣ ба маблағи 10400 сомонӣ тақдим карда шуда, 84 нафар омӯзгорони ботаҷриба ва пешқадам бо нишони аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои сардори раёсати вилояти Хатлон, ифтихорномаҳои иттифоқҳои касабаи раёсати маорифи вилояти Хатлон, ифтихорномаҳои раиси ноҳия, сипоснома ва ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Дар таърихи рӯзи 19.08.2022 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, муовини соҳавии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва собиқадорони соҳаи маорифи вилоят иштирок намуданд. Раиси вилоят баромад намуда, аз фаъолияти хуби шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф ба иштирокчиён дастуру супоришҳои судманд дода, се нафар хатмкунандагони синфи 11- и муассисаи давлатии Гимназияи Ҷумҳуриявӣ, ки муассисаро бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ хатм намуданд ва ба директори муассисаи мазкур дар ҳаҷми 35 000 сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии раиси вилоят ҳавасманд гардонида шуданд, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия бо медали “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ва маблағи пулии 3000 сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия бинобар сабаби дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани соли таҳсили сипаригардида, бо ҷоизаи “Парчами сайёри ғолиб” қадрдонӣ карда шуданд.
Натиҷагирӣ аз фаъолият
Мавсуф изҳор дошт, ки Маркази таҳсилоти иловагӣ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 қарор дошта, Марказ аз чиҳати молиявӣ мустақил буда 26 воҳиди корӣ дорад. Дар Марказ 19 маҳфил: маҳфилҳои забони русӣ, забони англисӣ, гулпарварӣ, кишваршиносӣ, дӯзандагӣ, дуредгарӣ, рассомӣ, таърих бонги най, сайёҳони наврас, технологияи информатсионӣ, экология, хониши бадеӣ, техникони ҷавон, дастони моҳир, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва кандакорӣ дар муасисаҳои таҳсилоти умумии № 2, 3, 8, 20, 26, 42, 68, 70, 76, 48 амал мекунад. Шумораи умумии таълимгирандагон 848 нафарро ташкил медиҳад. Дастрасии шабакаи Интернет ва хатти нурии он дар шуъбаи маориф як нуқта фаъол мебошад, ки талаботи истифодабарандагонро қонеъ карда метавонад.
Ҳамасола, озмунҳои «Омӯзгори соли Тоҷикистон», «Мураббияи сол» ва “Созмони хонандагони сол” гузаронида мешавад, Имсол омӯзгори фанни физикаи Литсейи тамоюли техникӣ ба номи Афлотун Тағоев Шавқат дар озмуни ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуд, омӯзгори МТМУ №58 Давлатзода Дилмурод дар ҷумҳурӣ ғолиби озмуни “Созмони хонандагони сол” гардид.
Бунёдкорӣ
Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки ҳамзамон, сохтмони 13 муассисаҳои таълимимӣ ва раёсати маориф дар ноҳия рафта истодааст, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №16, 21 пурра омода буда, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд. Инчунин, аз тарафи АВО (Ассотсиатсияи волидайн ва омӯзгорон) ва соҳибкорон сохтмони 18 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №76, 19, 46, 73, 74 рафта истодааст, ки аллакай се синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №19 барои 150 нафар дар ду баст, ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи №46 барои 100 нафар дар ду баст ва панҷ синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №73 барои 100 нафар ва №74 барои 250 нафар дар ду баст пурра омода буда ва ба истифода қарор дода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки 28-уми апрели соли ҷорӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар деҳаи Офтобрӯя барои 192 нафар дар як баст бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Дар фароварди суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки мо аҳли кормандони соҳаи маориф сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти хеш карда, мекӯшем донишу малаки худро дар ин росто, бедареғ баҳри пешрафти соҳаи маориф равона намоем.
Чӣ тавре, ки Пешвои миллат дар Рӯзи Дониш қайд намуданд: “Дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мо ба масъалаҳои ислоҳоти соҳа, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла стипендияи президентии «Дурахшандагон» ба тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат эътибори аввалиндараҷа медиҳем.
Илова бар ин, бо мақсади кашфи истеъдодҳо ва тарбияи онҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо, мо баргузор намудани озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва дигар чорабиниҳоро ба роҳ мондем”.
Ин ҳама нуктаҳои арзишманди Пешвои миллат, мо – омӯзгоронро водор месозад, ки беш аз пеш барои тарбияи насли наврас камари ҳиммат бибандем ва барои дар оянда мутахассиси баландпоя гардиданашон донишҳои муосир ва худшиносиро бештар омӯзиш диҳем, зеро чӣ тавре, ки бузургонамон гуфтаанд:
Пояи давлат набошад бемаориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ