Литсейи технологии шаҳри Душанбе ҳамчун мактаби киномеханикӣ бо қарори Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 11.06.1974 ба омӯзишгоҳи касбию техникӣ №57, бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон №29 аз 24.04.1992 ба литсейи техникии №62 ва аз 12.09.2004 бо фармони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсейи технологии шаҳри Душанбе табдили ном кардаааст.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012 таҳти №630 номи Литсейи технологии шаҳри Душанбе ба МДТ “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” тағйир дода шуда, дар асоси Конститутсияи ҶТ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ», «Оиннома», қарорҳои Ҳукумати ҶТ, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, фармоишҳои Вазири маориф ва илми ҶТ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таълимиро ба танзим медароранд, фаъолият намуда истодааст. Тадрис дар МДТ “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” дар шакли рӯзона ва ғоибона сурат гирифта, раванди таълим аз соли 2013 дар асоси талабот ва меъёрҳои низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Коллеҷ дорои 2 факултет: факултети “Технология ва рақамикунонӣ”, як факултети ғоибона, 6 кафедра ва 10 ихтисос буд. Ҳоло дар МДТ “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе”, Шурои илмӣ-методӣ, факултети “Технология ва рақамикунонӣ”, шуъбаи таҳсилоти ғоибона, шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, факултети муштарак, факултети “Молия ва иқтисодӣ” ва 7 кафедра: “Технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ”, “Технологияи нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва дизайни либос”, “Забонҳо”, “Фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, “Ҳисобдорӣ ва андоз”, “Молия ва иқтисод”, “Фанҳои гуманитарӣ, варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ” амал менамояд. Дар муассиса 15 ихтисос ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 4 ихтисос фаъолият дорад. Айни замон дар “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” зиёда аз 700 таълимгиранда таҳсил менамоянд. Ҳоло 91 устоди соҳибтаҷриба ва унвондор, аз ҷумла 6 дотсент 2 устоди дорои медали “Хизмати шоиста” ба таълиму тадрис машғуланд. Синфхонаи химия, физика, ва биология ба тамоми таҷҳизотҳои замони муосир таъмин карда шудааст, ки устодон дарсҳои худро тариқи лексионӣ, лабараторӣ ва амалӣ дар синфхонаҳои лабораторӣ бо истифода аз тамоми таҷҳизотҳои муосир бо усулҳои фаъоли таълим ба таълимгирандагон мегузаранд. Дар муассиса китобхонаи электронӣ ва китобхонаи илмӣ фаъолият менамояд ба тамоми таҷҳизотҳои замони муосир таъмин мебошад. Шурои омӯзгорон (олимон) таъсис ва фаъолият дорад.
МДТ “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” ҳамкории байналмилалиро ҷоннок намуда, бо коллеҷу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, муассисаи таълимии Муғулистон робитаҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» қабули довталабонро баъд аз хатми синфи 9 ва 11 дар ихтисосҳои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбии назди Коллеҷ тариқи анъанавӣ қабул менамояд. Таҳсил дар шакли рӯзона бо муҳлати 3 ва 2 сол, ҳамзамон дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона бо муҳлати 2 сол ба роҳ монда шудааст.
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (баъди хатми синфи 9, муҳлати таҳсил 3 сол)
2-40 01 01-таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ;
2-40 01 01 35-таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ;
2-50 01 34 02-тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос;
2-50 01 34 03-тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши занона;
2-50 01 34 04-тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши мардона;
2-50 01 34 06-тарроҳӣ ва поракунии либоси нассоҷӣ;
2-25 01 31-молия;
2-25 01 32-кори бонкӣ;
2-25 01 35- ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат;
2-25 01 31 02-андоз ва андозбандӣ;
2-25 01 32 01-автоматикунонии кори бонкӣ;
2-25 01 31 01-буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ.
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (баъди хатми синфи 11, таҳсил 2 сол)
2-40 01 01-таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ;
2-40 01 01 35-таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ;
2-50 01 34 02-тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос;
2-50 01 34 03-тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши занона;
2-50 01 34 04-тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши мардона;
2-50 01 34 06-тарроҳӣ ва поракунии либоси нассоҷӣ;
2-25 01 31-молия;
2-25 01 32-кори бонкӣ;
2-25 01 35- ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат;
2-25 01 31 02-андоз ва андозбандӣ;
2-25 01 32 01-автоматикунонии кори бонкӣ;
2-25 01 31 01-буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ.
Дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона (таҳсил 2 сол)
2-40 01 01-таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ;
2-40 01 01 35-таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ;
2-25 01 31-молия;
2-25 01 32-кори бонкӣ;
2-25 01 35- ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат;
2-25 01 31 02-андоз ва андозбандӣ;
2-25 01 32 01-автоматикунонии кори бонкӣ;
2-25 01 31 01-буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ.
Донишҷӯёне, ки дар гуруҳҳои ройгони шакли таҳсили рӯзона таҳсил менамоянд, бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд. Хатмкунандагони Коллеҷ барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии олии касбии ҷумҳурӣ метавонанд таҳсилро аз курси 2-юм идома диҳанд. Барои дастрас намудани хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ, инчунин ҷалб намудани донишҷӯён ба китобхонӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши онҳо дар Коллеҷ китобхонаи илмӣ ва электронӣ фаъолият менамояд, ки донишҷӯён дар раванди таълим мустақиман аз он истифода мебаранд. Ҳамзамон, донишҷӯёне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар ба Коллеҷ дохил мешаванд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи муассиса истиқомат мекунанд, толори фарҳангӣ, утоқи китобхонӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар хизматрасониҳои маишӣ муҳаё гардидааст. Барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶТ» барои забономӯзӣ ва омӯзиши касбу ҳунар курсҳои кӯтоҳмуддати 1, 2 ва 3 моҳа, аз рӯи ихтисосҳои забони рӯсӣ, забони англисӣ ва ороишгар, ба роҳ монда шудааст.
МДТ «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» барои пайваст намудани илм ба истеҳсолот ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилоту идораҳои давлатии ҷумҳурӣ ва муассиссаҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла, Ҷумҳурии халқии Хитой шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонида, донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ ва табодули академӣ сафарбар карда мешаванд.
МДТ «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» хатмкардагони синфҳои 9 ва 11-ро дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии назди Коллеҷ аз рӯйи ихтисосҳои зерин барои соли таҳсили 2025-2026 қабул менамояд:
Дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (баъди хатми синфи 9, муҳлати таҳсил 2 сол)
3-400252.01–системаи компютерӣ ва интернет-технология;
3-250152.01–ҳисобдор (бо донистани компютер);
3-250152.02–хазинадор – назоратчӣ;
500155–дӯзанда.
Дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (баъди хатми синфи 11, муҳлати таҳсил 1 сол)
3-400252.01–системаи компютерӣ ва интернет- технология;
3-250152.01–ҳисобдор (бо донистани компютер);
3-250152.02–хазинадор – назоратчӣ;
3-500155–дӯзанда.
Рӯйхати ихтисосҳои нав дар МДТ «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе»
№ |
Рамзи ихтисосҳо | Номгӯйи ихтисосҳои нав | Имконияти қабул | ||||
Синфи 9 | Синфи 11 |
Ғоибона (синфи 11) |
|||||
1. | 2-36 01 01 | Технологияи мошинсозӣ | 24 | 0 | 0 | ||
2. | 2-49 01 31.01 | Технологияи истеҳсолоти анвои нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ | 24 | 0 | 0 | ||
3. | 2-49 01 31 | Технологияи маҳсулоти хӯрока | 24 | 0 | 0 | ||
4. | 2-25 01 12 | Информатикаи иқтисодӣ | 24 | 0 | 0 | ||
5. | 2-25 01 11 | Аудит ва ривизия | 24 | 0 | 0 | ||
6. | 2-33 01 01 | Биоэкология | 24 | 0 | 0 | ||
7. | 2-40 03 01 | Зеҳни сунъӣ | 24 | 24 | 0 | ||
8. | 2-40 03 01.02 | Технологияи зеҳнии компютерии ҳифзи иттилоотӣ | 24 | 0 | 0 | ||
Ҳамагӣ | 192 | 24 | 0 | ||||
Курси кӯтоҳмуддат | |||||||
1. | Ошпаз – қаннод | ||||||
2. | Ороишгар (мардона, занона) | ||||||
3. | Дӯзанда | ||||||
Довталабони муҳтарам! Таҳсил дар МДТ “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” роҳ ба сӯи муваффақиятҳои шумост. Рамзи мо дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 507 мебошад.
Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад, 48/32, тел.: 234-58-08, 93-898-78-40.