Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисам мазкур номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Одиназода Латофат Амиршо суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Одиназода Латофат Амиршо директори коллеҷ бар ин назар аст, ки рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Аз таърихи коллеҷ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин муассисаи таълимӣ ва маърифатӣ дар ҷануби Тоҷикистон буда, бо қарори Комиссарияти маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон моҳи октябри соли 1931 дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун курси педагогӣ таъсис дода шудааст. Аз соли 1962 то соли 1999 муассисаи таълимии номбурда мустақил фаъолият менамуд.

Бо мақсади таъмини таълими бисёрзинагӣ ба тадбиқи Стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.07.1999, таҳти № 262 «Дар бораи ба коллеҷҳои омӯзгорӣ табдил додани омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа (Бохтар) ва Кӯлоб» омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри  Кӯлоб ба Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ табдил дода мешавад. Ҳамзамон, оид  ба ин масъала фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  01. 07. 1999, таҳти № 410 «Дар бораи эълон намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба коллеҷҳои омӯзгорӣ табдил додани омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа (Бохтар) ва Кӯлоб аз 01.07 соли 1999, таҳти № 262» интишор карда мешавад.

Таъминоти кадрӣ

Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 142 – нафар омӯзгор бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд. Аз теъдоди номбурда 124 нафар (87,3 %) омӯзгори асосӣ (штатӣ) буда, 18 нафар (12,7%) омӯзгорони ҳамкоранд. Аз ҷумлаи омӯзгорони асосӣ 1 нафар устод унвон ва дараҷаи илмӣ дорад, ки ин 0,9 %-и устодони штатиро ташкил медиҳад. 42 нафар устодони коллеҷ (33,8,%) муаллими калон, 62 нафар (50 %) ассистент ва 19 нафар, ки (15,3 %)-ро ташкил медиҳанд, коромӯзон мебошанд.

Раёсати таълимгоҳ ҷиҳати мавқеи зан дар ҷомеа ва ҷалби занон ба таълиму тадрис диққати ҷиддӣ медиҳад. Аз шумораи умумии устодон (142 нафар) 85 нафари онҳоро (59,9 %)  занон, аз ҷумла, директор, сардори бахши илм, чор мудири кафедра, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, сармуҳосиб, мудири китобхона аз ҳисоби занон мебошанд.

Раванди таълим ва сохтор

Сохтори Коллеҷи омӯзгорӣ аз директор, ҷонишини директор оид ба таълим, ҷонишини директор оид ба тарбия, ҷонишини директор оид ба идора ва хоҷагӣ, шуъбаи таълим, бахши илм, факултетҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ, кафедраҳои забони тоҷик, адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ (англисӣ), педагогика ва психология, риёзӣ -табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, бахши идоракунии назорати сифати таҳсилот, шӯрои кураторон, шӯрои занон, шуъбаи кадрҳо, муҳосибот, созмони ҷавонон, иттифоқи касаба, китобхона, қисми хоҷагӣ ва хобгоҳ иборат аст.

Дар ҷараёни суҳбат номбурда афзуд, ки рафти таълим дар муассиса дар асоси низоми кредитӣ роҳандозӣ намуда, дарсҳо мувофиқ ба талаботи замон бо истифодаи технологияҳои муосир гузаронида шуданд.

Раванди таълим дар муассиса аз руи 14 нақшаи таълимие, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, барои ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик: забон ва адабиёти рус: забони хориҷ (англисӣ):  таърих: таҳсилоти ибтидоӣ: таҳсилоти томактабӣ: математика: информатика гурӯҳҳои баъди синфи 11(таълими рӯзона) баъди синфи 9 забон ва адабиёти тоҷик: таърих: таҳсилоти ибтидоӣ: информатика: биология: география таълими рӯзона, ихтисосҳо барои шуъбаи ғоибона, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, таърих, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ, математика амал мекунад.

Дар муассиса 2 факултет, факултети гуманитарӣ ва факултети табиатшиносӣ дар таълими рӯзона , шуъбаи ғоибона ва 6 кафедра фаъолият менамояд. Кафедраи забони тоҷикӣ, кафедраи забон ва адабиёти рус, кафедраи забони англисӣ, кафедраи педагогика ва психология, кафедраи риёзӣ-табиатшиносӣ, ва кафедраи фанҳои ҷаъмиятӣ.

Шумораи донишҷӯён дар факултети гуманитарӣ 277 нафар дар факултети табиатшиносӣ 372 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 662 нафар, ҳамагӣ 1311 аз ин 709 нафар духтарон ва 623 нафар донишҷӯён бо тариқи шартномавӣ таҳсил менамоняд.

Фаъолияти илмӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки маълум аст, ки кори илмию эҷодӣ амали заҳматталаб буда, натиҷаву самараи он вақти зиёдро тақозо мекунад. Ҳоло шумораи унвонҷӯёну аспирантон ва докторантони PhD дар рӯйхати шуъбаи илми коллеҷ ба 37 нафар расидааст (унвонҷӯ – 31 нафар, докторантони PhD  – 4 нафар, магистрант – 2 нафар), ки аз ин шумора 24 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Санаи 9-уми июни соли 2022 муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, ҷонишини директор оид ба таълим Шарифов Шуҳратҷон Ҷумъаевич рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02-таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) зери унвони «Таърихи муассисаҳои маданӣ-равшаннамоии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар даврони истиқлол (с.1991-2016)» бо роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав Абдуназаров Хушбахт дар Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА- 005 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарбаландона дифоъ намуд.

Дар соли таҳсили 2022 бо ибтикори кафедраҳои тахассусӣ ва бахши илм 6 адад конференсияҳои илмӣ– назариявӣ, илми-адабӣ ва илмӣ фарҳангӣ ташкил карда гузаронида шуд, ки муҳтавои онҳо ба таври зайл мебошанд:

Шуъбаи тарбия бо мақсади дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон ва инчунин, барои ба танзим даровардани кори таълиму тарбия дар коллеҷ фаъолияти худро дар асоси нақшаи тартибдодаи ҷонишини директор оид ба тарбия ва бо тасдиқи директори коллеҷ ба роҳ монда истодааст.

Барои дар сатҳи баланд гузоштани кори тарбия, силсила Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои амалии фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Шӯрои илмии коллеҷ ва дигар санаду меъёрҳои Ҳукумати ҷумҳуриро сармашқи кори худ намуда, мекӯшад, ки раванди тарбия дар ҳама сохторҳои коллеҷ хуб ба роҳ монда шавад.

Нақшаи кории Шуъбаи тарбия дар ҳамбастагӣ бо раёсати таълим, илм ва дигар сохторҳои коллеҷ мувофиқа карда шуда, дар ҳама чорабиниҳои илмию – фарҳангӣ бахшида ба ҷашну маросимҳоро дар сатҳи умумидонишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаро гирифтааст.

Омодагӣ ба соли хониш

Бояд зикр намуд, ки биноҳои таълимгоҳ дар давраи таътили тобистона пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда буданд.

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои хобгоҳи чорошиёна буда, дар он донишҷӯдухтарони ноҳияҳои дурдаст истиқомат мекунанд. Хобгоҳ дорои қироатхона ва толори чорабиниҳои фарҳангӣ буда, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони шуъбаи тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонон маҳфилҳои фаннӣ баргузор карда мешаванд.

Дар гирду атрофи муассиса зиёда аз 10 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Пешайвони бинои хобгоҳи коллеҷ аз тарафи боғи фарҳангӣ ва фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо банерҳои тасвири чакан ороиш дода шудаанд. Биноҳои таълимии коллеҷ бо шиору овезаҳо, парчам зиннат дода шуданд.    Имсол дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи А. Рӯдакӣ барои тамошои дарси сулҳ толори фарҳангӣ ва толори китобхонаи муассиса бо проектор васл карда шуда, маъмурият, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён бо пуррагӣ суханрониҳои Пешвои муаззамро тамошо намуданд. Фаъолияти ҳайати шахсӣ дар истиқболи «Рӯзи дониш» боиси таҳсину офарин мебошад, ки аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва коллеҷ хуб баҳогузорӣ шудааст.

Файзи истиқлол

Дар хусуси таҷлили ҷашни истиқлол ҳамсуҳбати тазаккур дод, ки

дар воқеъ дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари соҳаҳои дигар, Пешвои миллат ба соҳаи маорифи кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, онро ҳамчун соҳаи меҳварии давлат пазируфтанд ва таъкид доштанд, ки «Маориф омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст». Бояд гуфт, ки аз коргари одӣ то мутахассиси сатҳи олӣ тарбиядидаи мактаб аст. Аз ин рӯ, аввалин иқдоме, ки дар ин замина амалӣ гардид, пайваста зиёд намудани маблағгузорӣ ба соҳа ва баланд бардоштани маоши устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ буд. Сохтмони муассисахои таълимӣ дар замони истиклол вусъати тоза пайдо намуда, ҳамасола даҳо муассисаҳои таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад ва пояҳои моддиву техникии дигар муассисаҳои таълимӣ азнавсозӣ мегарданд.         Бахшида ба ҷашни истиқлол дар коллеҷи омӯзгорӣ бо ташаббуси омӯзгорон конференсия илмӣ-назариявӣ ташкил ва баргузор гардид.

Хештаншиносӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки 22.09.2022 дар толори фарҳангии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияии илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» зери унвони «Султони шоирон устод Рӯдакист» баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ омӯзгорон оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоир  маърӯзаҳо намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ доишҷӯён аз ашъори устод порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

22.09.2022 дар толори коллеҷи омӯзгорӣ вохӯрии намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Зимни вохӯрии раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  Шарифзода Гулрухсор оид ба хештаншиносиву ватандӯстӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз суханронӣ намуданд.

04.10.2022 дар Коллеҷи омӯзгорӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Муаллим роҳнамои башарият» баргузор гардид.

Дар фарҷоми конфронс устодони собиқадор ва омӯзгорон аз ҷониби директори муассиса бо Сипосномаю  ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми суҳбат номбурда изҳор дошт, ки раванди таълиму тарбия дар коллеҷ хеле дар сатҳи баланд бароҳ монда шудааст ва албатта, боз ҳам талош хоҳем кард, ки сатҳу сифати таълимро беш аз пеш беҳтар гардонем ва ҳадафи мо-омӯзгорон танҳо ба он равона гардидааст, ки мутахассисони баландихтисосро тарбия намоем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь