Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вилояти Хатлон  хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Ғоибзода Насим суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки аз ҳар вақта бештар баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем.

Мавсуф қайд намуд, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолияти кории худро дар давраи ҳисоботӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, қарорҳо ва мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва  қарорҳои раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба роҳ монда, дар роҳи расидан ба мақсади ниҳоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, амалӣ намудани мақсадҳои дар пешистода, ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид, ки дар он фаъолияти як солаи соҳаи маорифи ноҳия мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор гирифт.

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки айни замон дар ноҳия 55 муассисаи таълимӣ фаъолият намуда истодааст, ки аз онҳо 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия ва 1 литсей мебошанд. Инчунин, дар назди Шуъбаи маориф Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ низ фаъолият менамоянд. Боиси хушнудӣ ва қаноатмандист, ки бо қарорҳои раиси ноҳия аз 28.06.2022, №787 ва №788 ду муассисаи таълимии ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдили ном ва фаъолият намуданд, ки инҳо муассисаҳои таълимии №35 ва №43 мебошанд.

Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 35499 нафарро ташкил менамоянд, ки аз ин шумора 17385 нафар духтарон ва 18114 нафар писарон мебошанд. Онҳо дар 1334 синф ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, шумораи хонандагон 1347 нафар ва шумораи синфҳо 67 адад зиёд гардидааст. Аз шумораи умумии хатмкардагони синфҳои 11-ум, ки 1977 нафар мебошанд, 1009 нафарро духтарон ташкил менамуданд, аз шумораи 777 нафар хатмкардагони синфи 11- ум, аз он ҷумла 257 нафар духтарон  ба Донишгоҳҳо, 645 нафар, аз он ҷумла 437 нафар духтарон ба коллеҷу литсейҳо дохил шуданд, ки 63.9 % – ро ташкил менамояд.

Базаи кадрӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар  муассисаҳои таълимии ноҳия 1972 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо 1097 нафар ё ин ки 55.6% – ро занон ташкил менамоянд.  Аз шумораи умумии занҳои омӯзгори ноҳия 13 нафар директорони муассисаҳои таълимӣ, 5 нафар мудирони кӯдакистонҳо, 22 нафар муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ шуда, фаъолият намуда истодаанд.

Аз шумораи умумии омӯзгорони ноҳия бо таҳсилоти олӣ 1526 нафар, баробар ба  77.3 %, аз он ҷумла 653 нафар зан, ё ин ки 34.1 %, бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 397  нафар,  баробар ба 20.1 %, 49 нафар омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи умумӣ баробар ба 2.4 %- ро ташкил менамоянд. Шумораи омӯзгорони ҷавон дар ноҳия 354 нафар ташкил менамояд.

Аз шумораи умумии омӯзгорони ноҳия 585 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ, бо дараҷаи тахассуси якум 497 нафар, бо дараҷаи тахассуси дуюм 276 нафар ва бе дараҷаи тахассусӣ 614 нафар фаъолият намуда истодаанд.

Муассисаҳои томактабӣ

Инчунин, номбурда изҳор дошт, ки рафти амалӣ намудани қарори раиси ноҳия аз 23.09.2019, №513 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, №316 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст.

Айни замон дар ноҳия 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 23 нафар мураббияҳо ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд. Аз онҳо 10 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ мебошанд ва 13 нафарашон дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Дар кӯдакистонҳо 415 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли 2022 дар муассисаҳои томактабӣ 105 нафар зиёдтар нисбати соли 2021 кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Тибқи маълумотҳо дар ноҳия 16680 нафар кӯдакони синни томактабӣ мавҷуд мебошанд. 1450 нафар кӯдакони синни томактабӣ дар МИК (Марказҳои инкишофи кӯдак), ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2021- 104 нафар бештар мебошанд. Бо дарназардошти он, ки 1450 нафар кӯдакон дар МИК ва 415 нафари дигар дар кӯдакистонҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар ноҳия 12 %-ро ташкил менамояд. Бештари Марказҳои инкишофи кӯдак бо маводҳо ва ашёҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҷавобгӯ ба талаботҳои замон мебошанд. Бояд қайд намуд, ки дар муҳлатҳои наздиктарин дар ноҳия Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз менамояд. Боварӣ ҳаст, ки баъди амалӣ гардидани он дар соҳаи таҳсилоти томактабии ноҳия беҳбудиҳои назаррасе ба вуқӯъ меоянд.

 Таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ

Ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки дар партави барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатштносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020- 2040” дар Шуъбаи маорифи ноҳия таваҷҷуҳ нисбати фанҳои зикр гардида, пурзур карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи  банди 7- и нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф 58 нафар омӯзгорони фанҳои физика, математика, химия, биология, география, экология ва информатика аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Оид ба иҷрои бандҳои 8,9,11,12,15,19 Нақшаи чорабиниҳои ин Барнома корҳои тарғиботӣ, семинарҳо, озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ аз фанҳои дақиқ гузаронида шуда, инчунин иштироки хонандагонро дар олимпиадаи байналмилалии “Архимед”, ФИСО, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардиданд, таъмин намудем. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар ин озмунҳо соҳиби 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд. Дар давраи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ  иштироки фаъолонаи Эҳсони Баҳодур- хонандаи синфи 6 (МТМУ №4) сазовори ҷойи 1-ум, Исмоилов Равшан- хонандаи синфи 6 (МТМУ №16)- сазовори ҷойи 3-юм аз фанни математика, Набиев Амрияздон- хонандаи синфи 10 (МТМУ №4)- ҷойи 2-юм аз фанни химия, Муҳаммадҷони Сангмад хонандаи синфи 10 (МТМУ №3) сазовори  ҷойи 3-юм аз фанни химия гардиданд.

Маркази миллии тестӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар моҳи январ баҳри омода намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати интихоби бошууронаи касб ва омодагӣ ба низоми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ – 2022 намояндаи шуъбаи маориф Мирзоалиев Л.- таблиғгари ММТ дар семинари омӯзишии низоми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии ММТНПҶТ дар шаҳри Кӯлоб ширкат варзид. Чунин як семинари омӯзиширо ӯ рӯзҳои 27-29.01.2022 дар толори МТМУ-и №2 дар сатҳи ноҳия бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор намуд. Дар семинари мазкур намояндагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо навгониҳои имсола дар низоми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии – 2022 ба вуҷуд омада шинос гардонида шуданд. Дар ин раванд мақомоти иҷроия, шуъбаи маориф, китобхонаи марказии ноҳия ва ҳамаи муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ бо маводҳои лозима-Роҳнамои довталаб – 2022, маҷмуаи саволу масъалаҳои тестӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ба таври ройгон таъмин карда шуданд. Дар баробари ин, моҳи феврал ва аввали моҳи март намояндаи ММТ – корманди шуъбаи маориф Мирзоалиев Л. тибқи нақша бо хатмкунандагони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, волидон ва омӯзгорон вохӯриҳо доир намуда, ба саволу дархостҳои онҳо оид ба масъалаи ММТ ва имтиҳонҳои марказонидашуда ҷавобҳои қонеъкунанда ва мушаххас гардониданд.

Аз шумораи умумии 1972 нафар хатмкардагони синфҳои 11- уми муассисаҳои таълимии ноҳия 1536 нафар, аз он ҷумла 771 нафар духтарон дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳуҷҷат супурда аз қайд гузаштаанд, ки 77 %-ро ташкил менамояд.

Тибқи маълумотҳо аз шумораи умумии хатмкардагони синфҳои 11- ум 777 нафар ба муассисаҳои олии кишвар қабул гардидаанд.

Иштирок дар олимпиада ва озмун

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки яке аз самтҳои асосие, ки сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимиро муайян менамояд, ин иштироки шогирдон дар Олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон мебошад. Чуноне, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ба ин масъала на ҳамаи сарварони муассисахои таълимии ноҳия диққати даркорӣ медиҳанд. Дар кори омода ва баргузории олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар озмунҳо саҳми МДРИ назаррас мебошад.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф, бо қарори раиси ноҳия аз 01.01.2020 таъсис дода шудааст ва дорои 4.5 воҳиди корӣ мебошад. Дар назди Марказ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии №2,4,15,16,17,27,29,54 маҳфилҳои фаннии «Забони русӣ меомӯзем», «Суханвар», «Ҳуқуқшинос», «Химикони ҷавон», «Табиатдӯстон», «Физикони ҷавон», «Математика”ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 115 нафар  хонандагони лаёқатманд ҷалб гардидаанд. Кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо кӯшиш менамоянд, ки чорабиниҳои ба зиммаашон бударо дар сатҳи баланд гузаронида, ҷамъбаст намоянд.

Дар моҳи феврал ва март тибқи нақшаи кори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф олимпиадаҳои ноҳиявии  наврасон байни хонандагони синфҳои 5-6 аз рӯи 10 фанни таълимӣ ва хонандагони синфҳои 7-8 аз рӯйи 12 фанни таълимӣ гузаронида шуданд. Дар ин озмунҳо аз 40 муассисаи таълимӣ зиёда аз 1227 нафар хонандагон иштирок намуданд. Ғолибони ин озмунҳо давоми моҳи март дар олимпиадаи сатҳи вилоятӣ иштироки фаъолона намуда, соҳиби 96 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Хонандагони синфҳои 9-10 дар олимпиадаҳои минтақавӣ аз фанҳои физика, математика, биология, ки дар ноҳия баргузор гардиданд, иштирок доштанд. Дар ҷамъбаст 96 нафар соҳиби роҳхат ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 22 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бояд тазаккур намуд, ки дар соли таҳсили 2021- 2022 аз ҳисоби хатмкунандагони синфҳои 9- уми муассисаҳои таълимии ноҳия 85 нафар соҳиби шаҳодатномаи намунаи давлатии хатми “аъло”гардиданд.

Рӯзи 26.03.2022 се нафар хонандагони МТМУ №2 Шукронаи Баҳодур, Раҳимов Иброҳим ва Ҳайтов Исмоил дар Олимпиадаи зеҳнии шоҳмот соҳиби медали тилло ва нуқра, инчунин роҳхат ба Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Рӯзи 08.05.2022 даври вилоятии озмуни “Донояк” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид, ки дар он 6 нафар хонандагони беҳтарини сазовори роҳхат ба озмуни вилоятӣ гардида, иштирок варзиданд ва ҳамаи онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз шумораи 11 нафар иштирокчиёни даври вилоятии озмуни “Хонандаи сол”Ятимов Муҳаммадҷон хонандаи синфи 1- уми МТМУ №1 сазовори ҷойи якуми ин озмун дар даври вилоятӣ гардид.

Хулоса, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хонандагони ноҳия 2 медали тило, 15 медали биринҷӣ ва 5 медали нуқра ба даст оварданд.

 Квотаи Президентӣ

Инчунин, мавсуф зикр намуд, ки дар моҳи апрел даври дуюми озмуни хоста гирифтани хонандагони болаёқат тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия гузаронида шуд, ки дар он 138 нафар довталабон иштирок намуданд. 72 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявӣ, ки рӯзи 18.06.2022 дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, 18 хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори Квотаи Презитдентӣ ва соҳиби унвони донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гардиданд.

 Натиҷагирӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба маълумоти шумо мерасонад, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021 – 2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муасисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 20.01.2022, №81) аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таълимии ноҳия 20.06.2022 ба анҷом расид.

Аз рӯи ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оиди ҷамъбасти соли таҳсили 2021 – 2022 дар ноҳия 33766 хонанда таҳсил менамуд, аз онҳо 33660 хонанда дар ҷамъбасти сол ва аттестатсия иштирок намуда, 76 хонанда ба аттестатсияи такрорӣ (август) мононда шуданд. 18 нафар хонанда дар синфашон монда, 11 нафар хонандаи синфи 11-ум бошанд, бо сабабҳои гуногун дар аттестатсия иштирок накарданд. Хонандагони синфҳои 1-3-юм, ки шумораашон ба 11824 нафар мерасад аз рӯи баҳои солона ба синфи дигар гузаронида шуданд.

Таъминот бо китобҳои фаннӣ

Инчунин, аз ҷониби ҳамсуҳбати гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақша – чорабиниҳои шуъбаи маориф оид ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, адабиётҳои таълимӣ, дастур ва роҳнамоҳое, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии табъу нашри назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ворид мегарданд, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Агар дар ҳамин давраи  соли 2021 ба шуъбаи маориф  9000 дона  китоб ба маблағи 161 000 сомонӣ  ворид гардида бошад, пас соли 2022 – 30880 дона китоб ба маблағи 616 193.30 дирам ворид гардид, ки нисбат ба соли 2021 – 3.9 баробар зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки маблағҳои ҷамъоварда аз ҳисоби гардиши китобҳои иҷоравӣ танҳо дар моҳи август- сентябри соли ҷорӣ 740000 (ҳафтсаду чил ҳазор) сомониро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағҳои гардиши китобҳои иҷоравӣ ба пуррагӣ пардохт карда шуд.

Пояи моддӣ ва техникӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ доимо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Табиист, ки фаъолияти дилхоҳ соҳа аз маблағгузорӣ ба он вобаста аст.

Дар соли 2021 барои рушди соҳаи маорифи ноҳия 47 694 284 (чилу ҳафт миллиону шашсаду наваду чор ҳазору ду саду ҳаштоду чор) сомонӣ пешбинӣ сарф гардида буд. Соли 2022 бошад барои рушди соҳаи маорифи ноҳия 52 721 226 (панҷову ду миллиону ҳафтсаду бисту як ҳазору дусаду бисту шаш) сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли пеш 5 026 942 (панҷ миллиону бисту шаш ҳазору нуҳсаду чилу ду) сомонӣ зиёд мебошад. Маблағҳои зикргардида барои таҳкими заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ ва музди маоши омӯзгорон ва кормандони техникӣ равона карда мешаванд.

Ҷиҳати рушди муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия, бахусус ташкили ҷойҳои нави нишаст ва сохтмони биноҳои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ корҳои муайяне дар давраи ҳисоботӣ ба анҷом расонида шудааст. Бояд тазаккур намуд, ки бо дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағҳои буҷаи маҳаллӣ дар назди Гимназияи давлатии ноҳия бинои нави таълимӣ иборат аз 7 синфхона бо ҷиҳозониши таҷҳизотҳои ҳозиразамони таълимӣ, 2 утоқи корӣ барои роҳбарият ва омӯзгорон бо маблағи 1 миллиону 480 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар назди муассисаҳои таълимии №43-и деҳаи Ҳуснободи деҳоти Меҳнатобод бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, сохтмони 10 синфхонаи таълимӣ, 7 кабинетҳои тайиноти гуногун бо маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидааст. Бино бо тамоми таҷҳизотҳои ҳозиразамони таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бахшида ба таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави муассисаи таълимии №43 бо танатана бо иштироки Сарвазири ҷумҳурӣ, ки бо сафари корӣ дар ноҳия қарор дошт дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории сафорати давлати Япония дар Тоҷикистон бинои нави МТМУ №35 иборат аз 11 синфхона, воқеъ дар деҳаи Боғистони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев ба истифода дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ барои ҷиҳозониши муассисаи таълимии №35, харидории мизу курсӣ ва дигар ашёҳои хониш аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 118 200 (яксаду ҳаждаҳ ҳазору ду сад) сомонӣ сарф карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар назди МТМУ №26 бо ибтикору дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва коллективи омӯзгорони муассиса 3 синфхонаи нави иловагӣ ба истифода дода шуд, ки мушкилоти ҷойи нишаст ва таълими се баста дар ин муассисаи таълимӣ ва умуман дар ноҳия аз байн бардошта шуд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва дастгирии саховатпешагон дар назди МТМУ №31 сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад, ки мушкилоти ҷойи нишаст дар ин муассиса ва ноҳия аз байн меравад ва сифати таълиму тарбия беҳтар хоҳад гашт.

Дар назди МТМУ №10 воқеъ дар деҳаи Сафедоби деҳоти Панҷрӯд сохтмони бинои нави таълимии иловагии дуошёнаи дорои 8 синфхона ва як утоқи корӣ оғоз гардид. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми бино идома дорад. Бино бо саҳми ҷомеа ва саховатмандони маҳал маблағгузорӣ карда мешавад. Тибқи нақшабандӣ дар сохтмони ин бинои таълимӣ 1 миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ харҷ карда мешавад. Бо ба истифода дода шудани бинои нави таълимӣ ва ба синфхонаҳои кушоду барҳаво ва ҷавобгӯ ба талаботҳои замон сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон беҳтар хоҳад гашт. Чунин як амали хайрхоҳонаи дигар барои аз таъмири саросарӣ баровардани МТМУ №7- и ноҳия аз ҷониби собиқ хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ оғоз гардида, идома дорад. Бояд тазаккур намуд, ки дар ноҳия муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта мавҷуд нест.

 Дастгирии  омӯзгорон

Ҳамзамон, мавсуф дар фароварди суҳбат тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 62 нафар омӯзгорон дар осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Оби гарм», «Нигора», «Тосқалъа»,  саломатии худро барқарор намуданд, ки нисбат ба соли 2021- ум 10 нафар бештар мебошад. Ба зиёда аз 50 нафар омӯзгорони дигар ба маблағи умумии 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ёрии моддии яквақтаина расонида шуд. 7 фарзандони омӯзгорони ноҳия барои истироҳат ба лагери беруназшаҳрии «Файзи Истиқлол» фиристонида шуданд. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2022, № 89 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2022», тибқи нақшаи тасдиқгардида дар лагерҳои наздимактабӣ 1400 нафар хонандагон дар 2 баст ба истироҳат фаро гирифта шуданд. 20 нафар омӯзгорони ноҳия низ барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар озмунҳои гуногун аз тарафи иттифоқҳои касаба ҳавасманд гардонида шуданд. Ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимӣ маслиҳат дода шавад, ки корҳоро дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва иқтисодии омӯзгорон беҳтар намоянд.

Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь