“Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад”.

“Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро меҳварӣ, афзалиятнок ва ҷойгоҳу манзалати омӯзгорро дар пешбурди таълиму тарбия ва беҳтар намудани сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ муассиру ҳалкунанда ҳисобиданд. Аз ин хотир, кормандони соҳаи маориф, махсусан омӯзгоронро зарур аст, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар боз ҳам беҳтар намуда, ҷиҳати ба воя расонидани ҷавони ояндасози Ватан камари ҳимматро маҳкамтар банданд.

Бо мақсади шиносоӣ бо шароити хониш ва таълим хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дидан кард ва бо мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур Ҳокимзода Раҳмон Олим оид ба фаъолияти як соли гузаштаи соҳаи маориф суҳбат анҷом дод, ки фишӯрдаи он пешкаши хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” гардонида мешавад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Раҳмон Ҳокимзода қабл аз суҳбат кулли сокинони кишвар, махсусан муаллимону хонандагони макотиби миёнаи мамлакатро бо Соли Нави мелодии 2025 самимона табрику муборакбод гуфта, дар кору фаъолият ва хониши ояндаи онҳо муваффақияту комёбӣ тамано намуд. Номбурда аз он изҳори қаноатмандию боварӣ кард, ки мардуми меҳнатдӯсту шарафманди ноҳияи Панҷ чун дигар мардуми саодатманди кишвар аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии мамлакат ва кулли сокинони кишвар ироа ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирифт, руҳу илҳоми тоза гирифта, барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои нави Сарвари давлат камари ҳиммат бастанд.

-Шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ ва муассисаҳои тобеи он баҳри сазовору арзанда истиқбол гирифтани ҷашни муқаддасу миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бамиёнгузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти навбатиашон бо аҳли маорифи ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Дониш, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, сармашқи кори худ намуда, то имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ  гузаронидани озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ, фарҳангӣ, фаннӣ, варзишӣ ва ғайра  анъана гардида, чун воситаи тақвияти дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати онҳо арзёбӣ карда шуд. Озмунҳои «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», “Маърифати ҳуқуқӣ-оини худшиносӣ”, “Тараннуми Истиқлол”, «Донояк», «Хонандаи сол», «Китоб маъвои хирад», «Ихтироъкорони ҷавон», «Дастони моҳир», “Омӯзгори сол”, “Мураббии сол”, “Рӯдакихонӣ”, “Мавлавихонӣ”, “Шоҳномахонӣ”ва ғайра дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуданд,-гуфт Ҳокимзода Раҳмон.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

-Дар ноҳия 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 1 литсейи давлатӣ, 1 гимназияи давлатӣ фаъолият менамояд, ки 30798 хонанда, аз он ҷумла 15124 духтар таҳсил карда истодаанд. Маркази таҳсилоти иловагӣ ноҳия фаъолияташро аз соли 2022 дар бинои хуштарҳу замонавии муҷаҳҳаз ба роҳ мондааст. Бинои “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Панҷ соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Имрӯз дар ин бино 15 маҳфили адабию, ҳунарӣ ва фаннӣ бо ҷалби 320 нафар фаъолият дошта, аъзоёни маҳфил дар ҳамагуна озмуну чорабиниҳо иштироки фаъолона доранд. Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия 8 маҳфили фаннӣ (математика, физика, химия, биология, география, таърих ва ҳуқуқ, забони русӣ ва англисӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо зиёда аз 121 хонандаи лаёқатманд ба таълим фаро гирифта шудаанд. Маркази технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ ҷиҳати таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияи муосир ва ташкили кабинетҳои технологияи иттилоотии муассисаҳо корбарӣ намуда, пайваста бо омӯзгорон ҳамкорӣ менамояд. Имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия дорои 909 компютер, 110 принтер, 31 тахтаи электронӣ, 23 дастгоҳи сканер, 49 видеопроектор, ҳамзамон дар 48 муассисаи таълимӣ 274 камераҳои назоратӣ насб гардидаанд. Дар соҳаи маориф имрӯз 1946 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд, ки  1264 омӯзгор (62 фоиз) дорои маълумоти олӣ мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон занҳо 1334 нафар (70 фоиз)-ро ташкил медиҳанд. Соли гузашта аз 1492 хатмкунанда 1138 нафар барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз қайди ММТ гузаштанд, ки 76,2 %-ро ташкил дод. Аз ин шумора 773 нафар комёб шуда, сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардиданд, ки 51,8 фоизро ташкил дод,-қайд намуд мудири шуъбаи маориф.

Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ

Дар асоси Қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2022, №376 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2022, №533 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022 – 2027»  дар ноҳияи Панҷ қарори раиси ноҳия аз 15 июни соли 2024 №854 ба тавсиб расидааст.

-Дар асоси қарори мазкур дар ноҳияи Панҷ сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи “Бойтундашт”-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутддинов Кабут, иборат аз 6 синфхона, барои 144 ҷойи нишаст, сохтмони 2 синфхона дар филиали муассисаи таълимии №48, деҳаи Бағараи ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат” барои 96 ҷойи нишаст, сохтмони бинои нави сеошёнаи муассисаи таълимии №9 дар ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут барои 640 ҷойи нишаст пурра ба анҷом расидаанд. Сохтмони бинои дуошёнаи муассисаи таълимии №41 дар деҳаи “Ҳамдилон”- и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут барои 240 ҷойи нишаст ба анҷом расида, корҳои таҷҳизонидан ва рангубори намои бино рафта истодааст. Таъмир ва азнавсозии боми муассисаи таълимии №8 дар деҳаи “Селга”-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут ба анҷом расидааст. Тибқи Барномаи мазкур сохтмони 4 синфхона дар  муассисаи таълимии деҳаи Ҳасан Шерови ҷамоати деҳоти “Озодагон” идома дорад. Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимии №27- 4 синфхона, №7- 4, №43 – 4, №31-6 ва №32-4 синфхона аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, идома дорад. Бо дастгирии шахсони саховатпеша дар назди муассисаи таълимии №44 ду синфхона, дар назди муассисаҳои таълимии №27 сохтмони толори варзишӣ ба анҷом расида, корҳои рангуборкунӣ рафта истодааст. Дар назди МТМУ №36 як толори варзишӣ, дар арафаи Иди Наврӯз, ба истифода дода шуд. Дар соли сипаришуда дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии №17 – 8 синфхона, №37 – 4 синфхона ва бинои нави муассисаи таълимии №45 иборат аз 10 синфхонаи муҷаҳҳаз бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуданд,-илова карда мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Ҳокимзода Раҳмон.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки рӯзҳои 6-7 май дар ноҳия баргузор гардид, аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Панҷ 472 хонанда, 16 омӯзгор ва 8 нафар ашхоси касбу кори гуногун иштирок намуданд. Дар маҷмуъ имсол 55 нафар, азҷумла 23 хонанда ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Хонандаи МТМУ №12 Шукрияи Ривоҷиддин аз номинатсияи “Адабиёти бачагона” ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, дар даври ниҳоӣ сазовори ҷойи сеюм шуда ва бо “Диплом” ва 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин, омӯзгори ӯ Музафарова Гулхумор сазовори 10 ҳазор сомонӣ шуд.

“Илм-фурӯғи маърифат”

Дар даври ноҳиявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” 914 хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуда, 60 нафар барои иштирок дар даври сеюм сазовори роҳхат гардиданд, Аз ин шумора 17 довталаб иштирок намуда, 1 хонанда-Ализода Абдураҳмон, хонандаи синфи 11 МТМУ №18 аз рӯи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат кард.

Муассисаҳои томактабӣ

Тибқи маълумот, дар ноҳияи Панҷ 7 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ 774  нафар кӯдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаст. Соли гузашта озмуни вилоятии “Мураббияи соли Тоҷикистон” баргузор гардид ва дар он мураббияи кӯдакистони №2 Моҳшарифи Бойаҳмад сазовори ҷойи сеюм шуд, ки ин мувваффақият боиси хушнудии тамоми кормандони соҳа мебошад. Ҳамзамон, бо мақсади ҳарчӣ бештар фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, дар назди 51 муассисаи таълимӣ 89 маркази инкишофи кӯдак ташкил гардида, 2716 кӯдак, аз ҷумла 1200 духтар, ҷалб карда шуданд.

Истироҳатгоҳҳои тобистона

Мувофиқи гуфтаи мудири шуъбаи маориф, ҷиҳати фарогирии кӯдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистонаи наздимактабӣ, дар асоси қарорҳои дахлдори қабулгардида ва нақшаи пешниҳодшуда, дар назди 42 муассисаи таҳсилоти умумӣ лагерҳои солимгардонӣ ташкил карда шудаанд. Дар ин давра дар се баст 3090 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Ободонӣ

-Кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Панҷ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 24 январи соли 2024 ироа доштанд, сармашқи кори худ намуда, дар асоси банди 99-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшиданд. Дар ин давра 18 маротиба шанбегӣ ва 5 аксияи тозагӣ баргузор намуда, ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла 14662 дона ниҳоли сояафкан, 2130 ҳамешасабз, 3410 адад мевадиҳанда, 4700 дона гули садбарг ва 7900 бех гулҳои гуногун шинониданд. 53 муассисаи таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ  бароварда шуданд. Барои аз таъмир баровардани муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 588 ҳазору 496 сомонӣ ҷудо гардида, аз ин 208 862  сомонӣ дастраси муассисаҳо гардидааст. Бояд қайд кард, ки дар ин кор саҳми кумитаҳои падару модарон ва шахсони саховатпешаи маҳал назаррас мебошад. Маҳз бо дасгирии онҳо ба маблағи 431 259 сомонӣ синфхонаҳои таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Омодагӣ ба ҷашни муқаддасу фархундаи миллат – 35-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон бо маром идома дорад. Фарзандони баору номуси миллат дар масири ватансозӣ корҳои муҳими ободонию бунёдгароӣ ва созандагиро амалӣ намуда, бо дарки амиқи ифтихори ватандӯстӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Маорифчиёи ноҳияи Панҷ муҳимияти дастуру таъкидҳои сарвари давлатро бо ҳисси масъулият ба инобат гирифта, баҳри вусъат бахшидан ва татбиқи раванди таълиму тарбия тамоми нерӯву имкониятҳои худро равона месозанд,-дар фарҷоми суҳбат иброз дошт мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ Ҳокимзода Раҳмон Олим.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь