“Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

(Аз Паёми Пешвои миллат ба ММ МО ҶТ, 21.12.2021 ш. Душанбе)

Нерӯи кадрӣ

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор барои таълим ва тарбияи омӯзгорони ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ ҳамаи шароитҳо омода карда шудаву ҷиҳати ба замони муосир мутобиқгардонии ин боргоҳи маърифат тадбирҳои судманд андешида мешавад. Бинои муассиса аз нигоҳи замон таъмир карда шудааст ва он бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз буда, ҳамқадами ҷомеаи навин мебошад. Муассиса дорои кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз, синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои электронӣ, китобхона, толори варзишӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ мебошад.

Дар Коллеҷ 76 нафар омӯзгорон бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда ба кори таълиму тарбия машғуланд, ки аз онҳо 3 нафар дорандагони унвони илмӣ, 6 нафар унвонҷӯён ва аспирантон, 1 нафар “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар дорандаи “Медали шоиста”,  35 нафар дорандаи нишони “Аълочии маориф ва илми  Тоҷикистон” мебошанд. Ҳамчунин, 29 нафар омӯзгорони ин даргоҳи маърифат бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд. Ҷомеаи омӯзгорон ва кормандони муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор” фаъолияти худро мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору амрҳои Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба нақша даровада, ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Муассиса пурра бо мутахассисон таъмин мебошад.

Роҳандозии фаъолият дар коллеҷ

Айни замон шумораи донишҷуён дар коллеҷ ба ҳолати моҳи март соли 2021 1185 нафар, аз ҷумла 1007 нафар духтар буда, аз ин 655 нафарашон, аз ҷумла 539 нафар духтар дар шуъбаи рӯзона ва 530 нафарашон, аз ҷумла 468 нафар духтар дар шуъбаи ғоибона таҳсили илм доранд. Муассиса дар асоси маблағҳои буҷавӣ ва шартномавӣ  фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Қобили тазаккур аст, ки дар коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои Таҳсилоти ибтидоӣ, Таҳсилоти томактабӣ, Забон ва адабиёти рус, Забони хориҷӣ (англисӣ), Забон ва адабиёти тоҷик, Таърих, Технология, Математика, Информатика, Биология, География, Тарбияи ҷисмонӣ, Математика ва информатика мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ тайёр карда мешаванд.

Муассиса дорои факултаҳои филология ва таърих ва табиӣ-риёзӣ, кафедраҳои филология, педагогика ва психология, таърих ва ҷомеашиносӣ, фанҳои табиӣ-риёзӣ, шуъбаҳои таълим, таҷрибаомӯзӣ, рӯзона, ғоибона, бахши назорати сифати таҳсилот, маркази тестӣ, маркази касбомӯзӣ ва китобхонаи электронӣ мебошад.

Фаъолияти кафедраҳои филология, педагогика ва психология, таърих ва ҷомеашиносӣ, фанҳои табиӣ-риёзӣ, таҳти назорати садорати факулта, мувофиқ ба талабот, ба роҳ монда шудааст. Мунтазам ҷаласаҳои кафедраҳо гузаронида мешавад ва омӯзгорон аз рӯи ихтисос дар кафедраҳо муттаҳид карда шудаанд.

Нақшаи кории кафедраҳо дар асоси талаботи Низомнома ва мувофиқ ба шароити муассиса таҳия карда шуда, дар асоси қарори Шӯрои олимон бо фармоиши директори муассиса тасдиқ карда шудааст, ки  фаъолияти омӯзгоронро ба танзим медарорад. Дар кафедраҳо намунаи корҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, намуна ва мавзӯъҳои корҳои курсӣ ва хатм, нақшаи фаъолияти муассиса, қонунҳо, ҳуҷҷатҳо  ва аснодҳои ҳуқуқии меъёрии марбут ба соҳа гирд оварда шудааст, ки дар пешбурди фаъолияти педагогӣ омӯзгорон аз онҳо истифода менамояд.

Ташкил ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ ва иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар ба маҷрои нави ташкилию таълимӣ оварда шуд. Аксарияти чунин дарсҳо бо иштироки намояндагони маъмурияти муассиса гузаронида шуда, ҳаматарафа таҳлилу натиҷабардорӣ карда мешаванд, ки  ин тарзи кор дар  болоравии ҳисси масъулиятшиносии омӯзгорони ҷавон замина хоҳад гузошт.

Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассиса маркази тестӣ фаъолият менамояд, ки ҳама намуди аттестатсияҳо (ғайр аз давлатӣ) дар онҷо гузаронида шуда, донишҷӯён тибқи сатҳи дониши худ бахогузорӣ карда  мешаванд. Ҳангоми гузаронидани дарсҳо омӯзгорон аз технологияи муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ, видеопроэкторҳо, компютерҳо истифода бурда истодаанд.

Такмили ихтисос

Нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон тартиб дода шуда, ба расмият дароварда шудааст ва иҷроиши он таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад. Дар муассиса ба такмили ихтисос, маҳорати касбӣ ва худомӯзии омӯзгорон  диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Моҳи январи соли равон дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми   Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар омӯзгор аз курси сайёри такмили ихтисос ва бозомӯзии назди “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф”  гузаштанд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва барои баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон 80 нафар устодон аз курси омӯзиши истифодаи технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ, видеопроектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ) гузаштанд.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад

Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Пеш аз ҳама, дар назди коллеҷ маҳфили “Забондонон” ташкил карда шудааст, ки дар он забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба шогирдон иловатан омӯхта мешаванд. Натиҷаи омӯзишҳои пурсамари маҳфили “Забондонон” буд, ки  донишҷӯи бахши  4-уми ихтисоси 2-020301 «Забон ва адабиёти тоҷик» Қурбонова Дилафрӯз дар даври шаҳрӣ ва минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва азёд намудани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ » сазовори ҷойи аввал гашта, дар даври  ниҳоии озмуни болозикр низ фаъолона иштирок намуда, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар байни донишҷӯён озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯъҳои  “Ватан ишки ту ифтихорам”, бахшида ба 29 – солагии рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, “Дасти дуои модар”, “Биҳишт зери қудуми модарон аст” бахшида Рӯзи Модар, “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст” бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик Раҳмонов С., Гиёев Л. ва Рӯзиева С. дарсҳои намунавӣ гузаронида шуд, ки дар он бевосита маъмурияти муассиса иштирок намуданд.

Дар баробари ин нашри китоби директори муассиса ва ҳамзамон омӯзгори фанни педагогика Давлатзода Ҷамила «Назария ва амалияи низоми яклухти тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастури методии омӯзгори фанни математика Ҳалимов Юсуф «Ташкили корҳои беруназдарсӣ аз математика дар тайёрии касбӣ-методии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии педагогӣ» ва мақолаҳои илмӣ-методии омӯзгорон Давлатзода Ҷ., Раънои Камолиддин, Одинаев С.П., Ваҳобов М., Саидова Ф., Давлатова Г., Ҷомиева М., Абдуразоқова З., Раҳмонов С., Юсуфов Ҷ.,  Шарифова Ш.,  Ниёзова З., Бӯриев З., Сатторова Қ., Давлатова Г., Юсупов Ҳ., Рузиева С., ки мунтазам дар матбуоти даврӣ чоп мешаванд, аз дастовардҳои ҳайати омъзгорони ин боргоҳи маърифат аст.

Забон донӣҷаҳон донӣ

Дар муассиса доир ба иҷроиши нишондодҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438 дар бораи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030» кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз бо маводҳои таълимӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ мавҷуд буда, ҷавобгӯй ба талаботи имрӯза мебошад. Гӯшаи махсуси адабиётҳои бадеӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар китобхонаи муассиса ташкил ёфта, барои мутолиа тавсия мешавад. Ҳамзамон, ба омӯзгорони фанҳои зикргардида бо қарори Шӯрои олимон тавсия дода шудааст, ки ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диқкати махсус диҳанд, ба донишҷуён корҳои мустақилона, аз қабили тарҷумаи афсона, ҳикоя ва қиссаҳо супориши фардӣ дода, аз натиҷаи он ба Шӯрои олимон маълумотномаи муфассал манзур созанд.

Дар озмуни фаннии дохили коллеҷӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ гузаронида шуд, аз фанни забон ва адабиёти рус ҷои аввалро донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси 2-020134 «Забон ва адабиёти рус» Сайфуллоева Мафтуна (роҳбар Яқубова Дилором Толибовна) ва аз фанни забони англисӣ донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси 2-020135 «Забони англисӣ» Гулматова Идимоҳ (роҳбар Саторова Қиматой) ишғол намуданд.

Инчунин, гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дарсҳои намунавӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар шуъбаи рӯзона кушодани ихтисоси 2-020135 «Забони англисӣ» дар заминаи таҳсилоти асосӣ ин худ шаҳодати он аст, ки таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони англисӣ ва русӣ зиёд буда, барои таъмини муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳр бо омӯзгорони ихтисосманди фанни зикргардида, замина хоҳад гузошт.

Дар маҷмуъ дар муассиса барои фаъолияти пурсамари омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд низ барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт тадбирҳо андешида мешаванд.

Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки илм дар рушди кишвар нақши калидӣ дорад. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба омӯзгорону мутахассисони илмҳои дақиқ илҳоми тоза бахшид. Ин тадбир барои илму эҷод муҳиму сарнавиштсоз ба шумор меравад.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи тадбири мазкур дар муассиса шиору овезаҳо насб шуда, дар муассиса шароити мусоиди корӣ барои фаъолияти омӯзгорон фароҳам гардид. Кабинетҳо ва  синфхонаҳо, аз ҷумла кабинети математика, информатика, биология, география ва ғайра пурра  таҷҳизонида, ба талаботи замон мувофиқ гардонида, 82 компютер, 12 ноутбук, 14 принтер, 10 тахтаи электронӣ ва 10 проектор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар ҷараёни таълим ҳамарӯза аз онҳо самаранок истифода мебаранд.

Инчунин китобхонаи муассиса ба таври замонавӣ ташкил карда шуда, донишҷӯён ба тамоми китобҳои методӣ, тахассусӣ, дарсӣ ва бадеӣ дастрасӣ доранд ва минбаъд метавонанд аз шакли электронии китобҳо, ки  16000 нусхаро ташкил мекунад, истифода баранд. Дар ин росто мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар муассиса озмунҳои фаннӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар дарсҳои намунавӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (биология, химия, физика, география,  информатика ва математика) ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, феълан дар муассиса ҳафтаи «Математика» ва «Информатика» гузаронида шуда, донишҷӯёне, ки тӯли ин ҳафтаҳо фаъолияти хуб нишон доданд, бо «Ифтихорнома»-ҳои маъмурияти муассиса сарфароз гардиданд.

Мусаллам аст, ки ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология  даври аввали озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар байни донишҷӯён санаи 16.03.2022 аз рӯи номинатсияи «Математика» гузаронида шуд. Ғолибони даври аввал – Очилова Юлдузхон, Манижаи Абдулло ва Файзигули Абдурашид ҷиҳати иштирок ба даври дуюми озмун пешбарӣ гардиданд.

Гуруҳҳои аёдатӣ

Дар коллеҷ аз ҳисоби ҷавонони фаъол гуруҳи аёдатӣ ташкил карда шудааст, ки фаъолияти онҳо дар ин самти тарбия хеле назаррас мебошад, аз ҷумла дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модарон, Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси ин гуруҳ донишҷӯён ба аёдати собиқадорони соҳаи маориф ва собиқ омӯзгорони коллеҷ Юсуфова Гулистон, Ваҳобова Мағфиратхон, Юсуфҷонова Гулчеҳра рафтанд.

Китоб бояд хонд!

Китобхонаи муассиса ба таври замонавӣ ташкил карда шуда,  донишҷӯён ба тамоми китобҳои методӣ, тахассусӣ, дарсӣ ва адабӣ дастрасӣ доранд ва минбаъд метавонанд аз шакли электронии китобҳо, ки 5000 нусхаро ташкил мекунад, истифода мебаранд. Аз ҷумла, фонди китобхона ғанӣ гардонида шуда, теъдоди адабиёти сиёсӣ, методӣ, умумитаълимӣ, тахассусӣ ва бадеӣ дар маҷмуъ ба 18 936 нусха расидааст.

Омӯзгорону донишҷӯёни муассиса ба пуррагӣ аъзои китобхона буда, аз он самаранок истифода мебаранд.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2022, №АП-156 дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмуни китобхони беҳтарин зери унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон карда шуда, донишҷӯён ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб карда шуданд.

Хурсандибахш аст, ки 19-уми феврали соли равон омӯзгорон ва донишҷуёни муассиса дар Ярмарка-фурӯши китоб таҳти унвони «Китоб бояд хонд!»,  ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ташкил карда шуда буд, дидан намуда, китобҳои тозанашри гуногунро харидорӣ намуданд.

Интихоби дуруст Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор

Дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» барои қабули довталабон ба муассиса барои соли таҳсили 2022-2023 ҳанӯз аз моҳи феврал сар карда, корҳои омодагӣ оғоз гардид ва комиссия фаъолияти худро босамар пеш мебарад.

Баҳри тарғибу ташвиқ ва муаррифӣ намудани муассиса почтаи электронӣ ва дигар воситаҳои тарғиботии интернетии муассиса фаъол гардонида шуданд. Ҷиҳати ҷалби бештари хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ ба муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» буклетҳо ва дигар маводҳои таблиғотии муассиса ташкил карда шуда, ҳамаи омӯзгорону кормандони муассиса ба мактабҳои шаҳр ва берун аз он сафарбар карда шуданд.

Бо мақсади шиносоии ихтисосҳои амалкунанда ҷиҳати ҷалби бештари хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ  санаи 17-уми  март дар коллеҷ «Рӯзи дарҳои кушод» гузаронида шуд, ки ба он хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳои   шаҳру ноҳияҳо ҷалб карда шуданд. Хатмкунандагонро устодон  ва намояндагони шӯъбаҳои маориф роҳбаладӣ намуданд. Роҳбарияти коллеҷ ва кормандони комиссияи қабул хатмкунандагонро бо шароити таҳсил, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, хобгоҳ ва дигар  иншоотҳои таълимии коллеҷ шинос намуда, оиди вазъи таҳсил дар коллеҷ маълумоти муфассал доданд.

Дар баробари ин дар матбуоти даврӣ ва радиову телевизионҳои ҷумҳурӣ низ корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ роҳандозӣ гардид. Натиҷаи корбариҳо буд, ки ба ҳолати 19 марти соли ҷорӣ 559 нафар довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисорро интихоб намуданд. Маъракаи тарғибот ҷалбнамоӣ идома дорад.

Шиори аҳли коллеҷ: «Омӯзгор тавассути заҳмат, адолатпешагӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ ва донишмандӣ соҳиби обрӯ, эътибор ва шуҳрат мегардад».

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь