Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди арзёбӣ қарор дода, рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарин таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа арзёбӣ намуданд.
Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Қурбонзода Исроил суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Номбурда нахуст қайд кард, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон фаъолияти худро ҷиҳати муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки шуъбаи маорифи ноҳия дар соли 2024 тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ -техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Базаи кадрӣ
Мавсуф изҳор дошт, ки ба таълиму тарбияи хонандагон 1912 / 1008 нафар омӯзгорон, аз ин шумора бо маълумоти олӣ 1153/495 нафар, бо маълумоти миёнаи касбӣ 561/365 нафар ва 198/148 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд. Аз шумораи омӯзгороне, ки бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, 198 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳо таҳсил доранд.
Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 нафар тибқи роҳхат ирсол карда шуд, аз инҳо 19 нафар ба кор омаданд, 2 нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуда, 2 нафар бинобар сабаби ивази ҷойи зист ва 4 нафар бе сабаб ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.
Дар умум дар соли таҳсили 2024 -2025 панҷоҳу панҷ нафар мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон кор ва фаъолият доранд.
Ҷиҳати сафарбар намудани омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос давоми нуҳ моҳ 262 нафар омӯзгорон, муовинон ва директорон ба Филиали Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва Бозомӯзии кормандони соҳаи маориф-и шаҳри Бохтар ва 9 нафар ба Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф-и шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.
Муассисаҳои томактабӣ ва инкишофи кӯдак
Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки зинаи аввали таҳсилот зинаи таҳсилоти томактабӣ ба ҳисоб меравад ва маҳз ин зина дар омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он мусоидат менамояд.
Дар ҳудуди ноҳия 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 536 нафар, аз ҷумла 194 духтар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Дар муассисаҳои томактабии мазкур 21 нафар мураббӣ, аз ҷумла 7 нафар бо таҳсилоти олӣ, 9 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ (донишҷуёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд) ба таълиму тарбия машғул мебошанд.
Дар назди 62 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 72 маркази инкишофи барвақтии кӯдак, 154 гуруҳ бо фарогирии 4000 нафар кӯдак таъсис дода шудааст.
Дастовардҳо
Дар ҷараёни суҳбат ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки ғолибоне, ки дар озмун аз рӯи номинатсияҳои “Сарояндаи беҳтарин” Толибова Муслима, “Раққоси беҳтарин” Сулаймонова Зайнаб, аъзоёнии маҳфили “Бадеӣ ва фарҳангӣ”, “Чакандӯзи беҳтарин” Қодирова Нигина, аъзои маҳфили “Чакандӯзӣ”, “Дастони моҳир” Ҳамрозода Ҳабибулло сазовори ҷойҳои намоён гардида, дар чорабинии вилоятӣ, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои “Сарояндаи беҳтарин” Қараева Меҳрангез, “Раққос (а)-и беҳтарин” Сулаймонова Зайнаб аъзоёни маҳфили “Бадеӣ ва фарҳангӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, аз тарафи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо тӯҳфаю Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар санаи 23-уми майи соли 2024 бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” омӯзгорон, хонандагон ва ҷавонон аз маркази ноҳия то Кохи Хуросон роҳпаймоӣ намуда, бахшида ба ин рӯз дар кохи номбурда чорабинии фарҳангӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ташкил карда шуд.
Муассисаи таҳсилоти иловагӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои раиси ноҳияи Хуросон аз 11.06.2024, сардори раёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 3.06.2024, шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон нақша-чорабинӣ таҳия намуда, оиди бандҳои нақшаи таъсисдода бо аъзоён ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуну чорабиниҳо гузарониданд.
Аъзоёни маҳфили “Бадеӣ ва фарҳангӣ”-и Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Хуросон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” тайёрии хуб дида, дар даври вилоятии озмун 5 нафар аъзоёни маҳфил иштирок намуда, 1 нафар Толибова Муслима ба даври ҷумҳуроиявии озмун роҳхат гирифта, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардида, соҳиби Диплом ва туҳфаҳои пулию молӣ гардонида шуд.
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рӯзҳои 19 то 26-уми моҳи августи соли 2024 даври сеюми озмун, яъне вилоятӣ баргузор гардида, иштирокчиёни озмун фаъолона дар озмун иштирок намуданд.
Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи “Солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва дигар дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаи маорифи ноҳия ва супоришҳои муассисаи давлатии “Маркази Ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”-ро ба нақша гирифта, корҳои таълиму тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфию беруназмактабиро дар худи маркази муассиса ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо хонандагону наврасон хубу беҳтар ба роҳ монда, инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ дар баланд бардоштани ташаккули ҷаҳонбинӣ ва донишу маҳорати онҳо ҳиссагузор бошанд.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо
Мавсуф инчунин қайд кард, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дорои 11,5 воҳиди корӣ буда, дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон бо 5- утоқи корӣ ва як синфхона фаъолият дорад. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои бо мақсади дарёфт ва ҷалби хонандагони шоиставу боистеъдод, новобаста ба ҷои зист ва вазъи иҷтимоии онҳо заминаи асосии захираҳои олимпии олимпиадаи фаннии мактаббачагони ноҳия буда, иштроки онҳоро дар озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ таъмин намуда, дар соли 2024 як чанд корҳоро ба сомон расонидаст.
Марказ дорои 7-маҳфили фанни мебошад. (забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ, математика ва информатика, физика, химия ва биология), фаъолият менамояд. Аз инҳо 4- маҳфили фаннӣ дар назди муассисаҳои таълимии №58, 18 ва Литсей давлатии №1 ва 3 маҳфили дигар дар назди Марказ фаъолият менамояд. Дар маҳфилҳои Марказ ҳамагӣ 142-нафар хонандагони ҳаракати олимпӣ аз синфҳо 5 то 11 ҷалб гардидаанд, ки аз инҳо 44 нафар писарон ва 70 нафар духтарон мебошанд.
Дар моҳи марти соли равон олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон байни синфҳои 7-8 ва 9-10, даври вилоятӣ баргузор гардид, ки ғолибони даври минтақавии вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагон, фаъолона иштирок намуда, сазовори 17 ҷойи ифтихорӣ ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон дар таътили баҳорӣ дар асоси Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ” ва бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия, озмуни “Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ”-ро баргузор намуд. Дар озмуни мазкур 132-нафар хонандагони ҳуқуқдон иштирок намуданд, ки баъд аз натиҷагирии доварон 6-нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия роҳхат ба даври вилоятӣ гардиданд.
Боиси қайд аст, ки даври чоруми олимпиадаи фаннии мактаббачагон байни синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар аввали моҳи апрел дар шаҳри Душанбе дар Мактаби байналмилалӣ Президентӣ баргузор гардид, ки хонандагон фаъолона иштирок намуда, сазоворӣ се ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки як ҷойи дуюм аз фанни биология- Литсейи давлатии №1, якҷойи сеюм аз фанни забони давлатӣ- МТМУ №10 ва як ҷойи ифтихорӣ аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ- МТМУ №1 мебошад.
Хотирасон менамоем, ки даври чоруми олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии мактаббачагон пурра дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом расид. Дар олимпиади мазкур аз хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 28-нафар аз синфҳои 5-11, дар маҷму иштирок намуда, сазоворӣ 13-ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар озмунҳои байналмилалӣ хонандагон аз фанҳои забони англисӣ ва математика фаъолона иштирок намуда, сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ низ гардидаанд, ки ин аз фанни забони англисӣ- МТМУ №1 хонандаи синфи 3 аз олипиадаи байналмилалии ҲИППО мебошад.
Оиди нақшачорабинии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, озмунҳои вилоятии “Донояк”, “Хонандаи сол” ва «Луғатдони беҳтарин» ташкил ва баргузор шуд, ки хонандагон фаъолона иштирок намуда, сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Боиси қайд аст, ки даври сеюми озмуни ҷумҳурмявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар санаи 20.09.2024 дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид, ки аз муассисаҳои таълимии ноҳия 24-нафар хонандагон аз рӯй 6 номинатсия фаъолона иштирок намуда, сазоворӣ 4-ҷойи ифтихорӣ, яъне роҳхат ба даври чоруми ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Тибқи Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ, даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар моҳи октябр ва ноябр байни синфҳои 7-11 аз тарафи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил ва баргузор гардид.
Ҳамзамон қайд карданием, ки хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои забон ва адабиёт, забони давлатӣ ва география иштирок намуда 5 роҳхат, аз фанҳои биология ва химия 6 роҳхат, 4 роҳхат аз фанҳои забони англисӣ ва русӣ, дар умум 24 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, хонандагони синфҳои 11, моҳи декабр дар даври олимипиадаи фаннии вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 8 ҷойи ифтихорӣ, яъне 8 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Бунёдкорӣ
Дар мавриди бунёд ва азнавсозии биноҳои таълимӣ номбурда сухан карда, аз ҷумла афзуд, ки боиси қайд аст, ки аз соли 2022 то 2024 аз доираи барнома сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, воқеъ дар деҳаи Эшмаи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод 6 синфхона барои 120 ҷойи нишаст, утоқи омӯзгорон, аз ҳисоби буҷети маҳал ва соҳибкорон ба маблағи 500000 сомонӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51, воқеъ дар деҳаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст, дар як баст аз ҳисоби ташкилоти ҷамъиятии “Тавҳид” ба маблағи 950000 сомонӣ, азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22- 9 синфхона, барои 216 ҷойи нишаст, дар як баст, китобхона, хонаи омӯзгорон ва синфхонаи компютерӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва истиқоматкунандагони маҳал ба маблағи 1 млн 151 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуда, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №23, иборат аз 11 синфхона барои 220 ҷойи нашаст дар як баст, муассисаи таълимии №50 бо 8 синфхонаи иловагӣ барои 160 ҷойи нишаст дар як баст, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва падару модарон, сохтмони 3 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17 ва як бино барои ду гурӯҳ дар назди муассисаи томактабии №1 дар доираи Барномаи CASA-1000 сохта ба истифода дода шуд. Дар ин замина қайд карданием, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №34- 12 синфхона барои 288 ҷойи нишаст, муассисаи таълимии №38- 7 синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар як баст ва дар назди муассисаи таълимии №56 – 12 синфхона барои 288 ҷойи нишаст дар як баст бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва саховатмандону волидайн идома дорад.
Масъулиятшиносӣ
Баҳри иҷрои талаботҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Ҷиҳати амалисозии бандҳои 2,3-и талаботҳои фармони мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия озмунҳои фаннӣ гузаронида шуданд. Дар асоси натиҷаҳои олимпиада теъдоди иштирокчиён дар даври муассисавӣ 1867 нафар хонандагон аз инҳо 327-нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, аз инҳо 41-нафар дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда 11 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, ки инҳо ҳамаашон аз фанҳои дақиқ мебошанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» теъдоди иштирокчиён дар даври аввал (муассисавӣ ) 3577 нафар, ки аз инҳо ба даври ноҳиявӣ 463 нафарашон иштирок намуда, 50-нафарашон ба даври сеюми вилоятӣ роҳхат гирифта аз инҳо 2-нафар дар даври вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида ба даври чорум роҳхат гирифтанд.
Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2019 №14/5 дар бораи хониши бадеӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳаминро бояд қайд намуд, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нақшаи чорабинӣ таҳия намуда, мунтазам бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озмунҳои гуногуни “Хониши бадеӣ”, “Китобхони беҳтарин” (дохили мактабӣ, байнимактабӣ) доир намуда истодааст. Инчунин ҳаминро бояд қайд намуд, ки ҳар рӯзи шанбе дар ҳамаи китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва дар китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳия рӯзи “Хониши китобҳои бадеӣ” барои хонандагон ва омӯзгорон доир намуда истодааст.
Дар давоми моҳи ноябр бахшида ба ҷашнҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин 24 ноябр рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва Кохи Хуросон чорабиниҳои идона ва роҳпаймои гузаронида шуд, ки дар он саҳми аъзоёни Созмони хонандагон ва маҳфилчиён назаррас буд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро давра ба давра ҳал намуда, ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.
МТЖТ