Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди арзёбӣ қарор дода, рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарин таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа арзёбӣ намуданд.
Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Муҳтарам Усмонзода Мақсатулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Номбурда нахуст қайд кард, ки шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент фаъолияти худро ҷиҳати муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки шуъбаи маорифи шаҳр тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ -техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
-Лутфан, нахуст мегуфтед, ки чанд муассисаи таълимӣ дар тобеияти шуъбаи маорифи шаҳри Панҷекент фаъолият дорад ва замнан мегуфтед, ки базаи кадрӣ дар кадом поя қарор дорад?
Айни ҳол дар шаҳри Панҷакент ҷамъ 138 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 122 адад мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1 гимназия, 2 литсей, 1 мактаби хусусӣ мебошад.
Мактабҳои шаҳру деҳот ба кадрҳои омӯзгорӣ асосан таъминанд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 4883 нафар омӯзгорон (3026 нафар зан) фаъолият менамоянд, ки ба 72221 нафар (35501 нафар духтар) хонанда таълиму тарбия медиҳанд. Омӯзгорони таҳсилоти олидошта 3769 нафар (2203 нафар зан), таҳсилоти олии нопуррадошта 183 нафар (147 нафар зан), таҳсилоти миёнаи омӯзгоридошта 931 (676 нафар зан)-ро ташкил медиҳад.
Соли равон 412 нафар омӯзгорон ба муассисаҳои таълимӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки 191 нафар бо таҳсилоти олӣ, 109 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус ва 112 нафар ғойибхонҳои курсҳои 2 ва 5 ба кор омаданд.
-Дар таҳсилоти соли пеш чанд нафар хонанда хатм кард ва чанд нафари онҳо таҳсилоташонро дар макотиби олӣ идома доданд ва ҳамчунин иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ гуна аст?
Дар соли таҳсили 2023-2024, 3325/1747 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ синфи 11-умро хатм намуданд, ки аз миқдори умумии хатмкунандагон 3006 нафарашон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, 2449 нафарашон аз қайд гузаштанд ва 1856 нафарашон ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шудаанд.
Дар соли таҳсили 2024-2025, 3694 нафар синфи 11-ро хатм мекунанд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз 3694/1837 нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр то имрӯз 3000/1458 нафар (81,4 фоиз) аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супориданд.
Инчунин 162 нафар собиқ хатмкунандагони синфи 11 ва 563 нафар хонандагони синфи 9-ум аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳуҷҷат супориданд ва даври 2-юми ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ аз 01.06.2025 то 30.06.2025 идома меёбад.
Иштироки хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ назаррас мебошад. Ба мисол, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 495 нафар довталабон 83 нафарашон ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд, ки аз 83 нафар иштирокчӣ 14 нафарашон ба даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд. Аз иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун омӯзгор ва хонандагони зерин ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд:
р/т | Ному насаб | Мактаб, синф | Омузгор |
1 | Рустамова Сумая Шӯҳратовна | Литсей №1, синфи 4 | Рустамов Шӯҳрат |
2 | Ахмедзода Фараҳбахш Аброрбек | МТМУ №63, синфи 9 | Эшбеков Ансоралӣ |
3 | Эргашова Афрӯза Фарруховна | МТМУ№8, синфи 8 | Исмоил Зарифӣ |
4 | Муқбилова Барно Нӯъмоновна | Омӯзгори МТМУ№11 |
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” санаи 25.05.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 аз рӯйи 7 номинатсия баргузор гардид. Дар ин озмун 1678 нафар, аз ҷумла 774 нафар занону духтарон иштирок намуда, 75 нафар, аз ҷумла 32 нафар занону духтарон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифанд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 1-нафар Қосимов Муҳаммадҷон- хонандаи синфи 10-уми Литсей №1 ҷои якум сазовор гашт.
-Дар олимпиадаҳо иштироки хонандагон чӣ гуна аст?
Дар соли хониши 2024-2025 дар даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон байни хонандагони синфҳои 5-11 ҳамагӣ 6964 нафар хонандагон иштирок доштанд.
Ба даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон 220 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии синфҳои 5-11 аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, физика, химия, география, алгебра, биология, технологияи иттилоотӣ, забони давлатӣ, забон адабиёти рус ва забони русӣ роҳхат гирифтанд.
Аз олимпиадаи наврасон синфҳои 5-6, 38 нафар, синфҳои 7-8, 60 нафар, олимпиадаи даставӣ синфҳои 9-10, 63 нафар ва олимпиадаи номӣ синфҳои 11, 59 нафар дар умум 167 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Хонандагони синфҳои 11, аз 35 нафар роҳхатгирифтагон дар даври вилоятии олимпиада 13 нафар соҳиби ҷойҳо шуда ба даври ҷумҳуриявӣ ширкат варзида 3 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр синфи 9-10, 8-нафар ба даври ҷумҳуриявӣ ширкат варзида 4 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр синфи 7-8, 9-нафар ба даври ҷумҳуриявӣ ширкат варзида 5 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 25 нафар дар озмуни байналмилалии «Архимед» иштирок намуда, 1-нафар соҳиби медали тилло, 1-нафар соҳиби медали биринҷӣ ва 19-нафар соҳиби сертификат гардиданд. Инчунин, дар озмуни байналмилалии «BRAINIACS» 50 нафар иштирок намуда, 4 -нафар соҳиби медали биринҷӣ ва 2-нафар соҳиби сертификат гардиданд.
-Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ заминаи асосии таълимоти наврасон мебошад ва мегуфтед, ки фаъолияташон хуб ба роҳ монда шудааст?
Дар қаламрави шаҳр 20 муассисаҳои таҳи томактабӣ (12 то мансуби шуъбаи маориф, 6 то хусусӣ, 2 то мансуби корхонаву ташкилот) фаъолият доранд. Дар ин кӯдакистонҳо 3870/1842 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.
Месазад хотирнишон сохт, ки дар соли таҳсили 2024 – 2025 дар 75 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби 2179 нафар кӯдакони синни томактабӣ дар 89 гурӯҳ марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шуданд. Барои ташкили гурӯҳҳои марказҳои инкишофи кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ иловатан корбарӣ карда мешавад.
-Албатта, базаи моддиву техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ аҳамияти бузург дорад ва ҳолатшонро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Рафти ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20.03.2024, №154, “Барномаи ҷори намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”, тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд.
Муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент дорои 2125 адад компютер, 373 адад принтер, 115 адад тахтаи электронӣ, 144 адад проектор ва 905 адад камераҳои назоратӣ мебошанд.
Дар соли ҷорӣ 186 адад компютер, 16 адад принтер, 45 адад тахтаи электронӣ, 43 адад проектор харидорӣ карда шудаанд, ки сифати баланд доранд. Ҳамзамон аз тарафи кормандони Маркази ТИК 124 адад компютерҳои таъмирталаб таъмир карда шуда ва ба истифода дода шуданд. Барои мустаҳкам кардани пояи моддию таълимии муассисаҳои соҳа корҳо мақсаднок ҷараён доранд.
-Бунёдкориву ободонӣ қисми муҳим барои муассисаҳои таълимӣ мебошад, дар муассисаҳо тармиму таъмир чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Дар давоми сол дар самти ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидон, сарпарастон, шахсони саховатманду хайрхоҳ ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои таълимии нав кӯшишҳои судманд ба харҷ дода шуданд.
Соли равон аз тарафи волидон, сарпарастон, шахсони саховатманду хайрхоҳи МТМУ №89 деҳаи Оби борики Ҷамоати деҳоти Моғиён (5 синфхонаи иловагӣ), МТМУ №28 деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиён (6 синфхонаи иловагӣ), МТМУ№55 деҳаи Абдусамади Ҷамоати деҳоти Саразм, (12 синфхонаи иловагӣ), МТМУ №69 деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Сӯҷина (14 синфхонаи иловагӣ), дар умум 950 ҷои нишаст, дар МТМУ №109 деҳаи Некноти нави Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва МТМУ №24 деҳаи Чиларчаи Ҷамоати деҳоти Саразм, майдони варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Инчунин, МТМУ №70-и деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯ ба маблағи 4 300 000 сомонӣ аз буҷҷети раиси вилояти Суғд барои 240 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шуд, ки бинои мазкур иборат аз 12-синфхона мебошад ва МТМУ №75-и деҳаи Косатароши нави Ҷамоати деҳоти Косатарош ба маблағи 4 900 000 сомонӣ ба тариқи ҳашар аз тарафи аҳолии деҳа ва соҳибкорон сохта шуд, ки дорои 14-синфхона барои 260 нафар хонанда дар як баст, 2-ҳуҷраи маъмурӣ, 1-хонаи омӯзгорон ва маҷлисгоҳ мебошад.
Инчунин, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раиси шаҳр, волидон, сарпарастон, шахсони саховатманду хайрхоҳ дар ҷ/д Саразм, деҳаи Бостондеҳ МТМУ №121, (4 синфхонаи иловагӣ), деҳаи Яккасада МТМУ №38, (12 синфхонаи иловагӣ), деҳаи Ҳавзаки боло МТМУ № 105 (7 синфхонаи иловагӣ), дар ҷ/д Хурмӣ МТМУ № 31 деҳаи Озодагон (15 синфхонаи иловагӣ), дар ҷ/д Лоиқ Шералӣ МТМУ №115 деҳаи Боғча аз ҳисоби маблағгузории раиси вилоят (бинои нав дорои 12 синфхона бо таҷҳизоташ), дар ҷ/д Амондара МТМУ №32, деҳаи Амондара (5 синфхонаи иловагӣ), дар МТМУ № 19 деҳаи Майкада (бинои нави таълимӣ), дар ҷ/д Моғиён МТУА №64 деҳаи Майдонча (2 синфхонаи иловагӣ), МТМУ №28 деҳаи Сор, маҳаллаи Нови дия (3 синфхонаи иловагӣ), МТМУ № 117 деҳаи Зебон (5 синфхонаи иловагӣ), дар МТМУ № 68 деҳаи Соҳили Ҷамоати деҳоти Сӯҷина (4 синфхонаи иловагӣ), дар МТМУ № 57 ҷ/д Ёрӣ, деҳаи Ёрӣ (18 синфхонаи иловагӣ), дар ҷ/д Чинор, деҳаи Нуристон МТМУ №40 (8 синфхонаи иловагӣ), дар МТМУ №81 деҳаи Чорбоғи болои ҷ/д Косатарош (5 синфхонаи иловагӣ), 94 адад синфхонаҳои иловагӣ, барои 2350 ҷои нишаст, сохтмони бинои синфхонаҳои иловагӣ ва майдончаҳои варзишии замонавӣ дар назди МТМУ № 39,50,53,58,63,72 идома дорад.
Илова ба ин, дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабии 3-ошёна барои 170 нафар кӯдакон ва дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина аз тарафи соҳибкор Маҷамов Алиҷон сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабии 3-ошёна барои 250 нафар кӯдакон идома дорад.
Соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти иҷроия 2500 ҷуфт мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд.
МТЖТ