Омӯзгорро роҳнамову роҳкушо ва тарбиятгару таълимдиҳанда гуфтаанд ва ба бузургияш арҷ мегузоранд. Шафизода Фарҳод Ашӯр директори коллеҷи омӯзгори ноҳияи Зафаробод дар ин боргоҳи илму маърифат соли сеюм аст, ки сарварӣ менамояд. Ӯ номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори соҳибихтисос ва соҳибтаҷриба мебошад, ки бо фаъолияти пурсамараш тавонист шогирдони зиёдеро ба сӯи қуллаҳои дониш раҳнамоӣ созаду баҳрашон дарси зиндагӣ диҳад.

Мавсуф зимни суҳбат бо хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” аз фаъолияташ дар муассисаи мазкур зикр намуд, ки “Шумораи омӯзгорон дар муассиса 40 нафар буда, дар 14 соли фаъолият таълимгоҳро зиёда аз 1000 нафар бо маълумоти таҳсилоти миёнаи касбӣ бо муваффақият хатм намуда, ба ҷои кор фиристода шуданд. Бо донишҷӯёни таълими рӯзона, ки тариқи буҷавӣ таҳсил менамоянд, шартномаи сетарафа баста шуда, пас аз хатм бо роҳҳати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода мешаванд”.

Бояд зикр кард, ки Коллеҷи омӯзгорони ноҳияи Зафаробод фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дорои 3 кафедра: кафедраи филология ва ҷомеашиносӣ, кафедраи табиӣ-риёзӣ, кафедраи педагогика ва психология, таълиму тарбия, бахши идоракунии сифати таҳсилот мебошад ва дар он 339 нафар донишҷӯ аз рӯи 9 ихтисос – «Таҳсилоти ибтидоӣ», «Таҳсилоти тамактабӣ», «Забони англисӣ”, «Забон ва адабиёти тоҷик»,  «Таърих», «Забон ва адабиёти рус», «Информатика», «Математика» ва «Тарбияи ҷисмонӣ»таълим мегиранд.

Директори коллеҷ мегӯяд, “Боиси хурсандист, ки сол то сол сафи довталабон ба таълимгоҳи мо аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳуриамон рӯ ба афзоиш буда, дар миёни онҳо донишҷӯёни болаёқат – гирандагони Стипендияи Президентӣ, гирандагони идрорпулии раиси вилояти Суғд ва идрорпулии раиси ноҳияи Зафаробод низ ҳастанд”.

Қобили тазаккур аст, ки таълигоҳ дорои базаи хуби моддӣ-техникӣ буда, синфхонаи компютерӣ бо интернет ва почтаи электронӣ таъминанд. Ҳамчунин, 21 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхона бо тахтаи электронӣ, 2 синфхона бо видеопроектор таҷҳизонида шуда, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, майдончаи ҳарбӣ-варзишӣ ва китобхона -қироатхонаи барҳаво барои 50 ҷойи  нишаст, инчунин 2 хобгоҳ ва биноҳои ёрирасони худро дорост .

Маъмурияти коллеҷи омӯзгории н. Зафаробод баҳри иҷрои самтҳои асосии Барномаҳои давлатӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодааст. Дар соли 2021-2022 низ таълимгоҳ аз рӯи иҷроиши барномаҳои давлатӣ дар самти амалишавии барномаҳои давлатии соҳаи омӯзгорӣ тибқи фармоиш ва дастурҳои ВМИҶТ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, оид ба иҷрроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», доир ба татбиқи  Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба иҷроиши нишондодҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва ғайраҳо нақша – чорабиниҳо тартиб дода, иҷроиши онро марҳила ба марҳила таъмин мегардонад.

Бо мақсади тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии донишҷӯён аз ҷониби кафедраҳои таълимгоҳ озмунҳои мухталиф, нишастаҳои илмӣ-бадеӣ, викторинаву мизҳои мудаввар баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври аввали озмуни «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва гузаронида шуда, ғолибони озмун ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Тавре мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави худшинос ва ихтироъкоре ба воя расида истодааст, ки фардои дурахшони ҳаёт дар дасти онҳост ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ  намоем .

Роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои ва дар тадбиқ шудани сиёсати давлат дар соҳаҳои маориф ҳиссаи сазовори худро мегузаронанд.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here