Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Подшоҳзода Н. суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон фаъолияти худро дар соли 2022 тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳия, дар ин давра 11 шӯро бо баррасии 53 масъала гузаронида шуд, ки аз он 26 масъала ба вазъи таълиму тарбия, 27 масъала оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, нақша- чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳия оид ба соҳаи маориф мебошанд ва нисбати иҷроиши онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Муассисаҳои таълимӣ ва базаи кадрҳо

Мавсуф изҳор дошт, ки дар ҳудуди ноҳия 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 литсей, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи информатсионӣ фаъолият мекунанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 33462 нафар хонандагон, аз ҷумла 16211 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ба таълиму тарбияи хонандагон 1683 /913 нафар омӯзгорон, аз ин шумора бо маълумоти олӣ 1008/425 нафар, бо маълумоти миёнаи касбӣ 511/361 нафар, бо маълумоти миёнаи умумӣ 164/127 машғул мебошанд. Аз шумораи омӯзгороне, ки бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, 142 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳо таҳсил доранд.

Шавқу рағбати ҷавонон ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ва давом додани таҳсил сол аз сол зиёд шуда истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки соли таҳсили 2021-2022, 2143/1059 нафар толибилмон зинаи дуюми таҳсилотро (синфи 9) хатм намуда, ба зинаи сеюми таҳсилот 1428/704 нафар ҷалб карда шуданд. 188 нафар ба коллеҷҳо, 64 нафар ба бахшҳои гуногун ва 13 нафар бо ивази ҷойи зист сафарбар гардидаанд. Дар умум 969 нафар ҷавондухтарон дар соли таҳсили 2022-2023 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф ба воситаи ҷалби мутахассисони ҷавон бартараф намудани норасоии кадрӣ дар таълимгоҳҳо мебошад, аммо дар ин ҷода ҳозиршавии онҳо таъҷубовар мебошад.

Ҷалби занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда

-Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷалби занону духтарон лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда, шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми солҳои 2021-2022 бо ҷалби бештари занону духтарони лаёқатманд дар мавзуъҳои “Мавқеи зан дар ҷомеа”, “Зан-ҳунарманд”, “Зан-роҳбар”,”Зан ва зиндагӣ”, “Баланд бардоштани малакаҳои роҳбарии занони маҳаллӣ”, “Таъмини кадрии сиёсати давлатӣ нисбати занон” семинарҳои омӯзиширо дар базаи муассисаҳои таълимии №1,2,57,58,20 доир намуд, – зикр кард номбурда ва афзуд, ки имрӯз дар шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар соҳаи маориф 52 нафар, аз ҷумла 1 нафар мудири шуъбаи маориф, 2 нафар мушовирони шуъбаи маориф, директори муассиса 14 нафар, муовинони директор 34 нафар ва мудирони муассисаҳои томактабӣ 4 нафарро ташкил медиҳад.

Кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ

Оид ба амалигардонии “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” мавсуф иброз дошт, ки ҷиҳати иҷроиши ин барнома нақша-чорабиниҳо омода карда шуда, корҳо дар ин самт давом дорад. Дар соли 2022 тибқи нақша бояд 27 кабинети фаннӣ ва як озмоишгоҳи таълимӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия омода карда мешуд. Тибқи пешниҳод дар муассисаҳои таълимии ноҳия баъзе корҳо амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, дар муассисаи таълимии №4 як кабинети суруд аз ҳисоби падару модарон ба маблағи 6000 сомонӣ  таҷҳизот харидорӣ намуданд, ки ин кор алҳол идома ёфта истодааст. Дар муассисаҳои таълимии №20 як кабинети фанни география бо маблағи 6000 сомонӣ ва дар муассисаи таълимии №1 як кабинети фанни география, дар муассисаи таълимии №14 як кабинети физика, дар муассисаи таълимии №10 як кабинети химия, дар литсейи давлатии №1 як кабинети биология, як озмоишгоҳ барои кабинети химия дар муассисаи таълимии №4, таҷҳизоти озмоишӣ барои кабинети биология дар муассисаи таълимии дар муассисаи таълимии №57, таҷҳизоти озмоишӣ барои кабинети физика дар муассисаи таълимии №21 ва таҷҳизоти озмоишӣ барои кабинети математика дар муассисаи таълимии №46 ҷиҳозонида шуда истодааст. Гуфта метавонем, ки дар соли 2022 ҷиҳати таъмини таҷҳизоти озмоиш барои кабинетҳои фаннӣ 300% ва муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ 22,3%   иҷро гардид. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати молияи ноҳия ва шахсони саховатманд оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 оид ба “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда дар муассисаҳои таълимии ноҳия истифода мебарад.

Кадрҳои оянда

Номбурда дар идомаи суҳбат зикр кард, ки шурӯъ аз соли 2014 бори аввал дар Тоҷикистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври мутамарказ тавассути Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шуд. Гузариш ба низоми нави имтиҳонҳои қабул, яъне марказонида бояд пайдарҳамии таҳсилоти миёна ва олии касбиро таъмин намуда, шароити якхеларо дар раванди имтиҳонҳо фароҳам оварад. Аз шумораи 1677/729 нафар тибқи ММТ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳуҷҷатҳои худро супориданд. Ҳамчунин, 567 нафар хатмкунандагон ба дигар муассисаҳои олӣ, тибқи квота, коллеҷҳо, коллеҷҳои хусусӣ, марказҳои касбомӯзӣ ва дӯзандагӣ дохил шуданд, ки дар умум 1320 нафарро ташкил медиҳад.

Марказ дарёфт ва рушди истеъдодҳо

-Марказ дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия баҳри амалигардонии қарори раиси ноҳияи Хуросон 16 августи соли 2021, №412 ва қарори раиси вилоятии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025, нақша-чорабиниҳои  марказро таҳия намуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас намудааст. Дар назди Марказ 7 маҳфил (биология, химия, математика, таърих ва ҳуқуқ, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва физика) амал намуда, 82 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шудаанд, – иброз дошт номбурда.

Иштирок дар озмун ва олимпиадаҳо

Мавсуф изҳор дошт, ки дар соли 2022, 43 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 14 ҷойи ифтихорӣ, 1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм гардиданд, ки аз ин 12 нафарашон ғолибиятро аз фанҳои дақиқ ба даст оварданд.Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ-фосилавӣ иштирок намуда, сазовори 16 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 13 медали медали биринҷӣ) гардиданд. Дар олимпиадаҳои фаннии вилоятӣ сазовори 2 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм ва 55 ҷойи сеюм гардиданд.

Дар соли 2022 хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” -6 нафар, “Илм – фурӯғи маърифат”-32 нафар, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-41 нафар, дар даври вилоятӣ иштирок намуда, дар озмуни “Тоҷикистон –Ватани азизи ман”-4 , “Илм – фурӯғи маърифат”-2, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-2 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва як нафари онҳо сазовори ҷои ифтихорӣ гардид. Дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”-1 нафар соҳиби  ҷойи 2-юм,  “Илм фурӯғи маърифат” -1 нафар соҳиби ҷои ифтихорӣ гардиданд.

 Таълиму тарбияи томактабӣ

Вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳамсуҳбатамон зикр кард, ки дар ноҳияи Хуросон 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад ва дар онҳо 426 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар муассисаҳои мазкур 18 нафар мураббӣ, аз ҷумла 6 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 11 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбия машғул мебошанд.

Дар назди 62 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 171 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 3375 нафар кӯдак таъсис дода шудааст.

Технологияи иттилоотӣкоммуникатсионӣ

-Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, дар ноҳия 242 адад компютер ва 29 адад (4 адад аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 адад аз ҳисоби Раёсати маорифи вилояти Хатлон, 5 адад аз солҳои пешин) тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст, ки дар умум компютеркунонӣ 31,9 фоиз ва тахтаи электронӣ 43,9 фоизро ташкил медиҳад, – изҳор дошт мавсуф ва афзуд, ки айни замон, муассисаҳои таълимии ноҳия бо 900 адад компютер (52 ададаш ба шуъбаи маориф тааллуқ дорад), 141 адад принтер, 34 адад генераторҳои барқӣ, 29 адад тахтаи электронӣ ва 7 адад проэктор таъмин мебошанд.

Бунёдкорӣ ва сохтмон

Номбурда зикр кард, ки дар соли 2022 сохтмони синфхонаҳои иловагии 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21, воқеъ дар деҳаи Эшмаи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод 8 синфхона барои 160 ҷойи нишаст, утоқи омӯзгорон, аз ҳисоби буҷети маҳал ва соҳибкорон ба маблағи 500 000 сомонӣ, филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, воқеъ дар деҳаи истгоҳи Даҳана, Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 923000 сомонӣ аз ҳисоби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта, бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51, воқеъ дар деҳаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби ташкилоти ҷамъияти “Тавҳид” ба маблағи 950000 сомонӣ, азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22 аз 8 синфхона, китобхона, хонаи омӯзгорон ва синфхонаи компютерӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва истиқоматкунандагони маҳал ба маблағи 1 млн 151 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуда, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №23 бо 11 синфхонаи иловагӣ барои 220 ҷойи нишаст дар як баст, муассисаи таълимии №44 бо 3 синфхонаи иловагӣ барои 60 ҷойи нишаст дар як баст, муассисаи таълимии №47 бо 5 синфхонаи иловагӣ барои 125 ҷойи нишаст дар як баст ва муассисаи таълимии №50 бо 8 синфхонаи иловагӣ барои 160 ҷойи нишаст дар як баст, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва падару модарон идома дорад. Сохмони 3 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17 ва як бино барои ду гурӯҳ дар назди муассисаи томактабии №1 дар доираи Барномаи  CASA-1000 оғоз гардид. Бояд қайд кард, ки дар соли 2022 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 478 ҷуфт ва кумитаи падару модарону соҳибкорон 522 ҷуфт, дар умум 1000 ҷуфт мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия таъмин карда шуд.

 Таҳсилоти иловагӣ

Ҳамсуҳбатамон дар фарҷом тазаккур дод, ки муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия дар самти таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва ислоҳоти рушди соҳаи маориф ба дастовардҳои муайяне ноил гардид.

Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон фаъолият дошта, бо мустақилияти молиявӣ таъмин мебошад.

Айни ҳол, дар муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон 8 маҳфил фаъолият мекунанд. Дар соли 2022 муассисаи таҳсилоти иловагӣ бо 8 маҳфил – гулпарварӣ, чакандӯзӣ, дастони моҳир, бофандагӣ, таъриху кишваршиносӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ, рассомони ҷавон, варзишгарон фаъолият намуда, дар озмуну чорабиниҳои гуногун фаъолона иштирок намуданд. Дар даври вилоятии озмуни “Беҳтарин роҳбари маҳфил” роҳбари маҳфили рассомони назди муассиса Марҷонаи Абдумалик фаъолона иштирок намуда, созовори ҷойи якум гардид.

Муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия тибқи нақша-чорабиниҳо байни аъзоёни маҳфилҳо чорабиниҳои бадеию фарҳангии “Луғатдони беҳтарин”, “ташкил намудани маҳфилҳои ҳунарӣ, касбомӯзӣ, донишандӯзӣ, дастони моҳир”, виктарина дар мавзӯи “Худ ва дигаронро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз менамоем!”, бозиҳои варзишии шашкаву шоҳмот, футболи хурд миёни писарон ва духтарон, тениси руйи миз, озмуни “Ровии беҳтарин” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” озмуни “Расми беҳтарин” дар мавзӯъи “Тоҷикистон соҳибистиқлоли ман” гузаронида шуд, ки ба ғолибони озмунҳо тӯҳфаҳои хотиравию ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷиҳати тақвият бахшидан ва иҷрои ҷабҳаҳое, ки ба соҳаи маориф тааллуқ дорад аз имкониятҳо истифода мебарад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь