“Кайҳо таъкиду эътироф шудааст, ки омӯзгор обрӯмандтарин ва бомаърифаттарин шахси ҷомеа аст, гули сари сабади маҳфилҳост. Ҳар як шахс бояд тамоми умр аз муаллим миннатдор бошад ва эҳтироми ӯро ба ҷо орад”.

Бобоҷон ҒАФУРОВ

Дар раванди рӯзгор ҳар як шахс мавқею мақоми хосаи худро доштаву дар давоми мавҷудияташ нақшеро ба ёдгор мегузораду ба ин васила як навъ рисолатеро бо амри виҷдон ба сомон мерасонад. Ин суханон чун меҳрномае ҳастанд, ки ба инсони асилу нексиришт, хоксору меҳрубон ва азизи дилу дидаи пайвандону шогирдон Темирбой Маюсупов мутааллиқанд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Зимни суҳбати кӯтоҳе, ки бо муаллими собиқадор Темирбой Маюсупов доштем, маълум гардид, ки падарашон амаки Деҳқонбой ба тимсоли гузаштаҳои машҳури худ деҳқон заҳматкашу донапош будаанду бинобар ҳамин волидайн ба он кас номи Деҳқонбойро лоиқ донистаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.

Марди меҳнатзода Деҳқонбой Маюсупов соли 1900 дар оилаи баззоз (бофанда) ба дунё омадаанд. Мавсуф аз синни 12-солагӣ  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриҳои  Тоҷикистону Ӯзбекистон ба пешаи  оҳангарӣ машғул шуда, зиёда аз 66-соли умри худро бо ин касб сипарӣ намудаанд. Номбурда дар шаҳрҳои Қӯқанду Тошканд ва Фарғонаи ҷумҳурии Ӯзбекистон бо падари Нависандаи халқии Ӯзбекистон Абдулло Қаҳҳор-Абдуқаҳҳор Ҷамилов робитаи дӯстию бародархондагӣ дошта, солҳои зиёд дар як дӯкон бо ҳамроҳии номбурда кору фаъолият кардаанд.

Амаки Деҳқонбой аз соли 1916 то соли 1976 узви фаъоли Анҷумани оҳангарони Осиёи Миёна буда, инчунин солҳои зиёд дар ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва водии зарнисори Ҳисор дӯкони оҳангарии худро ифтитоҳ намуда, бо сохтани табару теша, досу болға, каланду метин (зоғнӯл) ва касби челонгарӣ чун бобои машҳурашон Солӣ-полвон  дар байни омма басо номдор будаанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки Солӣ-полвон низ дар хонаводаи оҳангари касбӣ ба воя расида, дар синни наврасиаш, яъне 16-солагӣ, ба корҳои ҳарбии хонигарии Қуқанд ҷалб карда мешавад. Мавсуф солҳои 1862-1863 дар юришҳои ҳарбӣ бар алайҳи аморати Бухоро фаъолона ширкат варзида, дар таъмини ғалабаи сипоҳиёни Қуқанд нақши боризи худро гузоштааст. Соли 1866 бо фармони хони Қуқанд Худоёрхон ҳокими қалъаи Чодак таъйин гардида, дар юришҳои Қуқанд бар зидди Россияи подшоҳӣ ва инчунин дар ошӯбҳое, ки дар  шаҳрҳои Чимкент, Тошканд ва Хуҷанд бар  по шуданд, фаъолона иштирок кардааст. Номбурда яке аз симоҳои барҷастаи таърихӣ ва лашкаркаши шуҷои давлати  Қуқанд (1710-1876), меҳандӯсти асил ва рақиби тавонои сипоҳиёни Россияи подшоҳӣ дар асри Х1Х маҳсуб меёбад.

Баъд аз рӯ ба таназзул овардани давлати Қуқанд дар таърихи 19-уми  феврали соли 1876 Солиполвон ба зодгоҳи аҷдодиаш деҳаи Ашт баргашта, ба оҳангарӣ машғул мешаваду ҳамзамон дар тарбияву ба камолрасонии фарзандони солеҳ ҳиссагузорӣ менамояд.

Дар таърихи 15-уми июли соли 1952  аберааш Темирбой  ба дунё меояд, ки ӯро  бо умеди мисли оҳан ҷонсахту устувор падарашон Деҳқонбой Маюсупов  чунин ном мегузорад, ки дар оянда ин тифли фархундапай тимсоли гузаштаҳои бузургаш касби аҷдодиро пеша карда чун Коваи оҳангари афсонавӣ номбардори авлоду аҷдод гардад.

Ҳамчун рӯзноманигори кунҷкоб саҳфаҳои хотироти кӯдакиву айёми наврасиву ҷавониҳои Темирбойро варақгардон менамояму чеҳраи нуронии ӯ бо ҳамон салобату виқори ба худ хос, тамкину хирадмандӣ пеши дидагонам ҷилвагар мегарданд. Бешубҳа дар  сарнавишту қисмати ин марди нексиришт ҷуз накӯкориву илмомӯзӣ ва афрӯхтани машъали маърифат дигар тӯшароҳе набуда аст. Тавре шоир гуфтааст:

Дар базми ишқ шамъи фурӯзон муаллим аст,

Мардум чу пайкаранд агар, ҷон муаллим аст.

Он боғбони гулшани андешаҳои жарф,

Парвардигори рӯҳи ҳакимон муаллим аст.

Оре, муаллимро ба ҳар як сифате, ки лоиқ бидонем, арзанда аст. Зеро дар ҷомеаи  имрӯза муаллим-омӯзгор мавқеи сазоворро ишғол менамояд. Чунки вожаи илм ва муаллим аз як реша маншаъ мегирад.

Мавсуф пас аз хатми мактаби миёнаи  рақами 1-и  ба номи Умари Хайёми зодгоҳаш, ба факултети  забон ва адабиёти  руси Институти давлатии педагогии Ленинобод  ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1975  бомуваффақият хатм намуд. Аз соли 1976 то соли 1983 дар мактаби миёнаи рақами 8 ва баъдан аз соли 1983 то соли 2007 дар мактаби миёнаи рақами 42-и ба номи Ҳофизи Шерозӣ кору фаъолияти густурда кардааст. Ҳамзамон солҳои 1994-2007 вазифаи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи мактаби рақами 42-ро ба зимма дошт. Аз моҳи сентябри соли 2007 ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълим дар мактаби миёнаи ба номи Р. Алиев ифои вазифа намудааст.Феълан ба сифати муаллими забони русӣ кору фаъолият карда истодааст.

Ростӣ гап, дар симои ин шахси наҷиб ман инсони асилу дидадаро ва меҳнаткашро пайдо кардам. Ҳамсараш муаллимаи шинохта ва собиқадори соҳаи маориф Рӯзигул Раҳмонова ҳам мисли худаш омӯзгори наҷиб ба шумор рафта, солҳои зиёд муаллимаи фанҳои  биологияю химия шуда кор кардааст. Панҷ панҷаи даст барин панҷ нафар фарзандони дилбандашон -Диловар, Хуршед, Шуҳрат, Рамшед ва Бахтовар волидайни соҳибмаърифати худ инсондӯсту меҳнатқарин буда, ду нафарашон пайрави касби падару модар, сеи дигар муҳосибу табиб ва муаррих шуда, дар ҷомеа пурсамар  ба навфи меҳан кору фаъолияти шоиста мекунанд.

Хулоса, устод ва омӯзгори шинохта расо 47 сол инҷониб ҳамчун яке аз фидоиёни роҳи илму маорифи кишвар шинохта шудааст.

Бар замми ин ҳамеша  аз равандҳои муосири ҷомеа, махсусан аз сатҳи фарҳангу тамаддуни он бештар бохабару бархурдор бошад. Чунки ба ин васила ва фарогирии маҷмуи ин имконот пас ӯ метавонад, ки шогирдонашро аз фалсафаи ҳаёт ва мушкилот  алайҳи он огоҳ намояд, то барои онҳо ба ин восита тавофуқи психологӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварад. Зеро шогирдон низ дар навбати худ бо ин роҳ дар рушди ҷомеаи дунявӣ ва демокративу ҳуқуқбунёд метавонанд, ки саҳмгузор бошанд. Бинобар ин, маърифатнокӣ ва маълумотнокӣ аз ҳар хусус бояд ҷузъи асосии барномаҳои омодагии касбии омӯзгор маҳсуб ёбад.

Аз ин ҷост, ки муаллим Темирбой Маюсуфовро ҳамкорону шогирдон ҳурмату эҳтироми зиёд менамоянд. Мавсуф шахси табиатан хоксору нексиришт буда, бо хурду калон  ҳамеша ва дар ҳама ҳолат муомилаю муносибати хуб мекунад.

Маҳз имрӯз рисолати ин гуна омӯзгорони фидоии касбу пеша аст, ки шогирдонашон соҳибном ва мақому мартабаи шоистаро сазовор гардида, ба муроди дил мерасанд. Мавҷудияти омӯзгор бо хираду  маърифати оламгираш пеши роҳи ҳар як инсонро мунаввар карда, сабақи одаму одамгарӣ, дарси инсонпарварӣ омӯхта, ӯро аз олами тору ҷоҳилӣ бурун меорад ва дари илму маърифату хирадпешагиро ба рӯяш боз менамояд.

Беҳуда нест, ки Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён перомуни рисолати омӯзгор дар ҷомеа басо бамаврид чунин таъкид доштаанд: “Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад”.

Хидматҳои бисёрсолаю бенуқсони омӯзгори собиқадор Темирбой Маюсупов аз ҷониби Шуъбаи маорифи ноҳияи Ашти вилояти Суғд  бо ифтихорномаҳои зиёду мукофотҳои пулӣ ва инчунин соли 1989 бо рутбаи  ифтихории муаллими калон  ва тахассуси дараҷаи олӣ қадр карда шудаанд.

Сарнавишт ва роҳи тайнамудаи муаллим ва инсони хоксору асил, барои пайвандон ва шогирдонаш басо ибратомӯз аст. Воқеан бояд қайд намоем, ки номбурда шахсияти шинохтаи кишвар буда, зимнан сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа ва шогирдони бешумор аст. Камолоти инсон танҳо дар илму дониш ва одаму одамгарист. Мавсуф инсони ботаҳаммул, хоксору наҷиб ва соҳиби обрӯю эътибори хоса буда, каломаш саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан, самимият ва сиришташ таҷассумгари хислатҳои накӯи инсонгарӣ ва пайкори маънавибунёду ҷилвагари рӯзгори пурсаодат ва сармашқи фазилату эҳсон маҳсуб меёбад.

Дар фарҷоми гуфтор соҳибҷашни гиромиқадрро, ки  рӯзи 15-уми июли соли ҷорӣ ба синни мубораки 70-солагӣ устуворона қадам мегузоранд, дасти дуо бардошта таманно менамоем, ки умри дарозу ризқи фарох давлати пирӣ ҳамеша  насибашон бод. Ба ифодаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ:

Дар амал то дербозию дарозӣ мумкин аст,

Чун амал бодо туро умри дарозу дербоз.

Шараф ба он устодест, ки чун Темирбой Маюсуфов шогирдонро ба камол расонида, инчунин аз дилу ҷон ҳастии худро фидои касбу пеша намуда, дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст.

Мухбирҷон КӮҲСОРӢ, 

журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here