Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳо бомаром идома дорад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳаи маориф садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ карда шуда истодааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол ба сол зиёд шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Аз ин рӯ, мақсади шиносоӣ бо сатҳу сифати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ хабарнигори МТЖТ бо Сардори Раёсати маорифи ноҳияи мазкур Зиёратшо Нарзуллозода суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

Дар оғози суҳбат мавсуф ҳамаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ ва дар симои онҳо тамоми толибилмони кишварро ба муносибати Соли Нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон хониши хубу аъло таманно намуд.

Сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Зиёратшо Нарзуллозода қайд кард, ки роҳбарони ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои иҷрои нақшаҳои корӣ дар соли 2024 тадбирҳоро амалӣ сохта, дар ин давра ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудаанд.

-Бо қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 14 декабри соли 2023, №668 сохтори Раёсати маорифи ноҳия аз нав тасдиқ гардида, он аз 4 шуъба, 6 бахш, 1 истироҳатгоҳ, кабинети методӣ ва се маркази назди раёсат -Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази эҷодиёти кӯдакон ва наврасон иборат мебошад. Дар ин давра 12 ҷаласаи ҳайати мушовара (52 масъала), 28 ҷаласаи назди сардори раёсат (31 масъала) ва 12 ҷаласаи назоратии назди муовини сардори раёсати маориф (36 масъала) баргузор гардидааст,-иброз дошт Нарзуллозода З.

Таҳсилоти томактабӣ

Бино ба маълумот, Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

-Дар ноҳия 16 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 13 муассиса давлатӣ ва 3 муассиса хусусӣ мебошад. Муассисаҳои мазкур дар маҷмуъ фарогири 2783 кӯдак дар 75 гуруҳ ба таълиму тарбияанд, ки нисбат ба соли 2023 чор кӯдакистон зиёд аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 75 мураббӣ фаъолият мекунад, ки аз онҳо 36 нафар дорои таҳсилоти олӣ ва боқӣ дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва сифати дониш мураббиён давра ба давра аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Тибқи талаботи Барномаи мазкур дар ноҳияи Рӯдакӣ солҳои 2020-2025 сохта ба истифода додани 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он ба соли 2020– ду адад, 2021-ду, 2022-ду, 2023-ду, 2024 -ду ва ба соли 2025-2 адад рост меояд. Вобаста ба иҷрои нақшаи мазкур дар деҳаи Тубеки ҷамоати деҳоти Лоҳур барои 75 кӯдак, деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Турсунзода барои 75 кӯдак, санаи 6 декабри соли 2024 дар шаҳраки Сомониён муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак ва дар ҷамоати шаҳраки Навобод, дар назди кӯдакистони №7, бинои иловагӣ барои 60 кӯдак, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 160 кӯдак сохта шуда, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бештар фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаи мазкур бино бозсозӣ гардида, то моҳи сентябри соли 2025, бо фарогирии 300 кӯдак, ба истифода дода мешавад. Инчунин, дар деҳаи Оқтоқи ҷамоати деҳоти Қиблаӣ муассисаи томактабӣ бо фарогирии 75 кӯдак, санаи 26 октябри соли ҷорӣ, дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба истифода додани кӯдакистонҳои зикршуда дар деҳот ба маврид буда, мушкилоти сокинони деҳа дар самти дастрасӣ ба муассисаҳои томактабӣ тадриҷан ҳали худро ёфта истодааст. Таҷҳизоти муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон таъмин карда шуд. Илова бар ин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии №11, 21, 41 ва литсейи давлатии ноҳия муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 350 кӯдак таъсис дода шудааст, ки мувофиқи нақша фаъолияти онҳо аз соли 2025 оғоз мегардад-гуфт Сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Зиёратшо Назруллозода.

Ба қавли сардори Раёсати маориф, сохтмони як муассисаи томактабии хусусӣ низ дар шаҳраки Сомониён (барои 400 кӯдак) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ идома дорад. Бо мақсади ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ дар назди 89 муассисаи таҳсилоти умумӣ 89 марказ, дар маркази тавонбахшӣ-3 ва 1 маркази хусусии инкишофи кӯдакон бо номи “Сайёраи дониш” ташкил карда шудааст, ки дар маҷмуъ, 93 маркази инкишофи барвақтии кӯдак дар 130 гуруҳ бо фарогирии 3900 кӯдак фаъолият карда истодаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 2932 кӯдак зиёд мебошад. Дар соли 2024 ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 6683 кӯдак фаро гирифта шудааст, ки ин теъдод 12,9%-и кӯдакони сини томактабии ноҳияро ташкил медиҳад. Дар соли 2025 бошад, таъмири асосии 16 маркази инкишофи барвақтии кӯдак ба нақша гирифта шудааст.

-Раёсати маориф бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва ҷалби бештари кӯдакони синни томактабӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, дар назди ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад, муассисаҳои томактабӣ таъсис медиҳад,-иброз намуд, Нарзуллозода З.

 Таҳсилоти умумӣ

Мувофиқи маълумот, дар ноҳияи Рӯдакӣ 144 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 120 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 2 гимназия, 1 литсей), 19 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз ҷумла, 2 мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ) ва 2 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 7 муассисаи таълимӣ зиёд аст. Дар муассисаҳои таълимӣ 112 565 хонанда, аз ҷумла, 54 272 духтар ба таълим фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 6905 хонанда зиёд будааст. Дар 113 муассиса таълим бо забони тоҷикӣ, дар 11 муассиса бо забони ӯзбекӣ, дар 15 муассиса бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва дар 3 муассисаи таълимӣ таълим бо забонҳои тоҷикию русӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2024 дар асоси қарори дахлдори раиси ноҳияи Рӯдакӣ 2 муассисаи таҳсилоти умумӣ таъсис дода шуда, 27 муассиса табдили мақом кардааст, ки ин барои беҳ гардонидани кори таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

Кадр

Тибқи маълумот, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 4612 омӯзгор ба кори таълиму тарбия машғул аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 200 омӯзгор зиёд будааст. Аз шумораи умумӣ 3075 омӯзгор (70%) бо таҳсилоти олӣ, 1099 (25%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, 238 (5%) ғоибхонҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ

-Дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия 1523 ҷуфт мизу курсӣ барои хонандагон, 90 ҷуфт мизу курсӣ барои омӯзгор, 90 тахтаи синфӣ, 5 принтер, 90 ҷевони китоб, 5 ноутбук ва 45 компютер ва мизу курсии компютер аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 1 380 545 сомонӣ харидорӣ гардид. Ҳамчунин, дар соли равон аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ 89 мизу курсӣ барои кӯдакон, 7 мизу курсӣ барои мураббӣ, 13 ҷевони китоб, 16 ҷевон барои нигоҳдории бозичаҳо, 70 ҷевони либос, 85 кати дуқабата барои кӯдакон ба маблағи 508 890 сомонӣ харидорӣ гардид. Аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таълимӣ бошад, 1425 ҷуфт мизу курсӣ барои хонандагон, 20 ҷуфт мизу курсӣ барои омӯзгор, 20 тахтаи синфӣ, 5 принтер, 32 ҷевони китоб, 5 ноутбук ва 6 компютер харидорӣ карда шуд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №23 оғоз гардида, дар ояндаи наздик ба истифода дода мешавад. Инчунин, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба нақша гирифта шудааст ва он дар соли 2025 оғоз меёбад. Ғайр аз ин, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои №29 (6 синфхона) ва 128 (6) сохта шуд, ки онҳо дар арафаи соли таҳсили 2024-2025 ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳаи Ишқободи ҷамоати деҳоти Эсанбой аз ҷониби аҳолии деҳа ва шахсони саховатпеша идома дорад. Бояд гуфт, ки соли 2024 дар назди муассисаҳои таълимӣ 164 синфхонаи иловагӣ барои 4100 хонанда дар як баст сохта, ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 -юм 67 синфхона ва 1675 ҷойи нишаст дар як баст зиёд мебошад,- иттило дод, Сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ.

Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ

Гуфта шуд, дар солҳои 2021-2022-юм 76 кабинети фаннӣ оид ба фанҳои физика, химия, биология, математика, технологияи иттилоотӣ, география, суруд ва мусиқӣ аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ харидорӣ гардида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст. Ҳамчунин, дар соли 2023-юм 46 кабинети фаннӣ ва 1озмоишгоҳи муҷаҳҳази таълимӣ аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ харидорӣ гардида, 16 кабинети фаннӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дастрас шудааст, ки 126 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Соли 2024 бошад, 50 кабинети фаннӣ аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ харидорӣ гардида, 26 кабинети фаннӣ ва 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳази таълимӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардидааст.

Компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ

Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024, №154 “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо компютер, принтер, тахтаи электронӣ, видеопроектор ва мизу курсии махсуси компютери барои кабинетҳои технологияи иттилоотӣ бо ҷалби маблағҳои буҷаи ноҳия, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои таълимӣ 2735 компютер ва 541 принтер дастрас гардидааст. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 102 тахтаи электронӣ, 107 видеопроектор ва 1275 ҷуфт мизу курсии махсуси компютерӣ мавҷуд буда, 104 муассиса ба воситаи МОДЕМ ба шабакаи Интернет пайваст карда шудааст. Гуфта шуд, айни ҳол ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ 135 омӯзгор аз фанни технологияи иттилоотӣ дарс медиҳанд, ки аз онҳо 98 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 37 тан дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

“Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ,дакиқ ва риёзӣ”

Оид ба амалӣ шудани қарори мазкур дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондан ва баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Раёсати маориф омӯзгоронро пайваста ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мефиристад. Ҳамчунин, хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои анъанавӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фаъолона иштирок менамоянд.

-Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 6 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои мазкур ғолибият ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар зиёд мебошад. Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки дар асоси талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шудааст, хонандагони муассисаҳои таълимии мо иштироки фаъолона намуда, аз 16 иштирокчӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” 2 нафар ғолиб гардиданд. Инчунин, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.02.2024, №168 дар санаи 18.02.2024 даври сеюми олимпиадаи «Sреlling Bee» ва олимпиада оид ба «Шоҳмот» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 12 хонанда аз муассисаҳои таълимии ноҳияи мо иштирок намуданд, ки 1 хонандаи синфи 9-и литсейи давлатӣ Марзиябонуи Баҳром сазовори ҷойи 3-юм гардид. Ғайр аз ин, дар олимпиадаи «Sреlling Bee» 12 хонанда аз муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуд. Аз онҳо Умарова Зулҳия-хонандаи синфи 6-и литсейи давлатӣ соҳиби ҷойи 2-юм, Имомова Шаҳноза-хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта як нафар зиёд мебошад,-гуфт Нарзуллозода З.

Квотаи Президентӣ

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 22.05.2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври сеюми озмуни қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар озмун 150 хонанда, аз ҷумла, 55 духтар- ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуда, ба 24 хонанда роҳхат ба донишгоҳу донишкадаҳои интихобкардаашон дода шудааст.

Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ

-Хонандагони муассисаҳои таълимии мо бо китобҳои дарсӣ 96 % таъмин мебошанд. Дар соли 2024 ба Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ  264  452 (82 номгӯй) нусха китобҳои дарсӣ ворид гардида, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд. Таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо китобҳои дарсӣ дар маркази диққати роҳбарияти Раёсати маориф меистад. Дар соли 2024 аз ҷониби масъулини Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки китобдорони муассисаҳои таълимӣ 15 семинару вохӯриҳо баргузор карда шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 3 адад зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар давоми сол бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ду семинари ғайринавбатӣ ҷиҳати пардохт намудани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ тариқи барномаи биллингӣ ва қарзи маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ баргузор карда шуд. Илова бар ин, аз тарафи аудити Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2024 ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия мавриди санҷиш қарор гирифта, барои онҳо санади муқоисавӣ тартиб дода шуд,-қайд кард сардори Раёёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ.

Озмунҳои “Омӯзгори сол” ва “Мураббии сол”

Мувофиқи иттило, озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” (2024) гузаронида шуд, ки дар он 18 омӯзгори муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок карданд. Дар озмун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров Алимова Умеда соҳиби ҷойи якум гардид ва ба даври минтақавии озмун роҳхат гирифта, фаъолона ширкат варзид. Ҳамчунин, озмуни ноҳиявии “Мураббии соли Тоҷикистон” (2024) гузаронида шудааст, ки дар он 9 мураббии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуда, 1 нафар дар даври минтақавӣ ва ҷумҳуриявии озмуни мазкур иштирок карда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидааст.

“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар даври аввали озмуни мазкур аз рӯи 6 номинатсия 9846 хонанда, донишҷӯй, омӯзгор ва шахсони касбу кори гуногун иштирок намуда, 3500 нафар ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифтаст. Аз ин иштирокчиҳо ба даври сеюми озмун 62 хонанда, донишҷӯй, омӯзгор ва шахсони касбу кори гуногун роҳхат гирифта, 12 нафарашон дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 3 тан зиёд мебошад.

Истироҳатгоҳҳои тобистона барои кӯдакону наврасон

-Бо мақсади татбиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №208, “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024”, қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 8 апрели соли 2024, №203, фармоиши сардори Раёсати маориф аз 12 апрели соли 2024, №223, дар ин хусус ба тасвиб расида, тибқи он тобистони соли 2024 дар назди 12 муассисаи таълимии ноҳия истироҳатгоҳ барои 2520 хонанда, бо додани хӯрок, ташкил карда шуд. Ба ин мақсад аз буҷети ноҳия 247 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Истироҳаткунандагон бо мураббӣ ва кормандони тиббӣ таъмин буда, солимӣ ва мақсаднок истифода бурдани вақти онҳо зери назорати масъулин қарор дошт,-гуфт дар фарҷоми суҳбат Сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Зиёратшо Нарзуллозода.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь