22 апрели соли 2025 дар муассисаи таълимии хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ намоиши илмӣ ва лоиҳа баргузор гардид. Ин чорабинии муҳими таълимӣ бо ҳадафи пешбурди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии хонандагон, бедорсозии шавқи илм ва таҳкими малакаҳои амалӣ дар соҳаҳои гуногун роҳандозӣ гардид.
Намоиш аз рӯи ҳафт категорияи гуногун баргузор шуд:
Лоиҳаҳои илмӣ, Барномасозӣ, Намоишҳои таҷрибавӣ, Рассомӣ, Бозиҳои эҷодӣ, Филмҳои кӯтоҳ, Ҳикоя, мақола ва шеър
Ҳар як бахш имконияти муаррифии истеъдод ва ҷаҳонбинии фарогири хонандагонро фароҳам овард. Хонандагон бо дастгирӣ ва роҳнамоии омӯзгорони фаннии худ фаъолона иштирок намуданд ва бо кору пешниҳодҳои ҷолибашон доварон ва тамошобинонро ба ҳайрат оварданд.
Дар фазои пуршӯру илҳомбахш волидон ва меҳмонони ифтихорӣ даъват шуда буданд, ки аз маҳсули меҳнати фарзандонашон дидан кунанд ва шоҳиди рушду тараққиёти шахсии онҳо гарданд.
Барои баҳодиҳии одилона ва касбӣ, доварон аз донишгоҳҳо ва ширкатҳои марбут ба самтҳои озмун даъват гардида буданд. Ин иқдом ба эътибор ва сифати баргузории намоиш таъкиди ҷиддӣ бахшид.
Дар анҷоми чорабинӣ, хонандагони фаъол ва сазовори ҷойҳои намоён бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи маъмурияти мактаб қадрдонӣ карда шуданд. Ин қадршиносӣ ҳамчун ангезаи қавӣ барои боз ҳам бештар ҷалб шудан ба илм, эҷодкорӣ ва худомӯзии хонандагон хизмат хоҳад кард.
Хабари хуш он аст, ки 4 лоиҳа аз ин намоиш пас аз интихоб ба олимпиадаи байналмилалии “Brainiacs”, ки аз 23 то 28 апрел дар шаҳри Куала-Лумпури Шоҳигарии Малайзия баргузор гардид, роҳ ёфтанд. Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ, намояндагони мактаб бо сари баланд баромад намуда, сазовори 2 медали биринҷӣ гардиданд — ки ин дастоварди фахрӣ бозгӯи сатҳи баланди таълим ва эҷодкорӣ дар ин муассиса мебошад.
Намоиши илмӣ ва лоиҳа на танҳо як озмуни оддӣ, балки як муҳити тарбиявӣ ва рушддиҳандаи ҳамаҷонибаи истеъдодҳо буд. Маъмурият ва омӯзгорони муассиса минбаъд низ тасмим доранд, ки чунин чорабиниҳоро пайваста баргузор намуда, заминаи рушди шахсияти комили ҳар як хонандаро муҳайё созанд.
Шерова Ҳилола, омӯзгори МТХ Абдураҳмони Ҷомӣ