Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб мекунанд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд.
Шуъбаи м маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зарурияти ҳар тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру супоришҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.
Тарбияи босамари насли наврас
Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Лола Одилбекова мегӯяд, ки илму дониш рӯшноии ҳаёт аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор меорад.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат соли таҳсили 2021-2022 таваҷҷуҳро баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон равона намуда, дар соли таърихии ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайраташро баҳри беҳбудиву ободкорӣ ва пешравиҳо равона намуд, – изҳор дошт мавсуф.
Маълумоти оморӣ
Тавре зимни суҳбат мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Одилбекова Лола Қиёбековна иброз дошт, дар ҳудуди ноҳияи мазкур соли 2021 29 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ( собиқ гимназияи № 9 ба номи Низомии Ганҷавӣ), ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, Гимназияи хусусии “Донишвар”, 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 4 литсей (Литсейи хусусии «Раҳнамо», литсейҳои №№ 1 ва 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, ва Литсейи назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов), муассисаи таҳсилоти умумии назди Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти ибтидоии хусусии “Насли навовар”, муассисаи хусусии мактаб – кӯдакистони “Контофилд”, Маркази кӯдакону наврасони ноҳия, Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият доранд.
Дар оғози соли таҳсили 2021 – 2022, тибқи ҳисоботи омории пешниҳоднамудаи роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия шумораи умумии хонандагони синфҳои 1 – 11 – ум 33361 нафар, аз ҷумла 15576 нафар духтарро ташкил медиҳад.
Қайд кардан лозим аст, ки тибқи ҷамъбасти нимсолаи якуми соли таҳсили 2021-2022-юм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳия сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ сифати таҳсилот 42,2%, дараҷаи азхудкунӣ бошад, 95,8% -ро ташкил додааст.
Дар ҳудуди ноҳия 35 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 17 буҷавӣ, 1 идоравӣ ва 16 хусусӣ, 1 Маркази инкишофи кӯдак – “Субҳи доноӣ”, ки хусусӣ аст, фаъолият менамоянд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар 99 гурӯҳ 3022 нафар, дар 12 гурӯҳи идоравӣ 311 нафар ва дар 50 гурӯҳи муассисаҳои таҳсилототи томактабии хусусӣ 595 нафар, дар умум дар 161 гурӯҳ, 3928 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия дар маҷмӯъ 223 нафар корманд, аз инҳо дар муассисаҳои буҷетӣ 153 нафар, идоравӣ 14 нафар ва хусусӣ 56 нафар фаъолият доранд.
Дар соли 2021 бо роҳхати Шуъбаи маориф 1900 нафар кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ равона карда шудаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2021-2022 бинобар имконияти маҳдуд дошта- нашон 24 нафар хонанда ба таълими инфиродӣ (хонагӣ) фаро гирифта шудаанд.
Сатҳи таъминот бо технологияи муосир
Вобаста ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 июни соли 2021, № 367 “Дар бораи тасдиқи “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар соли 2021 озмуни тендерӣ гузашта, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо 15 компутер таъмин карда хоҳанд шуд.
Айни ҳол бошад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии буҷетии ноҳия дорои 1852 компютерҳои гуногунтамға мебошанд. Зимнан дар синфҳои 5-11- и муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетии ноҳия ба ҳолати ҷамъбасти чоряки якуми соли таҳсили 2021-2022 – юм 15985 нафар хонанда таҳсил намуда, 1 компютер ба 8,6 нафар хонанда рост меояд.
Озмунҳои касбӣ ва фаннӣ
Санаҳои 04 – 05 марти соли 2021 озмуни ноҳиявӣ барои дарёфти «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ташкил ва баргузор карда шуда, дар он 11 нафар омӯзгорон ҳамчун довталаб ба қайд гирифта шуданд. Аз натиҷаи холҳои бадастовардаи довталабон ҷойи якум ба омӯзгори фанни химия аз Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумрадов Азизбек, ҷойи дуюм ба Ҷомиев Ҳусниддин – омӯзгори фанни физика аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ва ҷойи сеюм ба Рӯзиева Фароғат – омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ аз Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дода шуд. Ҳамчунин, дар ин сол барои дастовардҳо дар самти фанҳои табиатшиносӣ Зумрадов Азизбек Холмуродович, барои фанҳои дақиқ ва риёзӣ Рузиева Фароғат Собировна ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Дар даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол – 2021” мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии № 4 Табарова Н. сазовори ҷойи дуюм, дар озмуни шаҳрии “Хонандаи сол – 2021” хонандаи синфи 10 -и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 Ёрзода Н. сазовори ҷойи якум, дар озмуни касбии “Омӯзгори сол – 2021” омӯзгори фанни географияи МДТ “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат Мӯсоева М. ғолиб баромада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Иштирок дар олимпиадаҳо
Аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 522 нафар ғолибони даври дуюми олимпиадаи фаннии хонанда дар даври сеюми олимпиада фаъолона ширкат намуда, 120 нафар аз синфҳои 5-11 ғолиб дониста шуданд.
Инчунин соли таҳсили 2020-2021 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 107 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуда, дар ҷумҳурӣ сазовори мақоми чорум гардиданд. Дар соли сипаригардида 9 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Санаи 15-16 январи соли 2021 Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 -“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он ду даста аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуда, дастаи аввал дар байни литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе ҷойи якумро ишғол намуд.
Ҳамзамон байни муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе санаи 25-уми январи соли 2021 олимпиадаи шоҳмот баргузор гардид ва дар он се нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ғолибият ба даст оварданд. Се соли охир ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаҳр пайваста сазовори ҷойи якум мегардад.
Ҷиҳати ширкат озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, ки даври ноҳиявии он моҳи майи соли 2021 миёни хонандагон ва омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор карда шуд, аз 146 нафар хонанда 32 нафар ғолибият ва соҳиби роҳхат ба даври шаҳрӣ гардида, 5 нафар дар даври шаҳрӣ ғолиб ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ рӯзҳои 17-20 ноябри соли 2021 баргузор шуд, ки дар он ду нафар хонандагони ноҳия – хонандаи синфи 10-и Литсейи №1 Қурбонов Бурхвалӣ ва хонандаи синфи 10-и Литсейи №3 Тошев Бежан ғолибият ба даст оварда, бо Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва маблағи пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Гирандагони стипендия
Гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 нафар буда, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои ҳудуди ноҳия 42 нафар хонандагон гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори гирифтани стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошанд, ки дастоварди муҳим дар самти баландбардории сатҳу сифати дониши хонандагон, ҳавасмандгардонии онҳо арзёбӣ мегардад.
Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ аз довталабони соли таҳсили 2020-2021 -ум 1 нафар хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 бо ба даст овардани балҳои баландтарин дар даҳгонаи “Беҳтарин довталабон” ҷой гирифтааст.
Маркази рушди истеъдодҳо
Айни ҳол, Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар бинои муассисаи таҳсилоти умумии №8 ҷойгир буда, он дорои як утоқи корӣ барои маъмурият ва 6 синфхона мебошад. Дар Марказ фанҳои математика, физика, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, химия, биология, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, шоҳмоту шашка ва технологияи иттилоотӣ (барномасозӣ) таълим дода мешавад, ки дар он хонандагони синфҳои 4-11 таҳсил доранд. Феълан дар марказ 218 нафар хонанда дар машғулиятҳо фаъолона иштирок доранд.
Фаъолияти омӯзгорон ва маркази кӯдакону наврасон
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1460 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1053 нафар занон кору фаъолият менамоянд, ки 1233 нафар дорои маълумоти олӣ, 180 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 47 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.
Дар Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонӣ 42 маҳфил ва зиёда аз 1207 нафар аъзоёни маҳфилҳо дар 138 гурӯҳ ба омӯхтани дарсу ҳунарҳои гуногун машғуланд. Соли 2021 – ум ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 5 нафар хонанда ва 1 нафар омӯзгор аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия роҳ ёфтаанд.
Дасти пурсахои Пешвои миллат
20 августи соли 2021 барои аҳли маорифи ноҳия таърихӣ ва хотирмон аст. Дар ин санаи муборак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллиии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳия Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе”- ро барои 2560 нафар хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимии мазкур бо маблағи умумии 42 миллион сомонӣ аз ҷониби роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “ Ғаюр” Акбар Ғуломов сохта ба истифода дода шудааст.
Инчунин, сутуданист, ки бо ибтикор ва ширкати бевоситаи Пешвои миллат санаи 1 сентябри соли 2021 дар кӯчаи Варзоби ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти томактабӣ (кӯдакистон) ва литсейи хусусии “Адолат” дарҳои худро ба рӯи булбулакони боғи дониш боз намуд.
19 -уми ноябри соли 2021 бошад, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои 1200 нафар хонанда дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар баробари ин, айни ҳол корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№4 ва 12, муассисаи таҳсилоти томактабии №5, инчунин муассисаи таҳсилоти томактабии №40 идома доранд.
Ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ
Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2021, №609 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе”, АМРИ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 24 ноябри соли 2021, № 99 “ Дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои корӣ оид ба иҷрои корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ вобаста ба ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати табдил додани пойтахти мамлакат ба“Шаҳри гулрез” дар мавсими кабидизоркунии тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ” дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия маъракаи дарахту ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ дар мавсими мазкур 93 171 адад гул (15100 мавсимӣ- ороишӣ, бисёрсола; 34589 адад аз ҷумла садбарг, 21742 адад қаламчаи гули садбарг, 21740 адад лола гули садбарг шинонида шудааст.
Инчунин, аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ 650 адад дарахт (366 адад ороишӣ, 131 адад сояафкан, 69 адад мевадиҳада ва 84 аддад буттагӣ) шинонида шудааст.
Таҳсил бо истироҳаташ хуш аст
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021, № 89 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2021, № 293 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2021” ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе аз 08 июни соли 2021, № 233 ”Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе” фарогирии кӯдакону наврасон ба истироҳати тобистона дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди МТМУ №№ 8,10,26,44,62 ва 70 аз 25 июни соли 2021 оғоз карда шуд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зикршуда дар ҳар баст 40 нафарӣ кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуда, тибқи замимаи 2- юми қарори мазкур дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” дар ҳар баст 212 нафар, аз ҷумла 20 нафар кӯдак аз интернатҳои шаҳрӣ ва 32 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар маҷмӯъ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” дар 4 баст 848 нафар ва дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои фақуззикр 960 нафар кӯдак ба фароғат фаро гирифта шуданд. Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” барои хӯроки як нафар кӯдак 26 сомонӣ ва дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонӣ барои хӯроки як нафар кӯдак 10 сомонӣ ҷудо гардида буд.
Иҷрои масъулият аз сидқ бояд
Дар фароварди суҳбат, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Левакант Душанбе Лола Қиёбековна иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм соҳаи калидӣ, пешбаранда ва сарнавиштсозу афзалиятнок боқӣ мондааст, ки аз ин маорифчиёни ноҳияи И. Сомонӣ зиёд ифтихор мекунанду меболанд.
– Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ва ноҳия мунтазам бо кормандони соҳаи маориф вохӯрӣ гузаронида, пайваста дар ҳаққи омӯзгорон ва соҳа ғамхорӣ зоҳир месозанд. Ҳамчунин, эшон ҳангоми вохӯриҳо бо омӯзгорон ба вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат дар самти таълиму тарбия бармеояд, муфассал фикронӣ намуда, дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Дар ин асос нақша-чорабиниҳои Шуъбаи маориф ба тавсиб расонида шуда, мавриди иҷро қарор мегиранд. Самари бенуқсони ин ғамхориву заҳматҳоро баъди даҳсолаҳо наслҳои ояндаи мо хоҳанд дид, агар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бо камоли майл илму дониш омӯхта, бо ҳиси баланди ифтихори миллӣ ба нафъи пешравии Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо содиқона хизмат намоем, – илова намуд дар фарҷом Лола Одилбекова.
МТЖТ