Ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар доираи лоиҳа 5 адад фортепиано, 1 тахтаи электронии интерактивӣ ва дигар таҷҳизоти муосири барои раванди таълим зарурӣ бо арзиши 500 ҳазор сомонӣ оварда шуд.

Охири ҳафта дар Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин оғоз бахшид.

Ректори донишкада зикр намуд, дар нимсолаи аввали соли 2022 барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми кредитии таҳсилот, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Тибқи талаботи Низомномаи низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ дар донишкада сессияи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 аз 24.12.2021 то 11.01.2022 ва давраи фаъоли сессияи тобистона аз 23.05.2022 то 09.06.2022 идома ёфт.

Дар ҳамин ҳол, сессияи санҷишу имтиҳонии соли хониши 2021-2022 тибқи талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронида шуда, фоизи азхудкунии фанҳои таълимӣ 92,5% ва сифати таълим 30,4 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи сессияи санҷишу имтиҳонии соли 2021 азхудкунӣ 1,0 % ва сифати таълим 10,7 % зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, дар асоси ҷамъбасти давраи фаъоли сессияи санҷишу имтиҳонӣ маълум шуд, донишҷӯёне, ки имтиҳонҳи худро ба тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ва эҷодӣ супориданд, 70,3 дарсад баҳои хубу аъло гиифтанд. Ин нишондиҳанда дар имтиҳонҳои тестӣ 51 дарсадро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки имсол 446 нафар донишҷӯ ба имтиҳони хатм роҳ ёфт, ки аз ин миён 231 нафар дар бахши рӯзона, 318 нафар дар бахши ғоибона ва 30 нафар дар бахши магистратура тибқи фармоиши ректор барои супоридани имтиҳони давлатӣ иҷозат гирифт. Аз шумораи умумии донишҷӯён 283 нафар ба тариқи шартномавӣ, 133 нафар буҷетӣ ва 28 нафар бо квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуд.

Бар пояи иттилои ректори донишкада, дар нимсолаи аввали соли 2022 аз тарафи устодони донишкада 2 монография, 2 китоби дарсӣ, наздик ба 40 мақолаи илмӣ, 50 барномаю дастури таълимӣ омода гардида, ба табъ расиданд.

Ҳамчунин, дар донишкада як қатор чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла 1 конференсияи байналмилалӣ, 2 конференсия, 2 семинар ва 1 мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ, 2 конференсия ва 5 семинару мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои донишкадавӣ баргузор гардиданд.

Дар маҷмӯъ, дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 200 маърӯзаи устодони донишкада ироа шуданд. Дар матбуоти даврӣ вобаста ба нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии президенти мамлакат, ки ба рушди фарҳангу санъат равона гардидаанд, 15 мақолаи устодони донишкада нашр гардид.

Ҳамзамон, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ 51 нафар донишҷӯён ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки донишкада имрӯз бо 42 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Русия, Чин, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Словакия созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин санадҳо равобити илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин ҳамкорӣ дар донишкада аз ҷониби устодони санъату ҳунар ва санъатшиносони машҳури ин давлатҳо ба донишҷӯён дарсҳои маҳорат (мастер-классҳо) баргузор карда мешаванд.

Роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик шуъбаи «ҳаҷвнигорӣ»-ро таъсис диҳад.

– Солҳои охир санъати ҳаҷви тоҷик ба қавле «кӯчагӣ» шудааст. Зеро бо пайдо гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои санъати ҳаҷв чандин гурӯҳҳои хурди ғайрикасбӣ низ ворид гардидаанд. Ин гурӯҳҳо ҷойи санъати касбиро ба саҳнаҳои бемаънию бемантиқ пур намудаанд. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, ки дар оянда шӯъбаи алоҳида вобаста ба ин намуди санъат таъсис дода, беҳтарин устодону донандагони ин риштаро ба кор ҷалб намоем, то фазои санъати ҳаҷвро дубора пурқувват намоем, – гуфт ректори донишкада.

Ба иттилоъи додаи ректор, моҳи майи соли 2022 як қатор донишҷӯёну хатмкунандагони донишкада бо ташаббуси Раёсати донишкада дар доираи созишномаи ҳамкории байнидонишкадавӣ бо Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой барои таҳсил дар хориҷи кишвар имтиҳон супориданд. Дар натиҷа, 11 нафар донишҷӯи донишкада барои таҳсил дар хориҷи кишвар тариқи буҷетӣ қабул гардид, ки аз онҳо 3 нафар магистр ва 8 нафар бакалавр мебошад.

Айни замон дар донишкада 83 нафар донишҷӯён аз хориҷи кишвар   дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Тавре ӯ гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон 28 мақолаи илмии устодону кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи кишвар ба табъ расиданд.

Дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ректор зикр кард, 5 адад фортепиано, 1 тахтаи электронии интерактивӣ ва дигар таҷҳизоти муосири барои раванди таълим зарурӣ, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунанд, бо арзиши ҳудудан 500 ҳазор сомонӣ ба донишкада оварда шуданд.

– Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ як қатор созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла чанг, қонун, ғиҷак, най ва дойра ба донишкада тақдим карда шуд, ки ин амр, бешубҳа, барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим таъсири худро мерасонад, – зикр намуд ректор.

Ба иттилоъи дастрас, дар даври донишкадавии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” 43 нафар ғолиб омада, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин миён 20 нафар ба даври шаҳрӣ роҳ ёфт.

Дар даври донишкадавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад, 30 нафар иштирок намуда, 10 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфт ва аз ин миён 6 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт. Ғолибони озмунҳо ва устодони онҳо бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ  гардиданд.

Ба гуфтаи ректори донишкада, дар бахши фаъолияти эҷодӣ низ натиҷаҳо назаррасанд. Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли равон дар донишкада 25 чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронда шуд.

Намояндагони васоити ахбори омма ба Театри таълимии донишкада даъват карда шуданд, ки ба онҳо 5 адад фортепиано, 1 тахтаи электронии интерактивӣ ва дигар таҷҳизоти муосири барои раванди таълим зарурии дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ба донишкада овардашуда ва як қатор созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла чанг, қонун, ғиҷак, най ва дойраи аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба донишкада тақдимшуда, бо навохтани чанд оҳанги дилошуб, намоиш дода шуд.

Зоҳири САЙФУЛЛО,

Дилшод УМАРОВ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь