Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон  хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи  мазкур Нурулло Муродалиев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки аз ҳар вақта бештар баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем.

Номбурда изҳор дошт, Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав фаъолияти худро дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои рисолати хеш – рушди соҳаи маориф ва тарбияи дурусти насли наврас ба роҳ модааст. Тавре аз муҳтавои Паём бармеояд,  дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хоса дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав ин нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро сармашқи кори худ карда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо, аз қабили норасоии кадрҳои ихтисосманд, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, такмил ва таълими омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, дуруст ба роҳ мондани таълими фанҳои табиӣ ва риёзӣ, технологияи муосир дар соли 2021 як қатор корҳо ба анҷом расонида аст.

Вазъи муассисаҳои таълимӣ ва фаъолияти омӯзгорон

Доир ба шумори муассисаҳои таълимӣ, ҳолати онҳо ва шумораву тахассуснокии омӯзгорон Нурулло Муродалиев иброз дошт, ки дар ноҳияи Носири Хусрав шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 25 адад буда, як гимназияи давлатӣ фаъолият мекунад. Аз шумораи умумии директорони муассисаҳо ҳашт нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии омӯзгорон: 713 нафар ҳастанд. Омӯзгороне, ки миллатиаш тоҷик аст, 148 нафар буда, занон 96 нафарро ташкил медиҳанд.

Омӯзгороне, ки миллатаонш ӯзбек аст, 562 нафар буда, аз ҷумла занон 438 нафарро ташкил медиҳанд.

Омӯзгороне, ки миллаташон туркман аст, 2 нафаранд.

Ҳамчунин, як нафар омӯзгоре ҳаст, ки миллаташ қирғиз аст.

Омӯзгорони нафақагир 28 нафар, аз ҷумла занҳо 7 нафаранд.

Дараҷаи тахассусии омӯзгорон тариқи зерин аст:

Маълумоти олӣ: 505 нафар, аз ҷумла занҳо 356 нафар;

Маълумоти миёнаи махсус: 184 нафар, аз ҷумла занҳо 162 нафар;

Маълумоти олии нопурра: 24 нафар, аз ҷумла занҳо 18 нафар;

Омӯзгорони донишҷӯ курсҳои 1-5 фосилавӣ (ғоибона) 121;

Бо тахассуси олӣ: 131 нафар, аз ҷумла занҳо 79 нафар;

Бо тахассуси 1-ум: 235 нафар, аз ҷумла занҳо 188 нафар;

Бо тахассуси 2-юм: 69 нафар, аз ҷумла занҳо 54 нафар;

Бе тахассус: 278 нафар, аз ҷумла занҳо 215 нафар;

Мутахассисони ҷавон: 264 нафар, аз ҷумла занҳо 210 нафар;

Аълочи маориф: 18 нафар, аз ҷумла занҳо 8 нафар;

Бояд гуфт, ки шумораи умумии хонандагон 10237/4870 буда, нисбат ба соли гузашта фарқият 664/211 нафар зиёд мебошад.

Синфҳои 1-ум: 1417 нафар, аз ҷумла духтарон 669 нафар буда, нисбат ба соли гузашта  215/ 110 нафар зиёд мебошад.

Синфҳои 9-ум: 691 нафар, аз ҷумла духтарон 344 нафар буда, нисбат ба соли гузашта 55/ 35 нафар зиёд мебошад.

Синфҳои -11-ум: 596 нафар, аз ҷумла духтарон 295 нафар буда, нисбат ба соли гузашта 37/25 нафар кам мебошад.

Синфҳои 1- 4: 4754 нафар, аз ҷумла духтарон 2277 нафар буда, нисбат ба соли гузашта 337/178 нафар зиёд мебошад.

Синфҳои 5- 9: 4332 нафар, аз ҷумла духтарон 2113 нафар буда, нисбат ба соли гузашта 443/175 нафар зиёд мебошад.

Синфҳои 10 – 11: 1152 нафар, аз ҷумла духтарон 579 нафар буда, нисбат ба соли гузашта 115 нафар кам мебошад.

Мавриди зикр аст, ки таҳсил дар як муассисаи таълимӣ – МТМУ №24 бо ду забон ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳудуи ноҳия шаш муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки аз мудирони ин муассисаҳо се нафар дорои маълумоти олӣ, як нафар маълумоти олии нопурра ва ду нафар маълумоти миёнаи махсус доранд.

Шумораи умумии кӯдаконе, ки ба ин муассисаҳо фаро гирифта шудаанд, 231 нафар, аз ҷумла духтарон 120 нафар мебошанд.

 Вазъи қабулшавии хонандагон ба муассисаҳои олии касбӣ

-Тариқи Маркази миллии тестӣ аз 630 нафар хонандагон 290 нафар дохил шудаанд, ки 46% (нисбат ба соли гузашта 6% зиёд) мебошад. Бидуни Маркази миллии тестӣ 12 нафар ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳориҷи кишвар 3 нафар хонандагон дохил шуданд. Илова бар ин, тариқи Квотаи Президентӣ 23 нафар хонандагон ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил шудаанд. Дар умум, 328 нафар хонандагон (ё 52%) ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо дохил шудаанд, – зикр кард Нурулло Муродалиев ва афзуд, ки: – Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия беш аз пеш ба илмомӯзӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ки натиҷаи заҳмату талоши пайвастаи омӯзгорон аст. Бояд зикр кунам, ки шумораи гирандаи стипендияи Президентӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар умум 15 нафар буда, аз ҷумла 7 нафари онҳо духтаронанд. Гирандаи стипендияи вилоятӣ 1 нафар ва гирандагони стипендияи ноҳиявӣ 10 нафар мебошанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки сатҳи омӯзиши хонандагон рӯ ба тараққӣ буда, сифати таълим беҳтар шудааст.

 Нақша-чорабиниҳои омӯзишӣ ва тарбиявӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин таъкид карда буданд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.

Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Омӯзгорон ва масъулони соҳаи маорифи ноҳия бо эълон шудани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, баҳри иҷрои саривақтӣ ва самараноки он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ хонандагон пайваста ба мусобиқаҳои варзишӣ, қироати китоб, корҳои ободонӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар ин давра дар бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №26 семинар-машғулиятҳои фаннӣ, роҳбарони синфҳо, иттиҳодияҳои методии фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, кӯдакистонҳо гузаронида шуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои варзишӣ-ҳарбии «Ватанпарвар» гузаронида шуданд. Ҳамзамон, толибилмони МТМУ № 3-и ҷамоати деҳоти Истиқлол дар озмуни варзишӣ-ҳарбии «Ватанпарвар» дар вилоят иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштанд.

Дар моҳи марти соли равон бахшида ба «Рӯзи Модарон» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯъҳои «Модар- олиҳаи зебоӣ», «Зан-Модар сарчашмаи ҳаёт», «Модар гаҳворабони забони адабист» ва чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ба хотири бузургдошти Зан-Модар (мизи мудаввар, хонишҳои бадеӣ, қироати шеър, навиштани иншо) баргузор гардиданд. Ба ин муносиба беҳтаринҳо бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гӯшаҳо, овезаҳо, корҳои ободонӣ гузаронида шуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шабҳои саволу ҷавоб, викторина ва озмунҳо дар мавзӯъҳои «Наврӯзи Аҷам-куҳанбунёд» ва «Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврӯзӣ» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар 22 марти 2021-ум 170 нафар хонандагон, омӯзгорон дар ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ дар майдони варзишии ноҳия аз рӯи барномаҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок карданд.

Бунёдкорӣ ва баррасии масъалаҳо

Номбурда изҳор дошт, ки соли сипаришуда 12 шӯрои шуъба, 17 ҷамъомади ғайринавбатии назоратии назди мудири шуъба баргузор гардида, дар он 40 масъалаҳои соҳаи маориф баррасӣ гардид.

Барои пешгирӣ намудани касалиҳои сироятӣ роҳравҳо, синфхонаҳо, ошхонаҳо, хоҷатхонаҳо ва утоқҳои кории тамоми муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз тарафи шуъбаи дизенфексияи профилактикии ноҳия бо маҳлулҳои хлордор безараргардонида шуданд ва ин амал ҳоло ҳам давом дорад.

Мавриди зикр аст, ки корҳои зиёди сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия анҷом базируфт ва ин раванд минбаъ низ идома хоҳад ёфт. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, ки дар ҷамоати Наврӯз ҷойгир мебошад, бунёди 4 синфхонаи иловагӣ дар нақша буда, аз он 1 синфхона ба истифода дода шуд ва дар 3 синфхонаи иловагӣ сохтмон давом дорад. Дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ҷамоати Наврӯз деҳаи Сангоба сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Муминобод ҷамоати Истиқлол бунёди 4 синфхонаи иловагӣ дар назар буда, сохтмони он идома дорад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав 125 адад компютер харидорӣ карда шуд, ки ба пуррагӣ ба муассисаҳо тақсимот карда шудаанд.

Иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Доир ба иштироки фаъоли хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ Нурулло Муродалиев тазаккур дод, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия давраи санҷишӣ барои иштироки фаъолона дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» , «Илм-фурӯғи маърифат», «Беҳтарин навовару ихтироъкори ҷавону навраси сол» ва озмунҳои вобаста ба ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуданд.

Рӯзҳои 22-23 сентябри соли 2021 даври вилоятии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд, ки дар он 6 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии №№1,6,10,12,14,26-и ноҳияи Носири Хусрав фаъолона иштирок намудаанд.

Дар олимпиадаҳои фаннӣ барои хатмкунандагони синфҳои 5-11 дар сатҳи ҷумҳурӣ як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 аз фанни таърих иштирок кард.

 Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Мавсуф афзуд, ки нақшаи зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои тобеи шуъбаи маорифи ноҳия сад дарсад иҷро гардидааст. Аз рӯи нақша муассисаҳо бо 40 тонна ангишт (иҷроиш 100%) , ҳезум 600м2  (иҷроиш 100%) ва шишабандӣ 100% таъмин гардидаанд.

-Чунон ки мегӯянд, пояи давлат бо маориф устувор аст. Шуъбаи маорифи ноҳия тасмим гирифтааст, ки фаъолияти кори худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати маориф ва қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссагузорӣ намояд, – илова кард дар фароварди суҳбат Нурулло Муродалиев.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь