Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Акбарзода Аюбхоҷа Садулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат аз кормандони соҳаи маориф сипосгузорӣ намуда, изҳор дошт, ки Пешвои миллат ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Шуъбаи маорифи ноҳияи  ва муассисаҳои таълимиву тарбиявии он дар самти амалӣ гардонидани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мактабу маориф фаъолияти кории худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда, бо пуштибони аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи роҳбарияти сиёсии давлат тамоми имконот ва нерӯи худро дар роҳи таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии шогирдон ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ сарф менамояд.

Муассисаҳои таълимӣ ва базаи кадрӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки дар ноҳияи Деваштич 77 муассисаҳои таълимӣ фаъолият мебарад, ки аз инҳо 1 адад Маркази таҳсилоти иловагӣ бо шумораи умумии 580 нафар хонанда, 8 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шумораи 1419 нафар кӯдак, 65 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 гимназия бо шумораи 40435/19889 нафар хонанда мебошад. Шумораи синфҳо 1728 ададро ташкил медиҳад.

Соли сипаригашта дар асоси нақшаи кории шуъбаи маориф 6 шӯрои шуъба, 6 ҷаласаи назди мудир, 4 семинари директорон, 4 семинари ҷонишинҳои директорон оид ба таълим, 5 семинари ҷонишинҳои директорон оид ба тарбия, 4 семинари мураббиён, 4 семинари китобдорон, 4 семинари равоншиносон ва 5 маротиба семинари омӯзгорони омодагии дифоъ ва варзиш гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини соҳа натиҷабардорӣ гардиданд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Деваштич 2580 нафар омӯзгорон бо таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон бо маълумоти олӣ 2240/1071 нафар, олии нопурра 98/78 нафар (донишҷӯёни донишкадаҳо) ва бо маълумоти миёнаи махсус 242/140 нафар мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон бо тахассуси дараҷаи «1»- 460/243, тахассуси «2»- 412/249, тахассуси «олӣ»- 962/347 ва тахассуси омӯзгорӣ 746/450 нафар фаъолият доранд.

Шуъбаи маориф баҳри иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба имтиёзҳои омӯзгорони ҷавон кӯшиш менамояд то аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, омӯзгорони ҷавонро дастгирӣ ва ба касби худ ҳавасманд намояд. Мутахассисони ҷавон, ки тариқи Роҳхати ВМИҶТ ба кор фиристода шудаанд, дар муддати 3 соли аввали фаъолияти педагогиашон имтиёз ба андозаи 10% иловапулӣ мегиранд.

Муассисаҳои томактабӣ

-Дар ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маориф амал менамояд, ки дар онҳо 122 нафар мураббиён ба тарбияи 1419 нафар кӯдакон машғуланд.

Аз шумораи умумии кормандони муассисаҳои томактабӣ 60 нафар дорои маълумоти олӣ, 60 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус ва 2 нафар дорои маълумоти олии нопурра мебошанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии № 1,2,3 барои бедор намудани шавқи забондонӣ ва забоназхудкунии кӯдакон омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамаи кӯдакистонҳои ноҳия барои фаъолияти ҳамшираи шафқат шароит муҳайё карда шуда, барои онҳо як ҳуҷраи корӣ бо кат ва лавозимотҳои тиббӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин ҳамаи кӯдакистонҳо дорои ошхонаи хӯрокпазӣ буда, бо тамоми лавозимотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар маркази инкишофи кӯдак ҳамагӣ 959 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, – изҳор дошт номбурда.

Квотаи Президентӣ

Оид ба қабули донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ мавсуф кайд кард, ки санаи 25 марти соли 2022 дар бинои МТМУ №16-и шаҳраки Ғончӣ даври ноҳиявии суҳбат бо довталабони квотаи Президентӣ баргузор карда шуд. Дар озмун аз рӯи 17 ихтисос (9 ҷой барои духтарон ва 8 ҷой барои писарон) зиёда аз 151 нафар ғолибони даври мактабӣ иштирок намуданд. Тибқи тартиби муайянгардида дар бораи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун доир гардид ва аз ҳар номгӯ ихтисосҳо ғолибон муайян карда шуда, 80 нафар ба даври ҷумҳуриявии суҳбат пешниҳод гардиданд. Дар даври ниҳоии озмун, ки санаи 26.05.2022 дар гимназияи рақами 1-и шаҳри Истаравшан баргузор гардид, аз рӯи 17 ихтисос 17 нафар ғолибон ба номи баланди донишҷӯ мушарраф гардиданд.

Маркази миллии тестӣ

Дар идома номбурда зикр намуд, ки дар ин давра дар ҳамкорӣ бо намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони директор оид ба таълими муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии ноҳия семинар оид ба «Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муасисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронида шуд. Баъдан, аз тарафи шахсони масъули шуъбаи маориф барои хонандагони синфҳои 11-и ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чунин семинарҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Ҳамчунин, ин масъала дар ҷамъомади падару модарони таълимгоҳҳо низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз 1-уми марти соли 2022 нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳия ташкил карда шуд. Хатмкунандагони соли таҳсили 2021-2022, 1345 нафар ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супориданд. Аз шумораи умумии ҳуҷҷатсупоридагон ба имтиҳонҳои дохилшавӣ 1211 нафар иштирок намуда, 1095 нафар соҳиби номи донишҷӯ гардиданд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

-Бахши дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №113 «Дар барои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» қарори Раиси вилояти Суғд аз 12.05.2021, №226 «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба амалӣ намудани Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025», қарори Раиси ноҳия аз 25.05.2021 №409 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич 9.06.2021 №38/2 нақша- чорабиниҳо тартиб дода, тибқи он фаъолияти худро ба роҳ монда истодааст, – изҳор дошт ҳамсуҳбатамон ва афзуд, ки дар соли таҳсили 2022-2023, 330 маҳфилҳои фаннӣ: забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ, математика, «Физикони ҷавон», «Химикони ҷавон», технологияи иттилоотӣ, биология, маҳфилҳои «Адибони ҷавон», «Навқаламон», 51 маҳфили маърифатӣ- фарҳангӣ: «Духтарони лаёқатманд», «Кадбону», «Дастони моҳир», «Техникони ҷавон» ва 151 маҳфилҳои варзишӣ: волейбол, футбол, тенниси рӯи миз ва шашкаю шоҳмот, дар умум 528 маҳфилҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шудааст, ки он 3760 нафар хонандагонро фаро мегирад. Аз ин миқдор 2003 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Ширкат дар олимпиада ва озмун

Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади дарёфт ва ташаккули малакаҳои эҷодӣ, бедор намудани шавқу ҳавас ва фаъолияти илмию тадқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои анъанавӣ, даставӣ, даври вилоятӣ иштирок намуданд.

Дар олимпиадаи вилоятӣ байни хонандагони синфҳои 5-11, ки дар он аз муассисаҳои таълимии ноҳия 163 нафар ширкат варзиданд, 27 нафар хонандагон ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 9 нафар хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия ғолибият ба даст оварданд.

Дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маориф даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия моҳи апрел аз рӯи номинатсияҳои дар Низомномаи озмун пешбинишуда ташкил ва гузаронида шуд.

Дар даври ноҳиявӣ 143 нафар ғолибони даври мактаби иштирок намуда, 40 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятӣ 40 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ хонандаи синфи 9-и МТМУ № 38 Ахмедова Паричеҳра аз рӯи номинатсияи хондан ва аз бар намудани адабиёти кӯдакон ва наврасон сазовори ҷои якум гардид. Инчунин аз рӯи ҳамин номинатсия хонандаи синфи 3-и МТМУ №1 Исмоилова Азизахон сазовори ҷои ифтихорӣ ва аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср хонандаи синфи 10 МТМУ №48 Ахмедова Ҳабиба, омӯзгори МТМУ №50 Искандари Исломиён сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва соҳиби сертификат гардиданд.

Инчунин, дар ин давра дар қатори дигар озмунҳо бо мақсади тадбиқи амалии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040”, озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” бо иштироки васеи наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар даври вилоятии озмун 36 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуданд.

Компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ

Дар тамоми таълимгоҳҳои ноҳия 74 адад ҳуҷраи компютерӣ мавҷуд буда, шумораи умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ 1091 ададро ташкил медиҳад. Шуъбаи маориф барои мунтазам таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо компютер ва ташкили синфҳонаҳои нави компютерӣ чораандешӣ намуда истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия 118 адад тахтаҳои электронӣ ва 128 адад видеопроэкторҳо мавҷуд мебошанд. Аз рӯи нақшаи барномаи мазкур муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши 2021-2022 бояд 18 адад тахтаи электронӣ харидорӣ намоянд. То ин дам аз тарафи муассисаҳои таълимӣ 49 адад тахтаҳои электронӣ аз ҳисоби буҷаи муассиса ва аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллӣ харидорӣ карда шудааст.

Ҳамзаммон, аз захираҳои иловагии буҷети маҳаллӣ ба миқдори 100 000 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки барои харидории компютер ва тахтаҳои электронӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия пешбинӣ карда шуда, айни ҳол аз тарафи соҳибкори инфиродии “Амонулло” 30 адад тахтаи электронӣ ба анбори шуъбаи маориф дохил карда шуда, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд. Инчунин, барои харидории 10 адад тахтаи электронӣ ва видеопроэктор ба суратҳисоби ин соҳибкор маблағ гузаронида шудааст ва бо баробари харидорӣ таҷҳизот ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад.

Соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ курсҳои 10- рӯзаи омӯзиши компютерӣ ва кор бо тахтаҳои электронӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки дар ин курсҳои омӯзишӣ 480 нафар омӯзгорони фанни гуногун иштирок намуда, дониши худро нисбати омӯзиши компютер ва истифодаи тахтаи электронӣ дар дарсҳо баланд бардоштанд.

Айни ҳол 68 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва шуъбаи маориф ба шабакаи дохилии Интернетӣ пайваст карда шудаанд. Инчунин аз тарафи кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ноҳия ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми почтаи электронӣ тартиб дода шудааст.

Вазъи моддӣ- техникӣ

Доир ба ҳолати моддӣ- техникии муассисаҳои таълимӣ номбурда зикр кард, ки сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар назди МТМУ №5-и деҳаи Ҳазорчашма, ҷамоати деҳоти Муҷун барои 640 нафар хонандагон аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 14 млн сомонӣ соли 2018 оғоз гардида, санаи 14 ноябри соли 2022 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз синфхонаҳои замонавӣ, ҳуҷраҳои фаннии муҷаҳҳаз, толор варзишӣ, ошхона иборат буда, ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ мебошад. Сохтмонҳои муассисаҳои таълимие, ки дар соли 2022 оғоз гардида буд, идома дорад.

Таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо таҷҳизотҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои дохила ва аз ҳисоби кӯмаки шахсони сарпараст яке аз самтҳои фаъолияти шуъба мебошад. Чунончӣ, дар як қатор муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронидани вохӯриҳои собиқ хатмкунандагон ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани муассисаҳои таълимӣ анъана шудааст.

Дар соли 2022 барои харидории таҷҳизот мувофиқи муассисаҳои таълимии ноҳия 247500 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, аз ҷониби МТМУ-ҳои №№ 1, 28, 34, 38, 40, Гимназияи №3 ва МТТ №1 дар умум ба маблағи 245000 сомонӣ таҷҳизотҳои таълимӣ аз қабили мизу курсиҳои талабагӣ, ҷевонҳо, компютерҳо ва ноутбукҳо харидорӣ гардидааст.

Курси такмили ихтисос

-Дар асоси нақшаи пешбинишуда дар давоми соли 2022, 1 нафар мутахассиси шуъбаи маориф, 2 нафар директорони муассисаи таълимӣ, 1 нафар муовини директор оид ба таълим ва 1 нафар муовини директор оид ба тарбия ва 2 нафар муҳосибон ба курси такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд, – зикр кард мавсуф ва афзуд, ки дар ин давра 282 нафар омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таъриху ҳуқуқ, синфҳои ибтидоӣ, физика ва математика, забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, технологияи иттилоотӣ ва технология, химия ва биология баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар курси такмили ихтисоси вилоятӣ иштирок намуданд Ҳамчунин 9 нафар равоншиносон, 1 нафар муҳосиб 4 нафар муовини директор олид ба таълим ва 2 нафар муовин оид ба тарбия, 2 нафар мудирони муассисаҳои томактабӣ ва 2 нафар роҳбари созмони талабагӣ ба курси такмили ихтисоси вилоятӣ иштирок намуданд.

Маркази таҳсилоти иловагӣ

Дар идомаи сущбат номбурда тазаккур дод, ки муассисаи Маркази таҳсилоти иловагӣ дар соли 2022 машғулияти худро бо 17 номгӯй маҳфилҳо ба роҳ монда, 580-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро ба маҳфилҳо ҷалб намуда, аз рӯи ҷадвали тартибдодашуда роҳбарони маҳфилҳо машғулиятҳоро гузарониданд. Дар маҳфилҳо роҳбарони ҳунарманд ва ихтисосманду устоди касби худ машғулиятҳоро пурсамар гузарониданд.

Машғулияти маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ аз рӯи равияҳо тақсим карда шуда, машғулиятҳо мутобиқи ҷадвали машғулияти аз тарафи маъмурият тартибдодашуда гузаронида мешавад. Ҳар як роҳбари маҳфил кӯшиш менамояд, ки машғулиятҳои худро шавқовару пурмазмун гузаронад.

Дар Маркази таҳсилоти иловагӣ аз рӯи нақша-чорабиниҳои тартибдодашуда, чорабиниҳои тарбиявӣ ва касбӣ гузаронида шуд.

Аъзоёни маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар озмунҳои минтақавӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён ноил гардиданд.

Равоншинос

Дар анҷоми суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо аз 0,25 то 1 воҳиди корӣ, дар умум 40,5 воҳиди кории равоншиносон муайян карда, фаъолият ба роҳ монда шудааст. Аз ҳисоби умумии воҳидҳои кории равоншиносони муассисаҳои таълимӣ алҳол 60 нафар (дар баъзе мактабҳо 2 нафарӣ) кору фаъолият менамоянд.

Орифи бузург Саъдии Шерозӣ бе сабаб нагуфта, ки:

Фарзанд ҳамон кунад ба ҳар ҳол,

К-аз модари хешу аз падар дид.

То он вақте, ки падару модаронро бо талаботи асноди меъёрию ҳуқуқии ҳифзи кӯдак, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва вазифаҳояшон шинос накунем ва натиҷаи онро аз онҳо напурсем, албатта, кор пеш намеравад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь